Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Принсипҳои маркетинг

Яке аз принсипҳои маркетинг сегментатсиякунӣ (ба қисмҳо ҷудо кардан) ба ҳисоб меравад. Сегментатсия-ин дар бозорҳои фурўш аз тарафи истеҳсолкунанда ошкор сохтани гурўҳи истеъмолкунандагони аз бисёр ҷиҳат мувофиқ мебошад. Он имкон медиҳад самаранокӣ ва мақсаднокии амалиётҳо зиёд гардида, инчунин шиддатнокии рақобат паст гардонида шавад.Принсипҳои асосии маркетинг инҳоянд:

Принсипи ваҳдоният ва ё волоияти пояи модию маънавии бизнес;
Принсипи пажўҳиши (омўзиши доимӣ) фаъолият маркетнгӣ;
Принсипи иттилоотӣ (ахборӣ);
Принсипи сегментатсиякунӣ;
Принсипи мутобиқшавӣ (созгори бо бозор);
Принсипи банқшагирӣ;
Принсипи навъоварӣ.
Яке аз принсипҳои маркетинг сегментатсиякунӣ (ба қисмҳо ҷудо кардан) ба ҳисоб меравад. Сегментатсия-ин дар бозорҳои фурўш аз тарафи истеҳсолкунанда ошкор сохтани гурўҳи истеъмолкунандагони аз бисёр ҷиҳат мувофиқ мебошад. Он имкон медиҳад самаранокӣ ва мақсаднокии амалиётҳо зиёд гардида, инчунин шиддатнокии рақобат паст гардонида шавад. Сегментатсиякунӣ дар тақсими бозор ба мақсади зиёд намудани ҳаҷми фурўш асос меёбад. Сегметатсиякунӣ метавонад ҳаҷми бозорро зиёд кунад ва ба ғанӣ гардонидани он мусоидат намояд.
Сегментатсиякунӣ бо мавқеъдории мол (позитсионирование) робитаи зич дошта, ҳамчун старатегияи муҳимтарини маркетинг ба ҳисоб меравад. Мавқеъгардони метавонад барои интиҳоби истеъмолкунандагони сегменти нав гузаронида шавад ва барои тафриқа дар чорчўбаи ин сегмент мусоидат намояд. Мавқеъгардонӣ чун стратегия имкониятҳои васеъро барои истеҳсоли молҳои нав мекушояд.
Сегментатсиякунии бозор яке аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бозоргонии корҳона ба ҳисоб меравад. Одатан, новобаста аз мол ё хизматрасониҳои пешниҳодгардонида, хизматрасонии бозор истеъмолӣ ё касбӣ сегментатсиякуниро дар чунин сатҳ ба монанди сегмент, бозор, ҷой дар бозор, сатҳи маҳдуд ё сатҳи мизоҷи алоҳида истифода бурдан мумкин аст.
Вақте ки дар бораи сегментатсиякунӣ дар сатҳи сегменти бозор сухан меронем, гурўҳи калони харидорони ба ҳам монанди дохилӣ бозорро бо аломатҳои фарқкунанда пеши назар меорем (одатҳо, мавқеъи ҷуғрофӣ, қобилияти харидорӣ ва ғайра). Ҷои бозор нисбат ба дигар сатҳҳои сегментатсиякунӣ начандон калон мебошад. Ҷой бо роҳи тақсим намудани сегмент ба зерсегментҳо муайян мегардад. Маркетинги маҳдуд ба қонеъгардонии талаботи гурўҳи маҳдуди истеъмолкунандагон равона мешавад.
Сегментатсиякунӣ дар сатҳи мизоҷи алоҳида, маркетинги инфиродӣ низ ном бурда мешавад. Ба сегментатсиякунии бозор талаботи муайян ҳос мебошад, ки аз пурсиш, таҳлил, муайян намудани соҳаҳои сегмент ва ғайра иборат аст. Қоидаҳои асосии сегментатсиякунии бозорҳои истеъмолкунандагонро қайд кардан зарур мебошад. Ба инҳо-минтақа, шаҳр, зичӣ, иқлим (аломатҳои ҷуғрофӣ), сину сол, шумораи оила, давраи ҳаётии оила, ҷинс, сатҳи даромаднокӣ, касбу кор, маълумот, ақидаҳои динӣ, нажод, миллат (аломатҳои псиҳографӣ) ва инчунин сабаби харид, ҷустани манфиат, шиддатнокии истеъмолкунӣ, мавқеъи истеъмолкунанда, муносибат ба мол (аломатҳои рафторӣ) ба ҳисоб мераванд.
Аз рўи хусусият ва қоидаи муайян ба гурўҳҳо ҷудо намудани бозорро сегментатсиякунонии бозор меноманд. Мақсади сегментатсиякунонии бозор аз он иборат аст, ки дохил шудан ба муҳит ва ҳудуди рушди нерўи кори гурўҳи бозор ё таснифкунони ва азхудкунии бозор, имконияти ошкор кардани тарафҳои мусбии худ ва ба даст овардани нишонаҳо аз он, ки бо кадом роҳҳо ва бо кадом тарз ба дастовардани самараноки ва ноил гаштан ба мақсад имконпазир аст.
Вобаста аз рўи усули сегмнитатсиякунонӣ хусусияти тавсифии бозор мушоҳида карда мешавад. Бинобар ин фарқияти як бозор аз дигараш на онқадар маълум мегардад. Муаян карда мешавад, ки дар асоси кадом меъёрҳои васеъкунӣ бояд кор бурд. Агар ба иҷроиши сегментатсиякунонии бозор кўшиш намоем аз рўи намуди маҳсулот ё минтақа бо вазъияти шахсии ташкилот – истеҳсолкунандагон (фурўшандагони маҳсулот) ё мумкин аз рўи ноаёнии бозор метавон мақсади сегментатсиякунониро бо мақсади таркибии он: «дар кадом бозор бояд равона карда шавад» ва «барои ба мақсад ноил гаштан чӣ бояд кард», пайваст, ки худ ҷавобгаи он аст. Дар кадом ҳолат шурўъ кардан ба сегментатсиякунонии бозор аз назари мизоҷон ба муҳити истифодабарӣ ва шаклҳои талабот, метавон нишонаҳои тавсиякунонии фарқияти бозорро муайян кард.
Принсипи банақшагирӣ. Мувофиқи ин принсип ташаккули барномаҳои истеъмолӣ-фурўшӣ дар назар дошта мешавад, ки дар пешбинии вазъи бозор асос меёбад. Бизнес-нақшаҳо коркард коркард карда шудаанд, ки тамоми самтҳои асосии фаъолияти фирмаро тасвир мекунад ва дар ин асос тамоми мушкилотҳои имконпазирро таҳлил намуда воситаҳои ҳалли ин мушкилотро муайян мекунанд. Бизнес-нақша ин ҳуҷҷатест, ки мақсади фаъолият ва стратегияи расидан ба онҳоро муайян менамояд. Мақсади коркарди бизнес-нақша беруна буда, аз ҷалб намудани сармоягузор бо мақсади истифодаи воситаҳои пулӣ аз сарчашмаҳои беруна иборат мебошад. Муҳаё сохтани заминаи ҳақиқӣ барои татбиқи лоиҳа аз мақсадҳои дохилӣ ҳисоб меёбад. Бизнес-нақша имконият медиҳад чунин вазифаҳо ҳал карда шаванд: ошкорсозии мақсадҳо дар бозорҳои мақсаднок, коркарди стратегияи тиҷорат, пешниҳод намудани воситаҳои баҳодиҳии тарафҳои пурқуввати тиҷорат. Бизнес-нақша ба мўҳлати 3-5 соли оянда тартиб дода мешавад. Сохтори бизнес-нақша аксар аз он вобастагӣ дорад, ки ба кадом мақсад он пешбинӣ мегардад.
Бизнес-нақша бояд аз варақаи унвонӣ, тасвири мухтасари лоиҳа ва аз чунин бобҳо иборат бошад:
— корҳона, ширкат, соҳа;
— маҳсулот, хизматрасонӣ;
— бозор ва рақибон;
— маркетинг;
— истеҳсолот;
— идоракунӣ;
— молия;
— баҳодиҳӣ ба таваккал.
Ба принсипи дигар, инчунин мутобиқшавиро номбар намудан мумкин мебошад, ки зудҳаракатии фаъолияти корҳонаро дар вазъи тағирёфтаи бозор дар назар дорад.
Принсипи муҳими дигари маркетинг навъоварӣ ба ҳисоб меравад. Навъоварӣ – ин такмили мунтазам, азнавгардонӣ ва офариниши моли нав, коркарди технологияҳои нави истеҳсол ва техналогияҳои нави маркетингӣ мебошад.
Ҳамин тавр, принсипҳои маркетинг пояи асосии истеҳсолоти ҳоҷагидорӣ ба ҳисоб рафта, фаъолиятҳои тиҷоративу молявиро дар бар мегиранд. Принсипҳои асосии идоракунӣ инҳо мебошанд:
1. Мақсадгузории аниқи натиҷаи тиҷорати ва мавқеи муаяни бозорро бо ҳисоби мўҳлатнок, таъминоти захираҳо ва ба ўҳда гирифтани ҷавобгариро дар бар мегирад;
2. Муомилаи комплексӣ барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда аз рўи таҳлили талабот пешгўӣ кардани бозор, омўзиши мол, таблиғот ва ҳавасманкунии таъминкунандагонро дар бар мегирад.
3. Шароити максималии баҳисобгирӣ ва талаботи интиҳобии бозор бо мурури таъсиррасонии яквақтаи мақсадноки онро дар бар мегирад.
4. Мақсадҳои дарозмуддате, ки ба мол равона карда шудаанд, дорои хусусияти принсипалии нави талабот ва таъмин намудани мувофиқияти тиҷоратии дарозмуддатро дар бар мегиранд;
5. Зуд бадастории мутобиқшавӣ, сари вақт таъмин намудани самаранокии зиёд ба тағйир додани муҳити беруна ва нишон додани инстиятиви (мақсади) он, ҳамчун намуди идоракунии истеҳсоли ва ба таъмини маҳсулот таъсир мерасонад.
3. Намудҳои маркетинг
Аз соҳаи истифодабарии тадқиқотбарии маркетингӣ намудҳои зерини маркетингро ҷудо менамоем:

Маркетинги дохилӣ, ки ҳангоми фурўши мол ва хизматрасониҳои як мамлакат истифода мешавад;
Маркетинги содиротӣ дар омўзиши бозорҳои фурўши ҳориҷӣ асос меёбад. Мақсади маркетинги содиротӣ фурўхтани мол дар бозорҳои беруна мебошад;
Маркетинги воридотӣ-ин тадқиқотбарии бозори дохилӣ барои таъминоти самараноки хариди мол аз бозори беруна ва фурўши он дар бозори дохилӣ мебошад;
Маркетинги илмӣ-техникӣ ин харидани патентҳо, литсензияҳо ва ғайраҳо мебошад, ки омўзиши самтҳои инкишофи пешрафти илмӣ-техникиро талаб менамояд;
Маркетинги молӣ – дар тадқиқотбарии муфассал ва хусусияти ташкили фурўшҳои пурсамар вобаста аз намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳо асос меёбад;
Маркетинги байналхалқӣ аз тарафи ширкатҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад ва бозорҳои мамлакатҳоро дар бар мегирад.
Вобаста аз намуди мол 3 модели маркетингро ҷудо менамоянд:

Маркетинги молҳои истеъмолӣ;
Маркетинги воситаҳои истеҳсолӣ;
Маркетинги хизматрасонӣ.
Сараввал маркетинги молҳои истеъмолӣ бавуҷуд омад, ки хусусияти нигаронии тамоми системаи истеҳсолӣ-фурўшии корҳонаро дошта, дар истифодабарии комёбиҳои навини технологӣ барои офариниши моделҳои нави маҳсулот, ки метавонанд талаботҳои гуногунро қонеъ гардонанд дар бар мегиранд.
Тағийрёбии талаботи фармоишгар назар ба бозорҳои молҳои истеъмолӣ бо суръати пасттар ба амал меояд. Аз ин рў, системаи маркетинг бо модели 2-юм инкишоф меёбад. Қайд намудан зарур аст, ки хусусияти маркетинги воситаҳои истеҳсолӣ дар он асос меёбад, ки он ба ҷустуҷўи қарорҳои нави истеҳсолӣ равона мебошад.
Маркетинги хизматрасонӣ ягон моделро ташаккул надода, ба маркетинги хизматрасониҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ тақсим мешавад.
Инчунин маркетинги «латериальный» ва вертикалӣ муҳим мебошад. Ҷараёни маркетинги вертикалӣ ин муайян намудани бозор барои муҳаё сохтани бартариятҳои рақобат пазир ба ҳисоб меравад.
Маркетинги «латериальный» – ин идомасозии маркетинги вертикалӣ мебошад. Он ҷустуҷўи имкониятҳои навин бо роҳи азнавгардонии ахбороти мавҷудбуда мебошад. Аз тарафи фирмаҳо ва корҳонаҳо истифодабарии ҷараёнҳои ҷустуҷў ва коркарди ақидаҳои навро усули маркетинги «латериальный» меноманд. Бартарияти ин усул дар он асос меёбад, ки ба ҷои забт намудани ягон қисми бозор, он худаш бозори навро ташкил медиҳад. Ҷараёни маркетинги «латериалӣ» бозори ин ё он мол ва хизматрасониҳоро васеъ намуда, имкониятҳои нави истеъмоли онро
8
инкишоф медиҳад. Масалан, шоколади «KinderSurprise», ки имконияти бо он бозӣ карданро дорад (дар дохили он бозичаҳо мавҷуданд), аз кофеҳои дохили қутичаҳо гузариш ба пакетҳо ё баъдтар ба пакетҳои 3-таркиба, (яъне дар 1пакет шакар, кафе, шир ва ғайра).
Дар шароити муосир барои ғанӣ гардонидани бозор ва пайдо гардидани молҳои навбаромад, аҳамияти муҳим ва саривақтаи ҷараёни муосири офариниши молҳои навбаромад, ҷустуҷўи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи маркетинги «латериальный» мебошад. Чи хеле, ки маълум аст ба фирма ва корҳонаҳо барои инкишофи минбаъда, истеҳсоли молҳои навбаромад зарур мебошад. Қисми зиёди ин молҳо намуди такмилёфтаи маҳсулот буда, метавонад бо ҳаҷм, борпеч, ранг, бўй ва ғайра фарқ кунад. Сарчашмаи ин стратегия – сегментатсиякунӣ ё тафаккури вертикалӣ мебошад.
Маркетологҳо дар назарияҳои нав барои офариниши молҳои нав ва хизматрасониҳо эҳтиёҷот доранд, ки сипас ба бозорҳои нав оварда мерасонад. Молҳои бо чунин тарз коркард шуда, метавонад имконияти фоидаи зиёдро орад, вале таваккал низ дар ин сурат меафзояд. Қайд намудан зарур аст, ки сарчашмаи ин намуди стратегия – тафаккури маркетинги «латериальный» буда, сохтори аниқ ва ҷараёнҳоеро истифода мебарад, ки метавонад маданияти навъоварии корҳона гардад. Ҳамин тавр, тафаккури моддӣ (латериалы) ба тамоми корҳонаҳо баён гардида, чун назарияи ақидаҳо ва мушкилотҳоро ҳал мекунад ва он ба афзудани шумораи навъоварон-офарандагони бозор оварда мерасонад, ки ин ҳаёти ҳақиқӣ ин дорои дурнамои аниқ мебошад.
Маркетинги «латериальный» – маркетинги вертикалиро пайхас намуда, онро идома медиҳад. Он имконият медиҳад, ки истеъмолкунандагони интиҳобшуда, истеъмолкунандагони мақсаднок, воситаҳои истифодабарии вазъият ва нишонҳо барои ақидаҳои нав истифода гарданд.
Маркетинги «латериальный» ба маркетологгҳо имкон медиҳад функсияҳои эҷодкориро иҷро намояд. Ҷараёни маркетинги латералӣ самти навро кушода, маркетинги вертикалӣ дар як самт ҳаракат кунад, дар ҳолате, ки маркетинги вертикалӣ метавонад фавран ба дигар категорияҳои мол ва хизматрасониҳо гузашта, имконияти забт намудни ақидаҳои навро ва ҳавасмандгардонии тағиротҳоро орад. Маркетинги латериалӣ дар ҷустуҷўи имкониятҳои нав бо роҳи мубодилаи якка бар талабот ва ба дигар воситаҳои истифодабарии истеъмолкунандагони мақсаднок ва ғайра асос меёбад. Ин намуди маркетинг ягон ақидаи имконпазирро сарфи назар намекунад ва онро мо метавонем дар истеҳсоли маҳсулоти нав истифода барем.
Даршароити муосир маркетинг мавқеъи худро доро буда, аз моҳияти талаботҳои маҷмўи харидорони дар сегменти бозори интиҳоб шуда оғоз меёбад.
Ширкатҳои ба бозор нигаронидашуда доимо роҳи ҳали масъалаҳои зеринро меҷўянд ба монанди: чигуна он (мол) арзон буда метавонад ва ё имконияти (бо бартарият нисбати рақиб) қонеъ намудани эҳтиёҷоти
9
вуҷуддоштаи истеъмолгарон ва ё ҳал намудани муаммоҳои талабгории дар он нуҳуфта мавҷуд аст ё не.
Тафаккури маркетингӣ на танҳо таалуқ ба як ё якчанд шахс дар ташкилот дорад, балки он гузориш ва намоиш эҷод мекунад, ки минталитет ва кордонӣ ҳамаи хизматчиёнро муайян созад. Сухан дар хусуси на танҳо оиди фурўш ва истеҳсоли маҳсулот меравад, балки ҳаммаи ташкилотҳо ва фирмаҳо дар якҷоягӣ бо дарҳости бозори муосир бояд фаъолияти онҳо бо харидорон, рақибону омўзиши онҳо нигаронид шуда бошад.
Аз як тараф маркетинг вазифаи муайяннамоии аниқ – фурўши маҳсулоти истеҳсолшударо таъмин намояд аз тарафи дигар он функсияи ниҳоятан муҳимро ба монанди дарёфт кардани ҳали масъалаҳои рақобатпазирӣ, проплемаи харидорӣ дар соҳаи интиҳобшудаи фаъолияти ҳоҷагтдорӣ ва дар ҳолатҳои зарури ноил шудан ба натиҷаи дилҳоҳ дар ин соҳаҳо, ҳамчунин таъмини интиҳоби бозорӣ (яъне ба харидорон ва рақибон), ва мутобиқсозии ҳаммаи қисмҳои алоҳидаи ташкилот ё фирмаро дар бар иегирад.
Консепсияи маркетинг бояд дар як нақшаи стратегӣ ҳаммаи самтҳои харидорон ва рақибонро мутаҳид созад. Дар барномаи маркетингӣ чорабиниҳои махсусе бояд ташкил карда шавад, ки иструментҳои (элементҳои) маркетингии якдигариашонро такмилдода тавонанд ва бояд ба мақсади гузошташуда равона равона карда шаванд, инчунин мувофиқнамоии онҳо бо дигар зерсохторҳо зарур мебошад.
Омўзиши доимии проблемаи талаботӣ дар якҷояги бо имкониятҳои нави технологӣ, овардани моли намудаш тамоман нав, ва дорои бартариятҳои рақобатнокӣ дошта самараи хуб медиҳад.
Мисол, бо пайвастшавии Интернет талабот оиди хизматрасонии веб – шабакаҳо (веб – сайтов) пайдо мешавад. Дар ҳолати кушодани хизматрасонии лазерӣ, талабот ба технологияи нави истифодабарии он ба вуҷуд меяод ва ғайра. Рақобати маркетингӣ бояд дар секунҷаи стратегӣ, яъне дар сатҳи талабгорон – корҳона – рақибон, сурат мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.