Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Идеологияи сиёсии сотсиал – демократҳо.

Яке аз ҷараёнҳои бонуфузи сиёсие, ки бо ҳодисаҳо, равандҳо ва муносибатҳои сиёсӣ таъсири бештар мерасонанд, идеология ва ҳаркати сотсиал – демократӣ мебошад.Нақша:
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафии пайдоиши идеологияи сотсиал – демокоратҳо.
2. Сотсиализми демократӣ дар давраи баъди ҷангӣ.
3. Ҳодисаҳои нав дар ҷараёни идеологияи сотсиал – демократӣ.
1. Заминаҳои таърихӣ ва фалсафии пайдоиши идеологияи сотсиал – демократҳо.
Яке аз ҷараёнҳои бонуфузи сиёсие, ки бо ҳодисаҳо, равандҳо ва муносибатҳои сиёсӣ таъсири бештар мерасонанд, идеология ва ҳаркати сотсиал – демократӣ мебошад. Он таърихи кӯҳан дорад. Ҳизбҳои сотсиал – демократӣ дар охири асри 19 ташаккул ёфта буданд. Раванди ташаккули онҳо дар Интернатсионали П ба расмият медарояд. Ҳамчун ҷараёни мустақили сиёсӣ дар ҳаракати коргарӣ дар аввали солҳои 20 – уми асри 20, баъди из ҷиҳати ташкилӣ ҷудо гаштани қувваҳои инқилобӣ ва ислоҳотчигӣ пайдо гаштааст.
Сотсиал – демократия дар муддати мавҷудияташ тағйироти куллӣ дидааст. Таркиби иҷтимоию ташкили идеологияи сотсиал – демократӣ ба тӯли таърих борҳо тағйир ёфтааст. Дар солҳои 1923 – 1940 сотсиал демократҳо Интернатсионали сотсиалистии коргарӣ муттаҳид менамуд. Ҳоло бошад, Интернатсионали Сотсилистӣ ҳизбҳои сотсиал демократиро муттаҳид менамояд, ки барои амалӣ шудани принсипҳои сотсиализми демократӣ кӯшишҳои зиёденро ба харҷ додаст.
Сотсиал днмократия аз ҳизбҳо бо нерӯҳои дигари сиёсие таркиб ёфтааст, ки бо номҳои гуногун амал намудааст. Масалан, бо монанди равияҳои сотсиал – демократӣ, сотсиалистӣ, лейбористӣ, коргарӣ ва ғайраҳо. Дар олами муосир қариб 80 ҳизби сиёсие вуҷуд доранд, ки бештар аз 20 – миллион аъзоро дар сафҳои худ муттаҳид намудаанд. Зиёда аз 200 миллион нафар интихобкунандагон дар минтақаҳои гуногуни олам онҳоро ҷонибдорӣ менамояд. Аксарияти ҳизбҳои сотсиал – демократӣ дар раванди инкишоф ва мубризаи сиёсиашон мукммал гардида, таҳким ёфта, раванди институтсионалиро ихтиёр намуда ба ҳизбҳои парламентӣ табдил ёфтанд. Ин боис гардид, ки сотсиал-демократия воитаи муҳими ҷалб намудани ҳаракати коргарӣ ба низоми сиёсӣ ҳукмрон гардад. Аз ҳамин ӣиҳат таърихи минбаъдаи сотсиал-демократия ифодаи раванди азмарксизм ҷудо ва дур гаштани он мебошад.
Ҳуҷҷати барномавии Интернотсионали сотсиолистӣ дар солҳои 1951-1986 Баённомаи «Мақсад ва вазифаҳои сотсиализми демократӣ» ба шумор мерафт,ки ҷиҳатҳои зеринро дар бар дошт: а) Капитализм ҳамчун ҷамоаи беадолат сахт танқид карда мешавад; б) Ба мамлакатҳои сотсиалистӣ баҳои манфӣ дода мешавад; сотсиализми воқеиро ҳамчун «ҷамияти нави синфӣ» маънидод менамуданд; в) Ба капитализм ва коммунизм ҷомеаи ҷомеаи сотсиализми демократиро муқобил мегузоштанд. Асосҳои ҷомеаи сотсализми демократиро дмократияи сиёсӣ, иқтисодӣ в иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
2. Сотсиализми демократӣ дар давраи баъди ҷангӣ.
Сотсиализми демократӣ аз соли 1945 инҷониб доктринаи расмии ҳаркати сотсиал – демократия ба ҳисоб меравад. Аз ин замон марҳалаи нави инкишофи сотсиал демократия оғоз ёфтааст. Дар аввал ходимони сотсиал демократия новобаста ба андешаҳои гуногуни ислоҳотчӣ, оппортунистӣ ва прогматизмашон ба марксизм собиқ буданашонро расман эътироф менумуданд. Дере нагузашта сотсиал – демократия тавонист мавқеи хешро муайян созад. Соли 1951 интернатсионалии сотсиалистӣ эъломияи Франкфуртиро қабул намуд, ки дар он принсипҳои асосии фаъолияти сотсиал демократия баён ёфта буданд. Солҳои бадина бошад, ҳатто то солҳои 80 – уми асри 20 сотсиали демократияи мамлакатҳои гуногун ба таври мушаххас мавқеи хешро майян намуда, ба пуррагӣ аз марксизм, ленинизм худро канор гирифтаанд.
Ҳизбҳои сотсиал – демократӣ дар бештари мамлкатҳои Аврупои ғарбӣ ба сари қударт омада, барномаи сиёсии хешро то ҳадди имкон амалӣ мешардонанд.
Таълимоти ленинизм, ки бештар хосияти фундементалистӣ дорад барои ташаккули реҷими сталинӣ замима гардид. Ғояи асосии таълимоти давраи реҷими сталиниро бошад пурқувват гаштани муборизаи синфӣ дар рафти сохтмони сотсиалистӣ ташкил медод. Ғояи мазкур асоси идеологии навсозиҳои ҷамъиятӣ: ҷамъияткунонии истеҳсолот, индустриалкунонии хоҷагии халқ, коллективонии хоҷагиҳои деҳот, инқилоби маданӣ ва ғараҳо гардид.
Идеологияи сотсиалдемократӣ вобаста ба шароити мамлакатҳои гуногун ва хусусиятҳои сарварии сиёсӣ дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардид. Мисоли барҷастаи махсусияти идеологияи сиёсӣ дар шароити Ҷумҳурии халқии Хитой ва Югославия мебошад.
3. Ҳодисаҳои нав дар ҷараёни идеологии сотсиал – демократӣ.
Даҳсолаи охир дар зери таъсир ва ба хотири пурра дар шудан аз марксизм ва боқимондаҳои меросии он дар ҳаракати сотсиал – демократия тамоюли афзундани мавқеъ баҳри аз нав дида баромадани нақши давлат, озодии инфиродӣ, моликияти хусусӣ, муносибатҳои бозорӣ ва ғайраҳо, ки дастуру арзишҳои хосаро ифода месозанд, ба амал меоянд.
Кӯшишҳои амалигардонии ғояҳои сотсиализм дар Хитойи баъдиҷангӣ маоизм – шакли сотсиализми воқеиро ба вуҷуд овард. Он қонуниятҳои умумии сохтмони сотсиализмро, ки яке аз ғояҳои марказии таълимоти марсизм аст рад менамуд. Мао Сзедун бештар ба И.В. Сталин ва таълимоти ӯ таваҷҷӯҳ дошт ва ӯро аз асосгузорони марксизм – ленинизм кам надонист. Маоизм ғояи зарурати мубориза ба душманони дохилию беруниро ҳақ бароварда, ғояи сталиниро ба назарияи «муборизаи партизанӣ» ғанӣ гардонид. Ин ҷиҳати таълимоти маоизм онро дар минтақаҳои гуногуни олам, махсусан нимҷазираи Ҳиндустон, Африка ва Амрикои лотинӣ машҳур гардонид.
Маоизм қувваи муҳаррики мубориза барои сотсиалимзро дар симои деҳқонон медонист. Маҳз деҳқонон оммаро, аз ҷумла зиёиёнро аз оқиби худ мекашид. Оқибати ғояҳои маоистии идеологияи коммунистӣу ба ҳама маълмуманд. Махсусан, замони «инқилоби маданӣ» намунаҳои зиёди ибратбахшро пеш гукзошта метавонанд.
Дар Югославия бошад, бо сарварии И.Б. Тито кӯшиш бунёди сотсиализм бе иштироки қушӯнҳои хориҷӣ фаъолият намудааст. ӯ шаклҳои зуҳури сотсиализм, принсипҳои ҳамзистии осоишта бо мамлакатҳои сохти иҷтимоиашон гуногун: эътирофи моҷароҳои дохилӣ ва зиддиятҳо дар ҷомеаи сотсиалистӣ; зарурати мубриза бар муқобили душмани асосӣ – бюрократия; кӯшишҳо барои барқарор намудани муносибатҳои бозорӣ; маҳдуд намудани нақши ҳизби коммунист дар системаи сиёсии ҷомеа ва ғайраҳоро эътироф менамуд. Беҳуда набуд, ки барои дур рафтан аз таълимоти сотсиализми илмӣ ва платформаи фундаменталии марксизм роҳбарияти ҳизбию давлатии Югославия ҳамчун майлонҳои ба марпксизм бегона тавсиф карда мешуданд.
Таълимоти идеологии сотсиал – демократӣ, ки асосгузоронаш мутафаккирони немис К.Каутский ва Э. Берштейн мебошанд, дар натиҷаи аз сари нав дида баромадани таълимоти марксизм ташаккул ёфт. Онҳо аз дастурҳои зӯроваронаиреволютсионӣ даст кашидаанд. Асоси таълимоти сотсиал – демократиро назарияи «сотсиализми демократӣ» ё сотсиалимз бо кифояи инсон ташкил менамояд. Аз нуқтаи назари сотсиал – демократҳо сотсиалимзм ин сохти ҷамъиятии амиқ набуда, протсесси ҷой додани присипи баробарии иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар идеологияи немис, ки як ҷӯзъи идеологияи сотсиал – демократӣ ба ҳисоб меравад. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс аввалин бор аслан диалектикаи таъсири мутақобилд ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандл ва муносибатҳои истеҳсолро ошкор карданд. Ин кашфиёти муҳимтарин дар китоб ҳамчун диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва шаклҳои муомилот ё муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода ёфта буд. Вай калиди фаҳмиши тамоми сохти ҷамъияти инсонӣ, яъне ибтидои таълимот дар бораи форматсияҳои ҷамъиятӣ буда, барои исботи илмии ногузири револютсияи синфи коргар ҳамчун натиҷаи инкишофи зиддияти байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии ҷамъияти бурҷуазӣ имконият дод. Дар ин идеология таҳкурсии асосӣ аз назхарияи марксистӣ иборат мебошад. Сотсиал – демократия ҷараёни бузурги сиёсии олами муосир аст, ки дар сафҳо нерӯҳои гуногунро дар тамоми минтақаҳои олам муттаҳид намудааст ва онҳо дар сатҳи гуногун дар фаъолияти мақомоти идораи сиёсии кишварҳо иштирок менамоянд. Сотсиал – демократия аз ҳизбҳо ва нерӯҳои дигари сиёсие таркиб ёфтааст, ки бо номҳои гуногун амал менамоянд, яъне ба монанди сотсиал – демократӣ, сотсиалистӣ, либералистӣ, коргарӣ ва ғайраҳо.
Воқеияти ҷамъиятӣ роҳбарони сотсиал демократияро боқар мекунонид, ки роҳи инқилоби из системаи ҷамъиятии кӯҳна ба низоми нави муносибатҳо расидан роҳи хато мебошад. Бинобар ин сотсиал демократияро дар паи ҷустуҷӯи гузаришғи сиёсии самаранок бисё принсипҳо ва арзишҳои ҷомеаи сармоядоронро нишон медод, ки бисёре аз талабҳо ва эҳтиёҷоти заҳматкашонро тавассути воситаҳои осоишта, тариқи дигаргуниҳои тадриҷӣ ба амал баровардан мумкин аст. Ҳанӯз аз солҳои 20 – уми асри 20 сотсиал – демократияи Шведсия консесияи сотсиализми функсионалӣ ва демократияи сноатро пешниҳод намуда буд, ки дар он андеша дар бораи нобуд кардан ва ё миллӣ намудани моликияти хусусӣ ҷои худро пайдо карда натаврнистааст. Дар инкишофи сотсиалдемократия нақши муҳимро муттаҳид намудани ҷабҳаҳои миллии он бозидаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.