Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Ҷараёни байналхалкии технологӣ, хамчун унсури стратегии иттиҳодияҳо дар шароити глобализатсия.

Як гурӯҳ мутахассисон дар чунин ақида мебошанд, ки то солҳои 2015 дар бозори мамлакатҳо компютерҳои оптикӣ пайдо мегарданд, ки ахбор бо воситаи фотонҳо рамз гузошта шуда, махфияти онҳо пурра нигоҳ дошта мешаванд.Нақша:

Пайдоиши имконоти технологии шуурӣ
Ояндабинии инкишофи навоварии технологии ҷаҳонӣ.
1..Як гурӯҳ мутахассисон дар чунин ақида мебошанд, ки то солҳои 2015 дар бозори мамлакатҳо компютерҳои оптикӣ пайдо мегарданд, ки ахбор бо воситаи фотонҳо рамз гузошта шуда, махфияти онҳо пурра нигоҳ дошта мешаванд.
Тағйироти куллӣ инчунин дар солҳои таъмини барномавии ахбор номгӯи карда мешавад. баъди солҳои 2010 барномаҳои худомӯзӣ дар назар аст. Инкишофи техналогияи ахбори таъсири калон ба ташкили меҳнат ва шакли шуғли аҳоли мерасонад. Мавқеи зиёдро ҷойҳои корие мегиранд, ки талабҷи қувваи кории физиологӣ надоранд, яъне аксари корҳоро пурра робот ва автоматикунонӣ гирифта, талабот ба қувваи корӣ дар ҷойҳои кории анъанавӣ кам мешавад.
Инкишофи оммавиро шаклҳои гуногун омӯзиши дистаксионӣ бо воситаҳои комютерӣ ва шабакаи Интернет мегирад. Мавқеи маҳсулоти чопиро дар қоғаз, шакли электронии ахбор мегирад. Дар 10 соли оянда пулҳои электронӣ қисми зиёди пули нақдро аз гардиш мебарорад.
Биотехнология мувофиқи баҳои мутахассисони амрикоӣ ҷои дуюмро баъди техналогияи ахборӣ мегирад. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо дар соли 2025 биотехналогия то 20% КММ ташкил мекунанд.
Равандҳои асосии ояндаи иқтисодии биотехнологӣ ба ҳоҷагии қишлоқ,чорводорӣ, саноати микробиологӣ, саноати хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати дорусозӣ, энергетика, дар соҳаи ахбори технологӣ ва муҳофизати муҳити атроф, барқароркунии олами растаниҳо ва ҳайвонот истифода карда мешаванд.
Истифодаи усули биотехналогӣ ва махсусан геноинженерия, илова ба усулҳои анъанавӣ имкон медиҳад, ки шаклҳои нави маҳсулотҳо бароварда шавад, ки мӯҳлати афзоиши растаниҳо хеле кам шуда, онҳо ба касалиҳо табовар буда, тез ба табиат мутобиқ кунонида мешаванд. Дар оянда ихтирои навҳои нави растаниҳо дар назар мебошанд, ки онҳо азотро аз ҳаво худашон гирифта, барои илова ба замин ворид кардани азот зарурат пайдо намегардад.
Инчунин дар оянда ихтирои намуди растаниҳое дар назар мебошанд, ки карбонро аз ҳаво фурӯ бурда, гармшавии ҳаворо дар рӯи замин эмин медоранд, инчунин аз муҳити зист тамоми унсурҳои зарароварро ба худ гирифта, муҳитро тоза мекунад.
Дар чорводори бошад, ҳар гуна иловаҳои витамину сафеда, ки дар саноати микробиология истеҳсол карда мешаванд, инчунин ваксинҳо, ки ҳайвонотро аз ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда нигоҳ дошта, чорворо ба муҳит мувофиқ мекунонанд ба амалия табиқ мешаванд.
Омӯзиши ихтирооти хӯроки сунъӣ дар оянда, яке аз раванди муҳими соҳибкорӣ мегардад. Тезонидани суръати вазнгирии чорво ва кам кардани муриши чорво пайдоиши хӯроки сунъи имкон медиҳад, ки талаботи аҳолиро дар ҳолати афзоиши бемайлони ҷаҳонии он таъмин намоем.
Рушди бузурги истифодаи биотехналогия дар саҳаи тандуруст низ дар назар мебошад, пеш аз ҳама усулҳои биоинҷинерӣ, истифодаи нуриҳои рентгенӣ дар табобати бемори, ихтирои доруҳои зудтаъсир ва мондани ин дар назар дошта шудаанд байни ҳароҷотҳои иловагӣ барои баланд бардоштани қудрати илмию техникӣ ва натиҷагири он қадар маълум нест. Албатта хислати он аз рӯи вақт таъғир меёбад. Аммо мисолҳои аниқ овардан хеле мураккаб мебошад чунки меъёрҳои муайяни баҳои интегралии қудрати илмию техники вуҷуди надорад, ингуна муқоиса арзишҳои натиҷаи илмӣ, мумкин аст баъди вақте гузаштан он баҳо дода шавад. Чуноне, ки аксари мукофотҳои Нобелӣ барои ихтироатҳои солҳои пеш дода мешавад.
Қисмати дуюми – асри ХХ нишон дод, ки донишҳои назариявие, ки дар коркарди техналогӣ татбиқи шудаанд, амали тавонои инкишоф дар дараҷаи микроэлектроника, техникаи ҳисоббарор, инфарматика, биотехналогия ба даст овард. Якбора дараҷаҳои баланди таъминоти бозор ба ба вуҷуд омад, ки пеш вуҷуд надоштанд. (телевизиони ранг, компютерҳои фарди, телефонҳои худмухтор, ва ғайра). Аз худ кардани ин бозорҳо яке аз сарчашмаҳои асосии кулли маҳсулоти дохила, зиёдшавии ҷои кор ва дигар сарчашмаҳои таъминоти талаботи мардум.
Вобаста аз гуфтаҳои боло ва таҷрибаи даҳсолаи охир бозор баҳои баланди оянда иқтисодии навоварии илмию техникиро медиҳад. Ин имкони сармояи иловагиро дар саҳаҳои навоварӣ пайдо месозад. Дар натиҷаи аксари ширкатҳои барои истеҳсоли маҳсулоти илмғунҷоиши сар карданд. Дар 20-25 соли озир аз соҳаи бизнеси хурд ба иттиҳодияҳои калони байналхалқӣ табдил ёфтанд. Мисол. Ширкати Microsoft дар ҷаҳон ҷои аввал буда, 90% компютерҳои ҷаҳонӣ барномаҳои системаи Windows-ро истифода мекунанд. ҳатто бовари кас намеояд, ки 15- сол пеш компютерҳои фарди барои аскари аҳолии кураи замин номаълум буд. Каме баъд аз Microsoft дар ҷои 6-ум аз иттиҳодияи бойтарини дуне- корпоратсияи Intel аст, ки барои истехсоли микропротсессорҳои махсус мутобик гардонида шудааст, қарор дорад. Аз рӯи ахбори мутахассисок протсессорони ин ширкат « Пентиум » дар 80-85 % тамоми компҳютерҳое, ки дар ҷаҳон истеҳсол карда мешаванд истифода мешавад. ҳанӯз соли 1995 компанияи Microsoft ва Intel дар ҷои 14 ва 15- ум меистоданд, аммо дар як муддати кӯтоҳ ҷои худро мустаҳкам намуда, ба чойҳои намоён баромаданд.
Гайр аз ин боз даҳҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар коркарди системаҳои компҳютери чойҳои намоёнро аз рӯи боигари ишғол намудааннд. Мисол корпоратсияи IBM – ҷои 11- ум, American Online дар ҷои 16- ум, ширкати Ҷопонии NTT DOCOMI ( алокаи худмухтор ) – ҷои 3-юм, NTT – ҷои 7 – ум ва гайра.
Дар байни 40 ширкатҳои калони автомобилсози бошад, фақат компанияи Ҷопонии Toyota Motoқs ҷои 15 – ум, Gӯnӯқal Motoқs, аз рӯи сармоядори дар ҷои 126- ум дар Дунё, дар ҷои 2-юм аз рӯи баҳои сифат FT SOO – ширкати мошинаҳои сохтори электронии General Blbctric, ҷои 35- умро ширкати Sony ишғол мекунанд.
ҳарчанд, ки руйхати номбаршуда ҳар сол тағийр меёбад, вобаста аз ҳолати номбаршуда ҳар сол тағийр меёбад, вобаста аз ҳолати молиявии ин ташкилотҳо, ҳолати бозорҳои фонди ва тағийр ёфтани нархҳо дар нокилони электрики, ҳолат аз дигаргуншавии технологи шаҳодат медихад, ки асоси тағирёбии пешвоёни итиҳодияҳои саноати ин пайдоиши технологияи нав мебошад.
Маълум аст, ки барои ҳар як компания ракобати бозорро бой додан ва маблағи сармояш кам шудан натиҷаи хеле гамангез меорад. Аммо кайд кардан зарур аст, ки ин тағийротҳо тез дигар шуда, корҳонаҳо ҳаракат мекунанд, ки технологияҳои худро, хатогиҳои худро ислоҳ намуда, бо истифода аз навовари боз ҷои намоёнро дар чаҳон ишғол намоянд. Хатто дар давраи буҳрони вазнини сиёсию иқтисодии соли 2002-юм дар қатори 20 иттиҳодияи сарватманди ҷаҳони, онҳоро мебинем, ки дар соҳаи технологияи ахбори, телекоммуникатсия, сохтани доруҳои гуногун кор мекунанд: Microsoft – ӯ – юм ҷои Prirer – 6-ум, Intel – 7 ум, IBM – 12 –ум, NTT DOCOMI – 14 – ум, Merk – 15 – ум, SBS Commynication – 18 – ум, Casco Systems – 20-ум. Солҳои охир ба ин нишондихандаҳо аллакай иттиҳодияҳои нафт, ихтироҷи газ ва металлургия наздик омада истодаанд, ки истифодаи технологияи баланди истеҳсоли доранд.
Ба сифати соҳаҳои илмгунҷоиши баланд экспертони ташкилоти ҳамкории иқтисоди ва инкишофи ОЭСР инҳоро дохил мекунанд:
1 Саноати кайҳоннаварди
2 Истеҳсоли техникаи идорави ва компютери
3 Саноати воситаҳои алока
4 Саноати дорувори ва тандурусти.
Мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ШМА, Бритони кабир; Ҷопон қариб 11% то охири солҳои 1990 ва аллакой дар соли 1997 истеҳсоли илмғунҷоиш 15,7% тамоми саноати Ҷопон, 14,7 дар Ш.М.А; 11,7% дар Бритониёи Кабир ва 8,3 – дар Фаронсаву Осмон пешрафт шуд.
Пешравии калон дар мамлакатҳои Осиеи Чануби – Шарк махсусан Хитой ва Кореяи Чануби ба назар мерасад. Дар давраи хисоботи истехсоли саноати илмгунчоиши аз хадди кариб 7% дар Хитой дар соли 1980 то 54,8% дар соли 2010 расид, Кореяи Ҷануби ба ба дарачаи Ҷопонӣ расид.
Дар истеҳсоли маҳсулоти кайҳонавардӣ бошад дар тамоми давраи ҳисоботи Ш.М.А бартарият дорад. Дар аввали солҳои 80-ум аз 3/2 ҳиссаи бозори ҷаҳонӣ ба онҳо мансуб мебошад. Солҳои 90-ум бошад то 51% кам шудааст. Дар ин давра мавқеи ташкилотҳои мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ мустаҳкам гардида, тағийроти калон вақте ба вуҷуд омад, ки соли 1997 ҳиссаи Хитой 16%-и маҳсулоти ҷаҳонии ин соҳаро ташкил дод.
Дар соҳаи истеҳсоли компютер ва техникаи идоравӣ Ш.М.А, дар соли 1997 47,3% талаботи ҷаҳониро таъмин намуд, ҳиссаи Ҷопонӣ бошад 30%-ро ташкил намудааст, дар ҷои 3-юм Бритониеи Кабир, ки 5,7% истеҳсоли ҷаҳониро фаро гирифт.
Инчунин дар соҳаи истеҳсоли воситаҳои алоқа, компанияҳои Ҷопонӣ 27,1%, америкоиҳо 22,8%, Хитой 7,8%, Олмон 6,8% истеҳсолоти ҷаҳониро назорат мекунанд.
Дар соҳаи дорусозӣ ва тиб то солҳои 1997 Ш.М.А пешво буда, баъд Ҷопон, Олмон, Бритониеи Кабир ва Фаронса мебошад. Инкишофи технологии нав на фақат дар соҳаи истеҳсолот,балки дар соҳаи хизматрасонӣ низ таъсири худро расонда, аз рӯи маълумотҳои Вазорати Савдои Ш.М.А, ҳиссаи соҳаи хизматрасонӣ дар Ш.М.А аз 49% соли 1959 то ба 64% соли 1997 омада расидааст.
ҳаҷми хизматҳое, ки дар соҳаи илмғунҷоишӣ сурат мегирад, низ афзудаанд. Хизматрасонии корҷалонӣ то 38%, хизматрасонии молиявӣ ба 25% ва хизматрасонии алоқа ба 11% расидааст. Мақоми пешвоиро дар соҳаи корчаллонӣ низ Ш.М.А-ро гирифта 34,4% даромади соҳаи хизматрасониро ишғол карда, ҷопониҳо 14,7%, олмониҳо 10%, фаронсавиҳо 9,8% доро мебошанд.
Инчунин пешравӣ дар соҳаи хизматҳои молиявӣ ва алоқа аввалан ба амрикоиҳо 30% мансуб буда, 9,3 ҷопониҳо ва 6,6%-ро олмониҳо ташкил мекунанд.
Дар 2 соҳаи хизматрасонии тиҷоратӣ ,ки ба истифодаи донишҳои нав, пешвоиро ширкатҳои ҷопонӣ доранд, соли 1997 онҳо 34,6 ва 21,7%-и хизматҳои тиббӣ ва маорифро ба худ доштанд,ки аз амрикоиҳо ду маротиба пеш гузаштанд ва ҷои сеюм бошад насиби Итолие гаштааст.
Нишондиҳандаи паҳн гаштани технологияи насли 5 –ум дар иқтисоди миллӣ ин талаботи дохила ба маҳсулоти техналогияи баланддошта мебошад.
Масоили асосии тандурустӣ дар 10-20 соли оянда, биоинҷинерия узвҳои одам бо мақсади иваз кардани онҳо ва табобати беморон мебошад.
Мутассисони аксари мамлакатҳо дар чунин ақида мебошанд, ки дар 15-25 соли оянда дар аксари соҳаҳои саноати масолеҳталаб, имкони тағйироти сифатии истифодаи масолеҳи наве, ки имрӯзҳо дар лабораторияҳо кор карда истодаанд, пайдо мегарданд. Масъала пеш аз ҳама доир ба имконоти истеҳсолоти бепартов ва коркарди масолеҳи истифодашуда меравад. Дар назар аст, ки аз 30-40% тайёраҳо ва материалҳои сабуки химиявӣ сохта мешавад, ки ҳароҷоти сӯзишворӣ то 36% дар тайёраҳо ва то 50% дар автомобилҳо кам мешаванд. Баҳои иқтисодии сарфаи энергия дар вақти истифодаи керамина дар найҳо ва муҳаррикҳои дизелӣ аз 37 то 60% мебошанд. Инчунин дар назар аст, ки қисмҳои зиёди автомобилҳо ва воситаҳои нақлиёти баҳрӣ аз маводи пластикӣ сохта мешаванд, ки барои истифодаи дуюмбора мувофиқ аст. То соли 2010 50% маводҳоро нахл карбонӣ, ки барои соҳаи тайёрасозӣ ва автомобилсозӣ хело ҳам қулай мебошад.
Технологияи нави коркард ва нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ бо маводи нави гуногунҷинс, ки мӯҳлати нигоҳдории хело зиёд дошта ба муҳити зист ва саломатии одамон таъсири манфи мерасонанд, хело кам мешаванд. Инчунинсифати истеъмолкунандагон маводи синтетики тағйир меёбад. ҳамчунин дар назар аст, ки то соли 2015 либосҳое пайдо мешаванд, ки ба тағйирёбии ҳаво ҳассос мебошанд.
Маркази асосиро дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ консепсияи огоҳикунандаи таъсири манфии дигаршавии муҳити зист мебозад. Моҳияти муҳимро инкишофи соҳаи энергетика мегирад. Дар даҳсолаи оянда асосан се раванди инкишофи ин соҳа дар назар аст.

Афзоиши истифодаи иқтидори энергетикӣ баробари афзоиши иқтисодӣ ва афзоиши шумораи аҳолии мамлакатҳо.
Афзоиши мушкилоти муҳити зист бо сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок коркард ва истифодаи он.
Ҳаробшавии конҳои захираҳои табиии анъанавӣ.
Дар се даҳсолаи оянда асри ХХI омӯзиш ва аз худкунии муҳити кайҳонӣ, ки дар мавқеи миллӣ ва чи дар байналхалқӣ мақоми муҳимро мебозад. Қисмати зиёди тадқиқотҳои пайҳонӣ барои омӯзиши низоми офтобӣ, омӯзиши физиологии бадани одам дар шароити кайҳонӣ равона карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.