Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Таърифи мафҳуми логистика ва даврахои тараққиёти он

Логистика, аз калимаи юнонии logistike гирифта шуда, маънояш, санъати ҳисобкуни ва муҳокимарони мебошад. Илми логистика таърихи ниҳоят қадима дошта, нахустин манбаҳои худроЛогистика, аз калимаи юнонии logistike гирифта шуда, маънояш, санъати ҳисобкуни ва муҳокимарони мебошад. Илми логистика таърихи ниҳоят қадима дошта, нахустин манбаҳои худро дар юнони қадим ба даст овардааст. Нахустин вазифаҳои логистҳо, дар Афинаи қадим пайдо шудааст. Дар давраҳои империяи Рим логистҳо бо тақсимоти маводи озуқаворӣ ташкили захираҳо ва доду гирифти байни мардум машғул буданд. Дар Византия, дар ҳазорсолаи якуми пеш аз милод вазифаи логистҳо аз мусаллаҳ намудани армия иборат буд. Якумин корҳои илми оид ба логистика дар Франсия дар асри XIX, аз тарафи мутахассиси соҳаи ҳарбӣ А.Жомини иҷро карда шуда буд. Илми логистика махсусан дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ҳал намудани масъалаҳои стратеги ва барои идора намудани истеҳсолот дар ақибгоҳ бо мақсади таъминоти армия бо силоҳ ва озуқа истифода бурда шуда буд. Солҳои 60-ум мунтазам фанни логистика аз соҳаи ҳарбӣ ва истеҳсолот гузаронида шуд. Дар охирҳои асри ХХ-ум илми логистика, аз чунин қисмҳо иборат буд: логистикаи савдо, логистикаи нақлиёт, логистикаи истеҳсолӣ, логистикаи иттилоотӣ, логистикаи таъминоти ва хоказо. Дар замони ҳозира илми логистика,кўшиш карда истодааст, ки талаботҳои истеҳсолкунандагонро ба таври максимали ва бо хароҷоти камтарин қонеъ кунад. Логистаикаи имрўза, ин илм дар бораи банақшагирӣ, назорат ва идоракунии истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва анборҳо, дастгоҳои модди ва ғайримоддӣ, ки дар вақти ҷой иваз кунонидани онҳо аз нуқтаи истеҳсолшуда то ба нуқтаи истеъмолшаванда хизмат мерасонад.
Логистика, ин илм дар бораи идоракунии ҳаракати мол ва маҳсулот мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.