Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Идоракунии маркетингии махсулоти нав. Ташкили хадамоти маркетингӣ дар корҳона

Барои таъмини рақобатнокии вазъияти корҳона дар бозор зарурати истифодабарии амалҳои зиёду гуногуни маркетингиро ба миён меорад. Фаъолияти пурсамари бозоргонӣ ва бурдани муборизаи рақобатпазири максаднок донистани малакаҳои идоракунии маркетингиро талаб менамояд.Барои таъмини рақобатнокии вазъияти корҳона дар бозор зарурати истифодабарии амалҳои зиёду гуногуни маркетингиро ба миён меорад. Фаъолияти пурсамари бозоргонӣ ва бурдани муборизаи рақобатпазири максаднок донистани малакаҳои идоракунии маркетингиро талаб менамояд. Вазифаҳои муҳимтарини идоракунии маркетинг дар корҳона ин банақшагирии маркетингӣ, ташкил ва назорати фаъолияти маркетингӣ ба ҳисоб меравад. Банақшагирии фаъолияти корҳонаро ба ду давраи асосӣ ҷудо сохтан мумкин мебошад: Коркарди стратегияи фаъолияти корҳона ва муайян намудани тактикаи амалисозии стратегияи коркардшуда. Банақшагирии стратегии маркетинг яке аз таркибҳои асосии нақшаи умумии стратегии корҳона ба ҳисоб меравад. Сохтори ташкилии фаъолияти маркетингии дар корҳона метавонад чун конструксияи ташкилот муайян гардад, ки дар асоси он идоракунии маркетингӣ амалӣ мегардад ё ба ибораи дигар – ин маҷмўи хадамотҳо, шўъбаҳо ва сохторҳое, ки кормандони он бо ин ё он фаъолияти маркетингӣ машғуланд. Назорат чун яке аз вазифаҳои идоракунӣ дар маркетинг ҷои намоёнро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама, ин як намуди таъсиррасонии мақсаднок ба коллективи корҳона ва инчунин мушоҳидаи доими ва муқоисаи натиҷаҳои ҳуқуқии фаъолияти корҳона мебошад. Объектҳои асосии назорат –ҳаҷми фурўш, андозаи даромад ва хароҷотҳо, таасуроти харидорон ба молҳои нав ва хизматрасониҳои пешниҳодшудаи корҳона, мутобиқати натиҷаҳои ҳақиқӣ ва ба нақша гирифтаи фаъолияти истеҳсолӣ тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан зарур аст, ки назари (нигоҳи) маркетингӣ нақши муҳимро барои қабули қарорҳои стратегӣ мебозад ва имконияти ҳалли стратегияҳои умумӣ ва муайян кардани стратегияҳои конкретии маркетингиро ба монанди – мол, нархгузорӣ, фурўш, ахборотро медиҳад. Назари маркетингӣ барои интиҳоби тактика бештар ба самараноки рафтор дар бозор ва татбиқи назорат дар тамоми ҷараёни амалисозии барномаи маркетингии корҳона мусоидат мекунад.
Дар баробари инкишофёбии иқтисодиёти бозоргонӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷа шиддат ёфтани рақобатнокӣ ё номўътадилии бозорҳои фурўш нақши маркетинг дар маҷмўъ меафзояд. Муҳимияти бештарро дар ин радиф масъалаҳои маркетингӣ стратеги мебозад, ки ҳал намудани онҳо дар корҳонаҳои ҳозиразамон ба ўҳдадориҳои функсионалии роҳбарияти болоии корҳона вобаста карда мешавад. Идоракунии маркетинги дар худ ҷараёни мураккаби таъсиррасонии субъектӣ идоракуни (ба сифати он роҳбарияти корҳона, ташкилотҳои фурўши консериҳо, монополияҳо, ташкилотҳои давлатӣ) ва объектӣ идоракуниро омилҳое ифода мекунад, ки ба сифати он ҷараёнҳо ва субъектҳои системаи маркетинг баромад мекунанд. Идоракунии маркетингии корҳонаро ҳамчун зерсистемаи мақсадноки идоракунии истеҳсолот аз назар гузаронидан лозим аст. Идоракунии истеҳсолот, чӣ тавре маълум аст аст, ба иҷроиши мақсадҳои муайян равона карда шудааст. Татбиқи ҳар яки ин мақсадҳо бо ёрии идоракунии мақсаднок иҷро мегардад, ки нисбати идоракунии умумии истеҳсолот чун зерсистемаи мақсаднок баромад мекунад. Идоракунии маркетинги чун зерсистемаи хусусияти мақсаднок бояд масъалаҳои зеринро ҳал намояд:
1.Барои расидани мақсади умумии идоракунии истеҳсолот хизмат намояд ва якҷоя бо он масъалаҳои шахсиро дошта бошад.
2.Шаклҳои муайяни банақшагири, ташкил, ҳавасмандкуни, баҳисобгири ва ғайраро пешбини намояд.
3.Фаъолияти органҳои идоракуни ва иҷрокунандагонро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маркетинги роҳнамо созад.
4.Ҳамчун меъёри баҳогузории самаранокии идоракунии истеҳсолот баромад намояд.
Пас, ҳамин тавр самаранокии идоракунии маркетингӣ дар бисёр ҳолат аз таркиби асосии ҳар гуна ҷараёни идоракуни вобастаги дорад, ки ба он банақшагирӣ, ташкил ва системаи назорат дар корҳона дохил мешаванд. Ғайр аз ин, боз чунин функсияҳои идоракуниро ба монанди мотиватсия, батанзимдарорӣ, баҳисобгирӣ ва инчунин боз ду функсияи хусусиятнок – ояндабинӣ ва таҳлилро ҷудо менамоянд. Системаи идоракуни дорои чунин хусусиятҳо мебошад, ки ягон элементи алоҳидаи ин таркибҳо дорои онҳо нестанд. Ягонтои онҳо дар алоҳидагӣ наметавонанд ҷараёни идоракуниро амалӣ созанд. Ғайр аз ин, идоракуниро ҳамчун системаи пўшида назар кардан мумкин нест – он бо дигар қисматҳои механизми ҳоҷагидорӣ дар алоқаи зич мебошад. Системаи идоракунии маркетинги офаридани механизми ташкили – иқтисодиеро талаб менамояд, ки ба шароити муҳити беруна тез мутобиқ гардад. Дар шароити муосир ҳангоми гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ аҳамияти бештарро истифодабарии таҷрибаи дигар давлатҳо дар соҳаи идоракунии маркетинг ва махсусан идоракунии сифат ва рақобатнокии маҳсулот доро мебошад. Тавваҷўҳи бештарро дар ин самт системаҳои идоракуние ифода менамоянд, ки дар Ҷопон, ШМА, Шветсия ва ғайра кор карда баромада шудаанд. Коркардӣ заминаҳои назариявиро дар ин самт олимон Э.Деминг, А.Файгенбаум, Ф.Кросеби ,К.Исикава, Д.Джуран ва дигарон мавриди иҷроиш қарор медиҳанд. Қисматҳои асосии ҷараёни идоракунии маркетингиро дар алоқаманди бо як дигар вобаста ба хусусияти фаъолияти бозоргонии корҳона кор карда баромадан зарур аст. Дар идоракунии маркетинги муосир истифодабарии системаи банақшагирии стратегӣ бо тартибдарории масъалаҳои стратегӣ, таҳлили мавқеи корҳона дар муборизаи рақибона ва интиҳоби стратегияҳои бештар мувофиқ аз аҳамият ҳоли нест. Ҳангоми банақшагирии оперативи (фаврӣ) мақсадҳои наздикӣ корҳона ба барномаҳои ҷории фаъолият мувофиқ кунонида, банақшаи даромадҳои имконпазир табдил меёбанд, ки ба ҳар сохтори корҳона расонида мешавад. Ташкили фаъолияти маркетинги ба ҳайати худ чунин чорабиниҳоро дохил менамояд:
1.Бунёди сохтори ташкилии идоракунии маркетингӣ .
2.Интиҳоби мутахассисони маркетинги тахассуси муайян.
3.Тақсимоти вазифаҳо, ҳуқуқҳо ва ҷавобгари дар системаи идоракунии маркетингӣ .
4.Муҳаё сохтани шароитҳо барои кори пурсамари кормандони хадамоти маркетинги (ташкили ҷойҳои кории онҳо, пешниҳоди ахбороти зарури, воситаҳои техники ва ғайра).
5.Ташкили бо ҳам алоқаманди пурсамари хадамотҳои маркетинги бо дигар хадамотҳои ташкилот .

2. Назорат ҳамчун фуксияи маркетинг
Назорат ҳамчун функсияи идоракунии истеҳсоли- тиҷоратии фаъолияти корҳона дар маркетинг ҷои намоёнро ишғол менамояд. Назорат бояд расидани мақсадҳои гузошташудаи корҳонаро таъмин созад. Назорати маркетингӣ – ин тафтиши доимӣ, мунтазам ва беғаразона, баҳодиҳии вазъият ё ҷараёнҳо дар соҳаи маркетинг мебошад. Бо сабаби тез тағйир ёфтани шароитҳои муҳит, назорати маркетингӣ аҳамияти марказиро соҳиб мегардад.
Вазифаҳои асосии назорати маркетингӣ ин гузоштани сатҳи расидани мақсад, аниқ намудани имкониятҳо, беҳтар намудани вазъият ва тафтиши мутобиқшавии корҳона ба тағйиротҳои муҳити беруна ба ҳисоб меравад. Ташкили назорат аз ҳаҷми корҳона, ихтисоси ҳайат, мураккабии масъалаҳои гузошташуда ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад. Идоракунии рақобатнокии маҳсулот омўзиши ҳаматарафаи муҳити маркетингиро бо тамоми алоқаҳои истеҳсолӣ ва бозоргонии он, омилҳои дохилӣ ва берунаи фаъолият ва инкишофро дар назар дорад. Ин омилҳо бошад, дар навбати худ ҷамъовари ва коркарди ахбор, аниқияти зарури ва бутунии баҳодиҳии меъёрҳои фаъолияти муҳитро талаб менамояд. Принсипҳои асосии ташаккул ва истифодабарии ахбор дар ҷараёни идоракунии рақобатнокии маҳсулот ба ҳисоб мераванд:

Муҳимияти ахбор – инъикоси ҳақиқиро дар ҳар лаҳзаи вақти вазъияти муҳити маркетингӣ ифода мекунад.
2.Дурустии маълумотҳо – дар таҷдиди аниқи ҳолати объективӣ ва тараққиёти истеҳсолот, бозор ва макромуҳити беруна асос меёбад. Ба инобат гирифтани шароитҳои муборизаи рақибона, ки одатан ҳақиқати реалии мақсаднок дар он ғалат маънидод мегардад, ин принсип боварибахшнамоии сарчашмаҳои зиёди маълумотҳоро талаб менамояд.
Воситаи муҳими зидди маълумотҳои қалбакӣ фаровонии сарчашмаҳо ва таҳлили маълумотҳои ба даст омада инҳо ба ҳисоб мераванд:
1. Саҳеҳияти маълумотҳо – имконият медиҳад ахборотро аниқ мувофиқи талаботҳои тасвиятшуда, ҷамъ оварда шаванд.
2. Тасвири бутун – барои баҳисобгирии ҳақиқии тамоми омилҳое, ки ба ҳолат ва инкишофи муҳити маркетингӣ таъсир мерасонанд, зарур мебошад.
3. Мақсаднокии маълумотҳо- ба мақсад ва вазифаҳои конкретии соҳаи истеҳсолот ва фурўши маҳсулот дар бозори дохили ва беруна нигаронида шудааст.
4. Ягонагии ахбороти –кор карда баромадани чунин системи нишондихандаҳоро талаб менамояд, ки дар он имконияти номувофиқати хулосаҳо ва зиддияти маълумотҳои аввалин ва истеҳсоли инкор карда мешавад.
Корҳонае, ки фаъолияти маркетингии худро пеш мебарад, дар зери таъсири доимии муҳити дохили ва беруна қарор дорад. Ҳамаи омилҳои муҳити дохилӣ ва беруна, ба воситаи супоридани ахбороти муайян ба иштирокчиёни муносибатҳои бозоргони инъикос мегарданд. Вазифаи системаи ахборотии корҳона дар он ифода меёбад, ки аз тамоми маҷмўи ахборотҳои гуногун ҳамоне интиҳоб гардад, ки барои назорати фаъолияти маркетингии корҳона муҳим мебошад.

3. Ахбор ҳамчун омили муҳими рақобатнокии маҳсулот
Ахбороти маркетингӣ – ин ахборе мебошад,ки дар ҷараёни мубодилаи натиҷаҳои фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ ва алоқамандии тамоми субъектҳои системаи бозоргонӣ ба даст оварда шуда, дар тамоми соҳаҳои соҳибкорӣ, аз он ҷумла фаъолияти маркетингӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ахборот – ин воситаи робитаи одамон буда, ба василаи он мо маълумотҳоро оиди муҳити беруна дастрас менамоем. Таъминоти ахборотӣ – ин ҷараёни қонеъ гардидани талаботҳои истифодабарандагони конкрети дар ахбор мебошад, ки дар истифодабарии усулҳои махсус ва воситаҳои дастрас намудани он, коркард, ҷамъоварӣ ва супоридан асос меёбад. Ахбори маркетингии ба маркетологҳо имконият медиҳад, ки бартариятҳои рақобатона ба даст оварда шавад, таввакалии молиявӣ нест гардад, муносибатҳои истеъмолкунандагон муайян шавадва ғайра.
Ахбори маркетингиро дар рафти тадқиқотбарии маркетинги ба даст меоранд.Тадқиқотбарии маркетингӣ гуфта, асосан омўзиш,ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди ахборро бо мақсади рушди фаъолияти истеҳсолии корҳонаю ташкилотҳоро меноманд. Ин мафҳуми васеъ буда, тамоми намудҳои фаъолияти тадқиқотбариро дар бар мегирад, ки бо идоракунии маркетинги алоқаманд аст. Объекти тадқиқотбарии маркетинги муҳити маркетинги фирма ба ҳисоб меравад, ки нигаронида мешавад ба:
1) муҳити маркетингӣ (маҷмўи субъектҳо ва қувваҳое, ки ба фаъолияти корҳона дар бозор таъсир мерасонад).
2) муҳити дохили ва микромуҳити беруна (муҳитҳои назоратшуда ва беназорат, ки аз фаъолияти субъективии корҳона вобастаги доранд ё надоранд.
Дар ҷараёни таҳлил, банакшагирӣ, иҷроиш ва назорати таъсирбахши чорабиниҳои маркетингӣ ба роҳбарони маркетинги ахбор дар бораи мизоҷон, рақибон, миёнаравон ва дигар қувваҳои фаъоли бозор зарур мегардад, аммо маълумотҳои зарури бисёр вақт дастрас нестанд ва бисёр дер мерасанд ё умуман қобили таваҷҷўҳ нестанд. Масалан, танҳо дар бозори маҳсулоти ҳоҷагии қишлоқ ва хўрокворӣ садҳо ҳазор истеҳсолкунандагон, маҳсулбаророн, савдогарони яклухт ва чакана кору фаъолият доранд. Ҳар яки онҳо дар азхудкунии даромад манфиатдор мебошанд, ки онро дар муборизаи рақибона бо доштани ахбори объективии бозор ба даст оваранд.
Барои доштани чунин маълумотҳо давлатҳои манфиатдор ҳастанд, ки барои иҷроиши чораҳо оиди танзими истеҳсоли махсулоти ҳочагии қишлоқ ва бозори хўрокворӣ саҳми пештареро доранд. Аз ҳамин сабаб шумораи бештари корҳонаҳо нокифоягии таъминоти ахборотиро ҳис намуда, чораҳоро оиди мукаммал сохтани системаҳои маркетингии худ қабул мекунанд.
Ба ҳайати системаи ахбороти маркетингии дуруст ба нақша гирифташуда чор системаи ёрирасон дохил мебошанд:
1. Системаи ҳисоботи дохили, ки нишондиҳандаҳои фурўши ҷори, суммаи хароҷотҳо, ҳаҷми захираҳои модди ҳаракати миқдори пули, маълумотҳои қарзҳои дебиторию кредиториро инъикос менамояд.
2. Системаи ҷамъоварии ахбори маркетингии ҷории беруна, ки ба роҳбарияти маркетинги ахбори ҳаррўзаи муҳити тиҷорати пешниҳод мегардад.
3. Системаи тадқиқотбарии маркетингӣ, ки барои таъмини ҷамъоварии ахбори муҳим аз нуқтаи назари дар назди корҳона мушкилоти маркетинги истода, пешбинӣ шудааст.
4. Системаи таҳлили ахбори маркетингӣ, ки усулҳои муосири коркарди омории маълумотҳоро дар бар гирифта, моделҳоеи гуногунро ба намояндагони бозори ҷараёни қабули қарорҳои маркетингӣ асос мегардонад.
Дар шароити гузариши Тоҷикистон ба иқтисодиёти бозоргонии озод мубориза барои истеъмолкунанда дар бозорҳои дохили ва беруна офариниш ва истеҳсоли маҳсулотҳои ҳақиқатан рақобатнокро талаб мекунад. Аз ҳамин сабаб мушкилоти ҷустуҷўи сатҳҳои самараноки рақобатнокии молҳо ва хароҷотҳои он ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа нақши идоракуниро дар асоси таъсири мақсаднок ба рақобатнокии маҳсулот меафзояд. Элементи зарурии ҳоҷагидории бозоргонӣ ин системаи идоракунии рақобатнокии маҳсулот дар корҳона ва берун аз он ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб расидан ба сатҳи баланди рақобатнокии маҳсулот такмили системаи идоракунии истеҳсолотро талаб менамояд.
Мушкилотҳои идоракунии сифати маҳсулот дар шароити имрўза бештар муҳим мебошад, зеро шарти муҳимтарини рақобатнокии корҳонаҳо ва маҳсулот ин сифати баланди мол бо назардошти талаботҳои бозор ба ҳисоб меравад. Сифати маҳсулот чун яке аз асбобҳои муборизаи рақибона баромад мекунад. Барои ҳамин тамоми таҷрибаи ҷамъовардашуда, оиди идоракунии сифати маҳсулот ниҳоят муҳим мебошад. Системаи идоракунии рақобатнокиро ҳамчун системаи махсусӣ идоракуни аз рўи нишондиҳандаҳои зерин ба назар гирифтан мумкин мебошад:
1. Объекти бевоситаи идорашаванда – силсилаи истеҳсоли технологии ташаккули сифат ва рақобатнокии маҳсулот дар ҳамаи марҳилаҳои такрористеҳсолро дар бар мегирад.
2. Субъекти идоракунӣ – органҳои идоракуние, ки функсияҳои умуми ва махсусро дар системаи идоракунии сифат ва рақобатнокии маҳсулот иҷро менамоянд.
3. Ҷараёни идоракуни мебошад, ки ин ҷараёни ахборотиро дар бар мегирад.
4. Мақсад ва вазифаи идоракуние, ки дар назди субъекти идоракуни меистад ин кор карда баромадани чунин таъсири идоракуние ба ҳисоб меравад, ки ба манфиати фаъолияти ташкилот мебошад.
5. Ҷараёни қабули қарор оиди идоракунии сифат ва рақобатнокӣ.
6. Таҳлили вазъият дар бозори маҳсулот ва муҳити дохилию берунаи корҳона.
7. Баҳодиҳии вазъияти рақобатпазири маҳсулоти алоҳида дар бозор.
8. Ташаккули мақсад ва стратегия, муайян кардани меъёрҳои рақобатпазирӣ.
9. Интиҳоби усул ва воситаҳои расидани мақсадҳо ва татбиқи стратегия.
10. Банақшагирии чорабиниҳо дар тамоми давраи ҳаётии маҳсулот.
11. Ташкил ва назорати иҷроиш.
12. Баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти системаи идоракунии рақобатнокии маҳсулот.
Барои таҳлили вазъият дар бозор ахбор оиди захираҳои корҳона, фикру амалиётҳои рақибон, минтақаҳои ашё ва инкишофи вазъият дар бозор ниҳоят зарур мебошад.
Дар таҷрибаи соҳибкори як қатор усули воситаҳои махсус барои чунин таҳлил истифода мегарданд:
1. Таҳлили иқтидории корҳона бояд тамоми соҳаҳои фаъолияти корҳонаро дар бар гирад ба монанди истеҳсолот, фурўш, молия, тадқиқотҳои илмӣ, кадрҳо ва ғайра.
2. Тадқиқоти рақибон бояд ба он соҳаҳое равон гардад, ки корҳона худ таҳлили иқтидори онро мегузаронад. Ин бояд муқоисаи ахборотро таъмин созад ба монанди:
А) стратегияи мавқеи зоҳирии рақибон;
Б) имкониятҳои молиявӣ;
В) фалсафа ва маданияти соҳибкорӣ;
Г) мақсадҳои рақибон.
3. Таҳлили бозор мебошад, дар тадқиқоти мунтазами бозор ва пеш аз ҳама ба истеъмолкунандагон, таъминкунандагон, соҳаи савдо, миёнаравон ва ғайра асос меёбад.
4. Таҳлили макросистема аз омўзиши шароитҳои муҳити беруна, омилҳои он, андоза ва ғайраҳо иборат аст.
5. Таҳлили тарафҳои пурқувват ва беқуввати корҳона барои ошкор сохтани бартарият ва камбудиҳои он нисбати муҳолифони асоси равона мегардад.
Ҳамин тариқ, идоракунии рақобатнокии маҳсулот дар марҳилаи аввал омўзиши ҳаматарафаи муҳити маркетингиро бо тамоми алоқаҳои истеҳсоли ва бозор, омилҳои дохили ва берунаи фаъолияту инкишофи корҳонаро дар бар мегирад. Пас аз таҳлили вазъият дар бозор баҳодиҳии мавқеи рақобатпазирии моли муайян дар бозори мақсаднок гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, таъмини рақобатноки – ин пеш аз ҳама фалсафаи идоракунии тамоми система дар шароити бозор буда ба ҳалли вазифаҳои зерин нигаронида шудааст:
1. Фаҳмиши эҳтиёҷоти истеъмолкунанда ва тамоюлҳои инкишофи он;
2. Рафтор ва имкониятҳои рақибон;
3. Донистани вазъият ва тамоюлҳои инкишофи бозор;
4. Аҳамияти муҳити беруна ва тамоюлҳои он;
5. Қобилияти офариниши чунин моле, ки истеъмолкунандаи он пазируфта тавонад;
6. Санъати амалисозии ниятҳо дар асоси дурнамо.
Мақсади ниҳоии ҳамаи фаъолияти корҳона ин барориши маҳсулоте мебошад, ки ба талаботҳои бозори мақсаднок мувофиқ бошад. Чунин натиҷаро системаи комплексии идоракунии сифат ва рақобатнокии корҳона таъмин месозад. Барои ҳамин ҳам коркард, ҷоринамои ва амалисозии он заминаи истеҳсоли маҳсулоти босифати корҳона ба ҳисоб меравад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.