Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Тадқиқи мархилавии бозори байналмиллали

Дар давраи якум ошкорсозии муамо ва масъалагузории дақиқи мақсади гузаронидани тадқиқот ба амал меояд.1. Тадқиқоти дастрасии бозор (ин тадкиқот бо усули идорӣ гузаронида мешавад).
2. Тадкиқоти фоиданокии бозорҳо (тадқиқоти идории ҳолати нархҳо гузаронида мешавад).
3. Тадқиқоти ҳаҷми бозор (тадқиқоти идории шумораи кормандон ва даромадҳои онҳо, муайянкунии ҳиссаи хароҷотҳо аз руи моли худ).

Марҳилаи 1-3 дар дохили кишвар анҷом дода мешавад
4. Тадқиқотҳои идорӣ дар ҳориҷ бо мақсади аниқ намудани фарзияҳои дар марҳилаҳои пешина гузаронидашуда.
5. Омўзиши бевоситаи бозорҳо дар ҳориҷ (тадқиқотҳои саҳроӣ).
6. Тадқиқотҳои аввалияи саҳроӣ (бо интиҳоби истеъмолкунандагон).
7. Тадқиқотҳои муҳими саҳроӣ.

Марҳилаи 4-7 дар ҳориҷ гузаронида мешавад
8. Таҳияи нақшаи маркетинг.
9. Воридшавӣ ба бозор.
Дар мавриди барпо намудани алоқаи тулонӣ бо шарикони ҳориҷӣ таҳлилӣ конюктураи бозор ҳатмист.
Пешгуии конъюнктураи бозор – ин функсияи як қатор омилҳо мебошад:
>пешгуии конюктураи умумиҳоҷагӣ
>пешгўии ҳолатӣ асъории кишвар
>пешгуии мутаносибии тақозо ва арза
Ҳангоми пешгўии маҷмўи тақозо чунин ҷиҳатҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:
>пешгўии ҳаҷми истеъмоли молҳо
>пешгўии харидҳои давлатӣ барои захира
>пешгўии динамика захираҳои истеъмолкунандагон
Пешгўии арза дар бар мегира:
>пешгўии истеҳсолот
>пешгўии динамика захираҳои истеҳсолкунандагон
>пешгўии пешниҳоди молҳо аз ҳисоби захираҳои давлатӣ
Ҳангоми пешгўии тақозо чунин ҷиҳатҳо ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд:
>пешгўи аз руи соҳаҳои нави истеъмолӣ
>пешгўии рақобати молҳои якдигарро ивазкунанда
Новобаста аз гуногуншаклии гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ аз ҷониби фирмаҳо, дастури умумии муайян намудани гузаронидани он мавҷуд аст.
Раванди гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ дар ҳама ҳолатҳоаз 5 давраи асосӣ иборат мебошад:

Ошкор намудани муамо ва муайян намудани мақсади тадқиқот.
Интиҳоби сарчашмаҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбороти дуюминдараҷаи маркетингӣ.
Банақшагирӣ ва ташкили ҷамъоварии ахбороти аввалиндараҷа
Банизомдарорӣ ва таҳлили ахбороти ҷамъовардашуда.
Пешниҳоди натиҷаҳои бадастомадаи тадқиқотӣ.
Дар давраи якум ошкорсозии муамо ва масъалагузории дақиқи мақсади гузаронидани тадқиқот ба амал меояд.
Давраи дуюм – коркарди нақшаи ҷамъоварии ахборот бо истифода аз малумотҳои аввалиндарача ва дуюмдараҷа. Ҷамъоварии маълумотҳои аввалиндараҷа интиҳоби усулҳои тадқиқот (мушоҳида, фокус – гурўҳ, таҷриба, пурсиш), тайёр намудани воситаҳои тадқиқот (анкетаҳо, аудио ва видеотехника), ташкили нақшаи интиҳоб (воҳиди интиҳоб, ҳаҷми интиҳоб, тартиби интиҳоб) ва интиҳоби шакли алоқа бо аудитория (телефон, почта, мусоҳибаи шахсӣ) – ро талаб менамояд.
Давраи сеюм – ҷамъоварии ахборот бо ёрии тадқиқотҳои беруниидоравӣ ё тадқиқотҳои атрофӣ.
Давраи чорум – тахлили маълумотҳои ҷамъовардашуда барои хулосабарори аз маълумотҳои бадастомадаи сатҳи миёнаи нишондиҳандаҳо, таркибдиҳандаҳои тағйирёбанда ва ошкор намудани намудҳои гонуни алоқаҳои дутарафа.
Давраи панҷум – пешниҳоди натиҷаҳои асосӣ, ки ба роҳбар имкон медихад қарорҳои пурсамари маркетингӣ қабул намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.