Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ЗАҲРОЛУДӣ

ЗАҲРОЛУДӣ (Intoxicatio), беморие, ки аз таъсири заҳрҳо ба вуҷуд меояд. З.-и шадид дар натиҷаи ба организми одам роҳ ёфтани моддаҳои химиявии таъсирашон гуногун сар мезанад. Дар натиҷаи он функсияҳои ҳаётан муҳимми организм халалдор шуда, ба ҳаёт хавфи ҷиддӣ таҳдид мекунад.ЗАҲРОЛУДӣ (Intoxicatio), беморие, ки аз таъсири заҳрҳо ба вуҷуд меояд. З.-и шадид дар натиҷаи ба организми одам роҳ ёфтани моддаҳои химиявии таъсирашон гуногун сар мезанад. Дар натиҷаи он функсияҳои ҳаётан муҳимми организм халалдор шуда, ба ҳаёт хавфи ҷиддӣ таҳдид мекунад. Аз таҷриба маълум аст, ки истеъмоли аксар доруҳои химиявӣ фаъолияти бинобар бемориҳо халалёфтаи организмро барқарор мекунанд, яъне хосияти муолиҷавӣ доранд. Дар айни ҳол истеъмоли зиёди чунин доруҳо бисёр вақт заҳрнок аст. Ҳамин тавр, як моддаи химиявӣ вобаста ба таъсир метавонад ҳам заҳр бошад ва ҳам дору. Ин хосияти пайвастҳои химиявӣ чун Януси дурӯя (худои юнониҳои қадим) ягонагии ду қувваи муқобил – некӣ ва бадӣ, зиндагӣ ва маргро таҷассум мекунад.
Вобаста ба вазъияте, ки заҳролудии шадидро ба амал меоварад, З. тасодуфӣ ва ғаразнок мешавад. З.-и тасодуфӣ бисёр ба мушоҳида мерасад. Мас., аз меъёр зиёд истеъмол кардани дорувор (хусусан ҳангоми худтабобат), спирти этил ва арақҳои дастӣ (ниг. Мастӣ), саҳван ба ҷои дору ё машрубот истеъмол намудани моддаҳои химиявӣ ва ғ. З.-и ғаразнок камтар вомехӯрад, лекин он хеле вазнин мегузарад, чунки дар ин ҳолатҳо, одатан, пешакӣ дониста истода, меъёри зиёди заҳри барои худкушӣ таъиншударо истеъмол мекунанд. Ин ҳолат З.-и суисидӣ ном дорад ва аз тарафи одамони гирифтори бемории рӯҳӣ ё ашхоси ҳардамхаёл содир мегардад.
З.-и шадид маишӣ ва истеҳсолӣ мешавад. З.-и маишӣ бештар аз моддаҳои гуногуни химиявӣ рӯй медиҳанд, ки ба сифати дору ва воситаҳои химияи маишӣ дар хона нигоҳ дошта мешаванд.
Ба туфайли дастовардҳои гигиенаи саноат ва назорати тиббӣ З.-и истеҳсолӣ дар корхонаҳои химиявӣ ва лабораторияҳо, ки дар натиҷаи садама ва риоя накардани техникаи бехатарӣ ба амал меомад, тадриҷан кам шудааст.
З.-и шадид аз ҷиҳати тарзи ба организм роҳ ёфтани моддаҳои заҳрнок низ фарқ мекунад. Бештар З.-и ғизоӣ маъмул аст, ки он дар натиҷаи аз даҳон ба роҳи ҳозима ва сипас ба қадри ҳол ба хун ворид шудани заҳр сар мезанад. Заҳр бо роҳи нафас (ҳангоми нафасгирии буғи моддаҳои заҳрнок), тавассути пӯст (ҳангоми ворид шудани заҳр ба организм аз пӯсти урён), ҳамчунин аз ковокиҳои бадан (бинӣ, гӯш, бачадон ва ғ.) низ метавонад дохил шавад. Ва ниҳоят, З. аз тазриқ, ки дар натиҷаи бевосита ба бофтаҳо ё маҷрои хун бо шпритс гузаронидани маҳлули моддаҳои заҳрнок ё худ ҳангоми газидани ҳашароти заҳрнок ё мор ба амал меояд.
Моддаҳои химиявие, ки боиси З.-и шадид мегарданд, хеле зиёданд: доруворие, ки баҳри муолиҷа истифода мешаванду миқдори хеле зиёди онҳо хосияти заҳрӣ доранд; воситаҳои химиявие, ки дар рӯзгор, хоҷагӣ, ҳамчунин бо мақсади беҳдошти шахсӣ ва косметикӣ кор фармуда мешаванд; ҳар гуна моддаҳои заҳрноке, ки бар зидди ҳашароти зараррасон истифода мегарданд; маводи химиявӣ; заҳрҳои химияи ҳарбӣ; заҳрҳои гуногуни ҳайвонот ва растаниҳо, ки одамон барои тайёр намудани дору кор мефармоянд.
Таъсири заҳрнокии ҳамаи ин моддаҳо ба организм гуногун аст. Вобаста ба ин онҳо ба заҳрҳои ангезанда, сӯзонанда, маддаовар, буғикунанда, хобовар, ихтилоҷӣ ва ғ. тақсим мешаванд. Аксарияти онҳо, сарфи назар аз меъёр ва тарзи роҳ ёфтанашон ба организм, дорои таъсири интихобӣ мебошанд, яъне фақат ба ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои муайян зарар мерасонанд. Вобаста ба ин хосият заҳрҳо гуногун мешаванд: заҳрҳои хун, ки асосан ба ҳуҷайраҳои хун таъсир мерасонанд (гази карбон, селитра ва ғ.); заҳрҳои асаб, ки боиси ихтилоли ҳуҷайраҳои системаи асабҳои марказӣ ва асабҳои канорӣ мегарданд (алкуҳул, доруҳои хобовар ва ғ.); заҳри гурдаю ҷигар, ки кори узвҳои мазкурро хароб мекунанд (пайвастҳои металлҳои вазнин, заҳри баъзе занбӯруғҳо ва ғ.); заҳри дил, ки аз таъсири он кори дил вайрон мешавад (заҳри баъзе растаниҳо аз гурӯҳи алкалоидҳо); заҳри меъдаю рӯдаҳо (маҳлули ғализи кислотаю ишқорҳо).

Гуногунии моддаҳои заҳрӣ ва тарзи таъсири онҳо ба организм ташхис, муолиҷаи саривақтӣ ва пешгирии З.-и шадидро душвор мегардонад.
Солҳои охир масъалаи З.-и шадид ба миён омадааст. Сабаби ин дар муҳити зист захира шудани миқдори зиёди моддаҳои химиявӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мамолики Европа аз ҳар ҳазор наф. аҳолӣ 1 наф. бо З.-и шадид ба бемористон хобонда шуда, бештар аз 1%-и онҳо мемиранд. Шумораи умумии одамоне, ки аз З.-и шадид фавтидаанд аз шумораи умумии дар фалокати нақлиёт фавтидагон чанд маротиба зиёд аст. Афзоиши доимии теъдоди З.-и шадид дар байни атфол боиси ташвиши табибон гаштааст.
Сабабҳои З.-и шадидро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: субъективӣ (бевосита ба рафтори шахси осебдида вобаста аст) ва объективӣ (мӯҷиби он «вазъияти заҳролудӣ»-и мушаххас мебошад). Аммо дар ҳамаи ҳолатҳои З.-и шадид аз моддаҳои химиявӣ, одатан, таъсири ҳар ду сабабро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар байни сабабҳои субъективие, ки афзоиши З.-ро муайян месозанд, бешубҳа, ноҷӯриҳои ҳаёти имрӯза мавқеъи хос доранд. Чунки онҳо дар баъзе одамон истеъмоли доимии доруҳои таскинбахшро тақозо мекунанд. Афзудани истеҳсоли воситаҳои химиявии рӯзгор ва рекламаи ҳаррӯзаи онҳо низ дар канор нест. Дар байни сабабҳои субъективии З.-и шадид суйиистеъмоли шароб ва мароқи носолим ба истеъмоли васоити мухаддир (ниг. Нашъамандӣ) ҷои махсусро ишғол мекунанд. Нисфи зиёди З.-и тасодуфӣ дар ҳолати мастӣ аз алкуҳул рӯй медиҳад. Хатари ҳақиқии З.-и шадид ҳангоми худтабобат ба миён меояд. Дар байни сабабҳои субъективии З. истифодаи аз меъёр зиёди доруҳои гуногун, ҳамчунин моддаҳои химиявӣ аз ҷониби занҳо (барои исқоти ҳамл) ва мардон (ҳангоми дар хона муолиҷа намудани майпарастӣ) мавқеъи намоёнро ишғол мекунанд.
З.-и кӯдакон, одатан, аз беназорат нигоҳ доштани доруҳо ва моддаҳои химиявӣ дар хона рух менамояд. Кӯдакони беназорат (махсусан синни 3 – 5-сола) ба ҷои витамин ва хӯрокворӣ метавонанд саҳван моддаҳои заҳрнокро истеъмол намоянд.
Солҳои охир З. аз ҷавҳари сирко, спирти навшодир (аз сабаби истифодаи фаровони онҳо дар рӯзгор), доруҳои гуногун (асосан хобовар, ки барои худтабобат кор мефармоянд), машруботи спиртӣ ва доруҳои кишоварзӣ бештар мушоҳида мешавад.
Афзоиши З.-и шадид боиси дастраси аҳолӣ (аз ҷумла кормандони соҳаи тиб) гардондани маълумот дар бораи хосиятҳои заҳрноки моддаҳои гуногуни химиявӣ, махсусан доруҳои нав ва воситаҳои химиявии рӯзгор, инчунин ташкили ёрии тиббии махсус ба зарардидагон шуд. Масъалаҳои мазкур бомуваффақият ҳалли худро меёбанд. Дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон марказҳои муолиҷаи З.-и шадид мавҷуданд, ки барои ташхиси фаврӣ (муайян намудани заҳр дар хун, пешоб ва ғ.) ва табобати З. аз усулҳои замонавии муолиҷа («гардаи сунъӣ», «ҷигари сунъӣ» ва ғ.) истифода мебаранд. Марказҳои номбурда дар соҳаи токсикологияи клиникӣ (илми махсус оид ба заҳршиносӣ), ки масоили З.-и шадидро меомӯзад, пажӯҳишҳо мегузаронанд. Инчунин ба ҳамаи духтурон, ки роҷеъ ба масоили ташхис ва муолиҷаи З.-и шадид мӯҳтоҷи ахбори иловагианд, ба тавассути телефон маслиҳату ёрӣ медиҳанд.
Ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки баъзе бемориҳо, мас., сактаи дил, сактаи мағзи сар (махсусан дар одамони солхӯрда) метавонанд пайваста бо аломатҳои З. (дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай, заъф) ҷараён гиранд. Чунин аломатҳо ҳангоми аппендитсити шадид, инсидоди рӯдаҳо, энтерит (ниг. Гастроэнтероколит) ва диг. бемориҳо низ мушоҳида мешаванд. Шустани меъда ва истифодаи намакҳои мусҳил ҳангоми бемориҳои мазкур мумкин аст оризаи ногувор ба вуҷуд орад. Бинобар ин то омадани духтур андешидани тадбирҳо оид ба ёрии таъҷилӣ дар он сурат ҷоиз аст, ки агар ба З.-и бемор бовари комил ҳосил шуда бошад. Усулҳои умумии пешгирии З.-и шадид чунинанд:
1. Худмуолиҷа – хатарест, ки ҳар шахс метавонад ихтиёрӣ худро ба он гирифтор кунад, яъне ягон доруи номаълумро хӯрад ё марҳами номаълумро бе маслиҳати духтур ё корманди миёнаи тиб (танҳо бо тавсияи корманди тиб, на бо маслиҳати «шиноси доно» ё ҳамсояи наздик) ба пӯст молад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар доруи химиявӣ метавонад ҳам даво ва ҳам заҳр бошад; саҳв кардан дар меъёр ва таъиноти он баъзан ба худкушии ғаразнок баробар аст.
2. Дуруст нигоҳ доштани доруҳо дар доруқуттӣ – беҳтарин «позаҳри» заҳролудии кӯдакон аз доруҳост. Дар доруқуттӣ бояд фақат доруҳои ёрии аввалин ва барои муолиҷаи амрозе, ки дар айни ҳол ҷараён дорад, маҳфуз бошад. Нигоҳ доштани доруи бе навиштаҷот ё дар лифофа ва ҷогаҳи дигар гирифтани он тамоман норавост. Ҳама намуди доруро дар ҷойи барои атфол дастнорас, беҳтараш дар қуттиҳои қулфдор ва дуртар аз дигар химикатҳои рӯзгор (моеъҳо ва хокаҳои шустушӯ, инсектисидҳо ва ғ.) бояд нигоҳ дошт.
3. Дастури истифодаи доруҳои химиявии рӯзгорро қатъӣ бояд риоя кард. Онҳоро алоҳида, ба қадри имкон берун аз хона ва дур аз хӯрокворӣ нигоҳ доштан лозим аст. Ҳар як дору бояд тамғакоғази аниқ дошта бошад. Маҳлули васоити химиявии рӯзгор (хусусан инсектисидҳои моеъ)-ро барои пешгирии саҳван нӯшидани онҳо ба шишаҳои май ё пиво рехтан манъ аст.
4. Ҷамъоварии занбӯруғҳо ва ғуҷуммеваҳо дар ҷангал, мисли рафтан ба шикор бо шахсе, ки дар умраш туфангро ба даст нагирифтааст, хатарнок мебошад. Сокинони шаҳр, ки занбӯруғҳо ва ғуҷуммеваҳои хӯрданиро аз заҳрогин фарқ намекунанд, бо истеъмоли ин растаниҳои ношинос ҳаёти худ ва дигаронро зери хавф мегузоранд.
5. Ҳар навъ арақи сунъӣ заҳр аст. Нӯшидани «спирти номаълум» ҳатто аз дасти хеши наздик ё шахси шинос тамоман норавост.
6. Агар ба сифати ғизои тайёр шубҳае пайдо шавад, аз истеъмоли он даст бояд кашид.
7. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ чун қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шахсро аз хавфи сироят ёфтан ва заҳролудӣ эмин медорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.