Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Сабабҳои пайдошавии ахбори маркетинги ва мохияти он

Дар асри Х1Х дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ – минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳоҷагидорӣ пешрафтатарини он замон, бисёр корҳонаҳо хурд буданд ва коргарони онҳо шахсан муштариёнашонро медонистанд.Дар асри Х1Х дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ – минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳоҷагидорӣ пешрафтатарини он замон, бисёр корҳонаҳо хурд буданд ва коргарони онҳо шахсан муштариёнашонро медонистанд. Идоракунандагони маркетинг тавассути сўҳбат бо одамон, аз амалу рафтори онҳо назорат бурдан, ё ин ки пурсишу саволҳо додан дар бораи харидорони молу хизматҳои худ ахбор ҷамъоварӣ мекарданд. Дар асри ХХ се тамоюл пурзўр гардид, ки зарурати ба даст овардани ахбори маркетингии васеътару ва босифаттар намуд.

Гузариш аз маркетинги сатҳи маҳаллӣ ба маркетинги доираи умумимиллӣ. Корҳона ҳама вақт ҳудуди бозори худро васеъ мекунад ва идоракунандагони вай алакай муштариёни худро бевосита мешисонанд, роҳҳои дигари ҷамъоварии ахбори маркетинги талаб карда мешавад.
Гузаштан аз эҳтиёҷоти харидор ба талаботи харидорӣ. Харидорон бо зиёд шудани даромадашон дар интиҳоби мол серталабтар мешаванд. Фурўшандагон дар ҷавоб саволҳои гуногуни харидорон оид ба хусусиятҳои гуногун ва таркиби молҳо танқиси мекашанд, бинобар ин ба тадқиқотбариҳои маркетингӣ рў меоранд.
Гузаштан аз рақобати нарх ба рақобати ғайринақдӣ. Фурўшандагон аз воситаҳои ғайринархӣ ба монанди нишони молӣ (марка), реклама ва ҳавасмандгардонии фурўш васеътар истифода мекунанд ва ба онҳо маълумот дар бораи он, ки бозор ба истифодаи воситаҳо чи хел муносибат мекунад, лозим аст.
Ба он нигоҳ накарда, ки ба фурўшандагон ахбори маркетингӣ зиёдтар лозим мешавад, онҳо аз нарасидани ин гуна ахбор танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ корҳонаҳо бояд дар таҳти сохтори фаъолияти идоракунии иқтисодиашон шӯъба ё зершӯъбаҳои тадқиқотбарии маркетингиро таъсис диҳанд. Барои ҳал кардани ин муаммоҳо бисёр корҳонаҳо низоми махсуси ахбори маркетингиро кор карда мебароянд.

Бо маълумотҳо ва ахбор таъминнамоии тадқиқотбарии маркетинги тавсифи зарурии ахбор арзишии вай ба ҳисоб меравад. Дар низомҳои гуногуни идоракунӣ арзиши ахбор аз рўи аҳамияти вай барои қабули қарорҳои дуруст муайян карда мешавад. Арзиши ахбор аз мукаммалӣ, эътимоднокӣ ва дурустии он вобаста аст.
Мукаммалии ахборро мазмуни дар он нишондодашудаи тарафҳои объекти таҷассумёфта, ки барои қабули қарор аҳамият доранд, муайян мекунанд. Боэътимодии ахбор аз имкониятҳои техникӣ, сарчашмаҳо, воситаҳои доду гирифт ва коркарди маълумотҳо вобаста аст, ки вуҷуд доштани хатогиҳоро нишон медиҳад. Дурустии ахборро дараҷаи мувофиқ будани вай бо ҷараёну объекти таҷассумёфта нишон медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.