Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Либерализм ҳамчун ҷараёни идеологӣ. Неолиберализм.

Либерализм яке аз ҷараёнҳои инкишофёфтаи идеологӣ мебошад. Мафҳуми либерализм аз калимаи лотиниӣ гирифта шуда, маънояш «Озод» буда, ин ҷараён дар охири асри XVIII ҳамчун идеологияи синфи нави бурҷуазия ба вуҷуд омад.Нақша:
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафаи пайдоиш ва инкишофи либерализм.
2. Ҷараёнҳои иқтисодӣ васиёсии либерализм.
3. Назарияи иҷтимоии либералӣ. Неолиберализм.
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафаи пайдоиш ваинкишофи либерализм.
Либерализм яке аз ҷараёнҳои инкишофёфтаи идеологӣ мебошад. Мафҳуми либерализм аз калимаи лотиниӣ гирифта шуда, маънояш «Озод» буда, ин ҷараён дар охири асри XVIII ҳамчун идеологияи синфи нави бурҷуазия ба вуҷуд омад. Асоси назарияивии онро идеяҳои маорипарварӣ ташкил менамояд. Сарчашмаи назариявии ин ҷараёнро идеяҳои Ш.Л. Монтеске, Д.Локк, Т.Гоббс, А.Смит, Т. Ҷефферсон ва дигарон ташкил менамоянд.
Дар илберализм ҳамчун идеология ҳамчун омили ягонагии фикрии табақаҳои гуногуни ҷомеа шуда метавонад, ки асоси онро манфиатҳои гуруҳҳо, синфҳо ва дигар табақаҳои иҷтимоии ҷомеа ташкил менамоянд. Ҳар яки ин ҷараёнҳо бешубҳа ба фаъолияти қисми муайяни ҳизбҳои сиёсӣ ваструктураҳои давлат алоқаи зич доранд.
Мубориза барои озодӣ, барои тарафдорони либерализм маънои онро дорад, ки мубориза ба муқобили маҳдудкунии озодии ҳуқуқи инсон аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҷисмонӣ ва ақлӣ мебошад.
Яке аз асосгузорони таълимоти либерализм Ҷ. Локк мебошад. Ғояи озодии инфиродӣ, ки ҷавҳари либерализм аст дар асарҳои ӯ инъикос ёфтаанд. Баъдтар ғояи озодии инфиродиро маорифпарварон Волтер, Руссо, Монтескё дар андешаҳои худ тақвият бахшидаанд.
Асри 19 – ро «асри тиллоии либерализм» низ меноманд. Таълимоти мазкурро А. де Токвил, Д.С. Милл, В фон Гумболд инкишоф дода, бо он хосиятҳо ва сифати навро ворид сохтанд.
Ба идеологияи либерализм таълимоти «тақсимоти хокимият» – и Ҷ.Локк ибтидо гузоштааст. + ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва федералиро қисматҳои асосии ҳокимият медонад. Тақсими ҳокимиятро кафили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимояи он аз банди ҳар гуна ҳокимияти авторитарӣ мешуморад.
Самти дигари инкишофи таълимоти либералӣ ташаккул системаи бисёрҳизбӣ мебошад. Баъдтар ин тамоюли инкишофи сиёсиро «прюализм» номидаанд. Дар ҷараёни либерализм прюализм маънои ҳолатеро дорад, ки бароои ҳамаи манфиатҳо ва кӯшишҳо имконияти таъсиси муташаккили сохтори сиёсӣ мавҷуд аст.
Хосияти дигари идеологияи либерализмро федерализм ташкил медиҳад. Федерализм амалияи маданияти сиёсии либералӣ аст. Он имконитят медиҳад, ки ҳокимияти марказӣ маҳдуд гардонида шавад, мухторияти ҳудудҳои маъмурӣ таъмин гардад.
Назария ва амалияи давлати ҳуқуқиро низ ба хусусиятҳои идеологияи сиёсии либерализм мансуб медонанд.либерализм ҳамчун таълимоти низоми ҳуқуқие баромад менамояд, ки вазифаҳои маҷбурнамоии давлатиро ба ҳадди ақалӣ меорад. Давлатро либералҳоо унсури бартарафе меҳисобанд, ки барои манфиатҳои ҳар як шаҳрванд амал менамояд. Кафили ҳамаи муносибатҳо дар ҷомеаи сиёсӣ ҳуҷҷати барҷастатарини ҷомеаи муосир – конститутсия баромад менамояд.
Ҷараёнҳои иқтисодӣ васиёсати либерализм.
Яке ах хусусиятҳои асосии либерализмро озодии иқтисодӣ ташкил медиҳад. Намояндаи барҷастаи либерализми иқтисодӣ А. Смит мебошад. + ғояҳои ҳукмронии моликияти хусусӣ, дахолат накардан ба иқтисодиёт, майдони васеъ барои ташаббусҳои шахсӣ дар инкишофи ҷомеаи озодиро ҳатмӣ ва зарур медонист.
Хусусиятҳои дигари муҳими идеологияи либералиро ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Он ҷомеаро мемонад, ки ба молликияти хусусӣ аз муносибатҳои бозоргонӣ асос ёфта, аз таъсири давлат ва институтҳои дигари сиёсӣ озод аст.
Вобаста ба ин, ҷиҳати асосии идеологияҳои сиёсии либералиро ғояи муқаддаси ҳуқуқи табиӣ ва озодиҳои шахс ва бартарии онҳо нисбати манфиатҳои давлат ва ҷомеа ташкил менамояд. Шароити худвоқегардии инфиродиро либерализми ҷомеаи шаҳрвандон, мавҷудияти прюализми сиёсӣ ва ғайраҳо меҳисобад.
Даҳсолаҳои охир ғояҳо ва амалияи либерализм дар мамлакатҳои собиқи сотсиалистӣ низ паҳн гашта истодаанд. Бисёре аз ғояҳои либерализм: инкишофи бемаҳдуди бозор, рақобати озод, дахолат накардан ё аз рӯи зарурат дахолат намудани давлат ба иқтисодиёт, эътирофи ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ҳамчун шарти асосии рушди иқтисодӣ ва озодии сиёсӣ ва ғайраҳо дар амалияи ҷамъиятӣ истифода мегарданд.
2. Назарияи иҷтимоии либералӣ. Неолиберализм.
Дар солҳои 30-40 – уми асри 20 давраи нав дар инкишофи ҷараёни консерватизм ар шуд, ки он бо номи НЕОЛИБЕРАЛИЗМ маълум мебошад. Ин ҷараёнро тадқиқотчиён бо ба сари ҳокимият омадани намояндаи ҳизбҳои республикавӣ дар ИМА Роналд Рейган, дар Англия намояндаи консерваторон бо сардории Маргарет Теччер, дар Германия ба сардории Гелмут Кол алоқамандӣ мекунад.
Ин ҷараён бо номи собиқ президенти ИМА Рузвелт вобастагӣ дорад. Ин идеологияро Рузвелт дар вақти ба кризиси сатҳи иқтисодии солҳои 30 асри 20 гирифтор шудани дунёи капиталистӣ махсус барои ИМА кор карда баромад. Либерализм классикиро ҳамчун як шакли идеологияи сиёсӣ маънидод кардан мумкин аст, ки он асосан барои амалӣ гардидани принсипҳои баробарии имкониятҳо дар ҳаёти иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона карда шудааст. Фикрҳои дар боло зикршударо, ки нисбати пайдоиш ва инкишофи либероализми классикӣ маънидод шудаанд, инчунин он равандҳои сиёсиро, ки дар заминаи он ба вуҷуд омадааст, метавон ба тариқи нақшаи дар боло додашуда чунин тасвир намуд.
Дар охири асри 19 ва авали асри 20 вобаста ба хосияти замон таълимот ва идеологияи либерализми классикӣ тағйироти ҷиддиро дарёфт. Таълимот ва самти нав – неолибеоализм ташаккул ёфт. Неолибералҳо акнун дахолати давлатро ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ зарур медонанд. Неолибералҳо аз ду гурӯҳи муносибатҳо: муносибати байни бозори озод ва дахолати давлат; муносибати байни инфирод ва ҷомеа диққати махсус медиҳанд. Амма бартариро муносибатҳои гурӯҳи дуюм ташкил менамояд.
Самтҳои асосии либерализми ҳозира:
НЕОЛИБЕРАЛИЗМ – либерализми нав кӯшиш мнамояд, ки аризишҳои либерализми классикиро аз нав барқарор намояд. Масалан, мактабҳои иделогии ИМА ақидаро дар бораи идоракунии иқтисодиёт, инкишофи рақобати озод ва маҳдуд гардонидани мавқеи давлатро дар иқтисодиёт баён намудаанд.
ЛИБЕРАЛИЗМИ ИҶТИМОӢ – ин идея такмил додани дигаргуниҳои иҷтимоӣ такя намуда, арзишҳои давлатии иҷтимоироо ҳифз менамояд. Ин ҷараёни идеологӣ дар мамлакатҳои пешқадами иқтисодӣ машҳур аст. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон либералистҳо барои мустаҳкам ва такмил додани фаъолияташон дар сатҳои умумиҷаҳонӣ дар соли 1947 дар шаҳри Оксфорди Британияи кабир ташкилоти байналхалқиро ташкил намудаанд. Дар ин ташкилот зиёда аз 50 ҳизбҳои сиёсии мамлкатҳои Эвропа, Америка ва Осиё аъзо шуда фаъолияти пурсамар менамоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.