Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Фирма хамчун шахсияти ҳуқуқи

Хангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладӣ, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корҳонаҳо дар низоми улуми иқтисод ба мадди аввал гузошта мешавад.Хангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладӣ, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корҳонаҳо дар низоми улуми иқтисод ба мадди аввал гузошта мешавад.
Шакли ҳуқуқии корҳона дар қонунҳо дар бораи корҳонаҳо, дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, ҳоҷаги-ҳои фермерӣ (деҳқонӣ), Кодекси гражданӣ ва дигар қонунгузо-риҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Масалан, мувофиқи Кодекси гражданӣ ба ҷой доштани чунин шаклҳои ҳуқуқии корҳо-наҳо иҷозат дода мешавад: ҳоҷагиҳои рафиқона, ҳоҷагиҳои ҷамъиятӣ, коллективӣ, истеҳсолӣ, давлатӣ, мунитсипиалӣ, корҳонаҳои унитарӣ, корҳонаҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайра.
Тибқи тақозои Кодекси гражданӣ, корҳонаҳо ҳу-қуқ доранд, дар асоси қарордод(контракт)-ҳо ихтиёран ба консерн, консорсиум, корпоратсияҳо, ассотсиатсияҳои ҳоҷагидорӣ табдил дода шаванд. Дар шароити бозор ҳар як корҳона ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад. Дар санадҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ чунин аломатҳои шахсияти ҳуқуқӣ бештар тарғиб дода мешавад.
Субъект:
— дар ихтиёри худ молу мулки алоҳида дорад;
— ҳамчун воҳиди юридикӣ (ҳуқуқӣ) тароз (баланс)-и мустақил ва счёт(сарҳисоб)-и алоҳида дорад;
— тибқи ўҳдадориҳо барои дар ихтиёри худ доштани молу амлок ҷавобгар мебошад;
— аз номи худ ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки ба ҳама гуна намуди фаъолият (заём, иҷора, харид, фурўш) машғул бошад;
— ҳуқуқи пешниҳоди даъво ва муроҷиат карданро ба суд ва дигар ташкилотҳои ҳуқуқӣ дорад.
Барои он ки корҳона ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ эътироф карда шавад, бояд дар маҷмўъ дорои чунин хислатҳо бошад:
— миқдори молу маводи алоҳида дошта бошад;
— қобилияти ба гардиши ҳоҷагӣ ҳамроҳ шудан дошта бошад;
— қобилияти ба ўҳдадориҳои худ ҷавоб гуфтан дошта бошад;
— имконияти пешкаш намудани даъво ва ба сифати даъвогар ба ташкилотҳои ҳуқуқӣ (суд, арбитраж) муроҷиат кардан дошта бошад.
Бояд тазаккур дод, ки корҳона дар шароити сотсиализм ҳамчун звенои асосии ҳоҷагии халқ тасаввур карда мешуд. Он ҳамчун моликияти «умумихалқӣ» пурра ба давлат таалуқ дошт. Аз ин ҷиҳат муносибатҳои ҳуқуқӣ байни давлат ва корҳона на ҳамчун муносибатҳои ҷудогона, балки муносибатҳои ҳамҷоя, дар асоси қонунгузориҳои муттамарказ муайян карда мешуданд. Албатта, дар ин шароит шакли ҳуқуқии корҳона, ки дар боло зикр карда шуд, маҳдуд гардонда мешавад.
Дар шароити бозор, корҳонаҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолият мекунанд. Аз ин ҷиҳат барои амалӣ гардондани мақсади асосӣ (истеҳсолу фурўши маҳсулот, адои хизмат…), ногузир ба субъектҳои гуногуни иқтисодӣ, чӣ дар доираи истеҳсолот ва чӣ тиҷорату молия ва бурунмарзӣ, дучори муло-қоти ҳамдигарӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҳар як корҳона аз нигаҳи шакли ҳуқуқ бояд асоснок гардонда шавад.
Маҷмўи тадбир ва меъёрҳои комплексии ҳуқуқӣ, ки характер, шароит, тарзу услуби ташаккули ҳоҷагидориро перомуни моликияту моликиятдорӣ дар корҳона, байни корҳонаҳо ва корҳонаю давлат ташкил медиҳад, ҳамчун шакли ҳуқуқии таҳсиси корҳонаҳо сурат мегирад.
Дар ин асно набояд фаромўш кард, ки дар шароити сотсиализм, муносибат ва алоқамандии корҳонаҳо бо воситаи нақша-ҳои панҷсола, шартномаҳои марказонидашудаи давлат ва меъ-ёрҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Аз ин сабаб барои таъмин кардани алоқаҳои иқтисодӣ, яъне ҳамгироию ҳамбастагии фаъолияти онҳо, режими ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Ин чизро «План» ва дигар директиваҳои ҳуқуқӣ иҷро мекунанд.
Корҳона дар шароити бозор, нисбат ба корҳонаҳои дар шароити иқтисоди амрӣ амалкунанда, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки бештар маҳсулот ва хизматҳоро ба анҷом расонад ва дар натиҷа дараҷаи баланди даромади фоидаро таъмин намояд.
Агар амалӣ гаштани ин вазифа ва мақсад аз як тараф, оқилона ташкил кардани тақозои бозориро аз ҷониби корҳона дар назар дошта бошад, аз тарафи дигар, ҳалли он ба сатҳ ва дараҷаи ҳосилнокии меҳнат, инкишофи илму техника, дараҷаи ташкили истеҳсолот, рақобат ва ғайра вобаста мебошад.
Ин шароит аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар як тавлидгар (корҳона) вобаста ба шароитҳои субъективӣ (айнӣ) роҳу услуби ҳосаи тараққиёти худ, ташкили истеҳсолот ва шакли фаъоли ҳоҷагидории худро интиҳоб менамояд. Тадбиқ ва имконпазирии он аз дараҷа ва сатҳи истифодаи шакли ҳуқуқ ба моликият, алалхусус, соҳибӣ ва азхудкунии омилҳои истеҳсолот алоқаманд мебошад.
Аз ин сабаб муносибатҳо оиди азонихудкунии натиҷаҳои истеҳсолот, ки тибқи шакли моликият ба воситаҳои истеҳсолот, яъне имконияти мустақил ва бо ихтиёри худ истифода кардани он ба миён меояд ташкил мегардад.
Дар ин асно истифодаи чунин вариантҳои шакли ҳуқуқии моликият ба миён меояд:
— субъекти ташкилкунанда яку якбора ҳам тавлидгар ва ҳам соҳиби омилҳои истеҳсолот мебошад;
— субъект фақат соҳиби шароитҳои моддии истеҳсолот буда, ба тавлидот сару кор надорад, вале ба сифати ташкилот дар он ширкат варзида метавонад;
— субъект соҳиби воситаҳои истеҳсолот мебошад, вале имконияти ташкилотчигии он ба зиммаи каси дигар гузошта мешавад.
Истифодаи ин вариантҳо фақат дар лаҳза ва шароитҳои муфиде истифода карда мешавад, ки агар он масрафи ками захира ва дараҷаи аксари фоидаро таъмин карда тавонад. Маҳз истифодаи ин вариантҳо имконияти дар асоси корҳона таҳсис намудани шаклҳои гуногуни ҳуқуқии фирма — корҳонаҳо дар шакли моликияти давлатӣ, коллективӣ, муҳталат, иҷора ва ғайраро ба вуҷуд меоварад. Дар ин ҷодатаҳсиси корҳонаҳои нав истисно нестанд. Онҳо тибқи дарҳости созмондиҳандагон дар асоси шартнома ташкил дода мешаванд. Охирон, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нақш ва ҷойгаҳи ҳар яке аз созмондиҳандагонро ҳамчун соҳиби корҳона муайян мекунад.
Шартнома дар мояи Кодекси гражданӣ ё худ қонуну қонун-гузориҳои ҳуқуқӣ таҳсис дода мешавад. Дар он: шакли ташкилию ҳуқуқӣ; мақсад ва мақоми фаъолияти корҳона; мавзеи ҷой-гиронию суроға; ҳаҷми сармояи воқеии нақд (сармояи уставӣ); саҳми иштирокчиён ва қоидаи тақсиму истифодаи он; прин-сипҳои муҳимтарини фаъолияти фирма; ҳайати идора (менеҷеру менеҷмент); масоили тақсими фоида дар байни саҳмгузорон; ҳаққу ҳуқуқи созмондиҳандагон нисбат ба худи корҳона; маълумот дар хусуси созмондиҳандагон ва ғайра акс карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.