Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Ҷараёнҳои асосии идеологияҳои динии замони муосир.

Дар асоси омӯзиши таърихи динҳо ё диншиносӣ маълум мегардад, ки дар замони муосир се дини ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, ки ҳар яки он ихлосмандон ва пайравони худро дорад. Динҳои ҷаҳонӣ чунинанд: 1. Дини Буддоӣ ё Биддизм, 2. Дини Масеҳи Християнӣ ё Насронӣ, 3. Дини Ислом.Нақша:
1. Алоқаи дин бо сиёсат.
2. Идеологияи динӣ ва сиёсати давлат.
3. Характери сиёсии идеологияи динӣ.

1. Алоқаи дин бо сиёсат.
Дар асоси омӯзиши таърихи динҳо ё диншиносӣ маълум мегардад, ки дар замони муосир се дини ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, ки ҳар яки он ихлосмандон ва пайравони худро дорад. Динҳои ҷаҳонӣ чунинанд: 1. Дини Буддоӣ ё Биддизм, 2. Дини Масеҳи Християнӣ ё Насронӣ, 3. Дини Ислом.
Ҳар яке аз ин динҳои дар заминаҳои муайяни таърихӣ барои ҷомеаи вазифаи муҳимеро ба ҷо овардааст. Инчунин дар ташаккул ва ҷаҳонбинии илмию дунявии ҳар як фард, дин нақши муайян дорад.
Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин ҳамавақт дар як сатҳ қарор надорад. Он ҳамчун зерсистемаи тамоми тағйиротҳои сифатии инкишофи ҷомеаи таърихиро дар худ ифода менамояд. Ба муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои куллиро ворид месозанд.
Пеш аз оне, ки сари масъалати идеологияи динӣ ва махсусиятҳои инкишофи он андеша намоем, дар заминаи ҳукми зарурат, равшанӣ андохтан ба масъалаи пайвастагӣ ё алоқамандии дин ва сиёсатпро муҳим мешуморем. Саба он аст, ки дар бештари ҳолатҳо мутахассисон ва ходимони сиёси ҷамъиятӣ ва динӣ пайдо мегарданд, ки ҳамгироии дин ва сиёстро эътироф наменамоянд. Аз ҷумла, дар дини Ислом, Масеҳӣ, Буддоӣ, чунин муносибат ҷой дорад. Идеологияи динӣ яке аз навъҳои асосӣ ва маълумтарини идеологияи замони муосир мансуб меёбад. Дар як вақт он яке аз навъҳои қадимтарин идеология буда, дар сатҳи гуногну ифода мегардад. Динҳои муосир дар сатҳи динҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ фаъолият доранд. Идеология ба таълимоти динӣ ва аркони асосии онҳо асос меёбад.
Китобҳои муқаддаст заминаи асосӣ ва муҳимтарин иделогияи динӣ мебошанд. Дар рафти инкишофи таърихи муносибатҳои дин ва сиёсат тағйир меёбад. Ташкилотҳо ва ходимони динӣ тавассути андешавандӣ тағйирпазири ба дин ва арзишҳои он фаҳми вап хосиятҳои нав ба навро ҳамроҳ мегардонанд. Дар бештари ҳолатҳо воридоти арзишҳои навини хосияти идеологӣ пайдо менамояд.

2. Идеологияи динӣ ва сиёсти давлат.
Дар шароити инкишофи муосири муносибатлои байниҳамдигарии сиёсат ва дин бештар ду тамоюл бартарй дорад.
Тамоюли аввал дар шакли рӯоварии сиёсат ба дин зоҳир мегардад. Он бештар таҷассуми раванду муносибатҳои сиёсиро дар дин инъикос менамояд. Яъне, тамоюли аввали муносибатҳои мутақобилаи дин ва сиёсат дҷар шакли динигардонии сиёсат арзи ҳастӣ дорад. Раванди мазкур хусусиятҳои гуногунро дар касб намудааст. Пеш аз ҳама зарур аст, ки сатҳи диндорӣ ва доираи диндоронро дар ҷомеа ба ҳисоб гирифт. Муносибати одмон ба дин дар чӣ ҳолат аст? Вобаста ба ин савол ҷавобҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҳар як хонандаи дин тафаккуру ҷаҳонбинии худро ба таври гуногун пешниҳод менамояд.
Сиёсатмадорон омили диниро дар баррасӣ ва ҳаллми масъалаҳои мухталифи ҷомеа ба назар мегиранд. Омили динӣ метавонад, дар ҳалли масъалаҳо кӯмак намояд ва воситаи муҳими муваффақ гаштан ба мақсадҳои сиёсӣ бошад. Ҷомеаи муосир, ки бештар аз диндорон таруиб ёфтааст, хоҳ нохоҳ баҳисобгирии ҳиссиёт ва фаъолят ва рафтори диниро ба мадди аввал мебарорад ва дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва ҳатто ходимони динӣ истифода менамояд.
Ҷиҳати муҳимро дарки амиқи мқом ва нақши диндорон ва иттиҳодияиҳои динӣӣ дар пешрафти ҷомеа касб менамояд. Иттиҳодияҳои динӣ ходимони дин ва таркиботи дигари динӣ метавонанд дар ҳалли масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳвангӣ аҳм гиранд.
Мақом, нақши дин ва иттиҳодияҳои диниро дар пешрафти ҷомеаи муосир ба назар гирифта, ҳокимияти сиёсӣ, сиёсати самаранонкро нисбати онҳо воқеӣ мегардонад. Муҳим аст, ки шароити мусоди амал намудани иттиҳоидяҳои динӣ ва воқеӣ гардонидани фаъолияти гуногунҷабҳаҳои динӣ муайё бошад. Ходимон ва иттиҳодияҳои динӣ тавонанд, ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти динӣ аз воситаҳо гуногуни коммуникатсионии давлатӣ в ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Дар ҶТ соли 1994 қонун «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва иловаҳо аз таърихи 12 – майни соли 2001 қабул гардидааст. Он ҳамаи талаботҳои ҳуҷҷатҳои муҳимтарин сиёсӣ: «Эъломияи умумиҳуқуқӣ башар» – и СММ аз 10 декабри соли 1948; «Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» аз 16 – уми декабри соли 1966; «Мушоҳидаи хотимавии машварат оиди амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» аз 1 августи соли 1975; «Партияи Париҷ барои Аврупои нав» аз 21 – уми ноябри соли 1990 ва ғайраҳоро оиди озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод ба инобат гирифтааст.
Қонуни мазкур вобаста ба шароити мушазхаси Тоҷикстон имконитҳои озода ба амал баровардани озодии виҷдон, дин афкори эътиқодро асоси ҳуқуқӣ мебахшад. Муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, ҷамоаҳо ва мазҳабҳои диниро танзим менамояд.
Ҳамин тариқ моҳияти тамоюли аввалро ҳимояи талаботу манфиати диндорон, рӯҳониён ва ташкилотҳои динӣ созмон дода, дин ҳамчун унсури сиёсат воситае, ки ҳокимияти сиёсӣ онро бо нафъи худ истифода мебарад, дониста мешавад.
Тамоюли дуюми муносибатҳои байниҳамдигарии ситёсат ва дин дар шакли сиёсигардонии дин зоҳбир мешавад. Он бештар ҳодисаҳои зеринро фаро мегирад. Иштироки ходимони динӣ ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти сиёсӣ ташаккули ҳаракатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии дигар дар асосҳои динӣ, иштироки ходимони дин Шӯрои уламо дар ҳалли моҷароҳои сиёсӣ ва ғайраҳо беш аз беш иттифоқҳои бузурги динӣ ба монанди Шӯрои умумиҷаҳонии калисоҳо, Созмони Конфренсияи исломӣ, лигаи олами исломӣ, бародарии умуиҷаҳонии будпарастон, Созмони умумҷаҳонии сионистон ва ғайраҳо аз худ дарак медиҳанд.
3. Характери сиёсии идеологияи динӣ.
Вобаста ба характери сиёсӣ доштани идеологияи динӣ ду тамоил вуҷуд дорад: якум ҳар яки сиёсатмадор барои ба даст овардани ҳокимияти динро истифода мебарад.
Дар мамлакатҳои ғарб таъсири идеологияи насрониву демократӣ бузург аст. Он вобаста ба мавқеи шаҳрвандон нисбати арзишҳои ахлоқи ва мадани равона буда, инкишофи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба фаъолияту озоду баробарҳуқуқи шаҳрвандон пайваст менамояд ва дар чунин маврид рафтори хешро дар заминаи қоидаҳои ахлоқӣ – динӣ мураттаб менамояд. Асоси ғрявии идеологияи насрониву демократиро синтези «олами муҳаббат» ва «олами ҳокимият» ташкил менамояд.
Субъектҳои динии сиёсат вазифаҳои гуногуни мухталифро иҷро менамояд. Онҳо дастурҳои махсуси фаъолиятро омода месозанд. Консепсияҳои динию сиёсӣ – барномаҳо, қоидаҳои ҳуқуқии динӣ, принсипҳои асосии сохтори давлатӣ, проҳу воситаҳои мутобиқгардонии муносибатҳои байниҳамдигарии субъектҳои сиёсати кабир ва ғараҳоро таҳия ва танзим менамояд.
Дар вобаста ба характери муносибатҳои динӣ ба муносибатҳои сиёсӣ, равандҳо ва институтҳои сиёсии ҷомнее таъсири гуногун мерасонад. Ин муносибатҳо метавонанд, дар шаклҳои ҳамкорӣ, ҳамраъйӣ, бартарӣ, рақобат, моҷарогароӣ, фанатизми динӣ ва ғайраҳо воқеӣ гарданд. Шакли махсус ва канораи муносибатҳои динию сиёсиро ҷангҳои хосияти динидошта ташкил медиҳанд. Моҷароҳои мусаллаҳона, ки мақсади ифодаи талабҳои динӣ, аз ҷумла дарёфти, озодии динӣ, ба таълимоти ортодоксалӣ баргаштан, ҳимояи адолати динӣ, ҳимояи бародарони ҳамдин, озодибахши ҷойҳои муқаддаси динӣва ғайраҳоро доранд, онҳо инчуни нуқтаи баланди фаъолияти иттиҳодияҳои динии инфиродӣ мебошанд.
Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад муносибати байни давлатҳоро бо пояи нав барорад. Дар муносибат нисбат ба дин ва сиёсат дар ҳама ҳлат тамоилҳои дутарафа, яъне барои ба даст овардани мансаби ҳар як сиёсатмадор динро истифода мебарад ва инчунни ҳар як диндор низ барои ба даст овардани манфиатҳо сиёсатро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар айёми ҳозира ҷиҳти идеологии асъала хосияти барҷдаста дошта, он асосан муносибати идеологии давлат ба мақом ва нақши дин дар ҷомеаро ифода менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.