Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Заминаҳои иқтисодии пайдоиш ва тарақиёти назарияи маркетинг

Мафҳуми «маркетинг» ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷамъияти мо дар солҳои наздик ҷори шудааст. Маркетинг илми ҷавон аст. Лекин ин маънои онро надорад, ки тарзу усулҳои он дар солҳои охир инкишоф ёфтаандМафҳуми «маркетинг» ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷамъияти мо дар солҳои наздик ҷори шудааст. Маркетинг илми ҷавон аст. Лекин ин маънои онро надорад, ки тарзу усулҳои он дар солҳои охир инкишоф ёфтаанд. Реклом – аз давраи пайдоиши давлату давлатдорӣ, гузориши мол ба бозор- аз давраи пайдоиши бозори молӣ, омўхтани тақозо ва рафтори харидор –аз вақти пqйдо шудани пул ва қобилияти харидорӣ ин ҷониб амал мекунад. Инкишофи бо суръати бозор ва муносибатҳои бозоргонӣ дар асри XX заминаи мустаҳкам ба маркетинг гузошт ва он ба қисми таркибии илм ва амалияи бозор ба сутунчўбаи он табдил гардид. Маркетинг аз калимаи англисӣ «market» бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафҳуми маркетинг мазмуни васеъ ва чуқуртар дорад. Маркетингро бозоршиносӣ гуфтан ҳам начандон дуруст аст. Маркетингро ҳамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти боҳаракати ширкат тасвир намудан лозим аст.
Маркетинг ин аз яктараф фаъолияти субъектҳои муносибатҳои бозоргонӣ дар бозор аст ва аз тарафи дигармаркетинг-гуфта, фаъолияти соҳибкориро меноманд, ки бо мақсади ба даст овардани фоида ва қонеъ гардидани талабот ба воситаи бозор кор мебарад. Талабот бевосита дар бозор омўхта мешавад.
Заминаҳои иқтисоди пайдоиши илми маркетинг дар мамлакатҳои тарақи кардаи капиталистӣ дар аввалҳои асри ХХ ба вуҷуд омад. Сабаби асосии пайдоиши он бўҳрони шадиди иқтисодии ин давлатҳо буданд, ки молҳо назар ба қобилияти харидори барзиёд истеҳсол шуда ба фурўш намерфтанд ва ин масъала ҳалли худро талаб намуд. Аз ин сабаб дар баъзе донишгоҳои ИМА ба омўхтани фанни махсус, яъне роҳҳои оқилона ташкил намудани муомилоти мол шурўъ намуданд. Ин заминаи нахуст барои маркетинг буд. Бояд қайд кард, ки маркетинги ҳозира замон ҳамчун назарияи бозории идоракунии фаъолияти ширкат аз солҳои 50-уми асри ХХ сар карда инкишоф ёфта истодааст.
Пайдоиши маркетинг дар Ҷумурии Тоҷикистон ба солҳои 60-ум ва 70-ум тааллуқ дошта давраи рушти ў баъди солҳои 80-ум ба давраи бозсозӣ рост меояд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ ба хусус солҳои охир ба категорияҳои бозор талабот, нарх, таклифот, қурби харидории истеъмолгар ва ғайраҳо аҳамияти ҳоса дода мешавад.
2. Маркетинг ҳамчун системаи фаъолият дар бозор ва муносибати ҳозиразамон дар ташкили маркетинг
Ширкату корҳонаҳое,ки принсипҳои маркетингро дар протсеси гузаронидани фаъолияти худ дар бозор асос меҳисобанд ва риоя менамоянд, ба мақсадҳои зерин соҳиб шуда метавонанд:
– ба даст даровардани миқдори муайяни фоида ва таъмин намудани дараҷаи фоиданоки ва гузаронидани фаъолияти ширкат;
– назорати ҳақиқӣ аз болои бозорҳои фурўши маҳсулоти ширкат ва нархҳои фурўши молҳо ва аз он ҷумла, нархи моли рақобаткунандаи дар бозор амал кунанда. Барои ба ин мақсадҳои маркетингӣ ширкат бояд чорабиниҳои заруриро бинад.Аз он ҷумла:ба омўхтани бозор ва ояндабини талаботи харидори машғул шуда дар асоси он навъи молҳои истеҳсол мешударо муайян намояд;ба тартиб додани системаи нархгузорӣ ва дар амал гузаронидани сиёсати нарх машғул шавад;ба рекламаи молҳои худ ва гузоронидани чорабиниҳо оид ба тезонидани фурўши онҳо машғул шавад;бо шабакаи корҳонаҳои маҳсулотфурўш ва хизматрасон баъди фурўши маҳсулот ба истеъмолкунанда, таъмин бошад.
1) дар созмони алоқа, компютер ва интернетро истифода барад.
Барои сарфаҳм рафтан ба маркетинги ҳозиразамон мафҳумҳои зеринро аниқ намуда, дар фаъолияти маркетингии худ истифода мебаранд. Одатан ширкатҳо ба маркетинг дар ҳолатҳои зерин машғул мешаванд:
1) Пастравии ҳаҷми фурўши мол роҳбарияти ширкатро водор месозад, ки сабабҳои чунин пастравиро муайян намуда чораҳои лозимиро барои боздоштан ва сониян барои афзоиши фурўши молҳо бинад.
2) Инкишофи сусти афзоиши фурўши мол ширкатҳоро маҷбур месозад, ки бозорҳои навро кашф намоянд.
3) Тағийрёбии қиматҳо дар тақозои (талаботи) харидорӣ ва ё дигаргунёбии одати аҳолӣ дар истеъмоли баъзе молҳо ҳам ширкатҳоро водор месозад, ки ба маркетинг машғул шаванд.
4) Пуршидат гардидани рақобат дар соҳаҳои гуногуни истеҳсол ва тиҷорати мол.
3. Бозор ҳамчун шарти объективии асосии иқтисодии маркетинг
Бозор – ин маҷмўи муносибатҳои истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда оиди хариду фурўши мол мебошад. Барои ширкат бошад, бозор бо шумораи харидорони имрўза ва оянда, ки барои харидани (молҳои) ширкат тайёранд, ифода меёбад. Бозор асосан шаклҳои зеринро дорад: бозор барои харидорон ё истеъмолкунандагон, бозори фурўшандагон ё истеҳсолкунандагон, бозори яклухт ва чакана, бозори ҳақони ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.