Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Беморхонаи руьу асаб

ПСИХИАТРИЯ (аз психо… ва юн iatreia – муолиҷа), як соҳаи тибби клиникист, ки сабаби пайдоиш, зуҳурот ва ҷараёни бемориҳои рӯҳиро омӯхта, усулҳои пешгирӣ, муолиҷа ва барқарор намудани қобилияти рӯҳии беморро дарёфт мекунад. П. ба П.-и умумӣ ва П.-и хусусӣ тақсим мешавад. П.-и умумӣ қонуниятҳои асосии вайрон шудани фаъолияти рӯҳӣ ва масъалаҳои умумии этиология, патогенез, тасниф ва усулҳои тадқиқи онро, П.-и хусусӣ бошад, бемориҳои рӯҳии алоҳидаро меомӯзад.ПСИХИАТРИЯ (аз психо… ва юн iatreia – муолиҷа), як соҳаи тибби клиникист, ки сабаби пайдоиш, зуҳурот ва ҷараёни бемориҳои рӯҳиро омӯхта, усулҳои пешгирӣ, муолиҷа ва барқарор намудани қобилияти рӯҳии беморро дарёфт мекунад. П. ба П.-и умумӣ ва П.-и хусусӣ тақсим мешавад. П.-и умумӣ қонуниятҳои асосии вайрон шудани фаъолияти рӯҳӣ ва масъалаҳои умумии этиология, патогенез, тасниф ва усулҳои тадқиқи онро, П.-и хусусӣ бошад, бемориҳои рӯҳии алоҳидаро меомӯзад. Омӯзиши бемориҳои рӯҳӣ ҳанӯз дар давраи Буқрот оғоз ёфта буд. ӯ ба монанди бемориҳои диг. дар натиҷаи таъсири муҳити беруна ба организм инкишоф ёфтани бемориҳои рӯҳиро баён карда буд. Ба ин фикр дар асарҳои Абӯалӣ ибни Сино ҳам ишора рафтааст.
Дар давоми асрҳои бисёр тасаввуроти одамон доир ба ихтилоли вазъи рӯҳии инсон дар асоси манбаъҳои тасаввуфӣ ва динӣ ташаккул меёфт. Бемории мағзи сар будани бемориҳои рӯҳиро бори аввал файласуфҳо ва табибони Юнони Қадим аз назари илмию методӣ баён карданд, вале ин ақида солҳои зиёд бо тасаввуроти хурофотӣ пайваста вуҷуд дошт. Чунончи, дар Рими Қадим девонагиро нишонаи хуб медонистанд (мас., саръ бемории муқаддас ҳисоб мешуд).
П. дар охири а. 18 чун илми тиб ба вуҷуд омад. Табибон дар ин солҳо ба муқобили бераҳмии атрофиён нисбат ба беморони вазнини рӯҳӣ баромад карда, барои муолиҷа адвиётро ба кор мебурданд, табиати бемориҳоро омӯхта, онҳоро мувофиқи нишонаҳои гуногун ба гурӯҳҳо ҷудо мекарданд, ба ин ё он беморӣ тааллуқ доштани ин нишонаҳоро муайян менамуданд.
Дар давоми садсолаи охир П. хеле тараққӣ кард. Ҳоло бисёр бемориҳои рӯҳӣ, аз ҷумла бемориҳое, ки пештар бедаво ҳисоб меёфтанд, муолиҷа карда мешаванд. Усулҳои барқарор кардани мақоми иҷтимоии шахсоне, ки бемориҳои шадиди рӯҳиро аз сар гузарондаанд ва пештар ин бемориҳо боиси инвалидии якумрии бемор мегаштанд, дарёфт шудаанд. Сохти бемористонҳо низ тағийр ёфт, онҳо ба он «девонахонаҳо»- е, ки дар адабиёти бадеӣ тасвир шудаанд, ҳеҷ шабоҳат надоранд. Вусъати донишҳои психиатрӣ боиси афзудани имкониятҳои П. гардид. П.-и кунунӣ нафақат беморони рӯҳӣ, балки афроди гирифтори психопатия, невроз, майзадагӣ, ихтилоли эҳсос ва бехобиро низ муолиҷа мекунад; ба одамоне, ки дар ҳолати ногувор мондаанд, мушкилоти зиндагӣ доранд ва ин боиси дигар шудани вазъи рӯҳии онҳо гаштааст, ёрӣ мерасонад. Вале сарфи назар аз ин ҳама пешрафтҳо П. ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ беморро муолиҷа накарда фақат авҷи шиддати бемориро паст мекунаду бас. Сабаб дар он аст, ки табиати ноҷӯрии рӯҳӣ дар ҳолати солимӣ ва носолимӣ то ҳол пурра таҳқиқ нашудааст.
Ба духтур муроҷиат накардани баъзе беморони рӯҳӣ ба муолиҷаи онҳо таъсири ногувор мерасонад. Зеро одам аксар вақт ҳангоми ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор шудан, ба саломатии худ аз назари танқидӣ баҳо медиҳад. Беморӣ ҳар қадар вазнин бошад, бемор ҳамон қадар худашро солим меҳисобад. Аксар вақт аз тарси ба рӯйхати психиатр афтодан низ ба духтур муроҷиат намекунанд. Баъзан хешовандон ба умеде, ки беморӣ худ аз худ нест мешавад, халали рӯҳияи беморро ошкор намесозанд; онҳо намедонанд, ки ин гуна рафтор ба саломатии бемор зарари калон мерасонад.
Ҳодисаҳое низ маълуманд, ки сабаби бемории рӯҳиро хастагии майна (дар натиҷаи мутолиаи бисёр), мушкилоти ҳаёт, ғаму андӯҳ ва ҳатто худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ медонанд. Дар ин ҳолат баъзан ба ҷои ба духтур муроҷиат кардан, беморро хонадор мекунанд, ки ин албатта ӯро аз ёрии тиббӣ дур сохта, боиси нохушиҳои зиёди рӯзгор ва таваллуд шудани кӯдаки носолим мегардад. Ба ҳоли бемор нодуруст баҳо додани хешовандон ва худи бемор ба он меоварад, ки ибтидои маризӣ – ҳисси хастагӣ, рӯҳафтодагӣ, нороҳатиро сабаби беморӣ медонанд; дар айни ҳол онҳо гумон мекунанд, ки истироҳат ва табдили муҳит саломатиро барқарор, эътиқод, сахтгирӣ ва чораҳои гуногуни тарбиявӣ гӯё ба ин мусоидат мекарда бошад.
П.-и имрӯза дорои васоити гуногуни ташхис буда, барои муайян кардани аҳволи бемор аз усулҳои физиология, биохимия, психология, генетика ва диг. илмҳо истифода мебарад. Ҳоло имконияти муолиҷаи ихтилоли рӯҳияи одам хеле зиёд аст. Чунончӣ, аз с-ҳои 50-уми а. 20 инҷониб доруҳои психофармакологӣ ба кор бурда мешаванд, ки бевосита ба иллати асабияи марказӣ таъсир мерасонанд. Барои барқарор кардани вазъи солими рӯҳияи бемор усулҳои гуногуни муолиҷа якҷоя бо муолиҷаи меҳнатӣ мувофиқи нишондоди хусусиятҳои фардии одами бемор (ниг. Муолиҷа бо меҳнат) гузаронида мешавад.
Сабаби аксар ноҷӯриҳои рӯҳӣ (невроз, инкишофи нодурусти шахсият, майзадагӣ ва ғ.) омилҳои иҷтимоӣ, аз қабили тарбия, муҳити зисти одам ва ғ. мебошанд.
П. дар қатори дигар илмҳои тиб мавқеи муҳим дорад, зеро бемории рӯҳӣ нисбат ба диг. бемориҳо ба атрофиёни бемор бештар таъсир мерасонад. Зуҳуроти иҷтимоии П. инчунин бо мавқеи иҷтимоии бемор муайян карда мешавад. Бемор аз сабаби оҷизии иҷтимоии худ мумкин аст ҳам қурбони муҳит ва ҳам аз сабаби бемории худ ба атрофиён хавфнок гардад. Бинобар ин, П. дар баробари муолиҷаи бемор, ҳамчунин масъалаҳои махсуси иҷтимоӣ – тарбияи маънавии мариз, маорифи психогигиенӣ, мутобиқати рӯҳӣ, масъулияти бемор дар назди қонун, таъин кардани парастор, ба беморхона хобондани мариз ва ғ.-ро дар бар мегирад.
Психиатрҳои тоҷик аввалин шуда як қатор ҳолатҳои нави зуҳуроти психопатологӣ ва хелҳои психозҳои экзогениро тавсиф намуданд. Онҳо мавҷуд будани псевдогалютсинатсияи вазифавӣ, тарзҳои фаъол ва галютсинатсиявии синдроми Кандинский, таваҳҳуми ҷисми ғайр дар даҳон, майзадагии анейроидӣ, синдроми автоматизми рӯҳӣ ҳангоми майзадагӣ, мақоми суисидии синдроми Кандинскийро бо маълумоти ҷадид асоснок карда, тадбирҳои пешгирии онҳоро пешниҳод намуданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.