Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Алоқаи фанни молшиносӣ бо дигар фанҳо ва илмҳои ҷудогона

Дар асри тараққиёти илмӣ-техникӣ ҳамаи илмҳо, ҳамаи фапҳо ба ҳам алоқаманд мебошанд ва на ҳама вақт фарқияти куллиро дар байни онҳо дидан мумкин аст.Дар асри тараққиёти илмӣ-техникӣ ҳамаи илмҳо, ҳамаи фапҳо ба ҳам алоқаманд мебошанд ва на ҳама вақт фарқияти куллиро дар байни онҳо дидан мумкин аст. Фанни молшиносй маҳсулоти хӯрокворӣ низ бо фанҳои умумии илм ва бо фанҳои пайвастаи табий, техникӣ ва иқтисодй алоқамандии зич дорад. Далелҳои фанни молшиносии маҳсулоти хӯрокворй ба нишондодҳои фанҳои физика, химия ва биология такъя менамояд. Танҳо ба такъягоҳй ва базаи ин фанҳо хусусиятҳои фоиданоки маҳсулотҳои хӯроквориро муайян намудан мумкин аст. Физика ва химия мафҳуми умумиро дар бораи молҳо сохти онҳо, хусусиятҳои онҳоро ба мо маълумот медиҳад, биология бошад нишондодҳоро дар бораи организмҳо, сохти онҳо ва просессҳое, ки дар маҳсулотҳо ба амал меояд маълумот медиҳад. Фанҳои биологӣ ба фанни молшиносӣ ба таври пурра хусусиятҳои истеъмолии маҳсулотҳои хӯроквориро муайян мекунад, ки онҳо аз ин ё он қисмҳои растанӣ ё ҳайвонот гирифта мешавад. Маҳсулоти хӯрокворй, гайр аз баъзе қисмҳои он одатан муҳити қулай ва хуб, барои тараққй ва равнақу ривоҷ ёфтани микроорганизмҳо ба шумор меравад. Бинобар ин фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй аз фанни микробиология тамоми маълумотҳоро оид ба микроорганизмҳо, сохти онҳо ва ғайра мегирад ва дар вақти кор карда баромадан нигоҳ доштан, истеҳсол кардани витаминҳо, ферментҳо, антибиотикҳо, сафедаҳои ғизоӣ истифода мебаранд. Хулоса, фанни микробиология ва алалхусус соҳаи наздики он микробиологияи хӯрокворй бо фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй алоқаи басо зич дорад. Аз шароити чаридан ва сабзидани ҳайвонот ва растаниҳо сифати маҳсулоти онҳо вобастагии калон дорад. Бинобар ҳамин фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй бо фанҳои агрономия ва зоотехникӣ алоқаи бевосита дорад. Ин фанҳо барои муайян намудани роҳҳои истифодабарии ашёъ, ки аз ҳайвонот ва растаниҳо гирифта мешавад, кӯмак расонида, шароит ва мӯҳлати нигоҳдории онҳоро барои муайяннамудан ёрдам мерасонад. Инсон маҳсулотҳои хӯроквории аз ҳайвонот ва растанӣ тайёр кардашударо баъди он истеъмол менамояд, ки онҳо ба таври муайян бо роҳи технологй кор карда шуда бошад. Баъди ин таъсироти технологӣ маҳсулотҳои хӯрокворй ба тағйиротҳои гуногун дучор мешавад. Бинобар ҳамин байни фанҳои молшиносӣ соҳаи хӯрокворӣ ва технологӣ натиҷаи ин моҳияти просесҳои истеҳсолӣ ва таъсири омилҳои коркарди маҳсулотҳои хӯрокворӣ фаҳмида шуда, таъсиротҳои он ба сифати маҳсулотҳо аниқ карда мешавад. Модоме, ки маҳсулоти хӯрокворӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти одамон хизмат мекунад, фанни молшиносӣ бо фанҳои гигиена ва физиологияи хӯрок низ алоқаманд мебошад. Дар просесси фаъолияти ҳаёти инсон ду просесс ба амал меояд: 1.диссимилятсия — ин просесси мукаммал ба вуҷуд омадани вайроншавии моддаҳои органикӣ дар бофтаҳои одам. 2.дигар — ассимилятсия — ин просесси дар вақти ғизогирии бофтаҳои одамро бо моддаҳои органикӣ ва минералй бой мекунад, пурра мекунад. Ин ду просесси дар назари аввал ба ҳам муқобил дар асл ба ҳам пайванданд ва яке бе якдигар ба амал намеояд. Фанни математика бошад ба ҳамаи соҳаҳо, ба ҳамаи фанҳо даҳолат мекунад, аз он ҷумла назарияи комил ва статистикаи математика дар фанни молшиносӣ аҳамияти махсус дорад. Аз фанҳои иқтисодӣ барои фанни молшиносӣ фанни назарияи иқтисодӣ аҳамияти калон дорад, ки он тараққиёти истеҳсолии ҷамъиятро меомӯзад ва тақсимоти неъматҳои моддиро дар ҳар як зинаи тараққиёти инсоният фаҳмонида медиҳад. Фанни географияи иқтисодй бошад. дар бораи ҷойгиршавии захираҳои ҳом ва дар бораи ноҳияҳои истеҳсолшавии молҳои гуногун маълумот дода роҳҳои географию манбаъҳои истеъмолии ашёҳоро ва кашонидану воситаҳои нақдиёти онҳоро фаҳмонида медиҳад. Фанни иқтисоди ташкили савдо бошад, талаботи халқ ва аҳолиро ба маҳсулотҳои гуногуни хӯрокворӣ омӯхта ба мо маълумот медиҳад. Ғайр аз ин фанҳо масълаҳои аз як ҷо ба ҷои дигар бурда овардан, мавридҳои истеъмол, аз нуқтаи назари иқтисодиёт дуруст ва мансуб будани онҳоро меомӯзонад. Аз ин рӯ фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй бо фанҳои иқтисодй ташкилии савдо алоқаи зич дорад. Боз фанни молшиносии соҳаи хӯрокворй бо чунин фанҳо -статистика, ҳоҷагии анбордорй, техникаи яхдон ва технологияи нигоҳ доштани маҳсулот дар яхдон ва дигар фанҳо низ алоқа зич дорад, ки дар муддати аз истеҳсолот то ба истеъмол бурдани маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз нишондодҳои ин фанҳо истифода мебарад.
Манбаъ: http://durahshon.tj/fan/view_post.php?id=1282


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.