Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо

Кафолат ин воситаҳо, тарзҳо ва шартҳое, мебошад, ки бо ёрии онҳо баамалбарории ҳуқуқи кормандон дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ таъмин карда мешавад. Он метавонад дорои хислати ғайримоддӣ (мисол, нигоҳ доштани ҷойи кор, вазифа, пешниҳоди дигар кор) ва моддӣ (нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти рухсати барои таҳсил, рухсатии ҳарсола, сафари хизматӣ) бошад.Кафолат ин воситаҳо, тарзҳо ва шартҳое, мебошад, ки бо ёрии онҳо баамалбарории ҳуқуқи кормандон дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ таъмин карда мешавад. Он метавонад дорои хислати ғайримоддӣ (мисол, нигоҳ доштани ҷойи кор, вазифа, пешниҳоди дигар кор) ва моддӣ (нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти рухсати барои таҳсил, рухсатии ҳарсола, сафари хизматӣ) бошад. Ба сифати кафолат аксаран пардохт ва иловапулии кафолатӣ баромад менамояд. Пардохтҳои кафолатӣ чунин пардохтҳое мебошанд, ки ба кормандон бо сабабҳои узрнок дар вақти воқеиан иҷро накардани ўҳдадориҳои меҳнатӣ дода мешавад. Онҳо аз рўи қоидаҳои умумӣ музди меҳнати кормандро иваз менамоянд. Иловапулиҳои кафолатӣ замнамои бар музди меҳнат аст. Мақсад аз муқаррар намудани пардохт ва иловапулии кафолатӣ роҳ надодан ба пастравии даромади корманд дар вақти озод будани ў аз вазифаҳои меҳнатӣ мебошад. Фарқи он аз музди меҳнат дар он аст, ки музди меҳнат дар натиҷаи меҳнат дода мешавад, пардохтҳои кафолатӣ бошад на барои меҳнат ва на барои натиҷаи он балки барои пардохти кафолатии дар ҳолатҳои бо қонунгузори муқарраршуда аст .
Ҳамаи пардохтҳои кафолатиро ба намудҳои зерин ҷудо намудан мункин аст:
– аз истеҳсолот ва ё амали корфармо вобастабуда (пардохти муввақатан боз доштани истеҳсолот бо гуноҳи корфармо, пардохти вақти прогули маҷбурӣ ҳангоми ғайриқонуни озод намудан аз кор, пасобияи истироҳатӣ ҳангоми аз кор озоднамоӣ);
– таъминнамояндаи ҳуқуқи корманд ба рухсатии пардохтшаванда (меҳнатӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ);
– иловапулиҳои кафолатӣ: ба ноболиғон барои вақти кори кутоҳкардашуда, барои намудҳои алоҳидаи танафусҳо, ҳангоми гузаронидан ба кори дигари сабуктар(музи камтари меҳнат);
-навобаста ба истеҳсолот, аммо барои давлат ва ҷаъмият зарур (иҷрои вазифаи давлатӣ, иштирок дар музокироти колективӣ, гузаштани сбори ҳарбӣ в.ғ.).
Ҷубронпулӣ ин пардохти пулӣ барои ҷуброни хароҷоти корманд бинобар иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ва ё дигар ўҳдадориҳои бо қонунгузори пешбинишуда мебошад. Хароҷоти аз ҷониби корманд кардашуда ҳангоми иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ бояд дар намуди пардохти пулӣ ҷуброн гардад.
Қонунгузорӣ бар баъзе маврид ба корманд якҷоя пешниҳод намудани ҳам пардохти кафолатӣ ва ҳам ҷубронпулиро муқаррар менамояд. Масалан, дар ҳолати додани хун ва компанентҳои он.

Гусов К.Н., Толкунова В.Н. Трудовое право. М., 2000. С. 197.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.