Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Назария ва тадбирҷӯи дар логистика

Дар мавриди пажӯиши рафтори системаҳои логистикӣ тадқиқотчӣ метавонад аз назария ба фактҳои амалӣ ё аз фактҳои амалӣ ба назария гузарад. Яъне, дар пажӯиш тадқиқотчӣ аз усулҳои дедуктивӣ ва индуктивии омӯзиш истифода мебарад.Дар мавриди пажӯиши рафтори системаҳои логистикӣ тадқиқотчӣ метавонад аз назария ба фактҳои амалӣ ё аз фактҳои амалӣ ба назария гузарад. Яъне, дар пажӯиш тадқиқотчӣ аз усулҳои дедуктивӣ ва индуктивии омӯзиш истифода мебарад.
Агар назария дар асоси фактҳо тартиб дода шуда бошад, онгоҳ онро усули индуктивӣ меноманд. Дар ин маврид тадқиқотчӣ оиди объекти пажӯиш фактҳоро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба тартиб меорад, таҳлил мекунад ва дар асоси он принсипҳои фаъолияти равандҳои логистикиро муайян мекунад. Яъне, дар мавриди истифодаи усули индуктивӣ аз фактҳо ба назария бар мегарданд. Агар тадқиқотчӣ масъаларо аз сатҳи назария сар карда, онро дар фактҳо тафтиш карда, тасдиқ созад, он гоҳ мегӯянд, ки вай усули дедуктивиро ба кор бурдааст. Яъне, тадқиқотчӣ ба воситаи мушоҳидаи фавқулода, муҳокимаҳои фикрию мантиқӣ ё ҳисси пешакиаш такя намуда принсипи ҳоло тафтиш накардаашро мухтасар ифода мекунад. Ба тарзи дигар гӯем вай гипотеза пешниҳод меккунад ва дурустии онро ба воситаи омӯзиши ментазам ва чандинкаратаи фактҳо тафтиш мекунад.
Усули дедуктивӣ пажӯиш тафтишро аз назария ба фактҳо тақозо мекунад.
Дедуксия ва индуксия усулҳои ба ҳам муқобил набуда, онҳо якдигарро пурра мегардонанд.
Гипотезае, ки ба воситаи усули дедуктивӣ ба амал омадааст ба менеҷер имконият медиҳад ки аз мавқеи муайян маълумотҳои амалиро ҷамъоварӣ ва ба шакли муайян дарорад. Дар навбати худ тасаввурот муайян оиди фактҳо ҷойдошта замимаи ба вуҷуд омадани гипотезаҳои боэътимод мегардад.
Ҳамин тавр, тасаввуроти умумӣ оиди рафтори системаҳои логистикӣ ки дар асоси принсипҳо ва назарияҳои кашфшуда ба амал омадаанд барои муайян сохтани сиёсати логистикии инкишофи истеҳсолот, яъне пешниҳоди чорабиниву қарордодҳо оиди барҳам додан ё ислоҳ намудани камбудиҳо истифода бурда мешавад. Ана ҳамин гуна амалиётро сиёсати логистикӣ меноманд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.