Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ҒАРҚ ШУДАН

ҒАРҚ ШУДАН, дар об ва баъзе моеъоти дигар фурӯ рафтани одам. Дар натиҷаи Ғ. ш. фаъолияти узвҳои зарурӣ сахт ихтилол меёбад (мас., системаи асаби марказӣ, узвҳои нафас, системаи хунгард ва ғ.). Аксар вақт одамон ҳангоми дар ҷойҳои кушод оббозӣ кардан ғарқ мешаванд. Мувофиқи маълумоти Федератсияи байналхалқии шиноварӣ ҳар сол дар ҷаҳон 250 – 300 ҳаз. наф. одамон, хоса ҷавонон, дар об ғарқ мегарданд.ҒАРҚ ШУДАН, дар об ва баъзе моеъоти дигар фурӯ рафтани одам. Дар натиҷаи Ғ. ш. фаъолияти узвҳои зарурӣ сахт ихтилол меёбад (мас., системаи асаби марказӣ, узвҳои нафас, системаи хунгард ва ғ.). Аксар вақт одамон ҳангоми дар ҷойҳои кушод оббозӣ кардан ғарқ мешаванд. Мувофиқи маълумоти Федератсияи байналхалқии шиноварӣ ҳар сол дар ҷаҳон 250 – 300 ҳаз. наф. одамон, хоса ҷавонон, дар об ғарқ мегарданд.
Сабаби асосии Ғ. ш. тарс мебошад. Тарс, ки боиси ихтилоли вазнини рӯҳӣ ва диг. функсияҳои организм мегардад, бештар на ба хатари ҳақиқӣ, балки ба хатари хаёлӣ ва нобоварӣ ба худ вобаста аст. Одам ҳангоми омӯхтани шиноварӣ худро дар об метавонад озод нигоҳ дорад, ба тахтапушт, паҳлӯ ва шикам шино кунад.
Ҳарорати об ҳам хеле муҳим аст. Оби сард боиси ташаннуҷи рагҳои пӯст ва шуш, кашиши тӯлонии мушакҳои нафас мегардад. Дар натиҷа нафаскашӣ ва фаъолияти дил сахт халал ёфта, ба мағзи сар хун кам меояд, кас аз ҳуш меравад. Дар одами солим низ ҳангоми якбора ба об даромадан мумкин аст ҳолати шок рӯй диҳад (ин боиси зуд ба об ғӯтидан ва баъзан боиси марг мегардад). Чунин ҳодиса на танҳо дар оби хунук (ҳарораташ аз 16 – 180С паст), балки дар оби ҳарораташ нисбатан гарм (22 – 260С) низ ба амал меояд (агар одам дар офбтобрӯя ё аз кори ҷисмонӣ гарм шуда, баъд ба об даромада бошад).
Сабабҳои дигари Ғ. ш.: шино карда натавонистан, хастагӣ, нотобӣ, ҳангоми ба об андохтани худ зарб ёфтан, инчунин ихтилоли кори дил ҳангоми зери об дар чуқурии беш аз 1,5 – 2 м шино кардан (дар ин асно фишори гидростатикии афзоянда ба узвҳои дарун тазйиқ оварда, онҳоро аз ҷояшон баҷо мекунад). Ҳангоми мастӣ низ оббозӣ кардан хавфи зиёд дорад.
Ҷараёни тези об, гирдоб, тӯфон, бархӯрдан ба ашёи гуногун, наботот ва ҳайвоноти обӣ хатари Ғ. ш.-ро зиёд мекунанд.

Обутоби организм ва иродаи қавӣ хавфи Ғ. ш.-ро нафақат дар шароити муқаррарӣ, балки дар шароити фавқуллода низ хеле кам менамояд.
Ғ. ш.-ро шартан ба «ҳақиқӣ», «хушк» (асфиксӣ) ва синкопӣ (иғмоӣ) ҷудо мекунанд. Ҳангоми ғарқшавии «ҳақиқӣ» роҳи нафас ва ҳубобча (алвеолаҳо)-ҳои шуш бо об пур шуда, об ба хун мегузарад ва таносуби намаку оби организм вайрон мешавад. Ба ин ҳолат, одатан, дар оби гарм одамоне, ки рефлекси ҳалқумашон заиф гаштааст, инчунин одамони маст гирифтор мешаванд. Ҳангоми Ғ.-и асфиксӣ дар натиҷаи роҳи нафасро бастани об ва ташаннуҷи устувори ҳалқ норасоии шадиди оксиген рӯй медиҳад. Ба Ғ.-и иғмоӣ ногаҳон аз кор мондани дил сабаб мешавад.
Марг мумкин аст дар ҳама мавридҳо фаро расад, мас., дар аснои ба об ғӯтидан, баъди аз об баровардани одам ё мустақилона баромадани ӯ (дар натиҷаи тағйироти илоҷнопазире, ки дар ҳуҷайраҳои мағзи сар аз сабаби норасоии шадиди оксиген, аз кор мондани дил, варам ва газаки шуш рӯй медиҳад) ва ғ. Барои муайян кардани сабаби марг ва ҳалли баъзе масъалаҳои махсус ҷасади одами ғарқшударо ҳатман аз муоинаи тиббии судӣ мегузаронанд. Аниқ кардани дар кадом вазъият ва чӣ гуна ғарқ шудани одам барои расонидани ёрии аввалин, ки баъзан ҳатто ҳангоми фаро расидани марги клиникӣ ҳам самари хуб медиҳад, хеле муҳим аст.
Барои наҷоти одами ғарқшуда ҳарорати обе, ки ӯ дар он ғарқ шудааст, аҳамияти калон дорад. Дар оби сард ҷисми одами ғарқшуда зуд хунук ва ҷараёни мубодилаи моддаҳо суст шуда, организмро ба норасоии оксиген устувор мегардонад (ин барои реаниматсия шароити мусоид фароҳам меорад).
Шахси ғарқшавандаро аксар шинокунон наҷот додан лозим меояд (ҳангоми набудани воситаҳои наҷотдиҳӣ, дур будан аз бунгоҳи наҷотбахшӣ ва ғ.). Бо ин мақсад наҷотдиҳанда бояд ҳамаи амалиётро зуд ва моҳирона баҷо орад. Аввал қад-қади соҳил то наздикии ҷое, ки одам ғарқ шудааст, давидан лозим аст. Баъд либосҳоро кашида ва зуд ба об даромада, сӯи ғарқшаванда шино бояд кард (ҳангоми шино намудан, қувваи худро низ эҳтиёт кардан лозим аст). Агар ғарқшаванда нопадид шуда бошад, пас ба қаъри об (дар дарё самт ва ҷараёни обро ба назар гирифта) ғӯта задан лозим меояд. Ғарқшавандаро аз даст, зери бағал, ё мӯи сараш дошта, бо ҳаракати пойҳо ё пойҳову як даст рӯи об мебароранд. Агар шахси ғарқшаванда дар рӯи об бошад, пеш аз ҳама ӯро осуда бояд кард. Дар сурати ором нагаштан, беҳтараш, аз қафо шино карда, ба ӯ наздик шудан лозим. Зеро дар чунин лаҳзаҳо ӯ якбора ба шахси наҷотдиҳанда мечаспад (барои наҷот ёфтан, бо ҳамроҳии ӯ каме зери об рафтан лозим, дар ин лаҳза вай аз тарс зуд дастонашро сар медиҳад).
Ба одами ғарқшудае, ки аз об баровардаанд, вобаста ба вазъи ӯ ёрӣ медиҳанд. Агар одам беҳуш нашуда бошад, ӯро таскин дода, либосашро мекашанд, баданашро нағз пок карда, либоси дигар мепӯшонанд; агар аз ҳуш рафта, вале набзаш дар задан бошад ва нафас кашад, ба ӯ спирти навшодирро бӯйонида, сари синаашро луч мекунанд; барои тезонидани нафаскашӣ забони ӯро кам-кам кашидан мумкин аст. Дар сурати кор накардани дил ва нафас накашидани одами ғарқшуда усулҳои оддии реаниматсияро ба кор мебаранд. Пеш аз ҳама зудтар роҳи нафаси ӯро аз об тоза кардан лозим. Барои ин осебдидаро бо шикам ба рӯи зону мехобонанд. Дар ин маврид сари ӯ ба поён овезон шуда, оби роҳи нафас ва меъдааш берун меояд. Баъд даҳони осебдидаро аз рег, лойқа, боқимондаи қай тоза карда, ба ӯ фавран нафаси сунъӣ медиҳанд. Нафасдиҳии «аз даҳон ба даҳон» ва «аз даҳон ба бинӣ» беҳтарин роҳ мебошад. Ҳангоми додани нафаси сунъӣ осебдидаро рӯболо хобонида, сарашро барои ҳар чӣ зиёдтар кушода шудани роҳи нафас ба қафо хам мекунанд. Нафаси сунъиро беҳтараш аз болои дока ё ягон матои нафис бояд дод. Вақти аз даҳон додани нафас, бинӣ ва ҳангоми аз бинӣ додани нафас, даҳони осебдидаро маҳкам карда, манаҳашро пеш мекашанд. Дар аснои додани нафаси сунъӣ дилро масҳ мекунанд, яъне баъди фиристодани ҳар нафас панҷ маротиба сари синаи осебдида зер карда мешавад.
Сарфи назар аз аҳволи одами осебдида бадан, дасту пои ӯро масҳ ва гарм кардан лозим аст.
Ин тадбирҳоро фавран баъди аз об баровардани шахс (дар соҳил, дар заврақ) то омадани духтур ё ба беморхона бурдани ӯ ба ҷо меоранд. Дар беморхона ба осебдида, агар лозим шавад, ба тавассути дастгоҳи махсус нафаси сунъӣ медиҳанд, дилашро масҳ мекунанд, дору мехӯронанд.
Сайёҳон, моҳидорон, хусусан аъзоёни Ҷамъияти аз об наҷотдиҳӣ бояд аз усулҳои ёрии аввалин ба ғарқшудагон огоҳ бошанд.
Барои дар об ғарқ нашудан, ба чунин қоидаҳо риоя кардан лозим аст: бе назорат нагузоштани кӯдакон, аз даруни заврақ, аз болои амад ба об напартофтани худ; дар ҷои мамнӯъ оббозӣ накардан. Дар ҳолати мастӣ, инчунин 1,5 – 2 соат пас аз таом, дар мавриди аз ҳад зиёд хаста ё рӯҳафтода будан оббозӣ кардан ҳаргиз ҷоиз нест. Баъди дар офтобрӯя дуру дароз нишаста гарм шудан, оббозӣ махсусан ба одамони солхӯрда ва гирифтори бемориҳои дилу раг хавфнок аст. Дар ҷои ношинос оббозӣ кардан, хусусан бо сар худро ба об партофтан, хатари калон дорад.

ШОК
ШОК, таассури умумии организм ба ангезиши пурзӯр, махсусан дардовар; бо ихтилоли функсияҳои ҳаётан муҳимми асабия ва ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ, гардиши хун, нафасгирӣ ва мубодилаи моддаҳо ҷараён меёбад.
Ш.-и садамотӣ бештар дар ҳолати зарбулати сершумори сар, сандуқи сина, шикам, кос, дасту пой, инчунин аз сӯхтаи фузун (ба ном шоки сӯхтагӣ) мушоҳида карда мешавад. Дар дақиқаҳои аввали Ш.-и садамотӣ бемор дар ҳаяҷон буда, ранги рӯяш меканад, нигоҳаш беқарор, фикраш номафҳум аст, баъзан вазнини ҳолаташро ҳис намекунад. Ҳаяҷони таҳрикавӣ зоҳир мешавад; маҷрӯҳ аз ҷояш ҷаҳида мехезад, баъзан ӯро нигоҳ доштан душвор аст. Дертар ҳуши бемор дар ҷояш бошад ҳам, ҳолати рӯҳафтодагӣ, бепарвоӣ, набудан ё якбора паст шудани таассур нисбат ба дард мушоҳида мешавад; ранги рӯй парида, ҳарорати бадан паст, пӯст сард гардида, арақи хунуки часпак пайдо мешавад, бемор зуд-зуд ва рӯякӣ нафас мегирад, ташнагӣ ва баъзан қай ба вуҷуд меояд. Ш.-и садамотӣ баъди чанд дақиқа ё дар давоми 24 соат пас аз зарбулат хӯрдан пайдо шуда, ҳолати вазнини беморро боз ҳам вазнинтар мегардонад. Агар Ш. аз сӯхтан пайдо шавад, хеле вазнин мегузарад.
Дар мавриди зарбулат барои пешгирии Ш. ҳар чӣ зудтар ёрии таъҷилиро ҷеғ зада то омадани духтур ба зарардида ёрии аввалин расонидан зарур аст (қатъ намудани таъсири омилҳои зараррасон, мас. хомӯш кардани оташи либос, аз зери вайронаҳо озод намудани одами осебдида, рафъи хунравии берунӣ тахтабандӣ кардани андомҳои шикаста, аз хуни шахшуда ва қай тоза намудани даҳон, додани нафаси сунъӣ). Пас аз расондани ёрии зарурӣ, осебдидаро фавран ва бо эҳтиёти том (оромӣ, муҳофизат аз хунукӣ) ба беморхона мефиристанд. Шоки анафилаксӣ зуҳуроти бағоят вазнини таассури аллергӣ ба таъсири ягон модда, мас., доруворе, ки ба он бемор қаблан ниҳоят ҳассос буд (ниг. Аллергия), ба шумор меравад. Бештар сабаби ин навъи Ш. бе назорати духтур истифода бурдани доруҳо, мас., пенитсиллин, стрептомитсин, зардобаҳои зидди қузоз, ваксинаҳо ва ғ. мебошад. Зуҳуроти Ш.-и анафилаксӣ, сарфи назар аз сабаби он, гуногун аст: дилбеҳузурӣ, қай, ногаҳон паст шудани фишори хун, тез задани набз, нафасгирии сатҳӣ, баъзан беҳушӣ. Бештар дар пӯст саглес, баъзан дар рӯю гардан, инчунин дар он мавзеи бадан, ки сӯзандору гузарондаанд, обварам пайдо мешавад. Дар баъзе мавридҳо обварами садопардаҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷаи буғӣ шудан, боиси ҳалокат мегардад (ниг. Хурӯсак). Барои ба роҳи нафас наафтодани мӯҳтавои меъда дар вақти қай кардан беморро ба шикам хобонда, рӯяшро ба як тараф мегардонанд. Агар зарур ояд, нафасдиҳии сунъиро истифода мебаранд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани Ш.-и анафилаксӣ бе иҷозати духтур ягон доруро набояд истеъмол кард. Агар бемор дар хотир дошта бошад, ки ягон зардоб, ваксина, антибиотик ё диг. дору пештар ба вай таъсири нохуш расонида буд, бояд ҳатман духтурро аз ин огоҳ созад.
Шоки кардиогенӣ яке аз оқибатҳои мудҳиши сактаи дил мебошад. Он дар аснои дарди сахти дил пайдо мешавад. Ба ин навъи Ш. беҳолӣ, паридани ранги рӯй, кабуд шудани лабҳо, сардии дасту пой, арақи хунуку часпак, беҳушӣ хос аст. Дар ин ҳолат бемор ба ёрии тиббии махсус эҳтиёҷманд аст.
Шоки эҳсосӣ аз таъсири ногаҳон ва хеле сахти рӯҳӣ, ки ба ҳаёти кас таҳдид меоварад, пайдо мешавад. Бештар дар вақти фалокатҳои ом (зилзила, сӯхтор, фалокати нақлиёт), нохост шунидани хабари нохуш ва ғ. рӯй медиҳад. Зуҳуроти Ш.-и эҳсосӣ ду хел мешавад: 1) ногаҳон беҳаракатии умумии бадан рӯй медиҳад (одам дар ҷояш шах шуда, маҷоли ҳаракат надорад, ҳарф зада наметавонад); ин ҳолат аз чанд дақиқа то чанд соат давом меёбад. 2) ҳаракатҳои беҷою бетартиб пайдо мешаванд, мас., ҳаракати бемаврид фарёдзанӣ, даву този бесабаб (баъзан ба сӯи манбаи фалокат) ва ғ. Дар ин маврид басо психозҳои бим, яъне бемориҳои рӯҳии марбут ба тарсу ваҳми пурдаҳшат пайдо мешаванд. Баъзан пурҳаяҷонӣ ба карахтӣ иваз шуда, одам дар вазъи даҳшату ноумедӣ шах шуда мемонад.
Дар аснои ҳар ду навъи Ш.-и эҳсосӣ ихтилоли асабияи канорӣ – дилзанӣ, яку якбора сурх шудан ё паридани ранги пӯст, арақкунӣ, исҳол ба вуҷуд меоянд. Дар ин қабил ҳолатҳо одамони наздик бе зӯриву таҳдид бояд барои бистарӣ намудани бемор чораҳои фаврӣ андешанд.
ГАРМОЗАНӣ
ГАРМОЗАНӣ (Thermoplegia), беморист, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири ҳарорати баланди муҳит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, роҳпаймоии дуру дароз, дар ҳавои гарм пӯшидани либоси ҳавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тағйироти ҳарорати муҳит хуб мутобиқ мешавад, чунки организм қобили танзими ҳарорат (бинобар арақ кардан) аст. Дар аснои ниҳоят гарм шудан ва арақи зиёд кардан, аз организм оби бисёр хориҷ шуда, хун ғафс ва мувозинати намак вайрон мегардад. Бинобар ин шахсро гармо мезанад. Бо оксиген таъмин нашудани бофтаҳо, аз ҷумла сар, оқибати бади Г. мебошад. Танзими ҳарорати кӯдакон (хусусан тифли ширмак), одамони солхӯрда ва ашхоси системаи асаби вегетативиашон заиф номуккамал аст. Танзими ҳароратро рутубати баланди ҳаво, ки дар натиҷа ихроҷи арақ мушкил мегардад, душвор менамояд. Беҳолӣ, шалпарӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, сарчархзанӣ аввалин аломатҳои Г. мебошанд. Минбаъд ҳарор. бадан то 38 – 400С баланд шуда қай, беҳушӣ, баъзан рагкашӣ ба амал меояд.
Гармозадаро то омадани духтур ба ҷои соя ва шамолрас хобонда ба сар, паҳлӯи гардан, зери каш ва қадкашак ях ё оби хунук гузоштан лозим. Хоса бо ҷойпӯши тар печондани ӯ манфиат дорад, чунки буғ шудани об ҳарорати баданро паст мекунад. Барои афзудани буғшавӣ вентилятор мегузоранд.
Офтобзанӣ аз таъсири бевоситаи нури офтоб ба сари луч ба вуҷуд меояд. Тани офтобзада аз ҳад зиёд гарм мешавад. Аломатҳои офтобзанӣ ва Г. ба ҳамдигар монанд буда, ба як тарз ёрии аввалин расонда мешавад.
Барои пешгирии Г. ва офтобзанӣ қоидаҳои дар сехи гарм ва офтобрӯя кор карданро риоя намудан зарур аст. Хусусан, риояи низоми ошомидан хеле муҳим мебошад. Аз нӯшидани чойи начандон талх, квас ва айрон мувозинати обу намак барқарор мешавад. Кор ва хӯроки нисфирӯзии одамони маҳаллҳои иқлимаш хеле гарм бояд ба вақти нисбатан салқини рӯз рост ояд. Дар гармӣ истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор танзими ҳароратро якбора вайрон ва ба Г. мусоидат мекунад. Баъди муддати зиёд роҳ гаштан, дар соя дам гирифтан зарур аст. Дар сафар либоси сабук, ҳавогузар ва кулоҳ пӯшидан лозим. Мӯҳлати зиёд дар офтобрӯя ва бинои гарм будани одамони заиф ҷоиз нест.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.