Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Ҳадафа ва вазифаҳои фанни молшиносӣ

Арзиши истеъмолии молҳоро фанни махсус — молшиносӣ меомӯзад. Мол ин пеш аз ҳама намуди берунии ашё, чиз ки аз рӯи хусусиятҳои худ ин ё он талаботи одамонро қонеъ мегардонад.Арзиши истеъмолии молҳоро фанни махсус — молшиносӣ меомӯзад. Мол ин пеш аз ҳама намуди берунии ашё, чиз ки аз рӯи хусусиятҳои худ ин ё он талаботи одамонро қонеъ мегардонад. Фанни молшиносй ашёро аз нуқтаи назари фоиданокии ӯ нисбат ба одам ва хусусиятҳои ҳос истеъмолии он дида мебарояд, инчунин арзиши қиммати он низ сохта мешавад. Дар конференсияи байналхалқии назариявии муаллимони молшинос, ки соли 1962 дар шаҳри Лейасиги Германия баргузор шуда буд, масьалаҳои мавқеи фанни молшиносиро байни дигар фанҳо дида баромада ба чунин хулоса омаданд ва қоидаи фанни молшиносиро чунин таҳлил намуданд: Молшиносӣ яке аз фанҳои табии-техникӣ буда доираи омӯзиши он аз омӯхтани арзиши истеъмолии молҳо иборат мебошад. Инчунин дар соли 1858 олим И.Вавилов қоидаи фанни молшиносиро муайян намудааст, ки омӯхтани он низ ҷолиби диққат аст. Вай мегӯяд, ки: «Молшиносӣ — ин фан буда, одамонро барои мафҳуми пурра пайдо кардан дар бораи молҳо, навъҳои онҳо ҷойҳои ба вуҷуд омадани онҳо, фурӯхтани онҳо, воситаҳои савдои онҳо ва тарзи аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани онҳоро меомӯзонад ва ёд медиҳад». Дар китоби энсиклопедия, ки соли 1666 чоп шудааст молшиносӣ ин тавр маънидод мешавад: «Молпшносй — ин яке аз соҳаҳои технология ба маънои томаш буда, мақсади ҳарчи пурратар омӯхтани имкониятҳои ба воситаҳои техникӣ истифода бурдани ашёъи ҳом, муайян намудани пайдоиши он ва нишондиҳандаҳои беҳтар истифода бурдани онҳоро дарбар мегирад». Арзиши истеъмолиро ҳамаи маҳсулотҳои меҳнат дар худ доранд, қатъи назар аз он ки онҳо олотҳои истеҳсолотанд ва ё воситаи истеъмолии шахсианд. Арзиши истеъмолии воситаҳои меҳнат ин категорияи доимй мебошад, зеро ки инсон онро барои қонеъ кунонидани талаботи ҳаётии худ тайёр кардааст. Боигарии ҷамъият низ аз маҳсулоти меҳнат иборат мебошад, ки онҳо арзиши истеъмолӣ дошта бошанд. Фанни молшиносӣ дар пеши худ мақсад мегузорад, ки ҳамаи хусусиятҳои молро омӯхта, роҳҳову воситаҳои беҳтарини истифода бурдани онҳо, дуруст нигоҳ доштани молро муайян кунад, муқаррар кунад ва миқдори нобуд шаудани онҳоро то ба дараҷаи камтарин расонад. Омӯхтани ин корҳо бояд дар ҳама ҳолат: аз истеҳсолот то ба истифодабарӣ гузаронида шавад. Фанни молшиносӣ бояд, барои беҳтар кардани сифатҳои молҳо, барои беҳтар нигоҳ доштани онҳо, барои зиёд намудани намудҳои онҳо мавқеи асосиро ишғол намояд. ХУЛОСА, омӯхтани сифати молҳо вазифаи асосии молшиносй мебошад. Сифати мол — ин ҷамъбасти хусусиятҳои мол буда, он барои қонеъ намудани талаботи одам равона карда шудааст. Вобаста ба тараққиёти техникию иқтисодӣ сифати мол боад доимо баландтар барояд. Фанни молшиносй — ҳамчун фанни илмӣ бояд барои муайян ва аниқ кардани мувофиқати сифати маҳсулот ба талабот кӯмак расонад. Агар маҳсулот, сифати он, ба талабот мувофиқат накунад, пас он на арзиш дорад ва на арзиши истсъмолӣ. Фанни молшиносии маҳсулоти хӯрокворӣ хусусиятҳои физикавӣ, химиявӣ ва биологии онҳоро омӯхта, дигаргуниҳои ин хусусиятҳоро дар ҳама шароитҳои аз давраи равиши маҳсулот аз истеҳсолот то истеъмол месанҷад. Просесҳои доимие, ки дар организми инсон ҷорй мешаванд, аз як тараф ба ҳориҷ гардонидани қувваи энергетикй ва аз дигар тараф, ба дигаргуниҳои пластикй сабабгор мешаванд, ин дар навбати худ ба пайдоиши ҳуҷайраҳои нав, ба синтез шудани гармонҳо, ферментҳо, луобҳои меъда ва ғайра вобастагӣ дорад. Ба таври нормалӣ дуруст ҷорй шудани ин просесҳои муҳим дар организм фақат ба таври мукаммал ба организм қабул шудани моддаҳои лозимӣ бо хӯрок вобаста аст ва ин ду просесҳо ба ҳам пайваста мебошанд. Маҳсулотҳои хӯрокворӣ, одатан системаҳои бисёр компонентиро ташкил карда, онҳо хусусиятҳои физикавӣ ва ҳосиятҳои химиявии ба худ ҳосе доранд. Хӯрокворй бояд дар таркиби худ моддаи ғизоие дошта бошад, ки талаботи организмро барои пурра таъмин намудан бо пайвастагиҳои лозимй қонеъ намояд ва хусусиятҳои онро бояд ба талаботи функсионалии органҳои хӯрокҳазмкунӣ мувофиқат намояд. Одатан хӯрокворие, ки одамони солим истсъмол менамоянд ба миқдори муайян, ба организми онҳо набояд зарар расонад. Барои истеъмоли хӯрок ба назар гирифтани анъанаҳои як ноҳия, ки солҳои сол давом карда омадааст, риоя кардан аҳамияти калон дорад. Дар вақти тайёр намудани таомҳо вобаста ба ин анъанаҳо бояд ба ранг, бӯй лаззат ва дигар нишондодҳои таом риоя намудан зарур аст. Хӯрок бояд моддаҳои ғайримуқаррарй надошта бошад, ки он қимати хӯрокро паст ё моддаҳои ба организм зарардошта набояд бошад. Барои ҳамин дар таркиби хӯрок намудҳо ва миқдори намакҳо металҳои вазнин, микроорганизмҳои зараррасон ва пайвастагиҳои заҳролуд бо диққати калон назорат карда мешавад ва ин гуна моддаҳо аз тарафи институти хӯрокворӣ дар зери назорат гирифта шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.