Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Идеологияи миллии замонри муосир.

Дар бапробари ба даст овардани истиқлолият ба мо имконият пайдо шуд, ки ин атои таърихиро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахътии вайд ӯстию бародарӣ, ваҳдату япорчагии миллати тоҷик мувофиқи ақлу хиради хеш истифода барем.Нақша:
1. Хусусиятҳои идеологияи миллӣ.
2. Ташаккули идеологияи мллӣ.
3. Идеологияи миллӣ ва динӣ дар замони муосир.

1. Хусусиятҳои идеологияҳои миллӣ.
«Миллат умумияти устувории таърихан ташаккулёфтаи забонӣ, ҳудудӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва хислати равонии дар умумияти маданият зоҳиргашта мебошад».
И.В.Сталин
Дар бапробари ба даст овардани истиқлолият ба мо имконият пайдо шуд, ки ин атои таърихиро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахътии вайд ӯстию бародарӣ, ваҳдату япорчагии миллати тоҷик мувофиқи ақлу хиради хеш истифода барем.
Мафҳуми асосӣ ва марказии раванди муносибатҳои миллӣ дар идеологияи миллӣ «миллат» аст. Мафҳуми мазкур пеш аз пайдоиши миллатҳо ба вуҷэуд омадааст. Дар аввал мафҳуми миллат барои ишора намудан ба қабила ва халқияте, ки хусусиятҳои умумии фарҳангӣ ва забонӣ доштанд, истифода бурда мешуд. Хусусиятҳои этникии қабила, халқият ва миллатро ба ҳисоб гирифта, дар маънои маҳдуд онҳоро умумиятҳои миллӣ номидан мумкин аст. Аммо ҳолатҳое, ки ҳамбастагӣ ва алоқаҳои дохилии онҳо ҳам ба сифати этникӣ ва ҳам ба сифати иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, мафҳуми «миллат» маънии васеъро ба худ мегирад.
Мафҳуми «миллат» – ро дар шакли «рӯҳи миллӣ», «иродаи миллӣ» маорифпарварон ва ходимони инқилоби бузурги франсавӣ васеъ истифода намудаанд. Ҳамин фаъолияти муҳққиқию амали онҳо буда, ки мафҳуми «миллат» ба сифати умумияти иҷтимоию таърихии одамон муаррифи гардид. Миллат ва муносибатҳои миллиро муаҳққиқони зиёде мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додаанд. Масъалаи муносибатҳои миллӣ ба яке аз проблемаҳои мураккабтарини олами муосир табдил ёфтааст. Ҳам дар мносибатҳои дохили кишварӣ ва ҳам дар муносибтҳои байни давлатӣ, муносибатҳои миллӣ ва ваҳдати миллию япорчагии он мақоми хоса пайдо намудаанд.
Муттассифона қадамҳои аввалини истиқлолият дар ҷумҳурӣ, ки ба муқобилияти сатҳи омилҳои дохилӣ ва берунӣ дучор гардид, нишон дод,ки таъмини истиқлол ва ба вуҷуд овардани идеологияи устувори ваҳдати миллӣ кори осон набудааст. Таърихи тамаддуни дунё собит кардааст, ки манбаи пешрафти иҷтимоии ҳамагуна ҷомеа нерӯи қишри равашанфикрон ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъият соҳиби боигарии маънавӣ бошад, ҳамагуна мушкилию қашшоқиро паси сар мекунанд.ю дар шароити имрӯзаи мураккаби вазъи сиёсии ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарин бояд аз ғамхорӣ намдудану баланд бардоштани шаъни шараф ва самаранок истифода бурдани нерӯҳои қишри равашанфикрон иборат бошад. Дар ҳама давру замон фаромӯш набояд кард,ки устувории ҳаёти маънавии ҷомеа ваҳдату ягонаии миллат аз дилгармии коркунони соҳаи илму техника маорифу маданият ва саноат, ҳифзу шаъну шарафи онҳо, андозаи иштироки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа вобаста аст. Устувории ҳаёти маънавӣ инкишофи шахсият, ки дар заминаи он нерӯи қишри равшанфикрон ташакул меёбад, бо мафҳуми озодӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ алоқаманд аст. Инкишофи маънавӣ ва ваҳдат дар ҳамҷоягӣ ҳамавақт озодиро мехоҳад. Длар сояи озодӣ ҳақиқат фирӯз мешавад ва ҷаҳон роҳи камолотро мепаймояд. Рӯҳе, ки истиқлолу ваҳдат надорад ва тобеи дигарон ё мутеъи тамоюлоту шаҳвати хеш аст, нерӯманд нест.
Ин нуқтаҳоро барои он махсус қайд карданием, ки дар ҷомеаи мо чунин рафтори баъд ба ҳукми одат даромадааст, ки дар ҳолати ду ақидаи бо ҳам зид омаданаш соҳибони яке аз ин ақидаҳо душман ҳисобида мешавад. Набояд чуни бошад. Ҳаёти маънавӣ дар ҷомеа ҳамон вақт устуворӣ пойдор мегардад, ки агар одам худро зодо ҳис кунад, ба индагии хушбахтона боварӣ ҳосил намояд, дарк кунад, ки вай барори ҷомеа длозим аст. Дар навбати худ ҷомеа барои рушду такомул ва ҳифзи шаъну шарафи вай ҳама имконияту шароитҳоро муҳайё мекунад. Устувории ҳаёти маънавии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат бо амиқ муайян намудани муносибати дину давлат вобаста аст. Ба ҳеҷ касс пӯшида нест, ки дин ҳамеша пайдоиши тамаддунҳо буда,сарнавишти ҷаҳонро таъин намудааст ва ҳанӯз ҳам дар тамаддуни ҳозираи дунё нуфӯз дорад. Дин ҳама вақт роли ибодаткории ҷомеаро иҷро кардааст. Агар ибодаткорон ин вазифаи худро поквиҷдонона иҷро кунанд, пас дар кори ташакули ахлоқи ҳамидати ҷомеа роли муҳим бозиданашон мумкин аст.
2. Ташакули идеологияи миллӣ.
Идеологияи сиёсӣ якеаз қисмҳои асоии шуури ҷамъитятӣ буда, мақоми он дар раванди сиёсии ҷомеа хеле калон мебошад. Муносибатҳои миллӣ харакатери интергралӣ дошта, дар худ масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маъданию ахлоқиро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки масъалаи идеологияи ваҳдати миллӣ тамоми тарафҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад. Ҷиҳати характерноку нишонаҳои муносибатҳои ваҳдати миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо устувор мебошанд ва доимо дар инкишоф буда, як сифатро гумм карда, ба худ дигар сифатро мегиранд.
Аз ин рӯ миллат ин шакли олии умиумияти таърихию этникии одамон буда дар асоси умумиятҳои ҳаёти қтсодӣ, забон, ҳудуд, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психология ташаккул меёбад.
Нишонаҳои дар боло зикр шуда на ҳамавақт дар як ҳолати нигоҳ дошта мешаванд, ба шароити муҳими таърихӣ қисме аз онҳо метавонанд дигаргун шаванд. Аз ҳама нишонаи доимии миллат, забон, маданият, анъанаҳо, урфу одат мебошанд ва онҳо кам тағйир меёбанд.
Маълум аст, ки дар солҳои охир, махсусан баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ дар ҳаёти иқтисодии миллатҳо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амаломаданд ва муносибатҳои байни миллатҳо хеле тезутунд гардида, дар байни миллатҳо моҷароҳо сар задаанд. Дар натиҷа иделогияи миллатгароӣ ба миллатгароии интернатсионализм муқобил гузошта шуд. Ҳоло вазифа дар ҷомеаи башарии ҷаҳони муосир аз он иборат аст, зиддиятҳои ҳайни миллатҳо аз нуқтаи назари илмӣ мувофиқ ба шароти ҳозира, сиёсати миллӣ ва дигар омилҳое, ки барои созиш намудани вазъи хӯби сиёсӣ аз сари нав ҳаматарафа таҳлил карда шаванд.
Яке аз камбудиҳое, ки дар сиёсати миллӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ дода шуд, вайрон кардани таносуби байни интернатсионализм ва манфиатҳои миллӣ буд. Ин сабагори асосии сар задании норозигии ва моҷароҳои байни идеологияҳои миллӣ гардид. Дар зери шиори ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳуқуқи ҷумҳуриҳои миллӣ то як андоза маҳдуд шуд ва тамоюли табдили давлати федералӣ ва унитарӣ пурзӯр гардид.
Дар шароити ҳозира, ки ба ҷои давлати ягонаи сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ, иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр ва мустақил ташкил шудааст, бояд принсипи интернатисионализм як воситаи муҳими бо ҳам муттаҳидкунандаи байни миллатҳо ва давлатҳои соҳибихтиёри мустақил гардад. Аммо дар шароити нав бояд, ки манфиатҳои ҳар як миллат пурра ба принсипи интернатсионализм вобаста карда шаванд.
3. Иделогияи миллӣ ва динӣ дар замони муосир.
Бояд дар байни манфиатҳои миллӣ ва интернатсионалӣ таносуби боэътимод иуҷуд дошта бошад ва ин воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати миллии байни давлатҳо. Муносибатҳои миллӣ яке аз категорияҳои душвори иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамчун шакли махсуси иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Азбаски сиёсати ин фаъолият дар ҳаёти байни гурӯҳои калон ва хурд мебошад, моҳияти ба ҳам алоқамандии миллатҳо ва халқиятро ҳокимияти давлатӣ ба танзим меандозад вабо ҳамин муносибатҳои миллӣ характери сиёсӣ мегиранд. Ин вобастагӣ дорад аз аҳамияти давлат ҳамчун омили муҳими ташаккул ва инкишофи миллатҳо ва халқиятҳо. Ба ҳолатҳои асосии консептуали сиёсатӣ миллӣ чунин проблемаҳо дохил мешаванд:
А) эътирофи ҳуқуқии милатҳо барои худ муайнкунии баробарии халқҳо, ҳамкории байниҳамдигарии фоидаовар;
Б) эҳтироми манфиатҳои байни ҳамдигарӣ, оштипазирӣ нисбат ба милатчигӣ ва наҷодпарастӣ, маҳкуми сиёсӣ ва ахлоқии шахсоне, ки мехоҳанд аз ҳисоби дигар халқҳо бой шаванд;
В) ба назар гирифтани манфиатҳои гурӯҳҳои
майдаи миллӣ.
Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ҳанӯз роҳи дурусти ҳали масъалаи миллиро дар нимаи дуюми асри 19 асоснок карда, онро ба ғалабаи револиютсияи сотсиалистӣ пайвастанд. Маркс ғайд карда буд, ки миллате, ки миллати дигарро зулм мекунад, худ озод буда наметавонад.
В.И.Ленин марксизмро инкишоф дода, принсипи «Ҳуқуқи худмуайнкунии милатҳо»-ро пеш гузошт, ки дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои миллӣ нақши муҳим бозидааст.
Сиёсати миллӣ ду вазифа дорад:
1. Вазифаҳои стратегии дурр, ки як давраи муайни таърихиро дар бар мегирад;
2.Сиёсате, ки давраи наздики ҷориро фаро мегирад;
Дар ин ҳолат шароити минтақаро ба назар гирифта, сиёсати дифренсалӣ бурдан лозим аст. Инчунин омилҳои географӣ раванди демографӣ, хусусиятҳоти таърихии ташаккул ва инкишофи миллатҳо, халиқиятҳо, ҳайати миллӣ, ҷиҳатҳои динӣ анъанаҳо ва псхологияи миллаторо ба назар гирифтан зарур аст.
Дар сурати ба назар гирифтани ин масъалаҳо муносибатҳои байни миллӣ тезу тунд мешаванд ва ин ба моҷараҳои байни миллатҳо оварда мерасонад. Дар замони имрӯза ба масъалаҳои моҷароҳои байни миллатҳо оварда мерасонад. Дар замони имрӯза ба масъалаҳои байнимиллӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Сиёсатӣ марксисти-ленинӣ ҳалли масъалаҳои муҳими принсипиалиро дар бар мегирад: эътирофи ҳуқуқи миллатҳо, худмуайянкунӣ, интернатсионализм, ёрии байниҳамдигарӣ барои аз байнбурдани ақибмонии иқтисодӣ ва маданӣ, ташакуули давлатҳои хурду калон барои халқҳои хурду калон, таъмини пурраи баробарҳуқуқии шаҳрвандонва миллатҳо новобаста аз фарқиятҳои забонӣ, динӣ, ирсӣ, миллӣ ва ғайра.
Яке аз принсипҳои дигари демократии ҳалли масъалаи миллӣ, ки классикони марксизм – лененизм пешниҳод карда буданд, ин принсипи ихтиёрии мутаҳидди миллатҳо ва халқиятҳо дар як давлати федеративӣ, конфедеративӣ иттиҳод ва ҳуқуқи ҷудошавии худмуайянкунӣ мебошанд. Бояд қайд карда, ки дар протсесси сохтмон, сотсиалимз то як андоза ин принсипҳо ба инобат гирифта нашудаанд ва сабабгори асосии сар задании моҷароҳо дар миллатҳо шудаанд.
Минбаъд дар вақти амалӣ кардани сиёсти миллӣ бояд душвориҳо ва хусусиятҳои муносибатҳои миллиро ҳамчун объекти идоракунии иҷтимоӣ ба назар гирифта, дар идоракунии миллӣ ба масъалаҳои дар боло зикршуда диққати ҳаматарафа додо шавад.
Муайян намудани қонуниятҳои объективии тамоюли инкишофи муносибатоҳои миллӣ ба он ба таври оптимлӣ, муайян намудани сиёсти миллӣ, роҳбарии мақсаднок барои инкишофи идеологияҳои муносибатҳои миллӣ шароит фароҳам оварда шуд.
Умуман, дар натиҷаи саъю кӯшиши роҳбарони олимақоми давлат сулҳу салоҳ ба даст омадааст ва уме даст, ки мардуми Тоҷикистон ба ин гунна моҷароҳои бемаънӣ ҳаргиз роҳ намедиҳанд. Ягона роҳи ҳалли ҳамагуна моҷароҳ ин гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ аз гуноҳи якдигар гузаштан ва ниҳоят созиши байни қувваҳои мухолиф мебошад, ки дар ин амали хайр таъсир ва нуфузи идеологияи миллӣ барои ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, мақом ва нақши манфиатбахш мегузорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.