Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Макромухити маркетинги

Макромуҳити маркетингӣ. Макро муҳити маркетингӣ гуфта, ин гурўҳи омилҳои танзимшавандаеро меноманд, ки ба унсурҳои низоми маркетингӣ бавоситаи унсурҳои микромуҳити он, таъсири худро мерасонад.Макромуҳити маркетингӣ. Макро муҳити маркетингӣ гуфта, ин гурўҳи омилҳои танзимшавандаеро меноманд, ки ба унсурҳои низоми маркетингӣ бавоситаи унсурҳои микромуҳити он, таъсири худро мерасонад. Омилҳои асосии таъсиррасонандаи макромуҳити маркетингӣ инҳо мебошанд:
1. Муҳити иқтисодӣ, ки сатҳи инкишофи иқтисодии ҷумҳурӣ ва нархҳои дар бозори дохили амалкунанда, дараҷаи бекорӣ, ҳаҷми пасандозҳои мардум, дараҷаи инфилатсия, дастраси оммавии қарздиҳӣ, ҳаддӣ назораткардашавандаи музди меҳнат ва дигар омилҳоро дар бар мегирад. Мисол, озодшавии нархҳои маводи хўрока ба хусусияти тақсимоти даромад ва таркиби истеъмоли мардум таъсиррасонида, дар навбати худ фаъолияти тавлидотию молявии корҳонаҳоро муйян менамояд.
2. Муҳити ҳуқуқӣ. Он маҷмўи қонунҳои амалкунандаеро, ки фаъолияти маркетингиро танзим менамояд, дар бар мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя набудани низоми инкишофёфтаи ҳуқуқӣ хусусӣ, сиёсати хусусигардонӣ ва ғайри давлатигардонии моликият бо ҷараёни суст гузашта истодааст, ки ин монеа ба инкишофи соҳибкорӣ мебошад.
3. Муҳити сиёсӣ. Азбаски сиёсат ифодаи якҷоякардашудаи иқтисод мебошад пас он нақши муҳимро дар инкишофи сиёсати маркетингӣ мебозад. Ваҳдати иқтисодӣ байни ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мардумӣ омили амалкунандаи инкишофи бизнес дар Тоҷикистон аст.
4. Муҳити демографӣ, ки омилҳои гуногуни тавлиди кўдак, оиладорӣ, маълумотноки ва ғайраро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати афзоиши аҳолиаш дар байни давлатои ИДМ яке аз ҷоёҳои намоёнро ишғол мекунад. Ин хусусияти демографӣ ба фаъолияти маркетингӣ бетаъсир намемонад. Дар натиҷаи маҳдуднамудани истеҳсоли либосу пойафзол, маводи хўрокаи кўдакон ва баландбардории нархи онҳо, норизогии мардум афзуданаш мумкин аст.
5. Муҳити фарҳангӣ, ки дар тарзи хўрокхўрию либоспўшӣ, расму маросимҳо, тўю маъракаҳо ва ғайра зоҳир мегардад. Мисол, мардуми тҷик хўроки асосиро бегоҳ истеъмол мекунанд ва маблағи худро бештар брои хариди маводи тўю анъанаҳои миллӣ сарф мекунанд, ки ин хусусияти миллиро соҳибкорон бояд ба эътибор гирифта амал кунанд.
6. Муҳити динӣ, ки қоидаву қонунҳои шариатро дар бар гирифта, ба рафтору кирдори соҳибкорон таъсири худро мерасонад. Мисол соҳибкоре, ки ба гўштфурўшӣ дар муҳити зисти мусулмонӣ машғул аст, ҳеҷ гоҳ гўшти хукро барои фурўш пешниҳод намекунад ва дар вақти хун кардани гову гўсфандон ҳатман мавқеи қибларо ишғол менамояд.
7. Муҳити табиӣ, ки бойгариҳои зери заминӣ, обу ҳаво, мавқеи ҷуғрофӣ ва дигар омилҳои ба он монандро дар бар мегирад. Мисол дар ҷумҳуриамон дар як сол қариб 300 рўзи офтобист, ки ин имконияти фароҳамро барои инкишофи бизнеси индустрияи (саноатӣ) саёҳатӣ дар баҳри тоҷики Қайроққум ва деҳаҳои Варзобу Ромиту Алмосию Помир медиҳад. Ва инчунин соҳибкори аграрӣ (кишоварз) дар як сол метавонад ду-се ҳосил гирад.
Макромуҳит – бошад маҷмуи омилҳоеро дар бар мегирад, ки ба фаъолияти ширкат таъсир мерасонад, вале ширкат қобилияти идоранамоии онро надорад. Ба макромуҳит дохил мешавад:
— муҳити сиёсӣ
— муҳити табии
— муҳити демографӣ
— муҳити динӣ
— муҳити фарҳангӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.