Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ислом хамчун ҷараёни идеологияи динии замони муосир

Ислом сеюмин ва охирин дини ҷаҳонӣ дар нимаи дуюми асри VI ва ибтидои асри VII дар нимчазираи Арабистон, ки арабхо онро «Чазиратулараб» мегуянд, ба арсаи вучуд омад…1. Паӣдоиш, барқароршавӣ, ташаккул ва инкишофи ислом.
Ислом сеюмин ва охирин дини ҷаҳонӣ дар нимаи дуюми асри VI ва ибтидои асри VII дар нимчазираи Арабистон, ки арабхо онро «Чазиратулараб» мегуянд, ба арсаи вучуд омад. Ин дин дар ҳамсоягии минтақае зуҳур кард, ки чорроҳи бархурди тамаддунҳо буда, нақши арзандае дар тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштааст. Ва ин чорроҳро олимони тамаддуншинос чорроҳи Сурия (Шом) номидаанд, ки на танҳо кишвари имрузаи Сурия, балки тақрибан тамоми Осиёи Наздик, соҳилҳои Бахри Миёназамин ва Осиёи Хурдро дар бар мегирад.
Ҳарчанд гаҳвораи ислом шаҳрҳои Макка ва Мадина дар гузаштаи дурдасти ин минтақа карор доштанд, тамоми нуқтаҳои ислом мазмуну мундариҷаи он аз ваҳдату умумияти аносири фарҳангиву мазҳабии ислом бо дигар фарҳангҳои аз ин чо сарчашма гирифта, гувоҳӣ медихад. Ду дини тавҳидии сомӣ (яҳудия ва насрония) то ислом зодаи хамин хавзаи тамаддун ва аз бисёр ҷихат ифодакунандаи хусусиятҳои фарҳангии он буданд.
Ин минтақа чорроҳе буд, ки дар он тамаддунҳои бобулӣ, шумериву ақодӣ, эронӣ, юнониву румӣ, финиқи, мисрӣ ва ниҳоят сомӣ (арабию яхудӣ ва ғаӣраҳо) ба ҳам бархурда аз якдигар мутаассир гардидаанд ва дар заминаи он дар шаҳрҳои марказии ин минтақа тадриҷан метавон гуфт, як тамаддуни наве ташаккул меёфт, ки баъдан ба паӣдоишу шукуфоии ду тамаддун: насронӣ ва исломӣ нерӯ бахшид.
Аз ин рӯ, паӣдоишу ҷараёни ба дини ҷаҳонӣ ташаккул ёфтани исломро хамчун дини дар асл сомӣ бидуни ба назар гирифтани иртиботи он бо ҳавзаи тамаддуни Сурия фаҳмидан мушкил аст. Паӣдоиши таърихи ислом бо як қатор омилхо вобаста аст. Охири асри VI ибтидои асри VII давраи ивазшавии як форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ ба дигараш, давраи авҷгирии муборизаи мусаллаҳонаи ду империяи ҷаҳонӣ -Византия ва Эрони сосонӣ ба шумор мерафт.
Ислом таърихан чун дини аз ҳама ҷавони якхудоӣ ба шумор рафта, дар чаҳон зиёда аз як миллиарду 300 миллион нафар паӣрав дорад ва як қисми маданияти маънавии халқҳои бештар аз 40 мамлакати гуногун мебошад. Мусулмонон имрӯз минтақаи васеъро дар курраи Осиёву Африқо (Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубӣ-Ғарбӣ, Африқои шимолию тропикӣ ва ғ.)-ро ишғол кардаанд. Як қатор мамлакатҳо номи Ҷумҳурии исломиро доранд: (Ҷ.И.Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистон ва ғ.) ва дар ҳудуди 28 давлат исломро ҳамчун дини расмӣ дар қонунҳои асосии худ эътироф кардаанд.
Ислом имруз баъд аз пароканда шудани системаи сотсиалистӣ ва камэътибор гардидани идеологияи коммунистӣ, дар мамлакатхои собик Иттиҳоди Шӯравӣ ва махсусан Тоҷикистон мавқеъ ва нуфузи худро боз хам устувортар гардонидааст.
2. Таълимоти идеологияи сиёсии дини ислом.
Нақши сиёсию иҷтимоии ислом дар сад соли охир дар кишвархои Осиёву Африқо якранг набудааст. Дар мархилаи аввал пас аз шикасти паёпаи мамлакатхои исломӣ дар муқобили фишору зарбахои ҳарбию сиёсӣ ва иктисодии кишвархои ғарбӣ мусалмонон ба тадриҷ аз хоби ғафлати асримиёнагӣ бедор шуда, ба вазъияти ақибмондагии иқтисодиву сиёсӣ ва илмию техникии худ огох гардиданд.
Хамзамон бо дарки ин вазъият гурӯҳе аз таҳсилкардаҳо, ҷавонон ва равшанфикрони тараққихоҳи ин кишварҳо дар ҷустуҷӯи сабабу иллати ин ақибмондагӣ ва ҷаҳолат афтоданд. Дар натича гуруҳе ба хулосае омаданд, ки иллат дар хусусияти шахшудагӣ ва тағӣирнопазирии дини ислом аст. Гуруҳи дигаре сабаби ақибмондагиро дар ду ҷабҳа: бегона гардидани мусалмонон аз исломи асил – приснпхои асосии дини Мухаммад ба тақлиду хурофот, бидъатхо ва ба ҷаҳолат олуда гардидани он диданд. Вобаста ба ҳамин ҳанӯз дар нимаи асри XIX ду навъ муносибат ба ислом ва ду навъ нусхаи фармон ва халоси аз ин холати ақибмондагӣ ва ҷаҳолат ба миён омад
Тамоюли аввал роҳи халосиро дар дунявӣ кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне зери таъсир ва ҳокимияти дин берун кашидани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданиву фарҳангӣ ва аксаран таклиди кӯр-кӯрона ба Fap6 ва ғарбӣ кардани шарқиён мефаҳманд. Ин гурӯх дар тадқикотҳои охири ҷомеашиносони ин кишварҳо «Ғарбзада» номида шудаанд.
Баръакс тамоюли дуюм бо вуҷуди дар назари аввал кӯҳнапараст ва суннатгаро будан, иллатро на дар ислом, балки дар мусалмонон, шакли диндорӣ ва шуури динии онҳо медиданд. Ба қавли шоир:

«Ислом ба зоти худ надорад аӣбе,
Ҳар аӣб, ки ҳаст дар мусулмонии мост».

Ва аз ин рӯ роҳи халосиро дар ислоҳи шуури динии мусалмонон ва шинохти дурусти ислом ва сарчашмахои он ва инчунин зинда кардани анъанаи пешқадами гузаштаи олами ислом медиданд. Онҳо нақши исломро дар мубориза бо мустамликадорӣ ва истеъмори ғарбӣ худ дарк мекарданд ва барои сафарбарӣ ва таҷдиди ифтихор ва шӯҳрати фаромушшудаи мусалмонон аз гузаштаи илму фарҳанг ва қудрати сиёсии халқҳои мусалмонон ёд мекарданд.
Ин гурӯх бо номи муслиҳин – ислоҳотчиёни (реформаторон-и ислом) дар адабиёти илмӣ машҳуранд. Ислоҳгарон шахсиятҳои маъруф мутафаккирони номии олами исломанд, ки то имруз дар атрофи осори онҳо таҳқиқот ва баҳсу баррасиҳои илмӣ идома дорад ва онҳо дар таърихи навини кишвархои исломӣ, дар роҳи ба даст овардани истикдолияти миллӣ, озодӣ аз зери ситами мустамликадорӣ ва пешрафти иҷтимоию фарҳангӣ ва илмии ин кишварҳо нақши бенихоят бузург доранд.
Устод Садриддин Аӣнӣ, Абдурауфи Фитрат ва ҷадидон андешаҳои зиёдеро дар мавриди таҷдиди шуури динӣ, танқиди шакли диндорӣ ва чахлу ҳурофоти аморати Бухоро баён карда, даст ба иқдомоти амонию инқилобӣ низ задаанд. Охири асри XIX ва нимаи асри XX наҳзати таҷдиди фикрӣ-динӣ ба ду шоха ҷудо мешавад. Яке модернизм, ки кушиши ба шароит ва мафҳумҳои илмию техники ва иҷтимоию иқтисодии навро дар қуръону ҳадисҳо дошт, дигаре шохаи эхёи (бунёдгароӣ) исломи асил. ки мавқеи воқеии равшанфикрон буд. Метавон гуфт то солхои 70-уми асри XX мавкеъ ва дастаи гурӯҳи аввал боло буд, ҳарчанд таъсири бевоситаи осору таълимоти реформаторони номбурда хамеша вучуд дошт. Модернизм ҳамчун идеологияи буржуазияи маҳаллии кишварҳои шарқи исломӣ дар ин марҳила хадди аксари кушишро мекард то исломро ба аҳдофи сиёсиву иқтисодии худ мувофик созад. Вале аз солхои 70-ум ва баъд аз буржуазия мавқеъ ва нақши собиқи худро дар кишварҳои исломӣ аз даст дод ва бар ивази он дар саҳнаи таърих табақоти поёни чомеа баромаданд ва аз нав шиорҳои эҳёи исломи Муҳаммадӣ, озодӣ ва истиқлоли воқеӣ, худшиносӣ ва таҷдиди шуури мазҳабӣ ба миён омаданд.
3. Исломи сиёсӣ дар замони муосир.
Яке аз муҳимтарин хусусияти давраи нав афзудани нақши сиёсии ислом дар мазҳабҳои миллию озодихоҳӣ буд. Агар дар давраи инкилобҳои буржуазӣ ислом ҳамчун яке аз воситаҳо ва яке аз унсурҳои идеологияи буржуазӣ ба кор рафта бошад, дар ин давра идеологияи исломӣ ба қувваи асосии пешбаранда табдил меёбад. Қувваи олии ин наҳзати нав Инкилоби Исломии Эрон буд, ки бо сарварии Оятуллоҳ Ҳумаӣнӣ ба ғалаба ноил гардида, ба поӣгоҳи империализми ҷаҳонӣ дар минтақа зарбаи калоне зад.
Пас аз Инқилоби Исломии Эрон як қатор ҳодисаҳои сиёсие рух доданд, ки далолат ба фаъол гардидани омилҳо ва қуввахои сиёсии исломӣ дар минтақа мегардиданд.
Инкилоби Исломии Эрон ва ғалабаи муҷоҳидин ва халқи муборизи Афғон бар артиши Шуравӣ дар солҳои 80-ум нишон дод, ки нерӯи ислом ва дини Ислом ҳануз аз саҳнаи таърих дур нарафтааст.
Дар маҷмуъ, хусусияти асосии Исломи муосир афзудани нақши сиёсӣ ва идеологии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Охири асри XX асри аз нав ба саҳнаи сиёсӣ баромадани Ислом, рӯ ба афзоиш ниҳодани омӯзиши таҳқиқот дар атрофи мавзӯъҳои: «Ислом ва сиёсат», «Ислом ва иқтисодиёт», «Ҷомеаи тавҳидии исломӣ», «Демократиям исломӣ» ва ғаӣраҳо мебошад. Идеологияи дини Ислом, ки нисбат ба динҳои Буддоӣ ва Масеҳӣ хеле ҷавон аст, ҷомеаи чаҳониро ба яккахудоӣ, яъне монотеиста ва парастиш намудан ба Худованди яккаву ягона даъват менамояд.Таҷрибаҳои даврони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ибратомуз аст. Таҳлили фаъолияти нерӯҳои сиёсӣ собит месозанд, ки мусолиҳаи миллӣ натиҷаи дарки сатҳи мувозинат, таносуби қувваҳо ва гузашнамоиҳои тарафаӣн ба ҳисоб меравад. Чунин муносибат буд, ки дар Тоҷикистон тарҳи хосаи давлати дунявӣ ташаккул ёфт. Ҳокимияти дунявӣ аз муносибати радикалию идеологи ба мафҳуми дунявият даст кашид. Ҷомеаи Тоҷикистонӣ набояд ба сатҳи кунунии муносибатҳои баӣниҳамдигарии давлати дунявӣ ва нерӯҳову ҷамоаҳои динӣ қаноат намояд. Аз хурдтарин имкониятҳо бояд истифода намуд, то ки раванди мазкур тақвият ва инкишоф ёбад. Аз ин хотир, андешидани чораҳои зарурию муҳимро набояд фаромуш сохт. Чорабиниҳо, ки мухталифу зиёданд дар кори ташкил ва таъмини муқоламаи сарварони ғаӣрирасмии динӣ, ходимони расмии динӣ ва намояндагони давлати дунявӣ нақши асосиро ба ӯхда мегиранд. Ҳадаф он аст, ки масъалахои мавчуда сари вахт ҳалли худро паӣдо намоянд. Ба он муваффақ гардид, ки таълими динӣ ҳар чӣ бештар ва зудтар хосияти академӣ гирад. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки масъалаи кадрҳо ҳалли худро паӣдо намоянд ва ба дараҷаи маълумотнокии зиёиёни мусулмон таъсир расонанд. Онҳоро ба ҳаёти сиёсӣ ворид месозанд. Маҳз сарварони қишри равшанфикрон (зиёиён) исломи сиёсии навро бо рӯовариҳои дунявӣ метавонанд кафили ташаккулу инкишофи ҷомеаи мутамаддин гардонида бегонагии баӣни мардуми дунявӣ ва қисми динии ҷомеаро ба ҳадди ақал расонанд.
Дар назди давлати тозабунёди Тоҷикистон ба сифати вазифаи стратеги таъмини амнияти сохти конститутсионӣ меистад, ки он тавассути истифодаи захираҳои исломӣ сиёсӣ низ ба амал бароварда мешавад. Исломи сиёсии замони муосир мӯътадил ба сифати низоми арзишҳои динӣ дар оянда метавонад ба сифати яке аз асосҳои таҳкими давлатдорӣ хизмат намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.