Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Низоми тарифии музди меҳнат ва унсурҳои он

Низоми тарифии музди меҳнат ин маҷмўи нормативҳост, ки ба воситаи онҳо тафриқагузории музди меҳнати кормандони категорияҳои гуногун баамал бароварда мешавад. Низоми тарифӣ аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифӣ (маошҳо), ҷадвали тарифӣ, коэффисентҳои тарифӣ.Низоми тарифии музди меҳнат ин маҷмўи нормативҳост, ки ба воситаи онҳо тафриқагузории музди меҳнати кормандони категорияҳои гуногун баамал бароварда мешавад. Низоми тарифӣ аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифӣ (маошҳо), ҷадвали тарифӣ, коэффисентҳои тарифӣ. Меъёрҳои таърифи муайяннамояндаи барасмиятдарории андозаи музди меҳнати кормандон барои иҷро намудани меъёри меҳнати (ўҳдадории меҳнатӣ) мушахас (квалификация) дар доираи воҳиди вақт (соат, рўз, моҳ) аст, ки дарбаргирандаи ҳаҷми ҳавасмандгардонӣ барои иҷрои кор бо назардошти фоиданокии ҷаъмиятии меҳнати сарфшуда, сатҳи муракабии он. Андозаи меъёри таърифи аз ҷониби ташкилот мустақилона муайян карда мешавад, ки дар шартномаи колективӣ ва созишномаи тарифи муқаррар мегардад. Истисно барои ташкилотҳои буҷетӣ аст. Меҳнатӣ кормандони ташкилотҳои буҷетӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохта мешавад аз инрў меъёрҳои таърифии онҳо бо тартиби марказонидашуда тасдиқ мегардад. Вобаста ба зиёдгардии меъёри разряди(муайянкунандаи муракабии корҳои иҷрошаванда ва сатҳи класификатсияи корманд) меъёри таърифи меафзояд. Таносуби меъёри таърифии ставкаҳои гуногун бо ёрии ҷадвали таърифӣ муайян мегардад. Ҷадвали тарифӣ ин маҷмўи разрядҳои таърифии кор(ихтисос, мансаб), ки вобаста ба мураккабии кор ва хислати квалификатсионии кормандон бо ёрии коэфисенти тарифӣ муайяншаванда мебшад. Он дарбаргирандаи разрядҳо ва коэфисенти тарифӣ, ки муқобили ҳар як разряд саркарда аз дум разряд меистад. Коэфисент нишон медиҳад, ки чанд маротиба меъёри тарифӣ разряди мушахас аз меъёри таърифи дигар зиёд аст. Мураккабии корҳои иҷрошаванда дар асоси тарификацияи он муайян карда мешавад. Тарификацияи кор ин дохил намудани намуди меҳнат ба разряди таърифи ва ё категорияҳои квалификационии вобаста ба аз мураккабии меҳнат мебошад. Разряди таърифӣ ин иникоси ҳаҷми мураккабии меҳнат ва квалификацияи корманд мебошад. Разряди квалификатсионӣ иникоси ҳаҷми сатҳи тайёрии касбии корманд аст.
Мушкилоти иҷроиши кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифӣ аз рўи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён сурат мегирад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
Моддаи 1041. Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат. Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рўи вазифа иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурўҳҳои мушаххаси кормандони дараҷаи тахассуси касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.
Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои тафриқаи музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рўи коэффитсентҳои тарифии ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба барои тафриқаи ҳадди ақали музди меҳнати гуруҳҳои кормандони касбию тахассусӣ муқарраршуда муайян карда мешаванд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи музди меҳнат, ҳамчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рўзбайъ ва ғайраҳо, ки бо дарназардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.
Моддаи 1042. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон. Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохта мешавад, ки онҳоро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ба дараҷаи мушаххаси тарифӣ (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рўи тартибе сурат мегирад, ки онро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.
Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ дар навбати аввал дода мешавад.
Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бо мувафақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ў дараҷаи баландтари тахассусӣ диҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.