Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Банақшагирии ташаккули маркази логистикӣ бо назардошти шароитҳои ҷуғрофӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон мамла-кати куҳсор аст, ва барои ташкилу сохтани маркази логистикӣ шароити мусоид дорад. Пеш аз ҳама дар ҷумҳуримаон мо бояд «Роҳи Абрешим» ки дар замони қадим аз мамлакати мо низ мегузашт, барқарор созем.Ҷумҳурии Тоҷикистон мамла-кати куҳсор аст, ва барои ташкилу сохтани маркази логистикӣ шароити мусоид дорад. Пеш аз ҳама дар ҷумҳуримаон мо бояд «Роҳи Абрешим» ки дар замони қадим аз мамлакати мо низ мегузашт, барқарор созем. Маҳз барои ҳамин пеш аз ҳама бояд роҳҳои нави автомобилӣ, ки моро ба бо роҳи пешин мепайвандат сохта ба истифода диҳем.
Таърихи «Роҳи Абрешим»
Иптидои сохтани «Роҳи Абрешим»-и бузург дар асри ||-пеш аз милод рост меояд. Вақте ки ҷӯянда хитойи Чжан Сзян бори аввал барои мардуми хитойӣ тарафи ғарбии Осиёи Марказиро кушода дод. Маҳз бо кори кардаи ӯ ду роҳи бузургтарини он давра пайваст карда шуданд. Роҳи якум ин тарафи ғарбро яъне баҳри миёназаминро бо Осиёи миёна миёна мепайвандид. Дуюми бошад, қисми шарқро яъне Империяи Ханро бо Осиёи Миёна мепайвандид, ки ин минтақа аз тарафи шимол ба ҷануб тариқи Даван, Кангюй, Суғд ва Бактрӣ мегузашт.
Барои пайваст кардани ин ду шоҳроҳҳо- қисми ғарбӣ ва шарқи дур, халқи Осиёи Миёна роли муҳимеро иҷро карданд, ки худи мардуми ҳамин минтақа роҳнишондиҳандаи ҳам ба тарафи ғарб ва тарафи шарқ буданд. Баъди гузашти якчанд вақт «Роҳи Абрешим» барои корвонҳои тиҷоратӣ ва сафоратчиёни мамлакатҳои гуногун роҳи асосӣ ва бехатар ба ҳисоб мерафт, маҳз барои ҳамин ҳамаи корвонҳо аз ин роҳ истифода мебурданд.
Номи «Роҳи Абрешим» бо номи маҳсулоти қимматбаҳои мамлакатҳои Ғарби он давра, ки «абрешим» буд алоқаманд карда шудааст. Дар охири асри 2 п.а.м абрешим ду тарафро – Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваст, ки ин роҳи якуми байнидавлатӣ дар тақдири инсоният буд.
Роҳи Абрешим ба иқтисодиёти маҳаллҳои Суғд таъсири мусбии худро мерасонд. Аз вақти пайдоиши ин роҳ иқтисодиёти Суғд ривоҷ ёфта, мардумонаш низ маҳсулотҳои худро таввасути ҳамин роҳ ба мамлакатҳои шарқи дур равон мекарданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.