Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Нарх ва нархгузорӣ дар маркетинг

Асосан, ҳар як мол ба миқдори муайяни моле иваз карда мешавад, ки воситаи мубодилаи молҳои гуногун аст (масалан-пул). Пас, нарх ифодакунандаи миқдори муайяни пул аст, ки барои хуқуқи истифодаи моли дигар ҳамчун моликият дода мешавад.1. Моҳият ва вазифаҳои нарх
2. Сохторҳои бозор
3. Стратегияи нархгузорӣ
1. Моҳият ва вазифаҳои нарх
Асосан, ҳар як мол ба миқдори муайяни моле иваз карда мешавад, ки воситаи мубодилаи молҳои гуногун аст (масалан-пул). Пас, нарх ифодакунандаи миқдори муайяни пул аст, ки барои хуқуқи истифодаи моли дигар ҳамчун моликият дода мешавад.
К. Маркс дар «Сармоя» таърифи зерини нархҳоро овардааст: «Нарх ин ифодаи пулии арзиши мол аст». Ҳоло яке аз таърифҳои паҳншудаи нарх дар адабиёти иқтисодӣ чунин аст: «Нарх баробар аст ба хароҷотҳои истеҳсолкунанда ҷамъи санъати менеҷер».
Моҳияти иқтисодии нарх дар вазифаҳои асосии он ифода меёбад. Вазифаҳои нарх бо амалиёти қонунҳои объективии иқтисодӣ зич алоқаманданд, зеро онҳо мавқеи нархро дар механизми ҳоҷагидорӣ муайян менамоянд. Вазифаҳои нарх ин маҷмўи хусусиятҳои умуми буда, он ба таври объективӣ ҳамчунин ба категорияи иқтисодӣ ҳос аст. Вазифаҳои асосии нарх ва шаҳри мухтасари он инҳоянд:
1). Баҳисобгирӣ ва ченаки хароҷот;
2). Азнавтақсимкунӣ;
3). Ҳавасмандгардонӣ;
4). Мувозинатӣ (мувофиқат кунонии талаботу таклифот);
5). Ҷойгиркунии истеҳсолот.
1. Ба ҳисобгири ва ченкунии харорҷотҳои меҳнати ҷамъиятӣ – аз моҳияти нарх ҳамчун ифодаи пулии арзиш бар меояд. Ин функсияро амали намуда, нарх шароит фароҳам меорад, ки хусусиятҳои гуногуни истеъмолии мол ва хадамот вобаста ба хароҷоти меҳнат бо ҳам муқоиса карда шаванд.
2. Нарх инчунин усули функсияи тақсим ва азнавтақсимкунии даромадҳоро иҷро менамояд. Нарх ҳамчун усули асосии тақсим ва азнавтақсимкунии даромади миллӣ байни соҳаҳо, шаклҳои гуногуни моликият, ноҳияҳо, фондҳои андўхт ва истеъмол, гурўҳҳои гуногуни иҷтимои амал мекунад.
3. Аҳмияти функсияи ҳавасмангардонӣ бо таъсири нарх ба истеҳсол ва истеъмоли молҳои гуногун амали гардонида мешавад. Нарх моли истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли молҳои гуногун ҳавасманд мегардонад.
4. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ мавқеи функсияи дигари нархмувозинати талабот ва таклифот хеле меафзояд, чунки бевосита бо ёрии нарх алоқаманд карда мешаванд.
5. Дар айни замон дар шароити ҶТ моҳияти функсияи нарх, ҳамчун воситаи ҷойгиркунии истеҳсолот меафзояд. Бо ёрии механизми ҳаракати сармоя ба соҳаҳое ба амал меояд, ки нормаи фоида зиёд аст ва он таҳти таъсири рақобат ва талабот муайян мегардад.
2.Сохторҳои бозор.
Яке аз омилҳои асосии иқтисоди бозаргонӣ нарх ва стратегияи нархгузорӣ буда, вай манбаи асосии маълумот барои қабули чораҳои идоракунӣ мебошад. Нарх ва стратегияи нархгузорӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти бозоршиносии корҳона мебошад. Нархҳо бо самтҳои асосии фаолияти корҳона алоқаи зич дошта, ба натиҷаҳои тиҷоратию молиявии корҳона таъсир мерасонанд.
Ҳар як корҳона маъсалаҳои нархгузориро ба тарзи ҳос ҳал менамояд. Дар корҳонаҳои хурд асосан, стратегияи нархгузорӣ аз тарафи роҳбарият муайян карда мешавад. Дар корҳонаҳои бузург ин маъсала аз тарафи роҳбарияти зинаи миёна ҳалли худро меёбад, вале мақсади асосии сиёсати нархгузорӣ аз тарафи роҳбари корҳона муайян мегардад.
Пеш аз гузаштани нарх, фаҳмидан зарур аст, ки сиёсати нархгузории фурўшанда аз сохтори бозор вобаста мебошад. Иқтисодчиён чор навъи сохтори бозориро махсус қайд мекунанд:
– бозори рақобати комил;
– бозори рақобати инҳисорӣ (монополӣ);
– бозори инхисори чандқутбӣ (олигополӣ);
– бозори рақобати инхисори ҳолис.

Бозори рақобати комил (тоза) – бозорест, ки дар он аз фурўшандагони сершумораи рақобаткунанда, ки ҳар кадом маҳсулоти стандартиро ба харидорони зиёд ба фурўш мерасонанд, иборат мебошад.
Дар бозори рақобати комил ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо рақибонро барои худ таҷдидкунандаи ҳиссаи фурўш дар бозор намешуморад. Ширкатҳо аз ин сабаб ба тасмимҳои истеҳсолии рақибони худ таваҷҷўҳ зоҳир намекунанд.
Иттилоот дар бораи нархҳо, технология ва фоидаи эҳтимолӣ озодона дастрас мешаванд ва имконияти зуд аксуламал нишон додан ба шароити тағирёфтаи бозор тавассути интиқол додани манобеъ мавҷуд аст.
Ворид шудан ва ҳориҷ шудани фурўшандагон аз бозор озод аст. Ин чунин маънӣ дорад, ки маҳдудиятҳое, ки монеъи ба фурўш расонидани моли ширкатҳо мешвад вуҷуд надоранд, ҳамчунон барои қатъи амалиёт дар бозор ҳеҷ мушкилие нест.
Ҳамин тарик, дар бозори рақобати комил ҳолате воқеъ мегардад, ки нарх дар он воқеан ба ҳоҳишу амали субъектҳои алоҳида вобаста нест, вай бо таъсири танҳо тақозо ва арза муқаррар мегардад, аз ҳамин сабаб ин гуна бозорҳоро бозорҳои нархпазир меноманд.
2. Бозори рақобати монополистӣ (инҳисорӣ). Рақобати инҳисорӣ ҳангоме амал мекунад, ки шумораи зиёди фурўшандагон дар бозори маҳсулоти тафовутдор, ки мумкин аст дар он фурўшандагони нав пайдо шаванд, бо ҳам рақобат мекунанд.
Моли ҳар кадом ширкате, ки дар бозор савдо мекунад ивазкунандаи номукаммали молест, ки ширкатҳои дигар ба фурўш мерасонанд. Маҳсулоти ҳар кадом фурўшанда дорои сифатҳои истисноӣ ё хислати ҳос мебошад, ки аз ин боис баъзе харидорон онҳоро аз моли ширкатҳои рақобаткунандаи дигар афзал мешуморанд. Масалан, харидорон омодагӣ ҳоҳанд дошт, барои моле ки яке аз фурўшандагон истеҳсол мекунад нархи зиёд пардозанд, агар боварӣ ҳосил кунад, ки ин мол бештар барояшон муносиб аст.
Тафовутгузории мол маънии онро дорад, ки ашёи дар бозор фурўхташаванда стандарти якнавохт нест. Тафовутгузорӣ мумкин аст бинобар мавҷуд будани фарқиятҳои сифатии воқеъи байни маҳсулот сурат гирад ё ба сабаби тафовутҳои эҳтимолӣ, ки аз тариқи реклама, шўҳрати нишони мол, ки ба ин мол соҳибаш ё истифодабарандааш медиҳад, ҳосил мешавад. Масалан, Соатҳои «Ролекс», мошинаҳои «Мерседес-Бенс» ва «БМВ» ҳама дорои кадом як сифати шўҳратдоранд ва аз тариқи реклама сохта шудаанд, ба ҳар сурат ба фурўшандагони ин навъи молҳо ба андозае ҳокимияти инҳисориро фароҳам месозанд.
3. Бозори инҳисории олигополӣ (чандқутбӣ) – сохтори бозориест, аз якчанд нафар фурўшандагони нисбат ба сиёсати нархгузорӣ ва стратегияи агромаркетингӣ байни ҳам ҳасос буда иборат мебошад. Яне дар чунин намуди сохтори бозор пайдо шудани фурўшандагони нав душвор ё ғайриимкон мебошад.
Моле, ки аз тарафи ширкатҳои инхисори чандқутбӣ ба фурўш мерасад, метавонад ҳам тафовутдор ва ҳам стандартӣ бошад. Маҳсулоти аз қабили пўлод, аллюминий, мис маҳсулоти стандартие мебошанд, ки дар шароити инҳисори чандқутбӣ истеҳсол карда мешаванд. Аз тарафи дигар, бисёр соҳаҳое, ки молҳои истеъмолӣ ба монанди автомобил, чархи мошин, асбобҳои сершумори барқии манзили ва ғайра истеҳсол мекунанд, инҳисори чандқутбии тафовутгузор ба ҳисоб мераванд.
Одатан дар бозори инҳисори чандқутбӣ шумораи аз ду то даҳ ширкати ҳукумрон мавҷуд аст, ки ними ҳисса ё бештар аз онро дар маҷмўи фурўши маҳсулот дар ихтиёр доранд, ба ибораи дигар, соҳаҳои инҳҳисори чандқутбӣ чунин хусусият доранд, ки дараҷаи муттамаркази бозорӣ дар онҳо хеле баланд аст.
4. Бозори рақобати инҳисори ҳолис. Инҳисори ҳолис ин ҳолате мебошад, ки танҳо як фурўшандаи моле, ки ивазкунандаҳои наздик надорад, мавҷуд аст. Бозоре, ки дар он инҳисор ҳукмфармоӣ дорад, бо бозори рақобати комил, ки дар он фурўшандагони сершумори рақобаткунанда барои фурўш моли стандартиро арза медоранд, ба куллӣ муҳолиф мебошад. Инхисори ҳолис фурўшандаҳои ҳарифе, ки бо он дар бозор рақобат кунад, надорад.
Мафҳуми инҳисори ҳолис як мафҳуми зеҳнӣ аст. Маҳсулоте, ки ивазкунанда надошта бошад, хеле кам аст. Масалан, ширкати барқии маҳаллӣ мумкин аст ягона фурўшандаи барқ дар ноҳия бошад. Аммо қувваи барқ бо истифодаҳои гуногунаш дорои ивазкунандаҳои худ мебошад. Хадамоти почтаи ҳар як кишвар танҳо дар назари аввал аҷрокунандагони хадамоти номарасонӣ мебошанд. Хадамоти зудрасони поездӣ – экспресс, телекоммуникатсия, аз ҷумла почтаи электронӣ, интернет – ивазкунандаҳои хадамоти почта ба шумор мераванд.
Ҳамин тариқ имкониятҳо ва муаммоҳои сиёсати нарх вобаста аз навъи бозорҳо тағйир ёфта меистад. Ба истиснои мавридҳои кори рақобати ҳолис дар бозор, ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ лозим аст, ки ба моли худ нархҳои ибтидоии хешро муқаррар намоянд.
3. Стратегияи нархгузорӣ.
Барои сарфаҳм рафтан ба стратегияи нархгузорӣ бо бояд ба саволӣ таъсири нарх ба истеъмолкунанда чӣ гуна зоҳир мешавад? ҷовоб гардонем. Ифодаи ин таъсирро дар муқаррарсозии сатҳи мувофиқи он метавон мушоҳида кард. Зеро нархи муқарраршаванда бояд писанд буда, даромади аз хариди ин маҳсулот пешбинишавандаи харидорро ифода намояд.
Яке аз роҳҳои ба даст овардани ин мақсад дар он зоҳир меёбад, ки нархро дар қатори сифату хусусиятҳои истеъмолӣ ҳамчун хусусияти ҷудонопазирӣ маҳсулот ҳисоб мекунанд. Ҳақиқатан, агар нархи мол хеле гарон бошад, пас ин мол ё тамоман ба фурўш намеравад ё ба миқдори хеле кам харидорӣ мешавад. Дар фаъолияти иқтисодию тиҷоратии корҳонаҳо стратегияҳои гуногуни нархгузорӣ истифода мегарданд:
1) Стратегияи нархҳои баланд. Ин стратегия дар назар дорад, ки қисми зиёди молро дар ибтидо бо нархи баланд фурўхта, баъдтар он тамоюл ба пастравӣ мекунад, яъне корҳона дар зинаи аввал фоидаи зиёд ба даст меорад. Ин стратегия дар шароити сатҳи баланди талаботи ҷорӣ, пазироии нархи гарон аз ҷониби харидорон чун нишондиҳандаи сифати баланди мол имконпазир буда, асосан ба молҳои навӣ бо патентҳо ҳифзшуда ҳос аст.
2) Стратегияи нархҳои арзон ё худ стратегияи ба бозор «воридшавӣ». Ин стратегия бо мақсади ҳавасмандсозии талабот иҷро карда мешавад, ки дар бозорҳои дорои ҳаҷми зиёди истеҳсол ва сатҳи баланди кашиши талабот самараи хуб медиҳад. Зеро харидорон ба пастшавии нарх фавран эътино намуда, талаботро зиёд мекунанд. Корҳона бошад аз ҳисоби истеҳсолоти оммавӣ сатҳи пасти нархро нигоҳ медорад.
3) Стратегия нархҳои тафриқавӣ, ки дар муқаррарсозии нархҳо дар пайвастагӣ бо гузаштҳову иловапулиҳо бар сатҳи миёнаи нарх дар бозорҳои гуногун ва ҷўзъҳои он ифода меёбад.
4) Стратегия нархҳои имтиёзнокба харидороне истифода мешавад, ки ширкат ба идома додани муносибат бо онҳо ҳавасманд аст ва молҳоро бо нархҳои имтиёзнок пешкаш менамояд.
5) Стратегия нархҳои бокашонӣ.Нархҳо вобаста ба имконоти харидории истеъмолкунандагон гузошта мешаванд.
6) Стратегия нархҳои муътадил, доимӣ ва стандартӣ.
7) Стратегия нархҳои ғайрияклухт.Масъалан, мувофиқи ин стратегия харидор молро на бо нархи 100 сомонӣ, балки 99 сомонӣ мехарад. Дар ин ҳолат, харидор ин нархро чун нархи арзон ё чун исботи ҳисобу китоби аниқӣ ширкат ҳангоми нархгузорӣ қабул мекунад.
8) Стратегия нархҳои хариди оммавӣ.
9) Стратегияи пайвастаи дараҷаи нархбо сифати мол ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.