Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Аломатҳои асосии банду баст намудани бозор ва интиҳоби рохҳои баромадан ба бозори ба мақсади мувофиқ

Ҳар як ширкат бо усули ба худ мувофиқ банду бастро вобаста ба хусусияти маҳсулоти тавлит карда шуда ба роҳ мемонад. Лекин як қоидаи ҷоизи диққати бизнесменҳо мавҷуд аст, ки дар он фаъолияти бозоргонии ҳориҷӣ бо номи «Қоидаи 20 ба 80» маълум аст.Дар амали маркетинги ҳориҷӣ бандҳои бозорро дар асоси аломатҳои зерин ҷудо мекунанд:
1). Аломатҳои ҷуғрофӣ. Мувофиқи он харидорон ва истеъмолкунандагон ба гурўҳои мухталиф вобаста ба ҷойи истиқомат дар шаҳру деҳот тақсим мешаванд. Соҳибкор хусусиятҳои ҳоси харидорон ва дарҳостҳои онҳоро дар ҳар як банди ҷуғрофии бозор омўхта, фаъолияти истеҳсолию бозоргонии худро бояд пеш барад. Бидуни тадқиқи хусусиятҳои маҳал ў дар шароити рақобати озод ва нобаробариҳои тиҷорати дучор шуданаш мумкин аст (масалан, аз рўи баъзе тадқиқотҳо дар шимол мардум бештар ба ранги сурх ва дар ҷануб ба раги кабуд таваҷҷўҳ зоҳир мекунанд).
2). Аломатҳои демографӣ. Мувофиқи он бозор ба гурўҳҳои мухталиф аз рўи сину сол, ҷинс, маълумот, даромади моҳона ва аъзои оила ҷудо карда мешавад. Аҳмияти чунин банду басти бозоргонӣ дар он аст, ки имконияти танзими талабот ба мол мувофиқи хусусиятҳои демографии мардум пайдо мешавад. Дар шароити имрўза, ки фарқияти одамон аз рўи дараҷаи даромад зоҳир шуда истодаасту дар байни мардум категорияи одамони кам муздгиранда (нафақахўрҳо, донишҷўён, оилаҳои серфарзанд ) афзуда истодааст, пешниҳоди маҳсулот барои ин гурўҳи истеъмолгарон вазифаи ҳар як соҳибкори комил мебошад.
3). Аломатҳои псиҳографӣ. Он мансубият ба синфҳои ҷамъиятӣ (коргарон, деҳқонон, зиёиён), тарзи зиндагӣ (фаъол, ғайри фаъол), тоифаи шахсон ва ғайраро дар бар мегирад. Дар он ҷо хусусиятҳои ҳоси талаботи шахсони алоҳида дар назар дошта мешавад. Агар ба костюмҳои истеҳсолкунандаи ширкатҳои кишвари Туркия иттиҳодияи дўзандагии ш. Душанбе назар андозед онҳо ба як муда дўхта шудаанд. Ҳол он, ки талаботу дарҳостҳои деққонон, коргарну зиёиён ба костиюм аз ҳам фарқи кулли доранд. Агар тоҷирон намудҳои костюмро бо нархҳои гуногун муофиқи талаботу дарҳостҳои ин категорияҳои харидорон гузориш менамуд, талаботи ҳар яки онҳо бештар қонеъ мегашт ва инчунин ба зиёд ҳаҷми фурўши маҳсулот ва ба беҳтар шудани фаъолияти тиҷоратию молявии онҳо оварда мерасонид.
4). Аломатҳои рафтори харидорон. Дар ин ҷо дараҷаи истеъмолот (ҳаррўза, ҳафтаина, нимсола ва ғайра), мақсади харид (барои истифодаи шахсӣ, тўҳфа, бозфурўш), маҳсулотӣ (харидорони ноогоҳ, огоҳ, бофаҳм) ба назар гирията мешавд.
Аз таҷрибаи ширкатҳои ҷаҳон маълум аст, ки дар раванди интиҳоб ва гузаронидани фаъолият дар бозор ва ё банди ба мақсад мувофиқ, роҳҳои зерини асосиро истифода мебаранд:

Ба сегменти ягонаи бозорӣ мушаххас диққат дода фаъолияти худро, фақат дар ҳамин банд ё ягон ҳиссаи ночизи бозор ба роҳ мемонанд. Моли ширкат ба гурўҳҳои начандон калони истеъмолкунандагон ва дар ҳамин ҳиссаи бозор пешниҳод карда мешавад. Масалан, истеҳсол ва фурўши яхмос. Натиҷаҳои фаъолияти ширкат дар чунин банди бозор ба инкишоф ё муфлисшавии ширкат вобастагӣ дорад.
Ба қонеъгардонидани яке аз талаботҳои гуногуни харидорӣ диққат медиҳанд. Ширкат бояд чунин молро истеҳсол ва ба бозор пешкаш намояд, ки вай танҳо барои қонеъгардонидани як намуди талаботе, ки ба ҳамаи истеъмолкунандагон ҳос аст (мисол дар мо- об, нон, намак, раған, гўгирд ва ғайра), равона карда шуда бошад. Мисоли дигар, аз нўшокиҳои сипиртӣ фақат ба истеҳсоли шароби ангур ё аз либоси бачагона – фақат ба либоси тобистона гузантан машғул шавад.
Фаъолияти ширкат дар бандҳои дилҳоҳ ба вситаи истеҳсоли молҳои гуногун ва пешкашкардани онҳо ба гурўҳи мушаххаси истеъмолкунандагон равона карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти ширкат барои қонеъгардонидани талаботҳои гуногуни гурўҳи махсуси харидорон равона карда шудааст.
Диққати худро ширкат ба якчанд снгментҳои бозор, ки ба якдигар тамоман алоқаманд нестанд, медиҳад. Масалан фаъолияти ширкат дар сегменти либос ва компютерҳо яку якбора ва баробар мегузарад. Чунин рафтори ширкат бо суғурта намудани ширкат аз ҳодисаҳои бозорӣ ва пеш аз ҳама тағйирёбии тақозои харидорон ба молҳои гуногун ё аз баланду паст шавии нарх вобаста аст. Ин маънои онро дорад, ки зарари ширкат аз камшавии тақозои харидорон ба либос, аз ҳисоби фоидаи фурўши компютерҳо имконияти пардохт пайдо мекунад.
Забт намудани тамоми бозор, маънои онро дорад, ки фаъолияти ширкат яку якбора дар ҳамаи сегментҳои дилҳоҳ бо воситаи истеҳсол ва пешниҳод намудани ҳамаи номгўйҳои молҳои ба харидорон зарур гузаронида мешавад. Ба ширкатҳои калонтарин забт намудани тамоми бозор муяссар мегардад. Баъд аз ба даст даровардани муваффақият дар банди дилҳоҳ онҳо кори худро ба дигар бандҳои бозор паҳн намуда, паиҳам онҳоро ҳам забт мекунанд.
Бояд қайд кард, ки қоидаҳои дақиқи банду басти бозор то ҳол мавҷуд нест. Ҳар як ширкат бо усули ба худ мувофиқ банду бастро вобаста ба хусусияти маҳсулоти тавлит карда шуда ба роҳ мемонад. Лекин як қоидаи ҷоизи диққати бизнесменҳо мавҷуд аст, ки дар он фаъолияти бозоргонии ҳориҷӣ бо номи «Қоидаи 20 ба 80» маълум аст. Мувофиқи он дар банди бозоре, ки тақрибан 20 фоизи харидорони ҳамин банди бозор 80 фоизи маҳсулоти ширкати шуморо харид кунанд, ин банди бозори шумост, онро қабул карда фаъолияти бозоргонии худро фаъол гардонидан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳар як банди бозори интиҳоб-кардашуда мувофиқи қоидаи маскур бояд ба чаҳор шарти зерин ҷавобдиҳад:
1). Қобили андоз будани банди бозор, яъне дар асоси ахбороти саҳеҳ чӣ аз ҷиҳати миқдор ва чӣ аз ҷиҳати сифат, банди интиҳоб-кардашудаи бозор бояд муайян карда шуда бошад;
2). Даромаднок будани банди бозор, яъне банди интиҳоб-кардашуда ба қадри кифоя васеъ ва устувор бояд бошад, то ки хароҷотҳои бозоргонӣ бо боздеҳии молявии муайян рўйпўш гардад;
3). Дастрас будани банди интиҳобкардаи бозор барои истифодаи самараноки усулҳои фурўш бояд равона карда шавад;
4). Устуворнокии усулҳои банду басти бозоргонӣ, яъне аломати интиҳобшуда аз вазъи сиёсию маъмурии маҳаллу ноҳия вобастагии бевосита надошта бошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.