Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Идеологияи радикалӣ ё радкализм.

Идеологияи сиёсӣ дар навъҳои гуногун зоҳир мегардад. Ҳангоми ба навъҳо ҷудо намудани он бештар ду ҷиҳат дар мадди аввал ба назар гирифта мешавад. Аз рӯи тарҳи иҷтимоию сиёсии ҷомеа, ки пешниҳод мегардад.Нақша:
1. Омилҳои асосии пайдоиш ва инкишофи идеологияи радикалӣ.
2. Идеологияи радикалӣ ва таъсиру нуфузи он бо дигар идеологияҳо.
3. Ба ҳам алоқамандии идеологияи радикалӣ.
1. Омилҳои асосии пайдоиш ва инкишофи идеологияҳои радикалӣ.
Идеологияи сиёсӣ дар навъҳои гуногун зоҳир мегардад. Ҳангоми ба навъҳо ҷудо намудани он бештар ду ҷиҳат дар мадди аввал ба назар гирифта мешавад. Аз рӯи тарҳи иҷтимоию сиёсии ҷомеа, ки пешниҳод мегардад. Вобаста ба чунин муносибат идеологияи сиёсӣ ба навъҳои сиёсӣ рост, идеологияҳои чапҳо, идеологияҳои марказихоҳ тақсим мешавад.
Асоси ҷаҳонбинии идеологияи сиёсии ростро ғояҳои пешрафти ҷомиеа, ки дар заминаи идеалҳои рақобати озод, бозор, моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ ташаккул ёфтаанд, ташкил медиҳанд. Идеологияи сиёсии рост ба монанди навъои дигари идеологияи сиёсӣ дар шаклҳои мухталиф аз фашизм, наҷодпарастӣ то ба либералию демократӣ ба амал омада, метавонад.
Идеологияи сиёсии чапҳо бошад, пешрафти иҷтимоиро дар тағйирот ва аз навсозиҳои доимии ҷомеа мебинад. Асоси навъсозимҳои ҷомеаро принсмипҳои баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, имконияти баробарӣ, шароитҳо, барои инкишофи мавзуни шахсият ва ғайраҳо ташкил менамояд. Ҷудоии чапҳо низ дар фаҳми принсипҳои мазкур ба амал меояд. Махсусан, арзишҳо ва меъёрҳои баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо дар маъниҳои мухталиф фаҳмида мешаванд. Идеологияҳои сиёсии чап бештар дар таълимот ва фаъолияти сиёсии комунистон, сотсиалистон ва сотсиал- – демократҳо барҷаста аён мегардад.
Идеологияи радикалӣ ҳамчун идеологияе, ки асосан мазмуни хосаи ғоявиро доро намуда, дар макон ва замоне ташаккул меёбад, мақсади асосиинерӯҳои сиёсиро дар ҳолати гуногунии ақидаҳо ташкил менамояд. Он ҳолатест, ки забт намудани ҳокимият ва роҳҳои дигари тасарруфи он фақат барои зӯроварӣ ва ташкили амалҳои террористӣ истифода мегарданд. Самти сиёсии ҳаркатҳои радикалӣ ва назарияҳои утопиявии бартарии ин ё он наҷод гурӯҳи этникӣ синфӣ, ҷамъхиятӣ ва ғайраҳо пайваста буда, онро талаботҳои афзуни иртиҷоӣ, ки хосиятҳои миллитаризми миллатгароии канораро ба худ мегиранд, ҳамроҳӣ мнамоянд. Чунин муносибат асосан дар сатҳи эҳсосоти ба амал омада, барои доираҳои васеи омма равлона гардонида шудааст. Таълимоти мазкури идеологӣ, ки ҷанбаи ташаккулёфтаи сиёсиро ба амал меоварад, одатан хосиятҳои зиддидемократиро ба худ мегирад.
Аз рӯи муносибат ба пешрафти ҷомпеа ва технологияи воқеӣгардонии он идеологияи сиёсӣ ба навъҳои идеологии радикалӣ ва идеологияи консертивӣ тақсим мешавад.
2. Идеологияи радиткалӣ ва таъсру нуфузи он ба дигар идеологияҳо.
Идеологияи сиёсии радикалӣ ҷонибдорӣ навсозиҳои инқилобии ҷомеа мебошад. Консерваторон бошанд, низоми мавҷудаи сиёсиро нигодоштани шуда ва фақат тағйироти ночизеро меписавнданд дар байни радикалҳо ва консерваторон нерӯҳое ҷой гирифта метавонанд, ки рӯовариҳои сиёсии мътадилро ихтиёр намудаанд ва асосан тавассути ислоҳоти тадриҷӣ напвсозии ҷомеаро қабул доранд.
Дар ИМА мафҳуми радикал аз муборизае, ки барои ҳуқуқи сайёҳон ҷараён дошт ва аз дар соли 1960 сар баровард. Дар айни ҳол ин гурӯҳҳо даъвои баробарталаби доштанд. Занон дарёфтанд, ки камтар аз ҷараёни табаддулотҳо аҳли мавҷуда байни ду ҷинс нестанд ва онҳоро созмонҳои «ҷараёни мазкур» ном доданд. Мо дар бораи ин маъниҳо тасмим мегирес, ки шумо метавонед, ки ба хости худ фаҳмед. Яъне, ин гуфтаҳо нисбат ба занон буд. Дар соли 1967, ки ҳудуди 200 гурӯҳи сиёсии радикалӣ дар Чикаго гирди ҳам омаданд то дар «Конфронси саросарии сиёсати ҷадид» ширкат кунанд, намояндагони ҳозирбуда дар ҷаласа иҷозат надоданд, нақшае барои масоилҳо дар бораи занон ба абҳс гузошта шавад: «Пешво афтода» аст. Ин таҷриба эътиқоди зиёдеро байни бисёре аз занон дар мавриди зарурат, пайдоиши гуруҳҳои ҷадиде, ки мардон дар он ҳузур надошта, бошанд тақвият кард. Чизе, ки номи онпро «ҷунбишғи раҳоибахши занон» гузоштанд дар ҳошияи мафҳум чап ҷо дошт ва бо ислоҳталаби либерал созмони милли занон ҷазб нашуда буд, рафта рафта мавриди мавзӯи қудрат ва имтиёзҳои мардон шакл гирифт. Яке аз нахустин рӯзҳои бархӯрд ба падарсолрӣ ба унвони маркази радикализми шифоҳӣ дар соли 1969 дар «Манифест»гурӯҳе бо унвони «Ҷавориби қирмиғҳо» дида шуд.
Занон табақае ситамкаш ҳастанд. Тамоми мардон аз бартарии ҷинси мардорна манфиати иқтисодӣ, ҷинсӣ ва равони мебаранд. Ҳамаи мардон ба занон ситам равон доштанд. Мо дар муборизаи алаҳи ситамгарон ҳамвора тарафи занонро хоҳем гирифт. Мо на «инқилоб» инқилоб мехоҳем ва на хоҳони «ислоҳот» ҳастем танҳо хоҳони чизе ҳастем, ки барои занон хӯб бошд. Мафҳуми зан ба унвони «табақаи ҷинсӣ» умумро Шуломид Фоирустун (1945) яке за нависандагони «манифест» «Ҷавобриби қирмизҳо» дар китоби «Диаленктикаи ҷинсият» (1971) бар равшанӣ тавзеҳ дод. Ҳам ба унвони китоб ва ҳам иборат аз «табақаи чинсӣ» намоёнгшари назари фикрӣ аз марксизм аст. Аммо Шуломд Фоирустун ба ҷои марказ қарор додани муборизаи табақоти иқтисодӣ нерӯи ҳаракати таърихро мубориза байн табақоти биологӣ медонист. Бинобар ин он чӣ барои таъмини озодии заноно зарур дошт, инқидобе на иқтисодӣ , ки зисти шинохе буд аз тариқи тасаллияти занон барои ба вуҷуд овардани наслҳои оянда.
Дар хусуси нуфӯз таъсири идеологияи радикалӣ чунин ибрози ақида вуҷуд дорад, ки ин ҷараён дар баробари пайдоиш ва инкишофи дигар ҷараёнҳои идеологӣ чӣ пешрафта ва чӣ ақибмонда ба вуҷуд омада, идеяҳои навини худро аз ичтифода ба ин ҷараёнҳои ба майдони истеъмол меоварад.
Аз ин рӯ, идеологияи сиёсии радикалӣ дар баробари инкишоф ва пайдоиши худ ҷонибдории навсозиҳо, навъовариҳо навпардохтҳои инқилобии ҷомеаи мутараққӣ мебошад. Идеяи радикалҳо, ки ҳамчун ҷараёни муттавасита ба ҳисоб меравад, равандҳои сиёсии мӯътадилро ихтиёр менамоянд ва решаи он асосан ба воситаи ислоҳ намудани навсозиҳо дар ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд меояд.
Дар нимаи дуюми асри 20 Д. Белл консепсияи «Фанои идеология» – ро пешниҳод намуд. Асосан консепсияи деидеолигатсия ҷавобе буд ба ҳаркатҳои оммави донишҷӯён дар солҳои 60 – уми асри 20.
Ҷонибдорони длеидологизатсия бар он андешаанд, ки идеология ба сифати восиат таҷассум ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташаккул ва инкишоф ёфта буд. Чунин гурӯҳҳо барои ҳокимият мубориза мебурданд ва идеологяпо воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии одамон ва фиреби онҳо истифода менамуданд. Ҳоло бошад, сатҳи маълумотгирӣ ва иттилооти одамон хеле баланд аст ва гӯё идеология зарурат ба идеология намондааст.
Консепсияи деидеологизатсияро донишмадони машҳур З.Бҷезинский ва Р. Бейли низ ҷонибдорӣ намуда, ба рушди идеология боварӣ надоранд.
Аз ҷониби дигар муҳаққиқони деидеологизатсияи қабуолнадошта ба андекшаанд, ки идеология ба зинаи сифатан нав ворид гаштааст. Аз ҷумла, чунин нуқтаи назарро донишманди амрикоӣ Ф. Фуккуяма дар асараш «Хотимаи таърих» ва «Одами охирин» соли (1992) иброз намудааст. Баандешаи ӯ бо ба итмом расидани «Ҷанги сард» олам ба нуқтаи охорини инкишофи идеологии инсоният ва паҳншавии васеи демократияи либералии Ғарб ҳамчун шакли охирини идора расидааст. Ф. Фуккуяма демократияи либералӣ ва доктринаи озодии инфиродиро идеологияи муосири умумӣ медонанд.
Дар охир солҳи 80 – ум ва аввали 90 – уми асри 19 консепсияи диодеологизатсия маврид тадқиқ, муҳокимаҳо ва хулосагириҳои зиёде дар Иттиҳодияи Шӯравӣ ва баъдтар дар кишварҳои ИДМ гаридад буд. Агар он аз як тараф натиҷаи тадриҷан аз байн рафтани «ҷанги сард» бошад, аз ҷониби дигар рӯовариҳои арзишии роҳбарияти сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ба равияҳои идеологӣ вапринсипу меъёрҳои он ба чуни муносибат мусоидат намуд. Махсус ан рад намудани принсипи синфияти муносибат ба раванду ҳодисаҳои ҷомеа ё худ паст задании он дар мавридҷи мусоид ва ба ҷои он пеш гузоштани принсипи бартарии арзишҳои умумибашарӣ нисбати арзишҳои махсус дар фаҳми нави муносибатҳои идеологияи раидкалӣ саҳм гирифтаанд.
Аммо рад намудани идеология чуноне, ки амалияи инкишофи модернизатсионии ҷомеаи баъди шӯравӣ нишон дод, ки амали мусбат нест. Намудани принсипҳо қоидаҳою меъёрҳо ва рӯовариҳои хочи идеологӣ ба элитаи сиёсии ҷомеа имконият намедиҳад, ки тамоми гурӯҳҳо ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофии ғояҳоим ислоҳотпарастӣ муттаҳид созанд. Чунин ҳолат дер даво карда наметавонист. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи давлат зарурати ташхиси он пеш омад. РМОҶТ 29 – майи соли 1997 «Дар хусуси ташкил намудани комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба таҳияи асосҳои ғоявии истиқолояти ҶТ» қарор қабул намуда буд. Мақсад аз чунин иқдомҳо таҳкими давлат ва давлатдорист.
Чунин системаи донишҳо ва таҷрибаи бойи одамон ва ташшкулёбии эътиқоди инсон мада мерасонад. Сатҳи идеологияҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои психологӣ, генетикӣ ва қобилияти фикрии одамон низ вобаста аст.
Табиист, ки мавуҷдияти шакли ин ё он идеология аз мавҷудияти манфиатҳои умумиятҳои гуногун дарак медиҳад. Аммо идеология низ бояд бартариҳои арзишҳои умумибашариро ба инбоат гирад. Идеологияи махсус набояд, ба зарари гуруҳои дигар равона шуда бошад.
Дар шароити аз бвайн рафтани догмаҳои идеологӣ фақат тағйироти кули шуури сиёсии одамон ҳамчун замнаи ягонаи тамаддун баромад карда метавонад. Зарурати бофта баровардани таълимот, назария ва ғояҳои нави идеологӣ нест. Лозим аст, ки ҳар он чӣ барои гуруҳҳои дигари одамон пурарзишанд, эҳтиром карда шаванд.
Аз давраи маорифпарварӣ то замони ҳозира идеология борҳо тағйири маънӣ намудааст. Гуногунфаҳмии тасавуоротҳои иделаӣ дар бора иолам, боиси фаҳми мухталифи мафҳуми идеология гардидааст. Донишҳои гуманитарӣ ба идеология муносибати гуногун дорад ва табиист, ки ташхиси мафҳум низ ҳар хел сурат мегирад. На танҳо соҳаҳои донишҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, балки шохаҳои ҷудогонаи он низ дар дарк ва фаҳми мафуми идеология якрангӣ зоҳир наменамоянд.
3. Баҳамалоқамандии идеологияи радикалӣ.
Яке чунин муносибатҳо ва фаҳми мафҳуми идеологияи сиёсӣ хоси таълимоти марксистӣ мебошад. Он муносибати синфӣ ба идеология буда, идеологияро ба сифати падидаи мустақили ҳа1ти маънавӣ дониста қиммати онро аз шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ кам нмедоннад. Радикализм идеологияро ҳамчун дониши илмӣ қадр намуда, онро ба\\рои тақвияти кӯшишу фаъолияти нерӯҳои сиёсӣ қва умумятҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама синфҳо да мубориза барои ҳокимият истифода менамоянд. Раидкализм идеологияро низоми муайяни тасаввурот, ғояҳо ва таълимоте медонад, ки манфиатҳои синфҳо ва умумятҳои иҷэтимоии пешқадамро таҷассум менамояд.
Ҳоло бошад, пайравони К. Маркс пеш аз ҳама К. Ленк, идеологияро низоми арзишҳое медоннад, ки тартиби ҳукмронии ҷомеаро қонунӣ мегардонанд. Фаҳми васеи идеология хоси андешаҳои Т. Парсонс аст. + аз мавқеи муносибати фнксионалӣ б идеология назар менамояд. Т. Парсонс моҳият ва хусусиятҳои идкеологияро омӯхта, бештар ба мақсадуӣ вазифаҳои он диққат медиҳад. Идеологияро ҳамчун воситаи умумиии фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ медонад.
Назари фарҳангӣ ба идеология низ пурқувват аст. Идеология унсури муҳими маданият донисчта мешавад. Чунин муносибат бештар дар асарҳои М. Вебер, К. Мангейм ва Э. Дюркгейм асоснок карда шудаанд. М. Вебер дар идеоолгия узури қоидаҳои диниро бештар эътироф менамояд. Қоидаҳо ва аризшҳои динӣ тарз ҳаёти одамонро муайян менамоянд. Онҳо имконият медиҳанд, ки хусусиятҳои ҳаёти сиёсӣ дарк карда шаванд.
Муносибати фарҳангиро ба идеология дар айёми ҳозира Э. Шилз, У. Матс ва ғайраҳо ҷонибдорӣ намуда, тақвият мебахшанд. Мақоми идеологияро дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳанд.
Ҳаргуна идеоолгияҳои сиёсии радикалӣ ба он мекӯшад, ки аҳамияти умумӣ пайдо намояд ва нисбати падидаҳои дигари ҷомеаи сиёсӣ хоситяи меъёрӣ дошта бошанд. Дар ҷомеи муттмаддин дар сатҳи афкори омма навъҳо ва шаклҳои мухталифи идеологияи сиёсӣ амал менамояд. Ҳар яки он мекӯшад, ки идеологияи ғайраро маҳдуд намояд, мақом ва нақши хешро дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ барҷаста нишон диҳад.
Баъзан, дар амалияи ҷамъиятӣ идеологияи сиёсиро ба ташвиқоти сиёсӣ омехта менамоянд. Дар асл бошад, ин тавр нест. Ташвиқоти сиёсӣ воситаи асосии воқегардии идеологияи сиёсӣ мебошад. Ташвиқоти сиёсӣ вазифаи ташакули рӯовариҳои сиёсӣ барои нерӯи сиёсӣ мувофиқро ба ӯҳда дошат , дар шаҳрвандон тарзи хосаи муносибат ба амалро ба вуҷуд меорад.
Идеолгияи радикалӣ дар баъзе ҳолатҳое ба вуҷуд меояд, ки устувории ақидаҳо дар идеологияи ҳукмрон моҳият ва хусусиятҳои хоси худро аз даст додаст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.