Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ба меъёргирии меҳнат

Моддаи 1091. Меъёрҳои меҳнат. Меъёрҳои меҳнат – меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои ба меъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳант ва барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологӣ, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.Моддаи 1091. Меъёрҳои меҳнат. Меъёрҳои меҳнат – меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои ба меъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳант ва барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологӣ, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.
Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат метавонанд меъёрҳои калонтар ва комплексии меҳнат истифода шаванд.
Моддаи 1092. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки иттифоқҳои касаба сурат мегирад.
Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат корманд бояд на дертар аз як моҳ пештар хабардор карда шаванд.
Моддаи 1093. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ. Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (маош) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.
Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ, ба меъёри коркарди соатбайъ (якрўза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ, ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рўз, муайян карда мешавад.
Моддаи 1094. Таъмини шароити мўътадил барои иҷрои меъёри меҳнат. Корфармо ўҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнатӣ шароити мўътадил фароҳам намояд.
Ба шароити мўътадил дохил мешаванд:

таъмини фармоишоту ҳаҷми корҳо;
ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;
3) таъмини саривақтии ҳҷҷатҳои техникӣ;
4) сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошад ва таъмини саривақтии онҳо;
5) таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳои истифодаи барқӣ;
6) шароити бехатар ва солими меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зараровар, нурафканӣ, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии корманд таъсири манфӣ мерасонанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.