Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҷойгирии генҳо дар хромасомаҳо

Дар соли 1902 ду тадқиқотчӣ Валтер ва Саттон дар ИМА ва Теодор Бовери дар Олмон новобаста аз якдигар пешниҳод намуданд, ки генҳо дар хромосомаҳо ҷойгиранд. Ин ақида ба назарияи хромосомии ирсият асосос гузошт. Далелҳо ба фоидаи чунин пешниҳод буд, ки ин мононандии рафти мейоз дар протсесси бордоршавии хромасомоҳо аз як тараф, аз тарафи дигар генҳо буд. Мавҷудияти ду аллели аломати додашуда, яктояш аз як волидайн, дигар аз дуюм волидайн гирифта шудааст, мувофиқ меояд.Дар соли 1902 ду тадқиқотчӣ Валтер ва Саттон дар ИМА ва Теодор Бовери дар Олмон новобаста аз якдигар пешниҳод намуданд, ки генҳо дар хромосомаҳо ҷойгиранд. Ин ақида ба назарияи хромосомии ирсият асосос гузошт. Далелҳо ба фоидаи чунин пешниҳод буд, ки ин мононандии рафти мейоз дар протсесси бордоршавии хромасомоҳо аз як тараф, аз тарафи дигар генҳо буд. Мавҷудияти ду аллели аломати додашуда, яктояш аз як волидайн, дигар аз дуюм волидайн гирифта шудааст, мувофиқ меояд.
Ду аллели ҳангоми ҳосилшавии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар ҷараёни мейоз ба хромосомаҳои гуногуни гомологӣ яъне ба гаметаҳои гуногун меафтад. Баъзе генҳое, ки аломатҳои гуногунро муайян мекунанд, вобаста ҷамъ мешаванд, гарчанде, ки онҳо дар хромосомаҳои ғайри гомологӣ ҷойгиранд, вале ин хромосомаҳо бошанд, новобаста аз кадом волидайн гирифта шудаанд, дар гаметаҳо ҷамъ мешавад.
Параллелизм дар рафтори генҳо ва хромосома-ҳо, дар протсесси ҳосилшавии гаметаҳо ва бордорӣ ба фоидаи пешакии он шаҳодат медиҳад, ки генҳо дар хромосомаҳо ҷойгиранд. Боз яке аз далелҳои аниқи дигари назарияи хромосомии ирсият дар он аст, ки алоқаи байни генҳои махсус ва хромосомаҳои махсус маълум гашт. Мавҷудияти чунин алоқа аввалин маротиба дар таҷрибаҳои дорандаи ҷоизаи Нобелӣ, Томас Хант Морган дар соли 1910 бо шогирдони худ дар соли 1916 тадқиқотҳоро дар магаси мева Drosophilla melanogaster оғоз карданд. Т. Морган барои тадқиқоти худ магасҳои чашмсафедро истифода бурд. Вақте ки магасҳои сафедчашм бо магасҳои сурхчашм дурага карда шуданд, таносуби ҳарду аломати волидайнҳо бо қонуни Мендел ирсият мувофиқат накарданд. Ҳамаи магасҳо чашмҳои сурх доштанд, ки ин назарияи доминантии ин аломатро шаҳодат медиҳад. Дар натиҷаи дурагакунии байниҳа-мии наслҳои Ғ1 аз чор се ҳиссаи наслҳо дар Ғ2 сурхчашм ва як ҳиссаи он сафедчашм пайдо шудаанд, яъне ин ҳолат натиҷаи эҳтимолияти аломати доминантӣ будани «чашмони сурхро» тасдиқ менамояд. Муҳимаш он аст, ки дар Ғ2 ҳамаи модинаҳо чашмсурх ва дар байни наринаҳо нисфаш бо чашми сурх ва нисфи он дигар бо чашмони сафед пайдо шудаанд. Ин пешгўиҳои ирсиятӣ ба қонунҳои Г.Мендел мувофиқат накард.
Натиҷаи дурагакунии модинаҳои чашмсафед бо наринаҳои чашмсурх тамоман дигар буданд. Чунин бармеояд, ки аз рўи қонуни Г.Мендел аломати доминан-тӣ на дар ҳамаи наслҳои Ғ1 дида мешавад. Баръакс, танҳо дар нисфи наслҳо магасҳо, чунин ранги чашм доранд ва нисфи дигар чашмони сафед. Ғайр аз ин ҳамаи магасҳои чашмсурх модина ва чашмсафед бошад нарина буданд. Дар натиҷаи дурагакунии онҳо байни ҳам дар Ғ2 нисф чашмсурх ва нисф чашмсафед буданд ва ин аломат дар байни онҳо, яъне ҳардуи ҷисм баробар буд.
Т.Морган нишон дод, ки ҳамаи ин натиҷаҳоро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки агар чунин ҳисобанд, ки гени дорои ранги муайяни чашм дар хромосомаҳои ҷинсӣ (Х-хромосома) ва дуюмин, ки хромосомаҳои нарина (У-хромосома) ин генро надоранд. Вале яке аз хромосомаҳои ҷуфти модина ва нарина мухталифанд, ин хромосомаҳо бо мавҳуми генетикаи ҷинс вобастааст. Ҳуҷайраҳои модинаи дрозофиллро 2-то Х-хромосома ва дар нарина Х ва У хромосомаҳоро ташкил медиҳанд. Модинаҳо яктогӣ Х-хромосомаҳои модарӣ ва якто Х-хромосомаҳои падариро мегиранд ва якто Х-хромосо-маи худро ба духтарҳо ва яктои дигар Х- хромосомаашро ба писарҳо медиҳанд. Наринаҳо бошанд Х- хромосомаро аз модар гирифта танҳо ба духтарҳо медиҳанд. Бинбар ин аломатҳои бо ген муайяншавандаи Х-хромосома бо роҳи чилликшавӣ (крест на крест) мегузарад. Наринаҳо ин аломатро ба набераҳо бо воситаи духтарҳо ва писарҳо гузаронида метавонанд. Морган ба чунин хулоса омад, ки ранги сафеди чашм дар магаси дрозофила ин аломати бо ҷинс часпида будааст, яъне гении муайянкунандаи ин аломат дар Х-хромосома ҷойгир аст. оқибати ин назарияро Бриджест баъди 6-сол исбот кард.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.