Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ВАННАҲО

ВАННАҲО (Lavatrina), тадбирҳои гигиенӣ ва шифоию пешгирии бемориҳо, ки тавассути об гузаронида мешаванд.
Ваннаҳои гигиениро барои аз ифлосӣ, арақ ва ғ. тоза кардани пӯст истифода мебаранд. Пеш аз қабул худи ваннаро аввал бо чутка ва оби гарму собун нағз шуста, ба маҳлули 1– 2%-и хлорамин ё оҳаки хлорнок тоза кардан лозим. Ваннаро бо оби ҳарораташ лозимӣ пур мекунанд.ВАННАҲО (Lavatrina), тадбирҳои гигиенӣ ва шифоию пешгирии бемориҳо, ки тавассути об гузаронида мешаванд.
Ваннаҳои гигиениро барои аз ифлосӣ, арақ ва ғ. тоза кардани пӯст истифода мебаранд. Пеш аз қабул худи ваннаро аввал бо чутка ва оби гарму собун нағз шуста, ба маҳлули 1– 2%-и хлорамин ё оҳаки хлорнок тоза кардан лозим. Ваннаро бо оби ҳарораташ лозимӣ пур мекунанд. Барои он ки дар ваннахона буғ ҷамъ нашавад, аввал оби хунук, баъд оби гармро рехтан даркор. Ҳароратсанҷи обиро ба даруни ванна ғӯтонда, як дақиқа нигоҳ медоранд. Оби гарм (36 – 380) ва собун пӯстро нарм, дастмол бошад, онро пурра тоза мегардонад. В.-и гигиенӣ ба фаъолияти физиологии пӯст мусоидат мекунанд; ғадудҳои арақу чарб беҳтар, нафасгирии пӯст осон, мубодилаи моддаҳо хуб мешавад. В.-и гигиениро ҳафтае 1 – 2 бор (аз 20 – 30 дақ. зиёд набошад) қабул мекунанд.
Ваннаҳои шифоӣ (обзанҳо)-ро фақат духтур таъин мекунад; баъзе аз онҳо дар муассисаи табобатӣ зери назорати кормандони тиб гузаронда мешаванд.
Худсарона (бе таъиноти духтур) истифода бурдани В.-и шифоӣ зарар дорад. Дар шароити хона баъзе В.-и шифоиро фақат бо таъиноти духтур (ҳамаи тавсияҳои ӯро бояд риоя кард), зери назорати ягон аъзои оила гузаронидан мумкин аст. Ин, хусусан, барои кӯдакон ва калонсолон аҳамият дорад. Дар обзан оромона дароз мекашанд. Зери сар сачоқ ё болишти резинӣ, зери по такяи чӯбин мегузоранд. Баъди обзан баданро бо сачоқи хушк пок карда, 30 дақ. дам мегиранд.
Обзанҳо аз рӯи таркиби об гуногун мешаванд, мас., муқаррарӣ, дорудор (ба об дору ҳамроҳ мекунанд) ва минералӣ (оби муқаррарӣ ё обе, ки моддаҳои шифобахши минералӣ ва газ, мас., гази карбонат, нитроген, гидрогенсулфид ва ғ. дорад).
Ҳангоми ба обзан даромадан, об бояд то сари сина расад (обзани умумӣ). Обзани ҷузъиро бештар барои даст ва пой кор мефармоянд; обзани нимтан (то ноф)-ро пайваста бо обрезӣ ва масҳ истифода мекунанд. Дар обзанҳо моддаҳои дар об ҳалшуда таъсири махсус мерасонанд.
Ҳарор. оби В. сард (то 200), нимсард (20 – 330), мӯътадил (ба ҳарор. бадан наздик, 34 – 360), ширгарм (37 – 390) ва гарм (40 – 420) мешавад. В.-и сард ва нимсард фаъолияти организми одамро беҳтар карда, кори дилу рагҳо ва асабро тақвият медиҳанд, мубодилаи моддаҳоро метезонанд. В.-и ширгарм дард ва ташаннуҷи мушакҳоро кам карда, асабҳоро ором, хобро беҳтар мегардонанд. В.-и гарм ихроҷи арақ ва суръати мубодилаи моддаҳоро метезонанд.
В.-и обашон муқаррарӣ. Бисёр одамон В.-и умумии ҳарорати обашон ширгарм, мӯътадил (10 – 15 дақ.), нимсард ва гармро (3 – 5 дақ.) қабул мекунанд. В.-и умумӣ рӯздармиён ё ҳафтае 4 маротиба (ду рӯз паи ҳам, рӯзи сеюм – танаффус) ва ҷамъ 10 – 12 маротиба қабул карда мешаванд. Беморони заиф курси муолиҷаро аз нимванна сар карда, онро рӯздармиён (34 – 360 ; 5 – 10 дақ.) мегиранд. В.-и умумии обашон муқаррарию нимсард ҳангоми неврози ангезааш суст, В.-и ҳарораташон мӯътадил ва ширгарм барои неврози ангезааш пурзӯр, номураттабии хоб, давраи аввали бемории гипертония, баъзе бемориҳои хориши пӯст, дарди банду буғумҳо, сутунмӯҳра, асабҳои канорӣ, мушакҳо ва ғ. тавсия дода мешаванд. В.-и гармро чун омили арақрон ва тақвиятбахши мубодилаи моддаҳо бидуни амрози дилу рагҳо кор мефармоянд. В.-и гарм ба организм таъсири сахт расонида, кори дилу рагҳоро метезонанд; дар натиҷа гардиши хуни пӯст афзуда, арақи бадан фаровон мешорад. Аз ин рӯ В.-и гармро танҳо дар сурати нуқс надоштани дилу рагҳо таъин мекунанд. Ҳангоми хунравӣ аз ягон узв (мас., ҳайз ва ғ.) ва сили шуш қабули В.-и гарм манъ аст.
В.-и умумии ба ном контрастӣ низ мавҷуданд. Онҳоро, одатан, дар давраи аввали баъзе амрози дилу раг ва иллати мубодилаи моддаҳо, инчунин бо мақсади обутоби организм тавсия медиҳанд. Қабули чунин В. фақат дар шӯъбаи обшифоии беморхона ва санаторияҳо мумкин аст.
Барои табобати дасту пои дардманд В.-и умумии обашон муқаррариро дар шароити хона (дар тағора ё сатил) мегузаронанд. Ҳарорати оби онҳо доимӣ, контрастӣ ё афзоянда мешавад. Дар аснои истифодаи оби ҳарораташ доимӣ В.-и ширгарм ва гарм 10 – 30 дақ., сард 5 – 10 дақ. давом меёбад; дар сурати қабули ҳаррӯза ё рӯздармиён як давраи табобат аз 5 то 12 – 15 навбатро дарбар мегирад.
В.-и ширгарм ва гарми пою дастро ҳангоми баъзе бемориҳои газаки банди панҷаҳои пой ва панҷаи даст, В.-и гарми дастро дар аснои назла, хурӯҷи зиқи нафас, бронхити шадид ва музмин, В.-и гарми пойро ҳангоми назла, бехобӣ ва ғ. таъин мекунанд.
Барои тайёр кардани В.-и ҷузъии контрастӣ ба як тағора оби гарм (ҳарор. 40 – 420), ба дигараш оби сард (10 – 120) мерезанд. Дар муддати 10 дақ. дасту пойро бо навбат ба оби гарм (1 – 2 дақ.) ва оби сард (15 – 20 сония) меғутонанд. Як даври муолиҷа аз 12 – 20 протседура иборат буда, онро ҳар рӯз ё рӯздармиён мегузаронанд. В.-и ҷузъии контрастиро бо мақсади обутоби организм (ҳангоми зуд-зуд ба зуком гирифтор шудан), ихтилоҷи рагҳои дасту пой, дар давраи оғози эндартериити мусаддид ва ғ. таъин мекунанд. В.-е, ки ҳарор. обашон тадриҷан баланд мешавад (В.-и Гауффе барои дасту пой), ба силсилаи дилу рагҳо ва асаб таъсири мусбат мерасонанд. В.-и Гауффе дар муассисаҳои махсуси обшифоӣ ва балнеологӣ гузаронида мешаванд.
Барои нишаста қабул кардани ванна аз В.-и махсус (дар шароити хона аз тағораи чуқур) истифода мебаранд. Тағораро об пур карда, ба сандалича мегузоранд; бемор ба он нишаста, пояшро ба тағораи дигарие, ки рӯи фарш гузошта шудаасту оби ширгарм дорад, меғутонад. Давомоти чунин В. барои оби ширгарм 20 – 30, оби гарм 10 – 15, оби сард 5 – 10 дақ. буда, даври муолиҷа аз 1 – 2 то 12 – 15 проседура иборат аст. Ҳангоми газаки шадид ва музмини пешобдон, газаки музмини узвҳои таносул В.-и шаргарм ва гарм, дар аснои бавосир В.-и сард ва нимгарм кор фармуда мешаванд.
Ваннаҳои дорудор. Дар шароити хона барои В. бештар хока ё қиёми сӯзанбарг, хардал, оҳар (крахмал), перманганати калий ва содаро истифода мебаранд. В.-и сӯзанбаргиро бо роҳи ба об ҳамроҳ кардани ҷавҳари сӯзанбарг (ба 200 л об 100 мл ҷавҳари моеъ ё 50 – 70 г хока ё ин ки 1 – 2 қурс) тайёр мекунанд.

Равғани эфири ҷавҳари сӯзанбарг ба нӯги асабҳои пӯст таъсири мусоид расонда, рангу бӯи он асабҳоро ором месозад. Чунин В.-ро ҳангоми 35 – 370 будани ҳарор. об рӯздармиён ё дар як ҳафта 4 бор 10 – 15 дақ. (даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст) мегузаронанд. Онро барои табобати баъзе шаклҳои невроз, бехобӣ, амрози дилу рагҳо ва ғ. истифода мебаранд. Қабули В.-и сӯзанбаргӣ ба бемороне, ки сахт ба ҳаяҷон меоянд, манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и хардалӣ 100 – 250 г хардали хушкро ба ваннаи калон (ҳаҷмаш 200 л) меандозанд ё 5 – 10 гироми онро ба як сатил об андохта, аз дока мегузаронанд. Сипас онро ба об нағз омехта мекунанд. Ҳангоми В.-и умумии хардалӣ ҳарор. об бояд 36 – 380 (5 – 7 дақ.), дар вақти В.-и ҷузъӣ (барои даст ё пой) 39 – 400 (10 – 15 дақ.) бошад. Бо мақсади аз таъсири ангезишовари хардал муҳофизат кардани чашм ва роҳи нафас болои ванна (тағора)-ро бо ҷойпӯш мепӯшонанд. Баъди қабули В.-и хардалӣ баданро шуста, 30 – 60 дақ. худро ба кӯрпа печонда мехобанд. Чунин В.-ро дар вақти зукоми роҳҳои болои нафас (В.-и умумӣ ва барои пой), хуруҷи зиқи нафас (В. барои даст), баланд шудани фишори хун (В. барои пой) истифода мебаранд. В.-и хардалиро ҳангоми бемориҳои пӯст, ҳамчунин барои онҳое, ки ба бӯи хардал тоб намеоваранд, қабул кардан манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и оҳардор аз 100 г (барои кӯдакон) то 500 – 800 г оҳар (крахмал) лозим аст. Онро пешакӣ дар андаке оби сард маҳлул карда, ба ванна мерезанд. Оҳар пӯстро мулоим ва хоришу ангезиши онро кам мекунад. Онро ҳар рӯз ё рӯздармиён қабул мекунанд; ҳарор. об 35 – 370, давомот 20 – 30 дақ., даври муолиҷа 10 – 20 протседура. В.-и оҳардор дар вақти бемориҳои ғайрисироятии пӯст ва диг. амрозе, ки бо хориш мегузаранд, кор фармуда мешаванд.
В.-и перманганати калийдор асосан барои кӯдакон таъин мегардад. Барои тайёр кардани онҳо ба об маҳлули 5%-и перманганати калий (то гулобӣ шудани ранги об) ҳамроҳ мекунанд. Чунин В. пӯстро дезинфексия ва хушк менамоянд; ҳар рӯз ё рӯздармиён ба муддати 5 – 10 дақ. қабул кардан лозим. Хоса ҳангоми бемориҳои гуногуни пӯст, мас., дамидани доначаҳо муфид аст. В.-и перманганатӣ умумӣ ва ҷузъӣ мешаванд.
В.- и содадорро ба тариқи дар 200 л об ҳал кардани 0,5 – 1 кг сода тайёр мекунанд; ҳарор. об 35 – 370, давомот 10 – 20 дақ. Онро ҳар рӯз ё рӯздармиён барои баъзе бемориҳои пӯст истифода мебаранд. Як даври муолиҷа аз 10 – 15 протседура иборат аст.
В.-и скипидардор бо роҳи дар об ҳал кардани эмулсияи скипидар (сафед ё зард) таҳия карда мешаванд. Онҳо ба организм зуд таъсир расонда мавриди бисёр бемориҳо зарар доранд. Аз ин рӯ онҳоро қатъиян бо таъиноти духтур ва фақат дар муассисаҳои махсуси табобатию профилактикӣ истифода мебаранд.
В.-и намакдор (намаки баҳр ё кӯл) дар курортҳои назди кӯл ё баҳрҳо истифода мешаванд. Дар куротҳои назди баҳр аз В.-и баҳрӣ (аз оби баҳр) тамоми сол истифода мебаранд. В.-и намакобдор (оби кӯлҳои шӯр) низ мавҷуданд. Ҳангоми қабули чунин В. намак дар рӯи пӯст таҳшин шуда, нӯги асабҳоро ба ангезиш меорад. В.-и намакдор дардро кам ва мубодилаи моддаҳоро афзун мегардонанд. Чунин В. ба тариқи сунъӣ низ тайёр карда мешаванд. Бо ин мақсад дар 200 л об 5 – 10 кг намаки ош (кӯлӣ ё баҳрӣ)-ро ҳал мекунанд. Барои нағз ҳал шудан, намакро ба халтачаи сӯф андохта, зери оби гарм медоранд. В.-и минерали (35 – 36о)-ро 12 – 15 дақ. рӯздармиён мегузаронанд. Як даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст. Барои табобати амрози дилу рагҳо, баъзе бемориҳои банду буғум, сутунмӯҳра, асаб мушакҳо, илтиҳоби музмини узвҳои ҷинсии занона муфид мебошанд. Ба кӯдакон зимни баъзе бемориҳо (36 – 370 ), 8 – 10 дақ. таъин мекунанд. Фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим.
В.-и брому йодро бо тавсияи духтур дар шароити хона низ таҳия кардан мумкин аст: дар об (36 – 370) 25 г бромиди калий, 10 г йодиди натрий ва 2 кг намаки ошро ҳал мекунанд. Мӯҳлати қабул 10 – 15 дақ; даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст. Рӯздармиён ё ҳафтае 4 бор мегузаронанд. Ба кори ғадуди сипаршакл ва асабҳо таъсири хуш мерасонад. Дар мавриди бемориҳое, ки бо кори аз андоза зиёди ғадуди сипаршакл ҷараён мегиранд, ҳамчунин неврози климаксӣ, баъзе амрози банду буғумҳо низ истифода мебаранд.
В.- и гидрогенсулфидӣ аз сулфиди гидроген иборатанд. Онҳоро дар курортҳо аз манбаи табиӣ ва берун аз курортҳо ба тариқи сунъӣ тайёр карда истифода мебаранд. Барои асаб, дилу рагҳо ва пӯст манфиат доранд. Дар шароити хона гузаронида намешавад.
В.-и радониро аз оби манбаъҳои табиӣ (дар курортҳои Пятигорск, Схалтубо, осоишгоҳи Хоҷаобигарм) ва сунъӣ таҳия месозанд. Барои В.-и радонии сунъӣ маҳлули консентронидаи радонро дар лабораторияҳои махсус тайёр мекунанд. В.-и радониро фақат дар шифохонаҳои муҷаҳҳази балнеологӣ қабул мекунанд. Чунин В. ба асаб, дилу рагҳо ва пӯст таъсири амиқ мерасонанд.
В.-и карбонатиро аз оби манбаъҳои табиӣ (дар курортҳои Арзни, Кисловодск ва ғ.), дар шифохонаҳо бо роҳӣ сунъӣ тайёр мекунанд. Гази карбонат нафаскаширо чуқур ва фаъолияти мушакҳои дилро беҳтар мегардонад. Дар шароити хона гузаронида намешаванд.
В.-и оксигениро бо роҳи аз оксиген сер кардани об, оби баҳр ва оби минералӣ (тавассути асбоби махсус) тайёр мекунанд. Дар мавриди бемориҳое, ки бо норасоии оксиген мегузаранд, инчунин ҳангоми ихтилоли кори системаи асаб истифода мебаранд.
В.-и «марворид»-ро аз оби муқаррарӣ ё минералӣ бо роҳи фишурдани ҳаво ба об (тавассути панҷараи махсуси компрессор, ки сӯрохиҳои хурд дорад) тайёр мекунанд. Ҳубобчаҳои ҳаво ҷӯш зада, дар об чун марворид ҷило медиҳанд; нӯги асабҳои пӯстро ба ангезиш оварда, ба силсилаи асабҳои марказӣ таъсири хуб мерасонанд. Дар муассисаҳои махсус истифода мебаранд.
Ҳангоми ба кӯдакон таъин кардани В.-и шифоӣ духтур хусусиятҳои анатомию физиологии организми кӯдак – нокомилии фаъолияти баъзе узвҳо, танзими ҳарорат ва ғ.-ро ба назар мегирад. Кӯдакон таъсири ҳароратро зуд ҳис мекунанд ва ин дар вақти қабули В. эҳтиёткорию назорати ҷиддиро металабад. В.-и умумии нимгарм ва хусусан сардро барои кӯдакон истифода намебаранд. Ҳарор. В.-и ширгарм ва гарм барои кӯдакон нисбат ба калонсолон 1 – 20 паст буда, мӯҳлат ва миқдори проседураҳо (барои як даври муолиҷа), инчунин консентратсияи дору ва моддаҳои химиявӣ кам аст.
Дар рӯзи қабули В. кӯшиш кардан лозим, ки хаста нашавед. Кори вазнини ҷисмонӣ, экскурсия ва ғ. манъ аст. Баъди қабули В. дароз кашида ё дар кресло нишаста истироҳат мекунанд. Дар курортҳои балнеологӣ ва фароғатгоҳҳо нимкатҳои мулоим мавҷуданд. Баъди қабули В.-и карбонатӣ ва гидрогенсулфидӣ 1 – 1,5 соат истироҳат кардан манфиат дорад. Дар вақти истироҳат китобу газета хондан ҷоиз нест. Ба дили наҳор қабул кардани В.-и умумии шифоӣ манъ аст (онҳоро фақат баъди 1,5 – 2 соати наҳорӣ қабул мекунанд. Дар ҳавои хунук сарулибоси гарм пӯшидан лозим.

МУОЛИЖА БО ВОСИТАИ ПАРАФИН
ПАРАФИН (нем. Paraffin; аз лот. parum – кам ва affinis – хешӣ, хос будан), як навъ моддаи муммонанд; ҳарор. гудозишаш 40 – 65°С, зичиаш 0,880 – 0,915 г/см3 (15°С). Рангаш сафед, массаи мол. 300 – 450. Асосан аз нефт ба даст оварда мешавад.
П.-ро дар саноати хӯрокворӣ, тиб, косметика, атриёт, электротехника кор мефармоянд. П. ашёи саноати химияи нефт мебошад (аз он кислотаҳои равған ва спирт, воситаҳои козурӣ мегиранд).
П. дар тиб фаровон кор фармуда мешавад. Бо ин мақсад онро то ҳарор. муайян гарм мекунанд. П.-и тиббӣ, ки гармиро оҳиста хориҷ менамояд, гардиши хун ва тағзияи бофтаҳоро беҳтар сохта, ба мубодилаи моддаҳо тақвият мебахшад, манбаи илтиҳобро барҳам медиҳад.
Парафиншифоӣ дар мавриди бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, сӯхтагӣ, захмҳое, ки дер гӯшт мегиранд, полиомиелит, бемориҳои узвҳои дохилӣ (бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, гастритҳо), кафшеракҳо дар ҷавфи шикам, амрози пӯст ва асабҳои канорӣ (радикулит, неврит, невралгия) таъин карда мешавад. Бо мақсади табобат истифода бурдани П. ҳангоми бемориҳои шадиди илтиҳобӣ, омосҳо, амрози хун, хуншорӣ, нуқси гардиши хун, бемории гипертония (дараҷаи II ва III), сиррози ҷигар, нефрит, бемориҳои эндокринӣ, рӯҳӣ ва сироятӣ, ҳомилагӣ зиён дорад.
Тарзи истифодаи П. гуногун аст. Мас., П.-и то ҳарор. 50 – 55° гудохтаро ба пӯст бо чӯткаи паҳн ва ғафсии 1 – 2 см мемоланд (ҳарор. П.-и қабати боло метавонад зиёдтар, яъне 60 – 65° бошад). Сипас онро бо коғази мумандуд ё плёнка пӯшонда, аз боло бо кампал мепечонанд. Обзанҳои парафинӣ: бо панҷаи даст ё панҷаи пой П.-и гудохта (50 – 55°) молида сипас ба тағорача, ки П.-и гарм (60 – 65°) дорад, мегиранд. Тарбандӣ бо П.: баъди ба пӯст молидани П. (ба ғафсии 0,5 см), 8 – 10 қабат докаро дар П.-и гудохта (60 – 70°) тар карда, аз болои он мегузоранд, сипас бо клеёнка ва кампал мепӯшонанд.
Давомоти парафиншифоӣ 30 – 60 дақ. аст. Даври муолиҷа 12 – 20 протседураро ташкил медиҳад. Баъди муолиҷа 20 – 30 дақ. бояд истироҳат кард. Ҳангоми истифодаи П. пӯст бояд хушк бошад. Мӯи ҷойҳои П. мегузоштаро метарошанд ё вазелин мемоланд.

ОБҲОИ МИНЕРАЛӣ
ОБҲОИ МИНЕРАЛӣ, обҳои маъданӣ, обҳои табиие, ки бинобар намак, газ, моддаҳои органики бисёр (нисбат ба оби ширин) ва хусусиятҳои фардӣ (ҳарорати баланд, радиоактивият ва ғ.) доштанашон барои муолиҷа истифода мешаванд. Ба О. м. оби Уқёнуси ҷаҳонӣ, кӯлҳои минералӣ ва обҳои минералии зери замин мансубанд. Обҳои каме намакҳои минералӣ (ба ҳисоби миёна зиёда аз 1 – 2 г/л) доштаро «обҳои минералишуда» меноманд. Вале аслан обҳои минералишуда гуфта, ҳамаи обҳои табиӣ – аз оби барф (минералнокии аз ҳама кам, яъне 3 – 4 мг/л) то оби баъзе пармачоҳҳоро (минералнокӣ то 500 – 600 г/л) дар назар доранд. О. м.-ро дар саноат ва энергетикаи ҳароратӣ кор мефармоянд.
Бемориҳоро асосан бо О. м.-и зеризаминӣ (оби чашмаҳо, пармачоҳҳо ва ғ.) муолиҷа мекунанд. Чашмаҳои минералии табиӣ дар натиҷаи қабатҳои обдори заминро буридани водиҳо, дара, сой, ҷарӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Ҳоло барои муолиҷа О. м.-и пармачоҳҳои чуқурро бештар истифода мебаранд, зеро таркиби химиявии онҳо тағйир намеёбад (таркиби оби чашмаҳои минералии табиӣ аз таъсири баъзе омилҳо, мас., боришот дигаргун мешавад). Фақат бо О. м.-е, ки миқдори моддаҳои химиявӣ ва хоситяҳои физикиашон мувофиқи меъёри муайян (бо таҷрибаҳои махсуси физикӣ, химиявӣ ва ғ. аниқ карда шудаанд) аст, бемориро муолиҷа мекунанд. Мас., дар обҳои гази карбонатдор миқдори кислотаҳои карбонат бояд 0,75 г/л, дар обҳои сулфидӣ миқдори гидрогенсулфиди озод 0,01 г/л, радиоактивияти обҳои радонӣ 1 нКи/л (воҳиди махсуси ченаки радиоактивият) ва ғ. бошад. О. м. аз рӯи минералнокӣ (миқдори ҳама моддаҳои дар об ҳалшуда; ғайри газҳо), таркиби ионҳо (хлоридӣ, сулфатӣ, натрий, калсий, магний ва ғ.), миқдори газ ва элементҳои махсус (карбонатӣ, сулфидӣ, йоду бромӣ, хлориди натрий, радиоактивӣ ё радонӣ ва ғ.), инчунин ҳарорат (хунук – то 2000 С, гарм – то 3600С сӯзон, ё термалӣ то 4200С ва ғ.) тавсиф мешаванд. Ғайр аз ин, О. м.-и турш, нейтралӣ ва ишқорӣ вуҷуд доранд.

О. м.-ро вобаста ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ барои қабули ванна ва чун нӯшокии шифобахш истифода мебаранд; бисёр О. м. ҳам барои муолиҷаи бемориҳои пӯст ва ҳам узвҳои дарунӣ кор фармуда мешаванд. Одатан, бемориҳои пӯстро фақат бо обҳои минералнокиашон зиёд (обҳои шӯр) муолиҷа мекунанд.
Шифобахшии О. м. ба хосиятҳои физикӣ ва моддаҳои ҳалшудаи таркибашон вобаста аст. Баъзе О. м. мувофиқи таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикиашон бештар ба мубодилаи моддаҳо, баъзеашон ба вазифаи силсилаи асаби вегетативӣ, ғадудҳои эндокринӣ ва ғ. таъсир мерасонанд. Барои муолиҷа бештар О. м.-и хлориди натрийдор, карбонатӣ, сулфидӣ, радонӣ ва нитрогенӣ истифода мешаванд.
Бо обҳои минералии хлориди натрийдор, ки аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба хилтҳои организми одам қариб якхелаанд, бемориҳои системаи дилу рагҳо ва асаб, банду буғум, пӯст, бемориҳои занонаро муолиҷа мекунанд. Онҳоро инчунин барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар ва талхароҳа менӯшанд, ҳангоми бемориҳои узвҳои нафас ингалятсия менамоянд.
Обҳои минералии карбонатиро барои муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо фаровон истифода мебаранд. Нӯшидани обҳои минералии карбонатӣ (бо мақсади муолиҷа) ба фаъолияти узвҳои ҳозима, хусусан меъда, ҷигар ва гурдаҳо нафъи зиёд меоранд.
Обҳои минералии сулфидиро, одатан, барои қабули ванна кор мефармоянд. Омили асосии табобатии онҳо гидрогенсулфид буда, он тавассути пӯст ба организм ворид мегардад. Обҳои минералии сулфидӣ ба гардиши хун, кори системаи асаб, ғадудҳои эндокринӣ таъсири муфид мерасонанд. Бо ин обҳо хусусан бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои ҳаракату такя, системаи асаби канориро табобат мекунанд.
Омили муолиҷавии обҳои радонӣ гази радиоактиви радон ва маҳсули таҷзияи он мебошад; аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ обҳои радонӣ хеле гуногунанд. Ҳангоми қабули ванна радон асосан дар пӯсти бемор ғун шуда, баъди чанд соат аз организми ӯ хориҷ мегардад. Оби радоне, ки барои муолиҷа нӯшида шудааст, аз меъда ба ҷигар, испурч ва диг. узвҳо ва обе, ки ингалятсия карда шудааст, аз шуш ба бофтаҳои равған ва гурда меравад. Радон ба мубодилаи моддаҳо, кори системаи дилу рагҳо, ғадудҳои эндокринӣ, меъда, ҷигар ва ғ. нафъ меорад. Оби осоишгоҳи Хоҷаобигарм радонӣ аст.
Обҳои минералии нитрогенӣ (ин обҳо аксаран бисёр гарм мешаванд) асосан бо ҳарорат ва таъсири механики худ (бо ҳубобчаҳои газ) ба пӯст шифо мебахшанд (ҳангоми қабули ванна). Ин обҳоро инчунин барои дорушӯйии ягон узви иллатноки бадан, ингалятсия, шустани рӯда ва ҳамчун нӯшокии муолиҷавӣ истифода мебаранд. Ваннаҳои ин гуна обҳо дардро суст, гардиши хунро мураттаб, кори баъзе ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳоро мӯътадил мекунанд.
Вобаста ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ О. м. ба организм таъсири умумӣ (асосан тавассути асаб ва хун) низ мерасонанд. Инчунин ҳарорат ва массаи об, ки ба бадан фишор меорад (фишори оби ваннаҳои муолиҷавӣ, ҳавзҳои муолиҷавӣ ва ғ. гуногун аст), рангу бӯи об (нӯшокии муолиҷавӣ), шароит, мӯҳлат, суръат ва шумораи қабули ваннаҳо, инчунин ҳолати аввалаи организм аҳамияти калон доранд. Духтурон ин ҳама омилҳоро ба назар гирифта, ба ҳар шахс муолиҷаи алоҳида таъин мекунанд. Барои муолиҷаи узвҳои дарунӣ О. м.-ро асосан менӯшанд. О. м.-и курортҳоро бевосита аз чашма нӯшидан мумкин аст. Дар аксар курортҳо павилонҳои О. м.-и нӯшокӣ сохта шудаанд, ки барои дар ҳама фаслҳои сол нӯшидани об шароити мусоид фароҳам меоваранд.
О. м.-ро дар шишаҳо низ мегиранд. Онҳоро дар заводҳои махсус ва сехҳои муассисаҳои саноати хӯрокворӣ автоматҳо ба шишаҳо мерезанд (бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тарзи нигаҳдошт ва кашондан).
О. м.-и шишагиро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, одатан якҷоя бо диг. тадбирҳои муолиҷавӣ (парҳезшифоӣ, физиотерапия ва ғ.) таъин мекунанд. Азбаски натиҷаи муолиҷа бо О. м. аксаран бо қоидаҳои истеъмол (миқдор, ба назар гирифтани ғизо ва ғ.), ҳарорати об ва ғ. вобаста аст, онро бо тавсияи духтур истифода бояд бурд. Агар оби минералие, ки духтур фармудааст дастрас набошад, пас метавон аз дигар оби минералии таъсир ва таркиби химиявиаш ба он наздик истифода бурд.
Аксар О. м.-и маъмул (Боржоми, Нарзан, Шоҳамбарӣ, Файзобод ва ғ.) дар фурӯш фаровон бошанд ҳам, одамони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима, гурда ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо бояд бе маслиҳати духтур онҳоро истифода набаранд. О. м.-и сунъӣ (аз намакҳои тозаи химиявӣ тайёр мекунанд) низ вуҷуд доранд. Таркиби онҳо бо вуҷуди ба О. м.-и табиӣ монанд будан, комилан ба ҳам мутобиқ нестанд. О. м.-и сунъии карбонатӣ, сулфидӣ, нитрогенӣ ва радонӣ маъмуланд. Онҳоро барои қабули ванна дар курортҳо (дар мавриди набудани обҳои табиии мувофиқ) ва шифохонаҳои физиотерапевтӣ, шӯъбаи беморхонаҳо истифода мебаранд. О. м.-и сунъӣ ҳамчун даво аҳён-аҳён истифода мешаванд.
Дар Тоҷикистон низ О. м. бисёранд (мас., Шоҳамбарӣ, Файзобод, Қаратоғ ва ғ.). Онҳо давои бемориҳои меъдаву рӯда, амрози музмини ҷигар, талхароҳа, панкреатити музмин, бемориҳои мубодилаи моддаҳо ва ғ. мебошанд. Оби минералии Шоҳамбариро барои муолиҷа менӯшанд, чун ванна қабул мекунанд. Оби минералии Файзобод низ давои хуб мебошад. Ба сабаби О. м. дар ҷумҳурӣ чанд курорт (Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм, Обигарм ва ғ.) сохта шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.