Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи тараққиёти фанни молшиносии соҳаи хӯрокворӣ

Маълумотҳои ибтидой дар бораи молшиносии соҳаи хӯрокворӣ ҳанӯз дар тадқиқотҳои муаллифони Юнони қадим ва Рими қадим мушоҳида ва хулосабардорй гардидааст.Маълумотҳои ибтидой дар бораи молшиносии соҳаи хӯрокворӣ ҳанӯз дар тадқиқотҳои муаллифони Юнони қадим ва Рими қадим мушоҳида ва хулосабардорй гардидааст. Масалан, олими қадим Плиний ҳоло дар солҳои 27 ва 29-уми эраи мо яке аз аввалинҳо шуда тарзи муайян намудан ва баҳо додани гандумро навиштааст. Ӯ дар нишондодҳои худ роҳҳои коркарди гандумро бо маҳсулҳои махсус барои нигоҳ доштан ва нобудшавӣ гуфта гузаштааст, яъне роҳҳои муборизаро зидди зараррасони гандум навиштааст. Бо мурури тараққиёту васеъшавии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва савдо молшиносии соҳаи хӯрокворӣ низ тараққӣ мсёбад. Дар соли 1575 дар Россия якумин китоби соҳаи савдо бо номи «Торговая книга» мебарояд, ки дар он маълумотҳо оид ба хусусиятҳои сифати баъзе маҳсулотҳои хӯрокворй оварда мешавад, лекин номи муаллифи китоб маълум намебошад. Дар тараққиёти фанни молшиносии соҳаи хӯрокворӣ китоби олим К.Т. Людовиса аҳамияти калон дорад, ки вай «Асосҳои системаи пурраи савдо» ном дошта, соли 1756 аз чоп баромадааст. Дар нимаи дуюми асри XV III академик Модель китоби худ «Коркарди химиявии маҳсулотҳои хӯрокворӣ»- ро аз чоп баровард, ки ин китоб барои мубориза бурдан бо зараррасонони хӯроквориҳо аҳамияти калон дошт. Дар нимаи асри XIX як қатор китобҳои пурқиммат оид ба фанни молшиносии соҳаи хӯрокворӣ чоп карда шудаанд. Соли 1859 аз тарафи олим А.И.Ҳоднев китоби «Қисми химиявии молшиносӣ» чоп карда шуда буд, ки ин китоб ҳамчун якумин дастурамали чиддӣ оид ба молшиносии соҳаи хӯрокворӣ ба забони русӣ буд. Соли 1856 олим И. Вавилов китоби якҷилдаи худ «Коммерческий словарь»-ро аз нашр баровард. Дар тараққиёти фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй ва тайёр намудани мутахассисони ин соҳа дар Россия хизмати профессор Китари басо калон мебошад. Инчунин дар равнақу ривоҷ ёфтани фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй ва тайёр намудани шогирдони зиёд ва мутахассисон фаъолияти-профессорон Петров ва Никитинский низ ҷолиби диққат аст. Аз соли 1877 ин олимон ҳамчун муаллимон дап чк-чт, илмҳои коммерсияи Москва ва омӯзишгоҳи коммерсия, зиёда аз 50 тадқиқоти илмӣ кардаанд ва саҳми зиёде барои тараққиёту равнақи ин фан гузаштанд. Бо хизмати онҳо фанни молшиносй мавқеи худро байни дигар илмҳо муайян намуд. Дар соли 1907 дар Россия Институти коммерсияи Москва ташкил карда шуд, ки дар он факултети коммерсияи техники — молшиносӣ амал мекард. Соли 1918 дар асоси Институти коммерсияи Москва Институти ҳоҷагии халқи Москва бо номи К. Маркс бунёд карда шуд, ки аз соли 1924 номи Плехановро гирифт. Дар соли 1912 дар шаҳри Киев низ Ииститути молшиносии соҳаи хӯрокворӣ ташкил ёфт. Дар шаҳрҳои Петербург ва Рига дар институти политехникӣ дарс дода мешуд. Фанни молшиносии соҳаи хӯрокворӣ алалхусус баъди Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр аҳамияти махсусро ба худ мегирад. Дар мамлакати мо ҳамаи истеҳсолот моликияти сотсиалистӣ эълон карда мешавад ва барои барзиёд намудани истеҳсолот маҳсулотҳо ва ашёҳои хӯрокворӣ имконияти қулай ва хуб ба миён меояд. Дар замони ҳозира, дар донишкадаҳои Олии Давлатҳои муштаракул-манофеъ зиёда аз 30 кафедраи махсуси молшиносӣ соҳаи хӯрокворӣ амал мекунанд. Тараққиёти фанни молшиносии соҳаи хӯроквории давраи мо бо фаъолият ва номи профессори институти ҳоҷагии халқи ш. Москва Ф.В. Серевитнов вобастагии калон дорад. Инчунин дар ин кор хизмати дигар профессорон, олимон Смирнов, Козин, Бродский ва дигарон калон мсбошад, ки онҳо низ дар ҳамин институт кор мекарданд. Аз он ҷумла, яке аз кафедраи беҳтарини молшиносии соҳаи хӯрокворӣ дар Институти кооперативии савдои шаҳри Новосибирск мавҷуд мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.