Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Намудҳои истифодашавандаи дастаҳои иттилоотӣ

Намудҳои истифодашавандаи дастаҳои иттилоотӣ Шарти асосии протсесси идоракунии дастаҳои моддӣ, ин коркарди ахборе мебошад, ки дар системаи логистики….Намудҳои истифодашавандаи дастаҳои иттилоотӣ Шарти асосии протсесси идоракунии дастаҳои моддӣ, ин коркарди ахборе мебошад, ки дар системаи логистики давр мезанад. Дастаи иттилооти бо дастаи моддӣ баробар, пештар ё қафотар ҳаракат карда метавонад, дар як вақт дастаи иттилоотӣ ва моддӣ ҳамсамт ё муқобилсамт шуда метавонад. Роҳе, ки бо он дастаи моддӣ ҳаракат мекунад, бо роҳи ҳаракати дасти иттилооти мувофиқат накарданаш мумкин аст. Дастаи иттилоотӣ бо чунин нишондиҳандаҳо тавсиф дода мешавад.

Манбаи пайдоиш.
Самти ҳаракати даста.
Сурати интиқол ва қабул.
Шиддатнокии даста.
Дастаи иттилоотие, ки ба муқобили самти ҳаракати дастаи модди ҳаракат мекунад, одатан маълумотҳоро дар бораи супориш (запас) дар бар мегирад. Дастаи иттилоотие, ки аз дастаи модди пештар ба самти мувофиқ ҳаракат мекунад, дар бораи омада истодани ягон намуди маҳсулот хабар мерасонад. Дар 1 вақт бо дастаи модди ба 1 самт иттилооте равон мекунад, ки дар бораи нишондиҳандаҳои миқдори ва сифатии дастаҳои моддӣ хабар медиҳад. Пас аз дастаҳои модди ба самти муқобил иттилооте равон шуда метавонад, ки дар он натиҷаҳои қабули маҳсулот арзу шикоятҳои гуногун ё тасдиқот дар бораи қабул шудани бор инъикос шуда аст.
Ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ бе тадқиқоти дастаҳои модди ва иттилоотӣ дар асоси ягон нишондиҳанда имконнопазир аст. Масъалан ҳал намудани масъалаи таҷҳизонидани ҷои кори истифодабаранда ба компютер бе донистани ҳаҷми ахбори коркардашаванда ва суръати коркарди он имконпазир мебошад. дастгоҳи моддиро бо воситаи амалиётҳои зерин бо сифат ва суръати баланд идора кардан мумкин аст.

Иваз намудани адреси дастаи иттилоотӣ
Маҳдуд намудани суръати интизоми ахбор то суръати мувофиыи қабул.
Дар қисмҳои алоҳидаи хати ҳаракати иттилоот кам ё зиёд намудани ҳаҷми иттилоот.
Маҳдуд намудани ҳаҷми даста то мувофиқат кардани он ба дараҷаи имконияти ҳар як қисми он.
Сохти системаҳои иттилооти логистикӣ
Вобаста ба принсипҳои сохта шудани системаҳо ҳар як система бояд аз нуқтаи назари муносибат бо муҳити беруна ва баъд дар дохили худаш тадқиқ карда шавад, ин принсип ки принсипи ҳаракати пай дар пай аз рӯи зинаҳои сохта шудани система ном дорад бояд, ки дар вақти лоиҳакашии системаи иттилоотии логистикӣ иттилоотии системаи иттилооти дар корхонаҳои хурд истифода бурда мешавад, ба ду гурўҳ ҷудо карда мешавад ба гурўҳи аввали функсияҳо амалҳои зерин дохил карда мешавад:
Ташкили масивҳо
Ташкили дастаҳои иттилооти
Ташкили равандҳо ва воситаҳои ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли иттилот.
Дар вақти ташкили масивҳои иттилооти системаҳои ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ ба класификаторҳо истифода бурда мешавад, ки бо ёрии масивҳои маълумот дар шакли муайян сохта шуда, дар вақти ташкили базаҳои маълумот истифода мешавад.
Функсияҳои ташкили дастаҳои иттилооти ҷудо шудани протседураи идоракунии зеринро пешниҳод мекунад.
1.Муайян намудани истеҳсолекунанда ва истеъмолкунандаи иттилооти мувофиыи вазифаҳои махсус.
2.Муайян намудани таркиби иттилооти даври будани он ва шаклҳои пешниҳоди он.
3.Коркарди гирдгардиши ҳуҷҷатҳо.
Истифодаи комплекси воситаҳои технпики барои ташкили дастаҳои иттилооти.
Муқаррар намудани таркиби ташкилкунии ороиш бақайдгирӣ, мувофиқаткунонӣ ва тасдиқӣ ҳуҷатҳо.
Ташкили раванди ҷамъовари нигоҳдори коркард ва интиқоли иттилоот чунин амалҳоро пешниҳод мекунад.

Таъмини равандҳои техники бо воситаи техники вобастаанд.
Байни шва иҷрокунандагон тақсим намудани вазифаҳо оид ба паҳнкунии иттилоотӣ аз ҷои пайдоиш то ҷои таъинот.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.