Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Моҳияти идеологияи коммунистӣ.

Яке аз шаклҳои асосии идеологияи сиёсиро коммунизм ташкил менамояд. Ғояҳо дар бораи ҷомеаи коммунистӣ, дар бораи сотсиализм ҳанӯз замонҳои қадим маълуманд.Нақша:
1. Заминаҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи идеологияи коммунистӣ.
2. Назарияҳои сиёсии ҳаркатҳои коммунистӣ.
3. Идеологияи коммунистӣ дар замони муосир.
1. Заминаҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи идеологияи коммунистӣ.
Яке аз шаклҳои асосии идеологияи сиёсиро коммунизм ташкил менамояд. Ғояҳо дар бораи ҷомеаи коммунистӣ, дар бораи сотсиализм ҳанӯз замонҳои қадим маълуманд. Аммо то ба нимаи дуюми асри XIX афкори ҷамъиятӣ натавонист онро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намояд ва аз ҷиҳати идеологӣ сохтори онро бунёд созад. Дар шаклгирӣ ва бунёди консепсияи илмӣ, бахусус таълимоти Ҷ.Ҷ. Руссо ва Ф. Бабёф таъсири бештар доштанд.
Бори аввал кӯшиши инъикоси иделаии сохтори ҷомеаи навинро мутафаккирон Т.Мор ва Т.Кампанелла ба харҷ дода буданд. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 бошад, сотсиалистони употист Сен-Симон ва Оуен кӯшиши дигари асоснокнамоии назариявӣ ва идеологии ҷомеаи баъди бурҷуазиро ба миён оварда буданд. Аммо дарки ҳамҷонибаи ҳолат ва равандҳои сиёсӣ ба Карл Маркс ва Фридрих Энгелс имконият доданд, ки чунин вазифаро ба охир бирасониданд. Онҳо манфиатҳои синфи коргарро ҳимоя намуда, дар бораи ҳаёту фаъолияти сиёсии он таълимоти мукаммал офаранд. Онҳо бо роҳи инқилобӣ тағйироти ҳокимияти сиёсӣ ва ба манфиати синфи коргар истифода намудани онро нишон доданд. Сотсилизмро натиҷаи зарурии тараққии ҷомеаи сармоядорӣ донистаанд. Таълимоти фаҳмиши материалистии таърих в назарияи арзиши изофа дар ташаккули идеологияи сиёсии марксизм асҳми асосӣ гирифт. Арзиши изофа асрори истеҳсолоти сармоядориро фош намуд.
Карл Маркс ва Фридрих Энгелс инкишофи ҷомеаро раванди қонунии табииию таърихии ивазшавии форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ медонитсанд. Таҳлили мутассили муносибатҳои ҷомеаи сармоядорӣ онҳоро ба хулосае овард, ки пайдоиш ва инкишофи ҷомеаи коммунистӣ ба таври қонунӣ ба амал ояд.
Марксизм дар бораи ногузории ташаккул ва инкишофит ҷомеаи коммунистӣ андеша намуда, нерӯи ҷамъиятиро, ки вазифаи мазкурро ба ҷо меорад нишон дод. Ҳамин тавр, нақши умумиҷаҳонии синфи коргарро дар бунёди ҷомеаи аз истисмор озод медиданд.
К. Маркс ва Ф. Энгелс таълимоти муборизаи синфӣ, инқилоби сотсиалистӣ ва диктатураи пролетариатро фоарида, роҳу воситаҳои бунёди ҷомеаи коммунистиро нишон доданд.
2. Назарияҳои сиёсии ҳаракатҳои коммунистӣ.
Дар солҳои 70 – уми асри 19 марксизм дар ҳаракати коргарии байналхалқӣ қувваи асосии назариявию идеологӣ мегардад. Як зумра ходимони фаъоли ҳаракати коргарию коммунистӣ: А.Бабел, Д.Благоев, Ҷ.Гед, А. Лабриола, П.Лафарг, В. Либкнехт, Ф. Меринг, Г.В. Плеханов ва дигарон пайдо шуда, паҳлӯҳои гуногуни таълимоти марксизмро инкишоф доданд.
Дар инкишофи таълимот ва идеологияи сиёсии марксизм, ки асоси идеологияи коммунистиро ташкил медиҳад, мақоми В.И.Ленин баланд аст. Пайдоиш ва инкишофи назарияи ҳизби сиёсии нав маҳз ба у таалуқ дорад. Ё онро аз ҷиҳати ғоявию назариявӣ ва тактикию ташкилӣ асоснок намуд. Ҳизби нав ҳизби инқилобӣ буда, барои ҳокимияти сиёсӣ мубориза мебарад. Таълимоти Карл Маркс бештар аз ҷониби В.И. Ленин тавсиф карда шуда, ҳамаҷониба таҳкиму такмил дода шудааст ва аз ин хотир Россия ватани ленинизм донитса мешавад. Ленинизм марксизми давраи империализм ва инқилобҳои пролетарӣ, давраи таназзул низоми мустамликадорӣ ва ғалабаи ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ ва давраи гузариш ва капитализм ба сотсиализм ва чун бунёди ҷомеаи коммунистӣ муаррифӣ карда мешавад.
Яке аз шаклҳои асосии сотсиализм, ки дар он ҳукмронии пурраи моликияти давлатӣ таъмин карда шудааст, инчунин назорати давлат аз болои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин мегардад, сотсиализми давлатӣ ба шумор меравад. Танқидчиёни сотсиализми давлатӣ онро ба ибораҳои сотсиализми казармавӣ, сотсиалзму тоталитарӣ, сотсиалзми мусвикунандагӣ, сотсиализми амалдорию бюрократӣ, сотсиализми маъмурию фармонфармоӣ, сотсиализми «ваҳшӣ» ва ғайра тасвир карданӣ мешавнд.
Дар маҷмӯъ таълимоти сотсиализм гуногун буда, давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва кишварҳою минтақаҳои зиёди оламро фаро гирифтааст. Қариб кишвареро пайдо намудан ғайриимкон аст, ки таълимоти сотсиалистӣ дар шакл ва сатҳи муайяне ташаккул наёфта ва мавриди истифода қарор надошта бошад. Намояндагони таълимоти коммунистӣ, махсусан дар кишварҳои ғарб онро ҳаҳаҷониба асоснок намуда буданд ва тарҳи воқеии онро дар қисме аз кишварҳо амалӣнамудаанд. Сотсиализм дар Россия, Аврупои шарқӣ ва қисме аз мамлкатҳои Осиё ба воқеият табдил ёфта буд.
Ҳар як навъи идеология ба масъалаҳои ҳокимияти алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз он ҷумла, да идеологияи коммунистӣ низ чунин хусусиятҳо инъикоси худро ёфтааст. Новобаста аз самти инкишофаш идеологияба эътирофи консепсияҳои муайяни ҷомеа ё низоме асос меёбад. Дар идеологияи коммунистӣ консепсияи идеологизатсия намудани ҷомеа дида мешаванд, ки он тамом низом ва тартиботҳое, ки дар сохтори бунёди ҳокимият ё давлат вуҷуд дошт дар барномаҳои идеологӣ дарҷ гардида буданд.
3. Идеологияи коммунистӣ дар замони муосир.
Ҳоло бештари муҳаққиқон фаъолияти хешро дар масъалаи омӯзиши идеологияи коммунистӣ равона менамоянд. Аз ин сабаб агар ба таърихи ҷомеаи сотсиалистӣ назар афканем аксарияти барнома ва таълимоти ин давраро идеали ҷомеаи коммунистӣ ё ба мафҳуми дигар коомунизми илмӣ ташкил медиҳад, ки ин бевосита дар адабиётҳои сершумори сиёсии собиқ Иттиҳодияи Шӯравӣ ба таври мукаммал иниъкос гардидааст.
Дар қиме аз мамлкатҳои Осиё ва Африқо низ назарияҳои сотсиалистӣ амалӣ мегардиданд. Махсусан, кишварҳое, ки аз асорат ва зулми монополияро озод гардида, роҳи сӯи ҷомеаи сотсиалистиро ихтиёр намуда буданд, агар дар амалияи сотсиалимз ва рушди таълимоти он саҳми худро гузоштаанд ҳоло низ бархе аз роҳбарони мамлакатҳои орентатсияи сотсиалистӣ бо роҳи интихобкунандаи хеш содиқ буданро изҳор менмоянд. Бояд гуфт, ки таназзули давлатдории сотсиалистӣва бӯҳрони таълимоти инкишофи тадриҷию босуботи назария ва амалияи коммунизмро дар рушди доираи ҷаҳонӣ боз дошт. Аммо чунин андеша маънои онро надорад, ки таълимот ва воқеияти коммунистӣ хоси замони гузашта мансуб гардидааст. Ҳоло намояндагони таълимоти мазкур дар минтақаҳои гуногуни олам онро таҳким ва такмил мебахшанд. Назарияҳои коммунизмро инкишоф медиҳанд. Зеро зарурат ба чунин амал вуҷуд надорад. Одамони зиёде онро ҷонибдорӣ менамоянд ва онҳоро назарияҳои баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ ба худ мекашанд. Ба ғайр аз ин идеали аксариятҳои фардиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳақиқат баробари иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоию маданӣ, таъмини волоияти қонун барои ҳар яе шахс мебошад, ки чунин талабот мақсади асосии бунёди ҷомеаи коммунистиро ташкил медиҳад. Дар шароити бунёди давлати сотсиалистӣ таълимоти марксизм-лениннизм ва ҷониби аксарияти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони муосир пуштибонӣ мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.