Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Шаклҳо ва низоми музди меҳнат

Моддаи 1044. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат. Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкунӣ ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.Моддаи 1044. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат. Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкунӣ ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо қонун муқаррар мекунад.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Тафриқабандии андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.
Шаклҳои пардохти музди меҳнат, ҷадвали (рўйхати) штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, низоми мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ мустақилона муайян мегарданд.
Андозаи маошҳои мансабии роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ, муовинон ва сармуҳосиб, низоми мукофотонии онҳо ё дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби молик муқаррар карда мешавад. (Нигар., ба моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”, №10 аз 28 феврали соли 2004).
Мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”1, ба хизматчии давлатӣ ҳар моҳ ба маоши мансабӣ барои рутбаи тахассусӣ (ба ҳисоби фоизи маоши мансабӣ) дар ҳаҷми зерин иловапулӣ пардохта мешавад:


Рутбаи тахассусӣ

Андозаи иловапулӣ

1

Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25

2

Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23

3

Мушовири давлатии дараҷаи 1

22

4

Мушовири давлатии дараҷаи 2

21

5

Мушовири давлати дараҷаи 3

20

6

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1

18

7

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2

17

8

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 3

15

9

Референти хизмати давлатии дараҷаи 1

14

10

Референти хизмати давлатии дараҷаи 2

12

11

Референти хизмати давлатии дараҷаи 3

10

Ба хизматчии давлатӣ, ки дигар намудҳои рутбаҳои тахассусӣ ва унвонҳои махсус (рутбаи дараҷавӣ, дараҷаи тахассусӣ, унвони ҳарбӣ, рутбаи дипломатӣ) дорад, бо интихоби ў танҳо як иловапулӣ дода мешавад.
Ғайр аз ин, ба хизматчии давлатӣ ҳар моҳ барои собиқаи хизмат бо назардошти иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ дар ҳаҷми зерин иловапулӣ пардохта мешавад (ба ҳисоби фоизи маоши мансабӣ) :
аз 1 то 3 сол – 5%
аз 3 то 5 сол – 10%
аз 5 сол то 10 сол – 15%,
аз 10 сол то 20 – 20%,
аз 20 сол ва зиёда аз он – 25%
Иловапулӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ ба хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Собиқаи кори хизмати давлатӣ барои хизматчии давлатие, ки ба гирифтани иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ҳуқуқ медиҳад, дар асоси «Низомнома дар бораи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ», ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 764 аз 14 майи соли 1999 тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
Андозаҳои иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ мутобиқи фоизи дахлдор, ки ба маоши вазифавӣ бо назардошти собиқаи кор дар хизмати давлатӣ муқаррар гардидааст, муайян мешаванд. Ҳамзамон на танҳо маоши вазифавӣ, балки иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ низ ба инобат гирифта мешавад.
Иловапулӣ барои собиқаи хизмат ҳар моҳ дар якҷоягӣ бо музди меҳнати вазифавӣ ва дигар иловапулиҳо дода мешавад.
Ҳангоми муваққатан иваз намудани ҷои шахси дигар иловапулӣ барои собиқаи хизмат танҳо ба маоши вазифавии кори асосии корманд пардохта мешавад.
Таъини ин гуна иловапулӣ дар асоси фармоиши роҳбари мақомоти давлатӣ тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 946 аз 20 декабри соли 2002 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ» тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.
Ҳангоми аз кор озод шудани корманд иловапулӣ барои собиқаи хизмат, барои рутбаҳои тахассусӣ ва дигар иловапулиҳо ба вақти коркардаи ў мутаносибан ҳисоб карда шуда, пардохти он ҳангоми ҳисобкунии ниҳоӣ сурат мегирад (нигар ба «Тартиби пардохти изофапулӣ барои собиқаи хизматии хизматчии давлатӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 454 тасдиқ шудааст).
Мўҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба шахсоне, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ маҳкум шудаанд, ба собиқаи кори умумӣ дохил мешавад. Мўҳлати адои ин намуди ҷазо ба собиқаи корӣ, ки барои гирифтани имтиёз ё изофапулӣ ба маош ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад (нигар ба қисми 4 моддаи 40 Кодекси иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон № 339 аз 28 июни соли 2001).
Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 498 аз 20 сентябри соли 2001 ва аз 1 январи соли 2002 унвонпулии узви пайвастаи (академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми мутаносиби 100 (сад) доллари ШМА, инчунин узви вобастаи ин Академияҳо дар ҳаҷми 50 (панҷоҳ) доллари ШМА муайян карда шудааст.

Моддаи 1081. Шаклҳои пардохти музди меҳнат. Музди меҳнат танҳо дар шакли воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад. Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ў фоиданок бошад.
Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгўи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин аст.
Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.

1 Ниг.: Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 1998, №22, моддаи 297, соли 2002, №4, ќисми 1, моддаи 203.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.