Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Сохтори ташкилии идораи анбӯҳи материалии корҳона

Яке аз вазифаҳои асосии тартиб додани системаи макрологистикӣ ин пеш аз ҳама ташкили умурӣ ё ҷузъи махсус дар сохтори идораи корҳона мебошад, ки он ба муносибгардонии анбӯҳи корҳона масъул аст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамаи функсияҳои идоракунии корҳона оиди ҳаракати мол бомуваффақият ҳаллу фасл карда шаванд.Яке аз вазифаҳои асосии тартиб додани системаи макрологистикӣ ин пеш аз ҳама ташкили умурӣ ё ҷузъи махсус дар сохтори идораи корҳона мебошад, ки он ба муносибгардонии анбӯҳи корҳона масъул аст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамаи функсияҳои идоракунии корҳона оиди ҳаракати мол бомуваффақият ҳаллу фасл карда шаванд. Бояд қайд кунем, ки тартиб додани схемаҳои ташкилии чунин ҷузъҳо аз нуқтаи назари он масъалаҳое тартиб дода мешавад, ки онҳо ба дар назди ҳама корҳона ба амал оянд. Дар таҷриба вариантҳои гуногуни ташкили чунин сохтор вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо ба модели умумӣ асос ёфта, ба ҳали масъалаҳои ба ҳам монанди логистикӣ оиди идораи анбӯҳҳои материалӣ, нигаронида шудаанд.
Чӣ тавре кӣ дар боло қайд карда будем, системаи логистикӣ, одатан дар ҳолати номуайянии таъсири муҳити атроф фаъолият мекунад. Дар конъюктураи бозор, кори нақлиёт, равандҳои фавқулода доимо ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз яке ҳосиятҳои зарурии системаи логистикии корҳона ин қобилияти баланди мутобиқшавии вай ба муҳити тайғирёбанда мебошад. Системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалӣ бо мурури тайғир ёфтани муҳити дохилӣ ва берунаи корҳона бояд доимо такмил ёфта истад.
Одатан, раванди такмили системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалии корҳона тавсифи пай дар пай дошта, дар он асоси назорати доимӣ ва муқоисаи фаъолияти ҳар як зерсистема ва элементҳои алоҳидаи он, баҳои фоиданокии кори онҳо ва инчунин коркарди амалиётҳои ҳамоҳангкунонӣ, ба амал бароварда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.