Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Мафхумҳои асосии маркетинги инноватсионӣ

Пайдоиши маркетинги инноватсионӣ тақозои замон аст. Равандҳои инноватсионӣ ва корбасти онҳо дар мавод ва техникаи нав асоси тараққиёти иқтисодии ҳар як корҳона ба ҳисоб мераванд. Равандҳои инноватсионии ҳозиразамон ниҳоят мушкиланд. Рақобати ширкатҳои мустақиле, ки дар таъсир ва корбасти мавод манфиат доранд, ҳоси иқтисоди бозорӣ аст.Моҳияти маркетинги инноватсионӣ
Давраҳои асосии раванди инноватсионӣ
Интиҳоби стратегияи инноватсионӣ
1. Моҳияти маркетинги инноватсионӣ
Пайдоиши маркетинги инноватсионӣ тақозои замон аст. Равандҳои инноватсионӣ ва корбасти онҳо дар мавод ва техникаи нав асоси тараққиёти иқтисодии ҳар як корҳона ба ҳисоб мераванд. Равандҳои инноватсионии ҳозиразамон ниҳоят мушкиланд. Рақобати ширкатҳои мустақиле, ки дар таъсир ва корбасти мавод манфиат доранд, ҳоси иқтисоди бозорӣ аст.
Маркетинги инноватсионӣ яке аз роҳҳои идоракунии стратегӣ аст, ки дар дараҷаи баланди идоракунии ширкат ба амал меояд. Ҳадафи он муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-техникӣ ва истеҳсолии ширкат дар чунин соҳаҳо аст: истеҳсол ва истифодаи маводи нав (фаъолияти инноватсионӣ); таҳдид ва ташкилдиҳии истеҳсоли мавод; инкишофи минбаъдаи истеҳсоли навъи маводи одатӣ; бекор кардани маводи кўҳнашуда аз истеҳсолот.
Баҳри амалӣ гардонидани маркетинги инноватсионӣ муҳим аст:
– тартиб додани нақша ва барномаи фаъолияти инноватсионӣ;
– мушоҳида кардани истеҳсоли маводи нав ва корбасти он;
– муоинаи лоиҳаҳои истеҳсолшавии маводи нав;
– гузаронидани сиёсати ягонаи инноватсионӣ;
– муваффақияти фаъолияти қисмҳои истеҳсолии ин соҳа;
– таъмини нақшҳои фаъолият инноватсионӣ бо маблағ ва захираҳои моддӣ;
– таъмини фаъолияти инноватсионӣ бо ҳайати коркунони боихтисос;
– ташкил кардани гурўҳҳои ташаббускор барои ҳалли комплекси масъалаҳои инноватсионӣ.
Таҳлили мафҳумҳои гуногуни инноватсионӣ ба хулосае меорад, ки маънои инноватсияро тағйиротҳо ифода карда, вазифаи асосии фаъолияти инноватсиониро низ тағйирот (табадуллот) иҷро мекунанд.
Мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ инноватсионӣ ҳамчун натиҷаи охирини фаъолияти инноватсионӣ муайян шуда, он дар намуди нав ё мукаммалкарда шудаи мавод, ҷараёни технологии фаъолияти амалӣ ва муносибати нав ба хизматрасонии иҷтимоӣ таҷассум меёбад.
Истилоҳоти «инноватсионӣ» ва «раванди инноватсионӣ» ба ҳам наздиканд, вале ҳаммаъно нестанд.
Раванди инноватсионӣ бо ташкил, омўзиш ва вусъатдиҳии инноватсияҳо алоқаманд аст. Эҷодкунандагони инноватсияро бо меъёрҳои чун давраи рўзгории мавод ва босамарии иқтисодӣ амал мекунанд. Стратегияи онҳо ба он равона шудааст, ки бо навоварии беҳамтои худ пешсафи рақибон бошанд.
Аз гуфтаҳо бармеояд, ки инноватсияро ҳамчун натиҷа бояд комилан бо раванди инноватсионӣ муоина кард. Инноватсия дорои 3 хусусият аст: навигарии илмию техникӣ, қобили татбиқи истеҳсолӣ будан, амалишавии тиҷоратӣ.
Аспекти тиҷоратӣ инноватсияро ҳамчун зарурияти иқтисодии ҷавобгўи талаботи бозор муайян мекунанд.
Бинобар ин, инноватсияҳо илми-техникӣ бояд:
– соҳиби навоварӣ бошанд;
– ба талаботи бозор ҷавоб диҳанд;
– ба истеҳсолкунанда фоида оваранд.
Истеҳсол ва истифодаи маводи нав. Маводи нав одатан молеро менамоянд, ки дорои хусусиятҳои ҳос буда, истеҳсол ва фурўши он ба ассортименти мавҷудбуда зам мешавад. Такмилдиҳии маводи кўҳна ба он дохил намешавад. Фаъолияти инноватсионӣ қисми узвии фаъолияти маркетингии ширкатро ташкил медиҳад.
Махсусан, ин ба фирмаҳое тааллуқ дорад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти рўзгорӣ машғуланд.
Асоси сиёсати инноватсионии ширкатро тавсияти мақсади асосии НИОКР, муайян кардани мўҳлати гузаронидани онҳо, мушоҳидаҳо оиди натиҷаҳо ба тариқи мақсадҳои конкретии амалӣ ташкил медиҳанд.
Сиёсати хусусӣ дар истеҳсоли маводи нав ба гурўҳҳои тадқиқотӣ барои ҷустуҷўй имкониятҳои нав шароит фароҳам месозад.

Давраҳои асосии раванди инноватсионӣ
Давраҳои асосии раванди инноватсионӣ, ки ҳоси иқтисоди бозоргони аст инҳоянд:

Даври 1.
Даври 2.
Даври 3.
Даври 4.
Даври 5.
Даври 6.
Мураттабсохтаниидеяҳо (фикрҳоипешниҳодшаванда).
Интиҳоби идеяи истеҳсоли маводи нав.
Таҳлили самаранокии иқтисодии мавод ва тартиб додани нақшаи маркетингӣ.
Истеҳсоли махсулоти нав.
Тестигузаронӣ дар бозор.
Қабули қарор дар бораи корбасти мавод дар истеҳсолот (оммавӣ, сериягӣ) дар асоси нақшаи маркетинг оид ба маводи нав.

Дар нақшаи маркетинг оид ба маводи нав, ба сифати муҳимтарин меъёр натиҷаи таъсири корбасти маводи нав ба мақсадҳои ширкат истифода мешаванд, хусусан:
– миқдори фурўши маводи нав;
– тағйиротҳо дар фурўши дигар молҳо;
– натиҷаи мўҳлати ба даст овардани даромаднокӣ аз истеҳсоли махсулоти нав.
Агар махсулоти нав, мувофиқи технология, ба молҳои истеҳсолшуда наздик бошад, ин имкон медиҳад, ки тамоми иқтидори ширкатро истифода бурда, самаранокии махсулотро баланд бардошт.
Истеҳсол ва корбасти мавод дар истеҳсолот барои ширкат ҳамчун воситаи афзоиши рақобат ва бартараф сохтани номувофиқатии давраҳои рўзгории мавод муҳим аст. Дар шароити ҳозира истеҳсоли маҳсулот хеле босуръат рафта истодааст.
Барои омўзиши инноватсионӣ дар назар доштани он ки ниёзи ҳамагонӣ ба маводи тавлиду корбастшаванда бо гузашти рўзгор дигаргунӣ мепазирад, ҳамчунин муҳим аст. Тағйири ниёзҳои ҳамагонӣ ва дараҷаи муносиби қаноатмандии онро метавон бо давраи рўзгории мавод ифода кард. Давраи рўзгории маҳсулот дигаргуниҳои миқдори ниёз ба маҳсулоти азхудкарда ва тавлидёфтаро нишон медиҳад. Хати каҷи давраи рўзгории мавод чунин марҳилаҳоро дарбар мегирад:
– ҷорӣ кардани маҳсулот дар бани масрафкунандагон;
– инкишофи маҳсулот мувофиқи афзоиши талабот;
– рушди маҳсулот;
– қонеъ гардонидани талабот;
– афзоиши талабот ба маҳсулоти нав (дар натиҷаи инноватсия).

3. Интиҳоби стратегияи инноватсионӣ
Интиҳоби стратегия гарави муваффақияти фаъолияти инноватсио-нӣ мебошад. Интиҳоби стратегия муҳимтарин ташкилкунандаи давраи менеҷменти инноватсионӣ аст. Стратегияро метавон ҳамчун раванди қабули қарорҳо муайян кард. Ин маънои робитаи мутақобилаи комплекси амалиётҳо баҳри мустаҳкам кардани қобилиятнокӣ ва тавоноии ширкат нисбати рақибонро дорад.
Банақшагирии стратегӣ ду мақсади асосиро пеш гирифтааст:
1. Тақсимот ва истифодаи босамари захираҳо;
2. Адаптасия ба муҳити берунӣ.
Мақсади умумии муассиса омилҳои асосии зеринро бояд ба назар гирад:
– роҳи асосии фаъолияти ширкат;
– қонунҳои меҳнатӣ дар муҳити берунӣ (қоидаҳои савдо, муносибат бо муштарӣ, бурдани робитаҳои расмӣ);
– маданият ва урфу одатҳои ташкилот, муҳити корӣ.
Ҳангоми интиҳоби мақсад бояд ду ҷиҳатро ба назар гирифт: рақиби ширкат кист ва кадом талаботҳоро метавонад иҷро кунад. Пас аз гузоштани мақсади умумӣ даври дуюми банақшагирии стратегӣ –конкретизатсияи мақсадҳо иҷро мешавад.
Протсессҳо ва тағйиротҳо дар муҳити берунӣ ба ширкат таъсири ҳаётан муҳим мерасонанд. Сабабҳои асосие, ки ба муҳити берунӣ алоқаманданд, ин иқтисодиёт, сиёсат, бозор, технология ва рақобат мебошанд.
Яке аз шаклҳои лоиҳаи инноватсионӣ лоиҳаи тадқиқотӣмебошад. Дар зери мафҳуми лоиҳаи тадқиқотӣ мо нақшаи мукаммали тадқиқотҳо ва коркардҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалиявӣ равона шудаанд ва аҳамияти иҷтимоии маданӣ, халқи-ҳоҷагидорӣ, сиёсӣ доранд, мефаҳмем.
Дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ боасоси техникӣ, иқтисодӣ ё технологӣ баён мешаванд. Интиҳоби роҳи афзалиятноки тадқиқотҳо ва коркардҳо дар сиёсати давлатии илми-техникӣ нақши муҳим мебозад.
Идоракунии лоиҳа хусусият ва мушкилиҳо дорад. Гурўҳи корие, ки барои татбиқи лоиҳа ташкил шудааст, вазифаҳои наверо иҷро мекунад, ки аз вазифаҳои дар назди қисмҳои функсионалӣ истода, фарқ мекунанд. Роҳбарони гурўҳи координатсионие ташкил медиҳанд, ки вазифаи он иборат аст аз:
– муайян кардани мақсади лоиҳа;
– таъин кардани роҳбарони гурўҳҳои корӣ;
– ташкил кардани гурўҳҳои корӣ;
– гузоштани вазифа;
– назораткунӣ ба татбиқи лоиҳа;
– қабули қарор оид ба давом додани кор аз рўи лоиҳа;
– пароканда кардани гурўҳҳои корӣ.
Бояд ба назар гирифт, ки роҳбари лоиҳа дар ташкили кор нақши муҳим мебозад. Бинобар ин аз рўи хислатҳои шахсӣ, қобилият ва ҳуқуқ ў бояд дар назди роҳбарони қисмҳои функсионалӣ обрў дошта бошад. Ба воситаҳои махсуси идоракунии лоиҳа дохил мешаванд:

Муайян кардани масъала ва гузоштани вазифа;
Муқаррар кардани давраҳои мобайнӣ.
Дар марҳалаҳоҳои иҷроишавии лоиҳа қарорҳо дар бораи:
– идора ёфтан ё ислоҳи супориш;
– муайян кардани марҳилаи охирин;
– шакли ҳотимавии марҳалаи охирин қабул мешаванд.
Тақсимшавии лоиҳаҳо ба марҳалаҳо имкон медиҳад аз рафти иҷрои он назорат кунем. Идоракунии тадқиқотҳои илмӣ дар шароити доимо ивазшаванда амалӣ мегардад. Ин боиси зарурати такмилдиҳии муттасилии барномаи НИОКР мешавад. Дар ҳар лаҳза метавонад ҳодисаи ғайричашмдошти техникӣ пайдо шавад ва он гоҳ маҷбур мешавад, ки кори лоиҳа мононда шавад ва ҳатто ҳотима дод. Босамарии НИОКР дар бозор зоҳир мегардад. Ин аз он вобаста аст, ки ҳангоми гузориши мақсад то чӣ андоза талаботи бозор ба назар гирифта шудааст.
Тавсифи асосии сегменти бозор бо тағйироти мутақобила тасвир ёфтааст: андозаи бозор, нархи ҷоиз, талабот ба самаранокии техникӣ ва вақт. Натиҷаҳои фаъолияти инноватсиониро дар бозорҳои берунӣ ва дохилӣ метавон бо роҳи омўзиши донишҳои илмӣ-техникӣ ва таҷриба барои расонидани хизматҳои илми-техникӣ, технологияи нав пешниҳод кард.
Омўзиши технология метавонад ҳам дар ҳудуди як мамлакат ва ҳам
дар дараҷаи байналхалқӣ рўй диҳад. Баромадан ба бозор аз босамарии фаъолияти инноватсион шаҳодат медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.