Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Навъҳои андоз дар ҶТ

Андозҳо аз рўи омилҳои гуногун навъ бандӣ карда мешаванд. Вобаста аз рўи сатҳашон дар низоми худ, онҳоро ба дунамуд КА дармоддаи 6 ҷудокардааст: андозҳои умуми давлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ.Андозҳо аз рўи омилҳои гуногун навъ бандӣ карда мешаванд. Вобаста аз рўи сатҳашон дар низоми худ, онҳоро ба дунамуд КА дармоддаи 6 ҷудокардааст: андозҳои умуми давлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ. Ба андозҳои умуми давлатӣ инҳо дохил мешавад:
1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизҳо;
5) андози иҷтимоӣ;
6) андози замин;
7) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
9) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
12) боҷи давлатӣ;
13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
14) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;
16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)
17) дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
1) андоз аз амволи ғайриманқул;
2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
3) андоз аз фурўши чакана;
4) дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Вобаста ба тарзи ситонидани андозҳо, онҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд:
— андози мустақим;
— андози истеъмолотӣ (ғайрмимустақим).
Андози мустақим дар рафти харидани неъматҳои гуногуни моддӣ ва андози ғайримустақим дар рафти масраф гаштани онҳо ситонида мешаванд. Меъёри чунин тақсимот имконияти ба зиммаи истеъмолкунандагон гузоштани андозҳо мебошад. Ин тарз пешбинӣ менамояд, ки супорандаи охирони андозҳои мустақим касест, ки даромад мегирад. Масалан, андози даромади шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми даромад дидан пардохта мешавад, андози соҳибони воситаҳои нақлиётро моликон месупоранд. Инҳо андозҳои мустақиманд.
Аксизҳоро мисли андози арзиши иловашуда, ё андоз аз фурўши чакана дар ниҳояти кор истеъмокунандагони мол мепардозанд, чунки онҳо ҳамчун нархи илова ба арзиши он ҳамроҳ карда шудааст.
Ҳамин тавр, агар андозҳои мустақим бевосита аз даромад ё худ амволи андозсупоранда гирифта шавад, андозҳои ғайримустақим дар шакли иловапулӣ нархи фурўши мол, кору хизматрасонӣ ситонида мешаванд.
Аз рўи субъекти андозбандишаванда, андозҳо ба се намуд тақсим карда мешаванд:
1)андозҳо аз шахсони воқеӣ;
2)андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ;
3)андозҳои ҳамҷавор.
Вобаста ба мақсадҳои истифодабарии андозпулиҳо, андозҳо боз ба ду намуд ҷудо карда мешаванд:
1)андозҳои умумӣ;
2)андозҳои мақсаднок (масалан, андози иҷтимоӣ ё андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард).
Андозҳоро ба андозҳои тақсимшаванда ва миқдорӣ, вобаста ва танзимкунанда ва ғайра ҷудо кардан аст.
Ҳоло низоми андозҳои тақсимшаванда хеле кам ба кор бурда мешавад. Онҳо асосан дар андозбандии маҳаллӣ истифода мегардад. Масалан, дар КА номгўи васеи пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, барои таъминоти камуналӣ Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд дар асоси талаботҳои мушаххас андози мақсаднок муқаррар намоянд.
Андозҳои миқдорӣ бар акси андозҳои тақсимшаванда на ба талаботи пўшонидани хароҷот, балки ба имконияти андозҳоро пардохта тавонистани андозсупоранда асос ёфтаанд. Ин андозҳо вазъи дороии амволии андозсупорандаро мустақим ё ғайримустақим ба ҳисоб мегиранд.
Андозҳои вобаста даромадҳое мебошанд, ки ба муддати дароз пурра ё қисман ҳамчун манбаи даромади ягон буҷети мушаххас вобаста карда шудаанд. Чунончӣ, андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ вобаста карда шудаанд.
Андозҳои танзимкунанда ҳар сол бо мақсади талофи каср (дефисит) байни буҷетҳои дахлдор тақсим карда мешаванд. Мутобиқи КА ҳамаи андозҳои умумидавлатӣ андозҳои танзимкунандаанд. Маблағи ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ тавассути Қонуни ҳар сол қабулшаванда дар бораи буҷети давлатӣ тақсим карда мешавад.
Ба андешаи И.И.Кучеров пардохтҳои ҳатмие вуҷуд доранд, ки онҳоро квадиандоз номидан мумкин аст. Онҳо аломатҳои андозро надошта, вали характери ҳатмиро дар нисбати супорандаи муайян доранд. Масалан, парафискалитет. Чунин пардохти ҳатмӣ ба манфиати шахси ҳуқуқии ҳуқуқи амма ё хусусӣ, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ нестанд. Мисоли он шуда метавонад хироҷи ҳакамӣ, ки барои маблағгузории ҳаққи корӣ ҳакамот, хароҷоти ташкил ва гузаронидани баррасии баҳс ва ғайра пардохта мешавад.
Ба номгўи квазиандозҳо инчунин хироҷҳои патентгирӣ, суғуртапулӣ ба бунёдҳои давлатӣ ё хусусии суғуртакунанда ва ғайра дохил мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.