Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Рақобатпазирӣ ва сифат дар стратегияи маркетинг

Масъалаи сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар ҷаҳони имрўза характери ҳамаҷонибаро дорад. Аз он ки ин масъала то кадом андоза бо муваффақият ҳал мешавад, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҳамагуна давлатҳо, амалан ҳамагуна истеъмолкунандагон вобастагии калон дорад.1. Мафҳуми рақобатпазирӣ ва сифат дар стратегияи маркетинг
2. Масъалаҳои дастгирии сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар шароитҳои бозорӣ
3. Баҳодиҳии рақобатпазирии мол ва хизматрасониҳо
1. Мафҳуми рақобатпазирӣ ва сифат дар стратегияи маркетинг
Масъалаи сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар ҷаҳони имрўза характери ҳамаҷонибаро дорад. Аз он ки ин масъала то кадом андоза бо муваффақият ҳал мешавад, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҳамагуна давлатҳо, амалан ҳамагуна истеъмолкунандагон вобастагии калон дорад.
Рақобатпазирӣ ва сифат-мафҳуми мутамарказонидашудаи маҷмўи тамоми имконоти мамлакат ва ё ҳамагуна истеҳсолкунандагоне мебошад, ки молҳо ва хизматрасониро меофарад, истеҳсол мекунад ва ба фурўш мебароварад.
Сифат ин нишондиҳандаи синтетикиест, ки зоҳир шудани маҷмўи бисёр омилҳоро аз ҷараёни инкишоф ва сатҳи рушди иқтисодиёти миллӣ то ташкил ва идора карда тавонистани ҷараёни шаклгирии сифатро дар доираи ҳамагуна воҳидҳои ҳоҷагидорӣ дар худ таҷҷасум мекунад.
Рақобатпазирии мол ин омили ҳалкунандаи муваффақиятноки тиҷоратии истеҳсолкунандагон ё фурўшандагон дар бозори мутараққии рақобат мебошад. Ин мафҳуми бисёрҷанба буда, мутобиқкунии молро ба шартҳои бозор ва талаботи мушаххаси истеъмолкунандагонро натанҳо аз рўи тавсифи сифатнокӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва эстетикӣ, балки аз рўи тиҷорат ва дигар шартҳои фурўши он (нарх, мўҳлатҳои таҳвил, роҳҳои фурўш, хизматрасонӣ, реклама) нишон медиҳад. Зиёда аз ин қисми муҳими таркибии рақобатпазирии мол ин андозаи хароҷоти истеъмолкунанда дар муддати истифодабарии он мебошад.
Ба таври дигар гуем, дар зери мафҳуми рақобатпазири комплекси сифатҳои истеъмолӣ ва арзишӣ (нархномавӣ) муваффақиятнокии онро дар бозор муайян мекунад, ё худ афзалияти маҳз ҳамин мол аз дигарон дар шароити пешниҳоди васеи молҳои ҳам монанди рақобаткунанда фаҳмида мешавад. Азбаски аз паси молҳо офарандагони онҳо истодаанд, яқин метавон дар бораи рақобатпазирии муассисаҳо, иттиҳодияҳо, ширкатҳои дахлдор, ҳамчунин давлатҳое, ки ин корҳонаҳо дар онҳо ҷойгиранд сухан кард.
Ҳамагуна моли дар бозор буда, дар онҷо аз санҷиши воқеии истнъмолкунанда, барои қаноатманд будани талаботаш дар ҷомеа мегузарад: ҳар як харидор ҳамон молеро мегирад, ки он талаботи шахсии ўро бештар қаноатманд мегардонад ва умуман ҳамаи маҷмўи харидорон бошанд-молеро мегиранд, ки пурра ба талаботи ҷомеа мутобиқат кунад, на молеро, ки ба онҳо рақобат намояд.Сифат мисли мафҳуми он роҳи бисёр асраи тараққиётро тай намудааст, чунончи дар нақшаи №1 нишон дода шудааст. Ба андозаи он ки чи қадар талаботи ҷомеа пеш меравад, гуногунранг ва афзун мегардад, сифат низ рушд карда имконоти истеҳсолот ҳам барои қаноатманд кардани онҳо тараққи намудааст. Махсусан, ҷараёни инкишоф ва тағйирёбии моҳияти сифат серамал буда, параметрҳои он дар даҳсолаҳои охир, вақто ки худи мафҳуми сифат, талабот ва муносибат ба он босуръат иваз мешуд оғоз гардид. Ин ҷараён, аз ҷумла дар Япония, ки солҳои 70-80-ум дар муайян намудани дараҷаи сифат аз рўи бисёр намудҳои мол пешсафи воқеии ҷаҳони гардид, хеле бошиддат мегузашт. Дараҷаи сифат аз рўи намудҳои гуногуни мол инҳоянд:Дараҷаи якум-«мутобиқат бо стандарт». Сифат ба талаботи стандартӣ мутобиқат кунанида шуда, ё мутобиқ нашуда баҳо мегирад (ё ҳуҷҷати дигар барои тайёр намудани маҳсулот-шароити техникӣ, шартнома ва ғайра).
Дараҷаи дуюм-«мутобиқати истифодабарӣ». Маҳсулот бояд натанҳо талаботи ҳатмии стандартро қаноатманд кунад, балки барои он ки дар бозор эҳтиёҷот пайдо шавад, бояд ба талаботи истифодабари низ қаноатманд бошад.
Дараҷаи сеюм-«мутобиқат ба талаботи воқеии бозор». Ин маънои иҷро намудани талаботи харидоронро дар бораи сифати баланду нархи пасти молро дорад.
Дараҷаи чорум-«мутобиқати талаботи ниҳоӣ (номаълум ё норавшан)». Молҳое, ки дар замми хусусиятҳои истеъмолии барои истеъмолкунандагони номуайян ва начандон фаҳмо дигар хусусиятҳои қонеъгардонии талаботро доранд, афзалият пайдо мекунанд.2. Масъалаҳои дастгирии сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар шароитҳои бозорӣ.
Мафҳумҳои дарболо зикр гардида, дар бораи он шоҳиди медиҳад, ки зарурияти объективи дар шароити муносибатҳои бозорӣ пурзўргардонии нақши сифатро ҳамчунин яке аз омилҳои ҳалкунандаи пешрафти истеҳсолкунанда, ки дар бозор мавҷуд аст маънидод мекунад. Вобаста ба тезутунд шудани проблемаҳои экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон аҳамияти муҳим барои рақобатпазирии маҳсулот, аломатҳои сифат ба монанди бехатари барои ҳаёти аҳолӣ ва маҳсулоти тозаи экологӣ пайдо мекунанд. Дар шароити гузаштани Тоҷикистон ба иқтисоди кушоди бозорӣ мубориза барои истеъмолгар дар бозори дохила ва беруна, бунёди истеҳсоли молҳои ҳақиқатан рақобатпазирро талаб мекунад. Вобаста ба ин проблемаи кофтани сатҳи ратсионалии иқтисодӣ, ки ин рақобатпазирии молҳо ва хароҷот барои комёбшавии он мебошад пайдо мешавад. Ҳамаи ин нақши идоракуниро дар таҳсили мақсаднок ба сифат баланд мекунад, ки бо он рақобатпазирии маҳсулотҳо дохтл мекунанд. Дар ин муносибат давлатҳои сохти (бо) иқтисодашон бозоргонӣ, буда, махсусан Ҷопон таҷрибаи бисёри мусбатро дар идоракунии сифат, дар сатҳи фирмави ҷамъ карда ва дар ин ба комёбиҳои таъсирпазир муваффақ шудаанд. Чихеле, ки таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ нишон медиҳад, идоракунии сифат ва воридкунии контроли (назорати) ҳамаҷонибаи умумии сифат, ки аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва корҳонаҳо амали карда мешаванд, наметавонанд ин масъалаҳоро ҳал кунанд, агар онҳо бо назорати бозори якҷоя нашаванд.
Бо ин нақши бозори пурра ба охир намерасад. Ў ба функсияҳои мушаххаси иқтисодӣ, ташкилотӣ – идоракунӣ ва назоратии истеҳсолкунандаҳоро, ки барои ҳалли муаммои сифат ва рақобатпазири равона карда шудааст, таъсири пуршиддат мерасонад. Тараққиёти бозор ва баландшавии талаботи ў ба мол, пурқувватшавии нақши харидорҳо, авҷёбии нақши омилҳои илмӣ-техникӣ ва дар маҷмўъ ҳамаи ин маҷбур месозад, ки шакл ва усули ҳалли муаммои сифат ва рақобатпазирии механизми идоракунии сифат мукамал гардонида шавад.
Гузаришии Тоҷикистон ба иқтисоди бозоргонӣ заруриятро дар муносибатҳои нав оид ба муаммои сифат ва рақобатпазирӣ, ки пурра баҳисобгирии истеҳсолкунандагонро дар асоси омилҳои бозориин зерин дар бар мегирад пеш овард:
– аз фишанги маъмурии назорати сифат ба чораҳои нисбатан бартари доштаи ташкилоти иқтисодии идоракунии сифат гузаштан;
– гузаштан ба низоми дурушти стандартизация ва сертификатсияҳо, ки ба истеҳсолкунандагон имконияти муттаасир расонидани оперативи (фаврӣ) ба талаботи тағйирёфтаи бозори беруна ва дохилӣ ба сифати молҳоро дорад;
– ташкили кор оид ба гузаштан дар пешрафт мебошад, ки таъмини умумии сифатро талаб мекунад.
Ба таври нақшавӣ ҷараёни банақшагирӣ ва таъмини сатҳи сифат дар шароити бозорӣ метавонад чунин пешниҳод карда шавад:
– ошкор кардани талаботҳо ва муайян кардани тавсифи асосии маҳсулотҳо, ки сифат ё дараҷаи қонеъгардонии талаботҳои онҳоро муайян мекунад;
– муайянкунии параметрҳои дилҳоҳ;
– роҳҳои амалишавии ин таснифот ва баровардан параметрҳо.
Иштирокчиёни асосии ҷараёни банақшагирии сифат, дар давраи аввал ин истеъмолгарон ва хадамоти маркетингӣ мебошанд. Ҷараёни банақшагирӣ таснифи беист дорад, зеро азнавкунӣ ва такмилдиҳии доимии маҳсулот ин шарти ҳатмии комёбии истеҳсолкунанда дар бозор мебошад.
Ҳалли муаммои сифат дар Тоҷикистон дар шароити нав бисёртар аз бунёди баъзе мансубиятҳои қонунгузори вобастагӣ дорад, ки элементҳоии таркибии он чунин аст:
– қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
– қонун дар бораи стандартизатсия ва сертификатсия;
– қонун дар бораи тиҷорати давлати барои стандартҳо.
Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии сифати маҳсулот кор карда баромада шудааст. Дар он сиёсати давлатӣ барои бунёди шароитҳое, ки манфиатнокии иқтисодии молистеҳсолкунандагонро дар баровардани мол ва дар ассортименте (хелҳои мол), ки ба манфиати гуногуни истеъмолкунандагон ва ба вазифаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгў буда, таъмин мекунанд зоир мегардад. Дар назар дошта мешавад, ки давлат ба идоракунии сифат таъсир расонда, бевосита ба фаъолияти амалии корҳона дахлдор намешавад.
Ҷои ҳоссаро дар барномаи идоракунии сифат ба усулҳои иқтисодӣ дода шудааст. Ба қатори онҳо дохил мешаванд:
– ба танзимдарории давлатӣ бо такмилдиҳии низоми андозбанди ва дигар фишанги молиявӣ;
– ба тараққиёти рақобат ҳамкори кардан;
– дар ҳаёт даровардани вазъи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти зидди монополӣ;
– бунёди механизми самарабахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон.
3. Баҳодиҳии рақобатпазирии мол ва хизматрасониҳо.Ракобати бозорӣ гуфта, ин муборизаи ташкилотҳо-рақибон барои ҳаҷми маҳдуди талаботи пардохтнокии истеъмолгарон ба банду басти бозории (сегментах рынка) имконпазирии онҳоро меноманд. Муҳити рақобатнокӣ ин маҷмўи субъектҳо ва объектҳое, ки бо муносибатҳои рақобатноки дар муайянкунии банду басти бозор алоқамандии мутақобил доранд. Ракобатпазирии молҳо (хизматрасониҳо) – ин имконияти таснифоти асосии молҳо дар дараҷаи муайяни талаботи якхела, ки истеъмолгаронро конеъ гардонидааст ифода меёбад. Рақобатнокии молҳои мушаххаси бартаридошта ин эътибори як намуди молҳо нисбати дигари онҳо, ки аз сабаби рақобатпазири он баланд шудааст. Бартарии рақобатнокӣ аз ҳисоби бадастоварии эътиборнокии молҳо (тарафи пурқувват аз болои камбудии онҳо) тарафи заиф бунёд мешавад. Молҳои (хизматрасониҳои) рақибон ин воситаҳои қонеъгардонии талаботҳои монанд ва якхела дар муайянкунии банду басти бозорӣ бо муносибатҳои рақобатнокии дутарафа ва тағйирёбандаи байни худ алоқаманд мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.