Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Музди меҳнат ҳангоми дуршавӣ аз шароитҳои мўътадили меҳнат

Меъёри таърифи барои шароити мутадил ва реҷаи кор баҳисоб гирифта шудаанд. Ҳангоми иҷроиши кор дар шароити дуршавӣ аз ҳолати мутадили меҳнат корфармо ўҳдадор аст, ки ба кормандон иловапулиҳо диҳад. Ҳаҷм ва шартҳои додани он вобаста ба шароити меҳнати мушахас гуногун мебошад.Меъёри таърифи барои шароити мутадил ва реҷаи кор баҳисоб гирифта шудаанд. Ҳангоми иҷроиши кор дар шароити дуршавӣ аз ҳолати мутадили меҳнат корфармо ўҳдадор аст, ки ба кормандон иловапулиҳо диҳад. Ҳаҷм ва шартҳои додани он вобаста ба шароити меҳнати мушахас гуногун мебошад. Масалан кори вазнин, зараровар, хатарнок, кор дар шароитивазнини иқлимӣ, кор дар реҷаи гуногуни вақти корӣ ва ғайра. Ҳамчун қоидаи умумӣ пардохтҳои иловагӣ аз ҷониби корфармо мустақилона муайян шуда, дар шартномаҳои колективӣ ва ё низомномаҳои пардохти музди меҳнат дарҷ мегардад. Аммо онҳо наметавонад аз меъёри муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кам бошад.
Моддаи 1043. Музди меҳнате, ки дар шароитҳои махсус истифода карда мешавад. Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароитҳои меҳнатии зарарнок ва махсусан зарарнок аз рўи тартиби муаянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори он, ҳамчунин аз рўи шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.
Моддаи 1045. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат. Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд. тағйир дода мешаванд.
Тағйири шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ў роҳ дода намешавад. Дар ҳолати зерини истисноӣ чунин тағйирот мумкин аст:
– ҳангоми тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат, ки шартҳои музди меҳнати пешинаро нигоҳ доштан имкон надорад.
Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ пеш огоҳ карда шавад.
Моддаи 1046. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун. Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рўи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад.
Ба кормандони корбайъ аз рўи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.
Дар ҷое, ки аз рўи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохта мешавад.
Моддаи 1047. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани вазифаи кормандони ба кор ҳозирнабуда. Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи (қрордоди) меҳнатӣ тасдиқшудаи худ аз рўи ихтисос, дараҷа ва вазифа дар муддати бо қонунгузорӣ муқараркардаи давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) бе озодшавӣ аз кори асосӣ корҳои иловагиро аз рўи дигар ихтисосиҷро мекунад, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаҳои кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапулӣ дода мешавад.
Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаҳои кормандони муваққатан ба кор ҳозир набуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапулӣ бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.
Моддаи 1048. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан. Дар вақти муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии бо ҷадвали штатӣ (бе илова ва зиёдшавӣ) пешниҳодшуда пардохта мешавад.
Корманди ивазкунанда аз рўи шарт ва ба андозаи барои вазифаи корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
Шарт ва тартиби музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи дигар корманд дар дигар ташкилотҳо кор кардан аз тарафи корфармо муқаррар гашта, дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ пешбинӣ мешавад.
Моддаи 105. Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохта мешавад:
1) ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ – на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
2) ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ , инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ мегиранд – на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рўзи дигари истироҳат додан мумкин аст.
Барои дар рўзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 ҳамин Кодекс) ва дар рўзҳои истироҳат (моддаи 81 ҳамин Кодекс) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегирад, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рўзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на камтар аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рўзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад.
Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рўзҳои ид ва истироҳат мукофод аз рўи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рўи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.
Дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррарӣ низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 1051. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рўи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохта мешавад.
Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеъӣ пардохта мешавад.
Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳяҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсени ноҳявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо дарназардошти ҳамин иловапулиҳо пардохта мешавад.
Моддаи 106. Пардохти музди кори шабона. Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробаи меъёри муқарраршуда пардохта мешавад.
Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.
Андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, ҳамчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав. Ҳангоми иҷро накардани меъёрӣ коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва аз кор боистодан, ки бо айби корманд сар назадааст, музди миёнаи моҳонаи ў пардохта мешавад.
Ҳангоми иҷро накардани меъёрӣ коркард бо айби корманд музд аз рўи кори иҷрошудаи воқеӣ пардохта мешавад.
Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар задааст, музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъди маслиҳат ва мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян мекунад, пардохта мешавад.
Нуқси маснуот, дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳонӣ дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъди қабули маснуот аз ҷониби мақомоти назорати техникӣ маълум гардидааст, баробар ба маснуоти коршоям пардохта мешавад.
Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи коллективӣ, қарордоди меҳнатӣ муайян карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.