Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мавқеи андозҳо дар чодаи таъмини дороии давлат

Барои фаъолияту мавҷудияти давлат маблағҳои зарурӣ лозиманд. Маҳз ба тауфайли маблағҳои гирдовардаи давлат мавқеу қувваи иқтисодиро соҳиб мегардад.НАЗАРИЯҲОИ САВДОИ БАЙНАЛХАЛҚӣ
Нақша:

Назарияи Хекшер-Олин. Парадокси Леонтев
Назарияи Рибчинский
Назарияхои неотехнологй
Назарияи ракобатпазирии М. Портер
Адабиёт:

Михайлушин А.И., Шимко П.Д. Международная экономика: теория и практика – СПб.: Питер, 2008
Основы торговой политики и правила ВТО. –М.: Международные отношения, 2005
Сидирова Е.Ю. Международная торговля –М.: Издательство «Экзамен», 2006
Фомичев В.И. Международная торговля. Учебник.-М.: ИНФРА-М. 2001
Трухачев В.И., Лякишева И.Н. Ерохин В.Л. Международная торговля: Учебное пособие.- 2-изд., перераб. И доп.-М.: Финансы и статистика; Ставрополь: АГРУС, 2006
Филиппова И.А. Организация международной торговли: Учебное пособие. – Ульяновск: УлГТУ, 2002
Холопов А.В. Теория международной торговли – М.; РОССПЭН, 2000
Ҳабибов С.Ҳ.,Ҷамшедов М.Ж. Тиҷорати байналмиллӣ: Китоби дарсӣ барои мактабҳои олии иқтисодӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2007
Назарияи Хекшер-Олин. Парадокси Леонтев
Соли 1920 дар чахорчубаи назарияи неоклассикй ташаккул ёфтааст. Асосгузорони ин назария олимони Эли Хекшер (1879-1952) ва Бертил Олин (1899-1979) мебошанд. Дар адабиётхо ин чун назарияи таносуби омилхои истехсолот маъмул аст.
Моҳияти назарияи Хекшер-Олин чуни наст: давлат бо содироти он моле бисёртар машғул мешавад, ки барои истеҳсоли он омили истеҳсолоташ (мехнат ё сармоя) нисбатан зиёдтар бошад. Воридоти мол хамон вақт амалй гардонида мешавад, ки агар барои истеҳсоли он омили истеҳсолот нокифоя ё гарон бошад.
Назарияи Хекшер-Олин бо назардошти баъзе фарзияҳо амал мекунад. Ба гурӯҳи ин фарзияҳо дохил мешаванд:

Хамагӣ ду давлат мавҷуд аст, ки ду намуди молро истехсол мекунад
Савдои озод ва рақобати мукаммал шарти савдои байналхалкй мебошад
Табъи харидорони хар ду давлат якхела аст
Фақат 2 омили истеҳсолот: меҳнат ва сармоя мавчуд аст
Омилхои истехсолот байни ду давлат мубодила намешаванд
Як мол мехнатгунчоиши баланд, дигар мол сармоя гунчоишиаш баланд ба хисоб меравад
Дар ҳар ду давлат технологияи якхела мавчуд дорад
Ҷадвали 1

Махсулот
Харочотхо барои як вохиди махсулот

Мехнат (L)

Сармоя(K)

Матоъ, м2

6 (L1)

2 (К1)

Пулод, т

8 (L2)

4 (К2)

Парадокси Леонтев
Соли 1954 маколаи илмии иктисодчии амрикой Василий Леонтев, оиди дар амалия татбик намудани назарияи Хекшер-Олин нашр шудааст. Мазмуни макола ба хисобу китоби харочотхои мехнат ва сармояи воридоту содироти ИМА бахшида шудааст. Дар он давра иктисодиёти ИМА чун иктисодиёти гунчоиши сармояаш баланд машхур буд. Бинобар хамин, тибки назарияи Хекшер-Олин гуфтан мумкин буд, ки ин давлат бо содироти молхои сармоягунчоишаш баланд машгул буд ва воридот бошад бештар аз молхои мехнатгунчоишашон баланд иборат мешуд. Аммо натичахои тадкикот тамоман ихтилофнок шуданд.Тадкикоти илмӣ нишон дод, ки ИМА бештар молхои мехнатгунчоишашон баландро содир мекардааст, ки сатхи сармоягунчоишии онхо нисбатан пасттар аст.

Назарияи Рибчинский
Соли 1955 олими англис Тадеуш Рибчинский назарияе коркарда баромад, ки мувофики он вобастагии афзоиши пешниходоти яке аз омилхои истехсолот бо пурзур шудани истифодабарии омили барзиёд шуда дар истехсолот, нишон дода шудааст.
Моҳитяи назарияи Рибчинский чуни наст: афзоиши пешниҳодоти яке аз омилони истеҳсолот ва кариб доимй мондани дигар тагйирёбандаҳо, ба зиёд шудани истехсолоти он мол оварда мерасонад, ки пешниходоташ афзун гаштааст ва сабаби паст шудани ҳаҷми истеҳсолот дар дигар соҳаҳо мешавад.
Дар амалия назарияи Рибчинский дар Голландия татбиқ шудааст. Вақто ки истихроҷи газ дар Голландия афзун мегардад, вазни қиёсии соҳаҳои саноат дар МУД паст мешавад. Сабаби чунин зуҳурот дар он аст, ки сармоя аз соҳахои камдаромад ба соҳаҳои даромаднокиашон нисбатан баланд ҳаракат менамояд. Чунин зуҳурот дар ибораи иқтисодӣ чун «касалии голландӣ» (голландская болезнь) ном гирифтааст.

Назарияхои неотехнологй
Рушди сохахои технологияхои дақиқ ва илмӣ-техникӣ, тараққӣ ёфтани мубодилаи байналхалқии он, ба ташаккули назарияхои нави неотехнологй оварда расонид, ки баъзан якдигарро пурра менамоянд, дар баъзе холатхо ба якдигар ихтилофот доранд.

Назарияи пастшавии хароҷотҳои истеҳсолӣ
Ин назария (самараи микёси истехсолот) дар асоси танкид ва инкор намудани назарияи Хекшер-Олин ташаккул ёфтааст. Мохияти ин назария дар он зохир мешавад, ки давлатхои тараккикарда кариб бо андозаи якхелаи омилхои истехсолот таъмин мебошанд. Дар ин холат савдои байналхалкй дар он вакт чой дорад, ки агар ин давлатхо дар истехсоли молхои сохахои гуногун махсус гардонида шаванд ва аз хисоби ба рох мондани истехсоли он дар хаҷмҳои калон, хароҷотҳои истеҳсолиро паст намоянд.
Назарияи «бартарияти технологй»
Моҳияти назарияи мазкур дар он зохир мешавад, ки дар холати бо омилхои истехсолот кариба як хел таъмин будани давлатхо, савдои байналхалкй аз хисоби баъзе дастовардхои технологиву техникй сурат мегирад. Аз сабаби он, ки ба навоварихову дастовардхои илми-техникй аввалан ягон давлат ноил мешавад, ки имкон медихад тавассути истифодабарии технология нава харочотхои истехсолй кам карда шаванд. Агар технологияи нав сабаби коркарди моли нав шавад, пас ин давлат дар истехсоли он мол то як муддати муайян монополист мешавад ва аз вазъият истифода бурда фоидаи иловагй мегирад. Ҳамин тарик, бояд бо истеҳсоли на молхои арзон, балки барои истехсоли молхои наве, ки дар дигар давлатхо истехсол карда намешавад, машғул шуд.

Назарияи сикли ҳаётии мол
Назарияи сикли хаётии мол (product life cycle theory), соли1966 аз тарафи олими англис Р. Вернон, коркарда баромад шуд. Ин назария яке аз назарияхои маъмули назарияи савдои байналхалкй ба хисоб меравад, зеро ки вазъи таксимоти байналхалкии мехнатро дар давраи муосир ба пуррагй инъикос менамояд.
Р.Вернон хаёти сиклии молро ба якчанд давраҳо тақсим менамояд. Давраҳои сикли ҳаётии мол аз инҳо иборат аст:

ҷоришавй
паҳншавй
камолот
таназзул
Назарияи рақобатпазири М.Портер
Соли 1991 олими амрикой Майкл Портер асари илмии «Афзалиятхои ракобатии давлатхо»-ро нашр намуд. Соли 1993 ин асари илмӣ бо номи «Международная конкуренция» бо забони русй тарҷума шудааст. Дар асари илмии мазкур оиди савдои байналхалкй нуктаи назари нав дода шудааст. Яке аз онҳо чунин аст: «Дар савдои байналхалкй ширкатхо ракобат менамоянд, на давлатхо. Барои дарк кардани накши давлат дар ин раванд, бояд фаҳмид, ки ширкат чи тавр афзалияти рақобатии худро нигоҳ медорад».
Ба ақидаи Портер, ба интихоби стратегияи рақобаии ширкат 2 омил таъсир мерасонад:
1. Сохтори соҳае, ки дар он ширкат фаъолият бурда истодааст
2. Мавқеи ишғолкардаи ширкат дар соҳа
Дар навбати худ, ба сатҳи рақобат дар соҳаҳо чунин омилҳо таъсир мерасонанд:
1) пайдошаваи ракибони нав;
2) пайдошави мол-ивазкунанда ё хизматрасонии ивазкунанда;
3) қобилияти савдо кардани молтаъминкунандагон ва тахвилгарони ашёи хом;
4) кобилияти савдокунии харидорон;
5) рақобати рақибони аллакай мавҷуд буда.
Портер чунин мешуморад, ки мавқеи ширкат дар соха аз мавҷудияти афзалиятҳои рақобатӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ҳамин, ширкат бояд ягон афзалияти рақобатӣ бояд дошта бошад.
Ширкат дар ҳолатҳои зерин афзалияти ракобатй дорад:
1) харочотхои истехсолии паст нисбати ширкати ракиб;
2) кобилияти бо сифати баланд ва конеъ гардонидани талаботи харидор ё ташкил намудани хизматрасонй баъди фурӯши мол


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.