Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Банду басти бозор ва интиҳоби бозори ба мақсад мувофиқ

Одатан фикру мулоҳизаҳои ширкат дар бораи бо моли худ ба ягон бозори мушаххас дохил шудан, бо иттилоотҳои бозорӣ асоснок ва пурқувват карда мешавад. Аз ин сабаб вазифаи аниқ намудани ҳаҷми тақозои харидорон, ки дар назди ширкат истодааст бояд иҷро карда шавад. Самтҳои асосии омўхтани тақозои (талаботи) харидорон чунин аст1. Омўхтану ояндабинии тақозои харидорон ва омилҳои ба он таъсиррасонанда
2. Мафҳум ва моҳияти банду басти бозор ва ба бандҳо (сегментҳо) ҷудо кардани бозори моли нав
3. Аломатҳои асосии банду баст намудани бозор ва интиҳоби роҳҳои баромадан ба бозори ба мақсад мувофиқ
1. Омўхтану ояндабинии тақозои харидорон ва омилҳои ба он таъсиррасонанда
Одатан фикру мулоҳизаҳои ширкат дар бораи бо моли худ ба ягон бозори мушаххас дохил шудан, бо иттилоотҳои бозорӣ асоснок ва пурқувват карда мешавад. Аз ин сабаб вазифаи аниқ намудани ҳаҷми тақозои харидорон, ки дар назди ширкат истодааст бояд иҷро карда шавад. Самтҳои асосии омўхтани тақозои (талаботи) харидорон чунин аст:
1) вазъи имрўзаи бозори молҳоро омўхта (ба воситаи тадқиқотбарии маркетинг) хусусиятҳои ҳоси тақозоро муайян мекунанд;
2) миқдор, номгўйҳо ва маҷмўи умумии молҳое, ки дар ҳамин бозор фурўхта шудааст, муайян намуда мавқеи молҳои ширкатро дар бозор аниқ менамоянд;
3) ҳаҷм ва номгўйҳои молҳое, ки аз тарафи рақобаткунандагон пешниҳод мешаванд ва сиёсати мушаххаси таъсиррасонии онҳоро ба эътибор гирифта ба қонеъгардонии тақозои харидорон шурўъ менамоянд.
Ояндабинии тақозои харидорон ба қатори масъалаҳои муҳимтарини ширкат (корҳона) дохил мешавад. Муайян намудани ҳаҷми бозори молҳое, ки номгўяшон якхела аст, начандон мушкил аст. Лекин ширкат ба истеҳсоли молҳои гуногуну номгўяшон мураккаб машғул бошад, он гоҳ ҳаҷми фурўши ҳар яки онҳоро алоҳида муайян мекунанд. Ояндабинии бозорро бо истифодаи усулҳои иқтисодӣ, математикӣ-иқтисодӣ ва мошинҳои электронии ҳисоббарор мегузаронанд. Ҳамаи маълумотҳои дар натиҷаи омўхтану ояндабинии тақозои харидори ба даст овардашударо таҳлил намуда, барои муайян намудани бозорҳои дилҳоҳ ва ба мақсад мувофиқ истифода мебаранд


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.