Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Андоз аз сохибони воситаҳои нақлиёт

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз соли 1992 дар қаламрави ҶТ ситонида мешавад…Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз соли 1992 дар қаламрави ҶТ ситонида мешавад. Андозсупорандагони ин намуди андоз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ соҳибони воситаҳои нақлиёте мебошанд, ки дар зерсохторҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба қайд гирифта шудааст, ба ҳисоб мераванд.
Объекти андозбандӣ ин ҳама гуна воситаҳои нақлиёт новобаста аз он, ки ин воситаҳои нақлиёт вайрон мебошанд ё бо дигар сабабҳо истифода намешаванд, ба ҳисоб мераванд. Сабаби вайрон будан ё истифода нашудани воситаҳои нақлиёт барои насупоридани андоз асос шуда наметавонанд. Аз супоридани андоз он воситаҳои нақлиёт озод мебошанд, ки аз қайди БДА-и ҶТ бароварда шудаанд.
Ин андоз ба буҷети дахлдори маҳаллӣ дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати на дертар аз мӯҳлате пардохта мешавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техники нақлиёти автомобилӣ муқаррар карда шудааст. Мӯҳлати муоинаи ҳарсолаи техникӣ аз тарафи БДА дар мувофиқа бо мақомоти андоз ва Вазорати молияи ҶТ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми аз нав бақайдгирии воситаҳои нақлиёт андоз супорида намешавад, танҳо дар ҳолате, ки соҳиби пештараи он барои соли мазкур андозро супорида бошад.
Ҳисобу китоби маблағи андозе, ки бояд дар соли ҷорӣ пардохта шавад, шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти андози ҷои бақайдгирии худ то 1 апрели соли ҷорӣ эломия пешниҳод менамоянд. Ҳар сол то 1 апрели соли баъди ҳисоботӣ БДА ба мақомоти андоз оиди воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31 декабри ҳисоботӣ дар қайди БДА мебошанд; шумораи нақлиёте, ки аз қайди БДА гузаштаанд ва маблағи андози дар соли ҳисоботӣ супоридашуда ҳисобот пешниҳод мекунанд.
Меъёри андоз вобаста аз иқтидори муҳаррик бо воҳиди қувваи асп ҳисоб карда мешавад:

Номгӯи объектҳои андозбандишаванда

Андоз бо фоиз нисбати музди меҳнати ҳадди ақали моҳона, ки дар рӯзи супоридани андоз амал мекунад

Мотосиклҳо ва мотороллерҳо

2

Автомобилҳои сабукрав

4

Автобусҳо (то 12 ҷой)

5

Автобусҳо (аз 13 – 30 ҷой)

6

Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой)

7

Автомошинаҳои боркаш ва дигар нақлиёт бо иқтидори борбардорӣ то 10 тонна

8

Автомашинаҳои боркаш бо иқтидори борбардорӣ аз 10 то 20 тонна

9

Автомашинаҳои боркаш бо иқтидори борбардорӣ аз 20 то 40 тонна

10

Автомашинаҳои боркаш бо иқтидори борбардорӣ зиёда аз 40 тонна

11

Аз супоридани андоз воситаҳои нақлиёти зерин озод мебошанд:

Мошинаҳо ва механизмҳои тасмачарх
Комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва пахтачинӣ
Автобусҳо ва тролейбусҳои корхонаҳои нақлиёти автомобили истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо
Мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи маъюбон
Як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти -Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,
-Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ,
-Қаҳрамони Тоҷикистон,
-шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд,
-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945,
-шахсони ба онҳо баробаркардашуда,
-иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд,
-собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист,
-иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.
Мисол: Бобоҷонов Анис дорандаи мотосикли К – 175, ки иқтидори муҳаррикаш 8 қувваи асп мебошад, ҳангоми муоинаи техникӣ бояд андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиётро супорад.
Тартиби ҳисоб кардани андоз чунин мебошад:
35сомонӣ * 2% = 0,7дирам
0,7дирам * 8(қувваи асп)=5,6сомонӣ
5,6сомонӣ – маблағи андозро ташкил медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.