Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Мохият ва мақсади маркетинг

Дар адабиёт мафҳумҳои гуногуни маркетинг оварда мешаванд. Худи ибораи «маркетинг» аз калимаи англисии «market» (бозор) гирифта шуда, фаъолият дар соҳаи бозор ва фурўшро мефаҳмонад. Зери мафҳуми маркетинг дар аввал фурўш ва ҳавасмандкунӣ, сипас- омўзиши талаботи бозор фаҳмида мешуд, зеро пештар шиори асосӣ «фурўхтани тамоми чизи истеҳсолшуда» ба ҳисоб мерафт.
Дар адабиёт мафҳумҳои гуногуни маркетинг оварда мешаванд. Худи ибораи «маркетинг» аз калимаи англисии «market» (бозор) гирифта шуда, фаъолият дар соҳаи бозор ва фурўшро мефаҳмонад. Зери мафҳуми маркетинг дар аввал фурўш ва ҳавасмандкунӣ, сипас- омўзиши талаботи бозор фаҳмида мешуд, зеро пештар шиори асосӣ «фурўхтани тамоми чизи истеҳсолшуда» ба ҳисоб мерафт. Баъдтар бо сабаби омўзиши дарҳостҳои истеҳсолкунандагон сатҳи нарх, рақобатнокӣ дар бозори фурўш ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки давраи маҷмўи маҳсулоти истеҳсолшударо тағйир дода, молҳои рақобатпазирро истеҳсол намоянд, технологияҳои навро истифода баранд, каналҳои муосири фурўшро ба воситаи рекламаи самаранок ташкил намоянд ва ғайра. Тадриҷан шиорҳои асосӣ «истеҳсоли чизҳои харидоришаванда», «на маҳсулоти худ, балки харидори худро дўст дор» ва ғайраҳо ба сафи пеш мебароянд.

Мақсади маркетингро чӣ тавре, ки яке аз назариётчии соҳаи идоракунӣ Петер Друккер қайд мекунад, бекор кардани кўшишҳо оид ба фурўш мебошад. Мақсади он инчунин хуб дарк намудан ва фаҳмидани мизоҷ мебошад, ки маҳсулот ё хизматрасонӣ мувофиқи табъи ў гардида, худаш худро фурўхта тавонад. Маркетинг аз омўзиши эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон оғоз мегардад. Аммо аксар вақт дар шароити ҳозира бисёр аз истеҳсолкунадагон диққати худро на ба талабот, балки ба фурўши маҳсулоти худ ҷалб менамоянд.

Ҳамин тавр Филипп Котлер чунин меҳисобад, ки маркетинг – ин намуди фаъолияти инсонӣ буда, ба қонеъгардонии эҳтиёҷот ва талабот ба воситаи мубодила равона карда шудааст. Маркетинг консепсияи махсуси идоракунӣ ҳисоб ёфта, зери итоати фурўши самараноки маҳсулот чӣ дар бозорҳои дохилӣ ва чӣ дар бозорҳои беруна мебошад?

Маркетинг инчунин системаи ташкил ва идоракунии тамоми паҳлуҳои фаъолияти амалии корҳона мебошад. Аз ишоратҳои аввалин лоиҳа ва технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти нав то расонидани он ба харидор ва хизматрасонӣ баъди фурўши он. Бо шарофати маркетинг корҳона талаботҳои харидоронро ошкор намуда, қобилияти харидории онҳоро ба талаботи мушаххас ба мол ё хизматрасонӣ ташаккул медиҳад ва бо ин восита робитаи устувори харидор ва фурўшанда ба вуҷуд меояд.

Аз рўи мундарниҷаи иқтисодии худ маркетингро ҳамчун ташкили комплексии фаъолияти истеҳсоли фурўши корҳона маънидод кардан мумкин мебошад, ки ба таъмини фурўши самараноки маҳсулот равона карда шудааст. Дар ҳар сурат моҳияти маркетинг бо чунин мафҳумҳо, чун эҳтиёҷот, талабот, мубодила, харидуфурўш, нарх ва бозор алоқамандии зич дорад.Чӣ хеле, ки маълум аст эҳтиёҷот-ин аз тарафи инсон ҳис кардани нарасидани ягон чиз мебошад. Талабот-эҳтиёҷотест, ки шакли махсусро мутобиқи дараҷаи маданӣ ва шахсияти инсон мегирад. Дарҳост-ин талаботест, ки бо қобилияти харидорӣ қувват гирифтааст. Мол-ин чизест, ки метавонад талабот ё эҳтиёҷотро қонеъ гардонад ва ба бозор бо мақсади ҷалбнамоии диққати харидор пешниҳод мегардад. Мол эҳтиёҷотро қонеъ мегардонад. Мубодила-ин ба даст овардани объект ба ивази ягон объекти дигар (мол ё хизматрасонӣ) мебошад. Харидуфурўш-ин мубодилаи тиҷоратии арзишдори байни ду нафар мебошад. Бозор-маҷмўи харидории мавҷуда ва имконпазири мол мебошад. Ҳамин тавр маркетинг ин фаъолияти гурўҳест, ки асосан ба бозор муносибат дорад.

Азбаски маркетинг бо харидорон сару кор дорад, аз вай талабот ба вуҷуд меояд. Азбаски талабот мафҳуми марказии маркетинг ба ҳисоб меравад, аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти маркетингӣ дар пешбини намудани талабот, қонеъ намудан ва идоракунии он асос меёбад. Идоракунии талабот-ин ташаккули ҳоҳиши истеъмолкунандагон барои харидори мол ва танзими талабот мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.