Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо ҳангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматӣ ва кўчидан ҷиҳати иҷрои кор ба дигар маҳал

Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ. Ҳангоми сафари хизматӣ хароҷоти зерин чуброн карда мешавад:
1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доими (рўзмарра);
2) хароҷоти роҳкиро;
3) хароҷоти кирои манзили истиқоматӣ;
4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.
Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ ва корҳои сафарӣ яке аз ўҳдадориҳои корфармо ба ҳисоб рафта, тибқи талаботи Қарори укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 75 \”Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон\”, амалӣ гардонида мешавад.
Мувофиқи ин қарор аз 1 марти соли 2003 меъёри пардохти хароҷотҳои кирои манзил дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шахсони дар зербанди а) банди 1 нишондодашуда, аз рўи хароҷоти воқеӣ, барои шахсони дар зербанди б) банди 1 пешбинишуда аз рўи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз 200 доллари ШМА дар як шабонарўз, барои шахсони дар банди в) қисми 1 пешбинишуда аз рўи хароҷотҳои воқеӣ, вале на зиёда аз 120 доллари ШМА дар як шабонарўз, барои шахсони дар зербанди г) банди 1 аз рўи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз 80 доллари ШМА дар як шабонарўз муқаррар карда шудааст.
Муқаррар гардидааст, ки хароҷоти роҳкиро бо назардошти фармоиши пешакӣ ба шахсони дар банди 1 зербанди \”а\” ин қарор зикр гардидаанд, бо класси якум ё бизнес – класс, зербанди \”б\” бо бизнес-класс, зербандҳои \”в\” ва \”г\” бо экономкласс пардохта мешавад.
Маблағи харҷи шабонарўзӣ барои шахсони дар зербандҳои \”а\” ва \”б\” банди 1 ин қарор пешбинишуда, дар ҳаҷми 50 доллари ШМА ва барои хароҷотҳои ғайричашмдошт боз 30 фоизи меъёри харҷи шабонарўзӣ барои ҳар як шабонарўз ва зербанди \”в\” банди якум – 30 доллари ШМА ва барои хароҷоти ғайричашмдошт боз 15 фоизи меъёри хароҷотҳои шабонарўзӣ барои ҳар як шабонарўз ва зербанди \”г\” – 30 доллари ШМА муқаррар карда шудааст.
Мувофиқи қарори дар боло зикргардида пардохти хароҷоти сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар гардидааст:
– кирояи манзилгоҳ дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои шахсони дар банди 1 зербанди \”а\” ва \”б\” зикргардида ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 50 сомонӣ, зербанди \”в\” ва \”г\” – 30 сомонӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳамаи шахсони дар сафари хизматӣ буда – 10 сомонӣ дар як шабонарўз, роҳкиро – дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи тасдиқкунанда, пардохта мешавад.
Пули харҷи шабонарўзӣ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ба шахсони дар банди 1 зербандҳои \”а\” ва \”б\” ин қарор муайяншуда, дар ҳаҷми – 20 сомонӣ, зербанди \”в\” – 15 сомонӣ ва зербанди \”г\” – 12 сомонӣ ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин – 10 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Хароҷоти сафари хизматӣ ва корҳои сафарӣ ба шарте ҷуброн карда мешаванд, ки агар ҷои сафари хизматӣ аз ҷои кори доимӣ дар масофаи на кам аз 30 километр ҷойгир шуда бошад. Пардохти роҳкиро ва манзил ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз рўи варақаи сафарӣ, амалӣ гардонида мешавад. Дар сурати набудани чунин ҳуҷҷат, хароҷоти кирояи манзил ва роҳкиро ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраргардида пардохта мешавад.
Ба шунавандагоне, ки барои таҳсил ба курсҳои такмили ихтисос берун аз ҷои кор фиристода мешаванд, дар дохили ҷумҳурӣ барои ҳар як рўз дар давоми як моҳ ба андозаи 10 сомонӣ пули харҷи шабонарўзӣ дода мешавад.
Баъди бозгашт аз сафари хизматӣ, хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба ҳисобдорӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷотҳои воқеии оид ба пардохти кирояи манзилгоҳ ва роҳкироро пешкаш намоянд.
Ба кормандоне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ ва сохтмонӣ ба сафари хизматӣ фиристонида мешаванд, ҳангоми иштирокашон дар корҳои истеҳсолӣ ба ивази хароҷоти шабонарўзӣ дар ҳаҷми 50 фоизи ставкаи амалкунанда (маоши вазифавӣ) изофапулӣ дода мешавад, ки он барои ҳар як рўзи дар сафари хизматӣ будан аз 10 сомонӣ набояд зиёд бошад. Мўҳлати сафари хизматии ин кормандон аз як сол зиёд буда наметавонад.
Андозаи ҷуброни хароҷоти кормандони ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешавад, аммо он аз андозаи барои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ муқарраршуда, камтар буда наметавонад.
Дар тамоми давраи сафари хизматӣ ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ фиристодашуда нигоҳ дошта мешавад.
Ҳангоми дар хориҷа дар сафари хизматӣ будан хароҷоти роҳ, брон кардани ҳуҷҷатҳои роҳ, хароҷотҳое, ки бо истифодабарии хизматрасониҳо дар толорҳои вакилони расмӣ (VIP), барои раводидҳо, хароҷоти кирояи манзили истиқоматӣ, хароҷоти вобаста ба хизматрасонии алоқа, хароҷотҳои нақлиётии дохилии мамлакат, хароҷотҳои намояндагӣ ҷуброн карда мешаванд. Дар мавридҳои алоҳида, ки бо сафари намояндагони давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷӣ алоқаманданд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар меъёрҳои пардохти хароҷотҳо пешбинӣ шуда метавонанд.
Пардохти ҳаққи хизмати алоқа (почта, телефон, факс), ки бевосита бо кор вобаста аст, аз рўи ҳуҷҷатҳои воқеии пешниҳодгардида амалӣ мегардад.
Хароҷоти роҳ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик мувофиқи ҳуҷҷатҳои роҳкирои воқеии пешниҳодгардида бо дарназардошти брони ба шахсони ба сафари хизматӣ мерафта, ки дар зербанди «а» банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 75 аз рўи бизнес класс ё якум, зербанди «б» – аз рўи бизнес класс ва ё зербанди «в» ва «г» – аз рўи эконом класс пешбинӣ шудаанд, пардохта мешавад. Ҳаққи хизматрасонии толори намояндагони расмӣ (VIP) ба гурўҳи ба сафари хизматӣ фиристодашуда, ки дар зербанди «а», «б» ва «в» банди 1 нишон дода шудаанд, пардохта мешавад. Ба гурўҳи шахсони дар зербанди «г» нишондодашуда ҳаққи хизматрасонии «VIP» ҳамон вақт пардохта мешаванд, ки агар онҳо ба ҳайати гурўҳи расмии намояндагон дохил шуда бошанд.
Моддаи 1171. Сафари хизматӣ. Сафари хизматӣ сафари корманд тибқи супориши корфармо ба мўҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ берун аз ҷои кори доимӣ ҳисоб мешавад.
Сафари корманде, ки кораш ба таври доимӣ дар роҳ мегузарад ё характери ҳаракаткунандаю сайёр дорад, хамчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизматӣ ҳисобида намешавад.
Мутобиқи талаботи моддаҳои 162 ва 181 КМ ҶТ занони фарзанди аз се то чордаҳсола (фарзандони маъюби то шонздаҳсола) доштаро танҳо бо ризояти худашон ба сафари хизматӣ фиристодан мумкин аст. Занони ҳомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, кормандони аз 18-сола хурд ба сафари хизматӣ фиристонида намешаванд.
Агар филиалҳо, қитъаҳо ва дигар воҳидҳои ба ҳайати муассиса, ташкилот, корхона, иттиҳодияҳо дохилшаванда дар дигар маҳал ҷойгир шуда бошад, ҷои кори доимии корманд ҳамон воҳиди истеҳсолие шуморида мешавад, ки кор дар он тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян карда шудааст.
Моддаи 1172. Роҳхат, барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ
Фиристонидани корманд ба сафари хизматӣ бо фармон (амр)-и корфармо ва додани шаҳодатномаи сафарии хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад. Ба кормандоне, ки дар сафари хизматӣ мебошанд, низоми вақти корӣ ва истироҳатӣ дар маҳалли сафари хизматӣ муқарраргардида ҷорӣ мешавад, аммо музди миёнаи меҳнат дар ҳама рўзҳои кории ҳафта аз рўи ҷадвали ҷои кори доимӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 1997, № 672 «Дар бораи тадбирҳои иловагии сафарҳои хизматӣ» аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, Прокурори генералӣ ва муовинони ў ба сафари хизматӣ бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта метавонанд. Муовинони вазирон, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд ба сафари хизматӣ (бо масъалаҳои корӣ) бо иҷозати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, бо иҷозати роҳбари хадамоти дахлдори сохторашон сафари хизматӣ мекунанд.
Судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизмати берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ (бо масъалаҳои корӣ) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта метавонанд.
Роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои воқеъ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ (бо масъалаҳои корӣ) бо иҷозати роҳбари мақомоти болоӣ, ки мутобиқан бо Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо мувофиқа карда шудаанд, рафта метавонанд.
Сафари хизматӣ бо фармон (амр)-и корфармо бо нишон додани ҷои таъиншуда (маҳалли воқеъшавии мақомот ё коре, ки ба он корманд фиристода мешавад бо нишон додани номи он), мақсади сафари хизматӣ ва мўҳлати он ба расмият дароварда мешавад.
Ба шахси ба сафари хизматӣ фиристодашуда ҷои кораш (вазифааш), музди меҳнат бо назардошти ҳама иловапулиҳо нигоҳ дошта мешавад.
Ба шахси дар ду (якчанд) ҷой кор кунанда, ки ба сафари хизматӣ фиристонида мешавад, музди меҳнат бо назардошти ҳама иловапулиҳо дар ҳамон ҷои коре (корхона, муассиса ва ташкилоте) нигоҳ дошта мешавад, ки аз он корманд ба сафари хизматӣ фиристонида шудааст. Агар аз ду (якчанд) ҷои кор дар як вақт ўро ба сафари хизматӣ фиристанд, он гоҳ дар ҳамаи онҳо музди меҳнат бо назардошти ҳамаи иловапулиҳо нигоҳдошта шуда, хароҷоти сафари хизматӣ байни ин ташкилотҳо тақсим карда мешаванд.
Агар шахси ба сафари хизматӣ фиристодашуда бемор шуда бошад, дар ин ҳолат ба ў ба ҷои музди меҳнат дар асосҳои умумӣ кўмакпулӣ барои корношоямӣ пардохта шуда, рўзҳои муввақатан корношоямии ў ба мўҳлати сафари хизматӣ дохил карда намешавад.
Моддаи 1173. Мўҳлати дар сафари хизматӣ будан. Мўҳлати воқеии дар сафари хизматӣ будан аз рўи қайд дар шаҳодатномаи сафарии хизматӣ бо рўзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
Ба мўҳлати зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ ба сафари хизматӣ фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Рўзи рафтан ба сафари хизмати рузи ба роҳ баромадани (омадани) қатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии ба сафари хизматӣ фиристодашаванда ҳисобида шуда, рўзи бозгашт – рўзи омадани нақлиёт ба ҷои кори доимӣ хисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадани нақлиёт то соати 24 рўзи рафтан ба шабонарўзи ҷорӣ ҳисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарўзи оянда дохил мешавад.
Вақти тамомшавии кор дар рўзи рафтан тибқи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар ҳолати омадан то анҷоми рўзи корӣ масьалаи вақти ҳозир шудан ба кор дар худи ҳамин рўз бо ҳамин тартиб ҳал карда мешавад.
Агар корманд ба маҳалҳои гуногун ба сафари хизматӣ фиристонида шуда бошад, дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ рўзи ҳар маҳали будан ва рафтан аз он дар алоҳидагӣ қайд карда мешавад.
Ҳангоми дар рўзи истироҳат ба сафари хизматӣ рафтан бо фармон (амр)-и маъмурият ба корманд баъди аз сафари хизматӣ омаданаш бо тартиби муқарраргардида дигар рўзи истироҳат дода мешавад. Давомнокии сафари хизматии хизматчиёни давлатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мўҳлати дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда, муайян карда мешавад.
Мўҳлати сафари хизматии кормандон, роҳбарон ва мутахассисони барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ ва сохтмон ба сафари хизматӣ фиристонидашуда аз як сол зиёд буда наметавонад. Мўҳлати сафари хизматии кормандони вазорату идораҳо ва дигар мақомотҳои идоракунии давлатӣ ва хоҷагидорӣ ба мамлакатҳои ИДМ аз 5 рўз зиёд буда наметавонад. Ба ин мўҳлат вақти дар роҳ будан дохил намегардад. Дар ҳолатҳои алоҳида дароз кардани мўҳлати сафари хизматӣ ба мўҳлати на бештар аз 10 рўз, ба шаҳрҳои Москваю Санкт-Петербург ва пойтахти давлатҳои ИДМ на бештар аз 5 рўз бо розигии хаттии вазирон, роҳбарони идораҳо ва ё муовинони онҳо иҷозат дода мешавад. Дароз кардани мўҳлати сафари хизматӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ бо пешниҳоди асосноккардашудаи роҳбарони вазорату идораҳо бо иҷозати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё муовинони ў роҳ дода мешавад.
Ҳангоми тўл кашидани сафари хизматӣ дар хориҷа аз мўҳлати муқарраргардида, хароҷотҳои иловагӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. (Нигар ба Дастуруламали Вазорати молия ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2003).
Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан. Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешакӣ, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:
1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кўдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарор дошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;
2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (исгифодаи умумӣ) дар ҳачми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);
3) хароҷоти шабонарўзӣ барои ҳар як рўзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;
4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.
Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рўзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рўз дода мешавад.
Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз мўҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.
Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисобӣ карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд.
Мутобиқи талаботи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи хизмати давлатӣ\” дар сурати ба ҷои дигар ба кор гузаронидани хизматчии давлатӣ ба ў дар ҳаҷми маоши вазифавии ҷои пештарааш кўмакпулии яквақта дода мешавад.
Кўмакпулии яквақта ба ҳар як аъзои оила, ки бо корманд ҳамроҳ мебошанд, дар ҳаҷми чоряки кўмакпулие, ки корманд мегирад, пардохта мешавад. Дигар ҷубронпулиҳои вобаста ба ҷои нави кор рафтани худи корманд ва аъзои оилаи ў мувофиқи тартиби умумӣ пардохта мешаванд.
Андозаи ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузаронидан ва ба кор фиристодан аввалин маротиба бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 муқаррар карда шудааст. Мувофиқи ин меъёр арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо, хароҷоти шабонарўзӣ барои ҳар як рўзи сафар ба андозаи хароҷотҳои корманди ба сафари хизматӣ фиристодашаванда пардохта мешавад. (Нигар ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 75 аз 28 феврали соли 2003 ва № 213 аз 13 майи соли 2003 «Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
Дар ин модда ҳаҷми хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан пешбинӣ шудааст, ки он дар асоси созишномаи корфармою корманд дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шуданаш мумкин аст.
Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, инчунин ёрдампулии яквақтае, ки тибқи ин меъёр муқаррар гардидааст, ҳамон вақт дода мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онҳо воқеан ҷудо гардидани манзил омада бошанд.
Моддаи1191. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар. Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба вай тибқи муқаррароти моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохта мешавад.
Агар корманд ба мўҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ў наоянд, он гоҳ тибқи розигии тарафҳо ба ў хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҷойи нав метавонад пардохта шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарўзӣ зиёд набошад.
Андозаи аниқи ҷубронпулӣ бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муқарраргаштаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд кам бошад.
Ҳангоми рафтани корманд ба маҳалли дигар бо мувофиқа бо корфармо арзиши роҳкирои ў ва аъзои оилааш, хароҷоти кашонидани чизу чорааш, хароҷоти шабонарўзӣ, ки дар моддаи 119 КМ ҶТ муқаррар шудаанд, пардохта мешавад.
Дар ҳолати ба мўҳлати на зиёда аз як сол ба кори маҳалли дигар гузаронидани корманд ва ҳамроҳи ў нарафтани аъзои оилааш, дар асоси розигии тарафҳо ба ў хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҳаҷми нисфи хароҷоти шабонарўзӣ дар ҷойи нав ҷуброн карда мешавад. Дар ҳама ҳолат андозаи он аз авдозаи ҷубронпулии барои кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда муқарраршуда, кам буда наметавонад.
Моддаи 1192. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан. Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 119 ва 1191 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки ба ў корманд гузаронида мешавад, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.
Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузорӣ кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:
1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурўъ накунад;
2) то тамомшавии мўҳлати кор, ки қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбинӣ кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани мўҳлати муайян бошад – то пурра шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳкорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузорӣ барои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шудаанд.
Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркашӣ намудан корманд вазифадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, баргардонад.
Дар моддаи 1192 ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо корманд ўҳдадор аст ҷубронҳои бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омаданаш гирифтаро ба корфармо баргардонад.
Агар корманд маблағҳои ҷуброниро вобаста ба кори маҳалли дигар гирифта ба он ҷо наравад, ё раваду лекин корро бе сабаби узрнок шурўъ накунад, ё ин ки мўҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатиро риоя накарда, яктарафа бо хоҳиши худ тағйир диҳад ё амалҳои гунаҳкорона содир намуда, аз кор озод шуда бошад, пас ў бояд маблағҳои гарифтаашро ба корфармо баргардонад. Дар ҳолатҳои бо сабабҳои узрнок аз кор саркашӣ намудан ва ё ба кор наомадани корманд, ў вазифадор аст, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, дигар маблағҳои бо ин мақсад гирифтаашро ба корфармо баргардонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.