Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Таърихии инкишофи идеологӣ дар ҷомеаи муосир

Пешгӯии дониш дар бориа оянда, яънедониш дар бораи он аст, ки ҳанӯз дар воқеият вуҷуд надошта, фақат дар шакли заминаҳои имконпазирии анйию зеҳнии ҷараёни инкишоф мавҷуд мебошанд. Марҳилаҳои ояндаи инсониятро таҳқиқ намуда, дар бориа ояндаи бевосита ояндаи муношидагӣ ва ояндат эҳтимолӣ низ метавон сухан ронд.Нақша:
1. Заминаҳои таърихии инкишофи идеологӣ
2. Алоқамандии идеологияи инкишофи оянда дар ҷомеаи муосир.
1. Заминаҳои таърихии инкишофи идеологӣ.
Пешгӯии дониш дар бориа оянда, яънедониш дар бораи он аст, ки ҳанӯз дар воқеият вуҷуд надошта, фақат дар шакли заминаҳои имконпазирии анйию зеҳнии ҷараёни инкишоф мавҷуд мебошанд. Марҳилаҳои ояндаи инсониятро таҳқиқ намуда, дар бориа ояндаи бевосита ояндаи муношидагӣ ва ояндат эҳтимолӣ низ метавон сухан ронд. Инкишофи эҳтимоли дар бораи оянда асосан бо инкишофӣ гуногунию тағйирпзирии ҷараёни воқеии таърих номуайянии самти мушаххаси анҷоми ҳодисаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷамъиятӣ сах вобаста мебошад
Донишҳои мо дар бораи ояндаи мушоҳидавӣ, ки қисми зиёди солҳои ояндаро дар бар мегранд дорои хислати ба ҳақиқат монанд буда, нопурра аст. Дар чунин маврид ба мо зарур аст, ки нисбатионҳо эҳтиёткор бошем ва эҳтимолияти онҳоро ошкор созем. Масалан, эҳтимол дорад, ки дар солҳои 2050 афзоиши пуравҷи нуфузи ба 10 -12 миллиард бирасад. Барои таъмини истеҳсолот ба захираҳои моддӣ имконоти захираҳои зерзаминӣ низ ба назар гирифта мешаванд. Дар бориа ояндаи дурр фақат тавауссути тахминҳои гуногуне, ки хилофи имконияти воқеӣ нестан метавон сухан ронд , зеро дар ин муддат ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ва донишу талаботи одамон низ ба таври куллӣ дигар мешаванд.
Солҳои охир таҳқиқи пешгӯии ояндаи иҷтимоӣ ва ташхиси инкишофи инсоният боиси пайдоиши равияҳои мустақил ва илмҳои муштарак гардид. Сабаби асосии он зарурати пешбинии оқибатҳои иқтисодии иҷтимоии инқидлоби илмию техникӣ ҷустухӯи ҳалли мусбати масъалаҳои умумбшарӣ мебошад. Ба ҳамин хотир марказҳои зиёди илмӣ: Академии санъату илмии Амрико, кулуби Рим ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд. Махсусан фаъолияти идеологҳои кулуби Римро қайд намудан лозим аст. Гурӯҳи олимони институти технологии Масагусетс бо сарварии Денис Медоус соли 1972 маърӯзаеро бо номи «Сарҳади афзоиш» пешкаш намудаанд. Маърӯзачиён модели инкишофи ҷаҳониро аз рӯи 5 самти асосӣ нишон доданд:
1. тараққиёти истеҳсолот;
2. афзоиш зиёди аҳолӣ;
3. нарасидани озуқаворӣ;
4. нестшавии захираҳои табиӣ;
5. вайроншавии муҳити инсонӣ.
Ҳамаи ин самтҳои инкшофи олам ба ҳамдигар робитаи зич доранд. Олимон ба чунин хулоса омаданд, ки агар инкишофи афзоиши аҳолӣ, индустриакунонӣ ва истеҳсоли маҳсулот бетҳағйир монад, онго ҳудуди тараққиёт дар замин то 100 сало ҷдигар мерасаду халос.
Яке аз масъалаҳои муҳими ояндаи инсоният проблемаи экологӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба ҳалли ин проблема дух ел идея ақида мавҷудаст:
а) якгурӯҳи олимон чунин идеяро баён мекунанд, ки мо бояд аз имкониятҳоти инқилоби илмӣ – техникӣ даст кашида, ба шакли ибтидоии истеҳсолот баргардем.
б) гурӯҳи дуюми олимон дар чунин ақидаанд, ки аз имконияти инқилоби илмӣ – техникӣ пурсамар истифода бурда, дар саноат технологияи гави ҳозиразамонро ҷорӣ намоем, то ки табиатро аз нестшавӣ нигоҳ доремю дуруст аст, ки ҳаёти ҳозираро бе дастовардҳои инқилобӣ илмӣ – техникӣ, яъне бо микроэлектроника, иформатка, техникаи роботӣ, биотехнология, асбобсозӣ нерӯи атомию саноати кайҳонӣ тасаввур кардан ғайриимконаст.
Инқилоби илмию техникӣ барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият ва афзоиши мақоми омили инсонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа имконияти васеъ фароҳам меорад. Вале онҳо фақат ба воситаи муборизат ҳайгирона дар роҳи муносибати гуманистӣ нисбати комёбиҳои илму техника, муборизаи зиддӣ раст задании қадру қиммати одам дар низомҳои иҷтимоию технологӣ амалӣ мегарданд.
Пешрафти инсоният аз юбисёр ҷиҳат ва ҳалли якченд масъалаҳои умумибашарӣ зич вобаста аст:
1. Ҷилавгарӣ аз ҷанги ҷаҳонӣ термоядроӣ, бунёди ҷаҳони беядроӣ, ки барои пешрафти осоиши иҷтимоии халқҳо, манфиатҳои ҳаётан муҳими онҳо, боварии ҳамдигарӣ ва якдилии умумибашарӣ шароит мусоид муаҳайё месозад.
2. Аз байн бурдани тафовути дараҷаит рушди иқтисодии фарҳангии давлатҳои мутараққии ғарб ва мамолики рӯ ба инкишофи Осиё, Африқо ва Арикои лортинӣ барҳам додани ақибмонии иқтисодӣ гуруснагӣ, муфлисӣ ва бесоводии 100 000 000 одамон.
3. Таъмини инкишофи минбаъдаи иқтисодии инсоният бо захираҳои зарурии табиӣ, ашёи хом, манбаҳои энергия ва маводи хӯрокӣ.
4. Аз байн бурдани бӯҳрони экологӣ, ки натиҷаи оқибтҳои дохилаи даҳшатнок одам ба биосфера ва ифлос шудани муҳити табиат, фазо, замину ҳавзаҳои обӣ ва ғайра мебошад.
5. Ба эътидол овардани рушди босуръати нуфӯз, ки боис вазнин шудани вазъи пешрафти иқтисодӣ мешавад. Ҳамчунин аз байн бурдани бӯҳрони демографии давлатҳои мутараққӣ, ки аз сабаби кам шудани таваллуд ва рушди пиронсолӣ вазъияти насҳро дар ин кишварҳо душвор кардааст.
6. Сари вақ пешгӣ ва ҷилвагарӣ кардани ҳамагуна оқибаҳтҳои номатлуби пешрафти илму техника ва оқилонаю самарбахш истифода намуани он манфиат ҷомеаю шахс.
Бо ҳамаи ин масъалаҳо боз масъалаҳои нави ҳозиразамон-терроризми байналмиллалӣ касалии СПИД, вазъи маориф таъминоти иҷтиомӣ, мероси маанӣ, аризиши ахлоқӣ илова гардиданд.
Гузашта, ҳозира ва ояндаи инсоният бо қонуниятҳои умумии пешрафти инкишофи ҷомеа, ки асрҳо аз ҷумла ояндаи эҳтимолии таърихро низ дар бар мегирад, дорои робитаи зич мебошад. Ҳозира ҷамъияти таърихӣ, гузаштаи инсоният ва ҳамазамон гавҳораи ояндаи он аст. Ояндаи инсон дар муносибтҳои моддию маънавии ҳозира ҷой дошта, тавассути хишти имрӯз пояи қавии гузашта қомат мафрозад. Идеяҳои пешбинии оянда дар назди ақли инсоният талабҳои нав ба навро ба миён мегузорад. Илм вазифадор аст, ки бо усулҳои хӯби дониши имлу пеш аз ҳама усули айният такя намуда, дар бораи оянда тасаввури воқеӣ ба вуҷуд орад.
2. Алоқамандии идеологияи инкишофи оянда дар ҷомеаи муосир.
Бозгаштнопазирии пешрафти иҷтимоӣ дар миқёси таърихи умумиҷаҳонӣ аз ҷумалаит чунин қонуниятҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Борҳо шудааст, ки дар тӯли таърих давраҳои карахтию гардишҳои мураккаби инкишоф дар миқёси маҳдуд номаҳдуд вуҷуд доштанд. Баъзан ҷомеаҳои гуногун дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва фалокатҳои иҷтимоӣ аз иқтисодии сиёсӣ ва маънавӣ ба ақиб партофта мешуданд. Сарифи назар аз ҳамагуна мушкилоти нобаробарӣ ва тазодҳои диалектикӣ ва инкилофи болоравандаи инсоният аз зинаҳои поён то зинаҳои олии сохтори иҷтимоӣ ба таври ҳамеша сурат мегирифт.
Хусусияти дигари пешрафти иҷтимоиро вафзоиш суръати он ташкил медиҳад. Пешрафти иҷтимоӣ вобастаи омлҳои айнии дар таърих амалкунандаи зерин аст. Нуфӯзи оммаҳои халқ ва демократӣ сохтани ҷомеа, озодии шахсият, рушди донишҳои илмӣ ва боло рафтани қудрати техники инсон инкишофи равобити мардуми олам, мубодилаи натиҷаи фқаъолияти онҳо байналмиллалӣ сохтани равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ.
Инқилоби технологӣ боиси пайдоиши фаъолиятҳои нави иқтисодӣ мегардад. Ҳоло ба шарофати инқилоби илмию техникӣ барои ттбиқи кашифётҳои нави илму техника имонияти мусоид фаро расидааст ва масъалаи бо захраҳои табиӣ таъмин кардани инкишофи иқтисодӣ нисбат ба давраҳои пешин дар сатҳи нав мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтааст.
Пешрафти ақлии инсоният, ки донишҳои ҳаҷман бузургро дар миқдори хеле кӯчак ҷойгир соха, ба ҳамин қувваи ҳофизаи табииашро ба воситаи ихтирои хату нашри китоб ва компютери сабтҳои видео ва ғайра ғанӣ сохт. Мутахассисон ва идеологҳо дар чунин ақмдаанд, ки қувваи ҳофизаи инсон қобил аст, ки тахминан 10000000000 ибораро нигоҳ бидорад.
Оянда баоои хеш аз байни муборизаи зидҳо бархӯрди манфиатҳои иҷтимоиию миллӣ ва тамоюлҳои мухолиф роҳ ҷӯяд. Баъзе аз ин тамоюлҳо муддатҳои зиёде бо ҳам мувофиқат карда, дигараш бар асари номуаваффақиятҳо якдигарро истисно мекунад. Масалан, дар давраи ҳозира дар масъалаи миллии ду тамоюл ба назар мерасад. Яке ҷидду ҷаҳди халқҳо барои худшиноӣ, истиқлолияти миллӣ ва дигар барои аз байн бурдани маҳдудияти миллӣ васеъ намудани муносибти ҳамаҷонибаи миллатҳо мутобиқу амалӣ гардонидани нақшаҳо дар миқёси тамоми олам.
Раванди воқеии таърих дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 тамоюлҳои муайянкунандаи ояндаи инсониятро ба собит расонд, ки аз рушди нуфузи омма демократӣ шудани ҳаёти ҷомеа иттиҳоди нерӯҳои зиддӣ низомшгароӣ, рушди озодии шахсият, тақвияти мақоми арзишҳои инсонгароӣ, афзоиши саъйю кӯшишҳо ба хотири таъмини адолати иҷтимоию баробарии фоиданокии нерӯи илмию техники инсон, баҳрабардории муфид аз захираҳои табиӣ, мувофиқати муносибати инсон бо табиат ва ғарйаҳо иборатанд.
Ояндаи инсон арсаи татбиқи имкониятҳоест, ки дар замони ҳозира вуҷуд доранд ё мнбаъд арзи вуҷуд хоҳанд кард. Одамон қобилияти тағйир додани гузаштаашонро надоранд, зеро озодие, ки наслҳои пешин ба даст овардаанд, барои наслҳои баъдина бавоқеияту заорурат таърихӣ табдил меёбанд.
Идеяҳои пешрафти иҷтимоӣ дар оянда ҳамаз гардишу ақибравӣ озод нест. Фақат пешгӯии илмию фаъолият бошууронаи омма метавонад онро аз ин гунна каҷравиҳо раҳоӣ бахшанд. Таърихи пешинаи ҷомеа барои ояндаи дилфиреб, ки ҳангоми интизораш мебошанд, бо тамом тазодҳои иҷтимоию этникӣ ҷангу муносибатҳои ғайриинсонии муқаддима ва оғози таърихи инсоният аст. Таърихи инсоният фақат замоне ба таърихи воқеии инсоният табдил меёбад, ки агар инкишофи огаҳонаи ҷомеа аз болои равандҳои худ худи иҷтимоӣ ғолиб оянд, инсон натавонад дигар хешро ба табиат муқобил гузоард ва дар байни инсону табиат муносибатҳои ҳамкорию ҳамоҳангӣ ҳукмрон бошанд.
Масъалаҳои муштараки муосир дар назди инсоният муаммоҳои ҳаёти маргро ба таври ҷиддӣ ба миён гузоштаанд. Давриа ҳозираро метавон даврони орзую умедҳои бузург ва ташвишҳои воқеии инсон ба хотири сарнавишит тамаддун номид.
То ҳол интихоби таърих дар назди инсоният ин қадар ҷиддию қатъӣ ва зарур қарор нагирифта буд. Шоҳроҳи пешрафти инсоният ба сӯи оянда саршори монеъаҳое мебошад, ки баъзеашон дар шуури инсонҳо низ ҷойгиранд. Аз ин ҷост, ки ин мафкураи нав бузург молик шудааст, ки ин ба инкишофи ҷамъиятии идеологияи ояндаи ҷамъият таҳсири манфиатбахш хоҳад расонд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.