Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Андоз аз амволи ғайриманқул

Андоз аз амволи ғайриманқул ба гурӯҳи андозҳои ғайримустақим дохил мешавад…Андоз аз амволи ғайриманқул ба гурӯҳи андозҳои ғайримустақим дохил мешавад.
Андозсупорандагони ин андоз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки онҳо моликони амволи ғайриманқул ба ҳисоб мераванд ё ин ки амволро истифода мебаранд.
Ба объектҳои андозбандӣ намудҳои зерини амвол дохил мешаванд: хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо, бӯстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳо.
Манбаи андоз масоҳати ҳамаи ошёнаҳои амволи ғайриманқуле, ки бо назардошти коэфисентҳои махсус ҳисоб карда мешавад, мебошад. Масалан, агар амволи ғайриманқул таҳхона дошта бошад он дар вақти муайянкунии манбаи андоз танҳо дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, агар баландии таҳхона аз фарш то шифт на камтар аз 2 метрро ташкил диҳад. Дар ин ҳолат манбаи андоз бо ҷамъкунии 50% ҳисоб карда мешавад. Агар масоҳати ошёнаи якуми амволи ғайриманқул ба воситаи аз берун чен кардани андозаи амволи андозбандишаванда ё дар ҳолатҳои имконнопазир будани ченкунии берунии андозаи амволи ғайриманқул аз рӯи масоҳати умумии муфиди манзили дохилии амволи ғайриманқул, ки ба коэффисиенти 1,25 зиёд карда шудааст, муайян карда мешавад. Ҳангоми муайянкунии манбаи андози майдони ошёнаи 2 ва 3 баробари 100%-и майдони андозбандишаванда қабул карда шудааст. Ошёнаҳои 4 ва 5 баробари 90% ва аз ошёнаи 6 боло баробари 80% ҳисоб карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар ҳолати баландии майдони андозбандишаванда аз 4-6 метрро ташкил диҳад ва ё аз 6 метр зиёд бошад манбаи андоз мутобиқан бо баробари 150% ва 200%-и масоҳати он зиёд ҳисоб карда мешавад. Барои шахсони воқеӣ дар ҳолати вуҷуд доштани майдони ғайриманзилӣ (гаражҳо, сарайҳо) баробари 50-70% ва майдони нигоҳдории чорво баробари 20-50% ҳисоб карда мешавад. Андозаи амволи ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори техникӣ ё дар асоси аз тарафи мақомоти андоз гузаронидани ченкунӣ муайян карда мешавад.
Меъёри андоз дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин дар ҳудудҳои зерин муқаррар карда шудааст:

Амволи ғайриманқуле, ки барои истиқомат намудан истифода мегарданд – аз 10 то 20 карат
Амволи ғайриманқуле, ки барои мақсадҳои тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ истифода мегарданд – аз 20 то 50 карат
Амволи ғайриманқуле, ки барои мақсадҳои дигар истифода мешаванд – аз 15 то 40 карат
Меъёри андоз метавонад вобаста аз ҷои ҷойгиршавии амволи ғайриманқул, масалан шаҳр, ноҳия, нуқтаҳои аҳолинишин, маҳаллаҳо ва ғ. ва як қатор омилҳои дигар фарқ кунад.
Шахсони ҳуқуқӣ дар асоси маълумот оид ба амволи ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ мустақилона андози мазкурро барои соли ҷории тақвимӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақомоти андоз иҷро карда, то 1 феврали соли ҷорӣ эъломияро пешниҳод менамоянд ва маблағи ҳисобшударо на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябр бо ҳиссаҳои баробар пардохт менамоянд. Маблағи ҳисобшудаи андози аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ бояд то 1 октябр ба буҷет пардохта шавад.

Мисол:
Масоҳати амволи ғайриманқул 100м2 ва бо баландии 7метрро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат масоҳати андозбандишаванда чунин ҳисоб карда мешавад:
А) масоҳати ошёнаи 1-3 – 100м2*200%=200м2
Б) масоҳати ошёнаи 4-5 – 200м2*90%=180м2
В) масоҳати ошёнаи 6 ва аз он боло – 200м2*80%=160м2
Г) масоҳати таҳхона – 200м2*50%=160м2


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.