Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


БЕМОРХОНА

БЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муолиҷаи беморони бистарӣ. Б.-е, ки ба ҳайати он дармонгоҳ (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттаҳид), муассисаи табобатӣ ва профилактикӣ буда, ба аҳолӣ ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад.БЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муолиҷаи беморони бистарӣ. Б.-е, ки ба ҳайати он дармонгоҳ (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттаҳид), муассисаи табобатӣ ва профилактикӣ буда, ба аҳолӣ ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад. Б.-ҳо чанд навъанд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Б.-ҳо умумӣ (иборат аз чанд шӯъбаи гуногун) ва махсус (Б.-ҳои касалиҳои сил, сироятӣ, рӯҳӣ, чашм ва ғ.) мешаванд. Б.-ҳои кӯдакона ҳам ду навъанд: умумӣ ва махсус. Б.-и ёрии тиббии таъҷилӣ статсионарӣ ва ғайристатсионарӣ мешавад. Агар Б. дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунад, онро Б.-и клиникӣ меноманд. Б.-ҳое низ мавҷуданд, ки ба мардум мувофиқи касб хизмат мерасонанд (Б.-и кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғ.)
Б. аз шӯъбаҳои қабулгоҳ (дар ин ҷо духтур беморро муоина карда, ҳуҷҷати тиббӣ медиҳад, тадбирҳои санитарию гигиенӣ мегузаронад), муолиҷа (ҷарроҳӣ, терапевтӣ ва ғ.), ташхису табобат (рентгенологӣ, физиотерапевтӣ), лабораторияҳо, дорухона, ошхона, хонаи либосшуӣ ва ғ. иборат аст. Ҳайати хизматрасон ва духтурони Б. ба миқдори кат вобаста мебошад.
Ба Б. беморонеро равон мекунанд, ки онҳо ба муоина ва муолиҷаи муттасили тиббӣ мӯҳтоҷанд. Ба бемор роҳхат (барои табобати статсионарӣ)-ро духтури дармонгоҳ ва дар ҳолати таъҷилӣ духтури ёрии таъҷилӣ медиҳад. Шифои мариз дар Б. нафақат ба имкониятҳои тиббӣ, балки ба худи ӯ ва хешу табораш низ вобаста аст. Рафтори дуруст, кайфияти хуш, боварӣ ба муолиҷа, иҷро кардани тамоми гуфтаҳои духтур, риояи парҳез, инчунин итоат ба режими Б. шарти муҳими табобати босамар аст.
Дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аввалин Б. (дорои 40 кат) с. 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 наф. духтур ва 32 наф. корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд. Аз хизмати Б. асосан амалдорон,ҳарбиён ва мансабдорони подшоҳ баҳра мебурданд. Баъди ташкил ёфтани ҶШС Тоҷ. ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. С. 1929 дар ҷумҳурӣ 22 Б. фаъолият мекард (дар онҳо 990 кат гузошта шуда буд). Баъди дар пойтахт ташкил карда шудани Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон (с. 1939) ва тарбия ёфтани мутахассисони маҳаллӣ адади Б.-ҳои ҷумҳурӣ афзуд. С. 1940 дар ҷумҳурӣ 121 Б.-и дорои 4490 кат вуҷуд дошт. С. 1984 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 600 наф. духтурон тайёр карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабакаи Б.-ҳои ҷумҳурӣ беш аз пеш васеъ гардад. Онҳо бештар махсусонида, бо асбобу анҷомҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида мешуданд. С. 1984 дар 319 Б.-и дорои 42790 кат 10818 наф. духтурон фаъолият доштанд. Баъзе Б. барои табобати бемориҳои ҷудогона махсус гардонида шуданд, мас., Б.-и амрози пӯст, Б.-и касалиҳои чашм, Б.-и амрози пӯст, Б.-и касалиҳои чашм, Б.-и бемории сил ва ғ.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр Б.-ҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 132 Б.-и деҳотӣ, 61 Б.-и ноҳиявӣ ва 24 Б.-и шаҳрӣ фаъолият дорад (янв. 2010). Баъзе Б.-ҳо ба марказҳои тиббӣ табдил дода шудаанд.
МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР
МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР, минтақаест бо миқдори муайяни сокинон ё коргарону хизматчиёне, ки аз рӯи шарти истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд ва ба он дар расондани ёрии тиббӣ, андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва тадқиқи вазъи саломатӣ духтури оилавӣ вобаста карда шудааст.
Маҳаллаҳои шаҳрии табобатӣ ба сокинони калонсол, маҳаллаҳои педиатрӣ ба бачагон, сехӣ ба коргарону хизматчиёни корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиёт хизмат мерасонанд. Инчунин ёрии акушерию гинекологӣ ва фтизиатрӣ ба аҳолии шаҳр аз рӯи усули маҳаллавӣ ташкил ёфтааст. Маҳаллаи тиббии деҳот дорои беморхонаи маҳалла ё амбулатория буда, ба аҳолии деҳот ёрии тиббии амбулаторию поликлиникӣ мерасонад. Дар он терапевти маҳалла, пунктҳои фелдшерию акушерӣ, инчунин дар корхонаҳои кишоварзӣ пункти тиббии фелдшерӣ мавҷуданд.
Усули маҳаллагии кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ шакли асосии ташкили ёрии тиббии берун аз беморхона аст. Ба духтур ва ҳамшираи тиббӣ вобаста намудани шумораи доимии аҳолии дорои касбу кор ва синну соли муайян имкон медиҳад, ки шароити меҳнат ва зиндагии онҳо хуб фаҳмида, корҳои табобат ва ҷилавгирии бемориҳо мувофиқи нақша ба амал бароварда шаванд, тарзи зиндагии солим тарғиб гардад. Духтури оилавӣ нафақат дар поликлиника ва хона ёрии тиббӣ расонда назорати диспансерӣ мебарад, балки якҷоя бо маъмурияти муассиса ва корхона, ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайваста аз паи беҳтар гардондани шароити меҳнат ва зиндагии коргарон мешавад.
Духтури оилавӣ дар силсилаи ёрии табобатию пешгирии бемориҳо симои асосӣ буда, ба аҳолӣ бештар наздик аст. Беҳсозии кори духтурони оилавӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти аҳолӣ, муносибати бошууронаи ҳар як шахс ба саломатии худ ва саломатии атрофиён вобастагӣ дорад.

ХОНА – ИНТЕРНАТ
ХОНА – ИНТЕРНАТ, хонаи инвалидон, муассисаи таъминоти иҷтимоист барои кӯҳансолон, инвалидон ва кӯдаконе, ки нуқсони ҷисмонӣ доранд ва ба нигоҳубин мӯҳтоҷанд.
Чанд шакли Х. мавҷуд аст: Х. барои куҳансолон ва инвалидон; Х.-и психоневрологӣ – барои одамони гирифтори бемориҳои асабу рӯҳӣ; Х.-и бачагона – барои кӯдакони ноқисулақл, дорои нуқсони ҷисмонӣ, бачаҳои кӯр, кар ва гунг. Х. аз ҳисоби давлат ташкил мешавад. Дар ин ҷо куҳансолон ва инвалидон дар таъминоти пурраанд, ки ба он хароҷоти манзил, ғизо, хизмати маишӣ, маданӣ ва тиббӣ дохил мешавад. Дар мавриди зарурӣ ба онҳо бепул айнак, асбобҳои шунавоӣ ва диг. чизҳо медиҳанд, дандонҳои маснӯъ мегузоранд. Масъалаи ба Х. ҷой додани ягон шахсро идораи таъминоти иҷтимоӣ ҳал мекунад. Аризаро ба шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ҷои истиқомат медиҳанд. Инчунин якҷоя бо ариза хулосаи терапевт, духтури чашм (офтолмолог), духтури амрози пӯст ва зӯҳравӣ (дерматовенеролог) ва маълумотнома оид ба саломатӣ аз диспансери бемориҳои асабу рӯҳӣ ва касалии сил, маълумотнома оид ба муоинаи бемориҳои сироятии рӯда низ меоранд. Одами куҳансол ва инвалидро танҳо бо розигии худи ӯ, бачаҳои ноболиғро бо ризояти волидайн ба Х.. ҷой медиҳанд.
Ба Х., одатан касонеро ҷой медиҳанд, ки бемории онҳо тӯлонӣ ҷараён гирифта, бедаво аст. Аз ин сабаб фаъолияти табобатию пешгирии Х. асосан ба сабук кардани дарди бемор, пешгирии хуруҷи бемории асосӣ, инчунин ба пешгирии бемориҳои шадид ва дигар касалиҳои иловагӣ равона карда шудааст. Дар Х. ҳамаи намудҳои ёрии терапевтӣ мавҷуд буда, ба бемор ҳангоми касалиҳои ҷарроҳиталаб, бемориҳои занона ва ғ. ёрии аввалин медиҳанд, инчунин мувофиқи фармоиши духтурони махсус иллатҳои чашм, гӯш, гулӯ, бинӣ табобат карда мешаванд. Илова бар ин, муассисаи табобатию пешгирии маҳал низ ба беморон ёрии таъҷилӣ ва мунтазам (аз рӯи план) мерасонад. Дар Х. тартиби рӯз мувофиқи ҳайати он таҳия карда мешавад. Беморони бистарӣ ҳамеша таҳти назоратанд. Духтур як гурӯҳ шахсонеро, ки меҳнат кардан мехоҳанд ва ба меҳнат қодиранд, муайян намуда, ба ҳар яки онҳо мувофиқи шавқу рағбат ва малака намуди кор, тартиб ва меъёри онро муқаррар мекунад. Коршифоӣ (табобати ҷисмонӣ) пайваста бо дигар намудҳои фаъолияти ҷамъиятӣ (ёрӣ ба корҳои хоҷагӣ, инчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ, худхизматрасонӣ) ба хуб шудани муҳити Х. мусоидат менамояд.
ХОНАИ КӯДАКОН
ХОНАИ КӯДАКОН, муассисаи давлатиест, ки барои тарбияи тифлони навзод ва кӯдакони то 3-сола таъин шудааст. Ба Х. к. одатан ятимон, кӯдакони модарони танҳо, кӯдаконе, ки суд волидайни онҳоро аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардааст ё дар ҳабс мебошанд (инчунин дар сурати аз тарбияи кӯдак даст кашидани волидон) қабул карда мешаванд.
Волидон кӯдакашонро ихтиёрӣ ба Х. к. супурда, метавонанд ӯро ҳар вақт баргашта гиранд. Ҳангоми қабули кӯдакони падару модарашон номаълум ба онҳо ному насаб дода, дар асоси санади қабул дар загс қайд мекунанд. Маълумот дар бораи кӯдакони ба Х. к. омада ё рафтаро ба идораи адресҳо мефиристанд. Бачагон аз Х. к. ба назди падару модарон ё ба патронаж мераванд, писархонду духтархонд мешаванд ё онҳоро баъди 3-солагӣ ба хонаи бачагонаи томактабӣ мегузаронанд. Кӯдакони нав ба Х.к. омадаро аз муоинаи тиббӣ, аз санҷиши зарурии антропометрӣ мегузаронанд, ба рушди рӯҳӣ ва ҷисмонии онҳо баҳо медиҳанд. Дар асоси мулоҳизаҳои тиббӣ тартиби зарурӣ муқаррар мекунанд. Кӯдакон бо хизмати тиббӣ, хӯроки хушсифат (ба онҳо то 3 – 4-моҳагӣ шири зан мехӯронанд) таъмин мешаванд. Вояи хӯрокро мувофиқи синну сол вазъи саломатии ҳар як кӯдак тартиб дода, тағзияро зери назорати духтур мегиранд.
Мунтазам тадбирҳои беҳдоштӣ мегузаронанд. Кӯдаконро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ваксинатсия мекунанд. Барои кӯдакони заиф санаторияи кӯдакон ё дар Х. к. гурӯҳҳои махсус мекушоянд. Барои кӯдакони системаи асабҳои марказиашон иллатдору нутқашон халалёфта Х. к.-и махсус мавҷуданд.

НАЗЪ
НАЗЪ, дами марг, нафаси охирин. Аломатҳои Н. душвор гардидани нафаскашӣ, аз ҳуш рафтан, суст шудани дил, аз кор мондани узвҳои ҳис ва ғ. мебошанд. Н. якчанд дақиқа то чанд соат давом карда, зоҳиран бо нафаси охирин, аниқтараш кашишхӯрии охирини дил ба итмом мерасад. Н. ҳолати барнагарданда нест, дар баъзе мавридҳо (мас., талаф додани хун, сакта, танг шудани нафас ва ғ.) тавассути ёрии саривақтии тиббӣ беморро аз марг наҷот додан мумкин аст. Дар адабиёти бадеӣ ибораи Н.-и равон низ маъмул аст.

ҲАЁТ
ҲАЁТ, яке аз шаклҳои олии мавҷудияти материя, ки қонунан дар шароити муайян дар рафти инкишофи он ба амал меояд. Масъалаи моҳияти ҳаёт, фарқи олами зинда аз ғайризинда диққати одамонро ҳанӯз дар марҳалаи аввали инкишофи ҷамъияти инсонӣ ба худ ҷалб мекард.
Бино ба назарияи идеалистӣ усулҳои илмии табиатшиносӣ моҳияти ҳаётро маънидод карда наметавонанд, зеро асоси онро мабдаи ғайримоддӣ (ҷон, рӯҳ, нерӯи ҳаёт, ғоя) ташкил дода, қодир аст, ки дар материя таҷассум ёбад, махлуқот ба вуҷуд оварад ва фаъолияти ҳаётии онҳоро мувофиқи мақсад идора кунад.
Материалистон Ҳ.-ро чун яке аз усулҳои ҳасти (ҳаракат)-и материя медонанд. Дар ин сурат ҳаракати материя на танҳо чун ҷойивазкунии ҷисмҳои моддӣ дар фазо, балки чун маҷмӯи ҷараёни тағйирёбӣ, инкишоф, мураккаб гардидани онҳо низ дарк мешавад, ки дар натиҷа материя сифати нав мегирад. Аз нуқтаи назари материализми диалектӣ байни мавҷудоти зинда ва ғайризинда тафовуте нест: ҳам ину ҳам он шаклҳои гуногуни мавҷудияти материяанд. Ба олами ғайризинда шаклҳои механикӣ, физикӣ ва химиявии ҳаракати материя хос аст. Онҳо дар қонунҳои физика ва химия инъикос ёфтаанд ва нисбат ба олами зинда то андозае дурустанд, зеро ҳар як организм ҷисми физикӣ буда, дар он реаксияҳои мураккаби химиявӣ (биохимиявӣ) ба амал меоянд. Дар баробари ин ба олами зинда қонуниятҳои хусусии биологӣ хос буда, онро аз олами ғайризинда сифатан фарқ мекунанд ва имкон медиҳанд, ки нисбат ба олами ғайризинда шакли олии ҳаракати материя будани Ҳ. тасдиқ карда шавад. Ҳар як элементи химиявие, ки дар ҷисми зинда вуҷуд дорад, дар табиати ғайризинда низ ҳатман вомехӯрад. Вале дар ҷисмҳои зинда (ҳатто аз ҳама содда, мас., вирусҳо) ин элементҳо ба таркиби пайвастҳои гуногуни мураккабе дохил мешаванд, ки дар табиати ғайризинда вонамехӯранд (ниг. Сафедаҳо, Кислотаҳои нуклеат). Мавҷудияти ингуна пайвастҳо имконияти вуҷуд доштани чунин хосиятҳоро дар ҷисмҳои зинда, мас., сохти муайян, тартиб, ангезишпазирӣ, қобилияти ҳаракат, афзоиш, тағйирпазирӣ, инкишоф, мубодилаи моддаҳо ва энергия бо муҳити зист, имконияти худтаҷдидкунӣ аз ҳисоби истифодаи моддаҳое, ки аз муҳит ворид мешаванд ва ғ. муайян мекунад.
Илми муосир як қатор қонуниятҳои муҳими умумиро қайд кард, ки организмҳои зиндаро муайян месозанд.
Ба объектҳои биологии рӯи замин (тарзи дигари Ҳ. ҳоло маълум нест) зарурати мавҷудияти миқдори зиёди карбону об хос аст. Ғайр аз ин, ҷисми зинда ба истилоҳ системаи кушода аст, яъне системае, ки доимо бо моддаҳо, энергия ва ахбори муҳити зист мубодила дорад. Моҳияти мубодилаи мавҷудоти зинда фурӯбарии моддаҳоро аз берун ва аз худ кардани онҳо (яъне табдили моддаҳои муҳити зист ба моддаҳои худи организми зинда)-ро дар бар мегирад. Ин ҳодиса (ба истилоҳ ассимилятсия) энергия сарф кардани мавҷудоти зиндаро металабад. Ин энергия, эҳтимол, аз он сабаб сарф мешавад, ки дар ҷараёни ассимилятсия энергия дар ҳуҷайраҳои организм дар намуди бандҳои мураккаби химиявии молекулаи пайвастҳои органикӣ ғун мегардад. Ҳодисаи таҷзияи моддаҳои мураккаби организми зинда, ки бо озодшавии энергия ва ихроҷи маҳсулоти таҷзия мегузарад, диссимилятсия ном дорад. Манбаи асосие, ки мавҷудияти ин ҳодисаҳоро нигоҳ медорад, энергияи офтоб аст.
Қобилияти ассимилятсия ба мавҷудоти зинда имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои хоси олами зинда ва ғайризиндаро, ки моҳияти онҳо дар қонуни дуюми термодинамика ифода ёфтааст, бартараф созад. Ин қонун тасдиқ мекунад, ки ба ҳар системаи табиӣ ногузирии паст шудани савияи энергия (то худи маҳви он) хос аст. Мавҷудоти зинда системаи кушода буда, қобил аст аз берун энергия гирад, онро барои ҳаёт сарф кунад ва имконияти Ҳ.-ро таъмин намояд.
Дигар хусусияти муҳимтарини организмҳои зинда дар макон ва замон тартиби қатъӣ доштан аст. Дар макон тартиби муайян доштан дар мавҷудияти сохтори хоси ҳар як организми зинда (аз вирус то одам) ифода меёбад. Дар ин сурат қисмҳои ҷудогона мувофиқи қонун ҷойгир шудаанд, элементҳои содда ба элементҳои мураккабтар тобеъ буда, қисмҳои шабеҳ бо комплексҳо якҷоя гаштаанд ва ғ.
Дар макон тартиби муайян доштан ба ҷисмҳои ғайризинда (мас., ба маъданҳо) ҳам хос аст. Вале чунин хосият дар организмҳои зинда зиёдтар ва нозуктар, мураккабтару заруртар аст. Фаъолияти мӯътадили Ҳ. танҳо он вақт имконпазир аст, ки тартиби маконии ташкилдиҳандаи сохтори организми зинда халал наёбад. Тартиби муайян доштан дар замон ба мунтазам гузаштани реаксияҳои ҷудогона дар ҷараёни фаъоляти Ҳ., ба қонун вобаста будани як ҳодиса ба ҳодисаи дигар, суръати баланди ҳодисаҳои химиявие, ки бо таъсири моддаҳои махсус – ферментҳо таъмин карда мешаванд, вобаста аст.
Организмҳои зинда қобиланд сохти мураттаби ба онҳо хос ва ҷараёни фаъолияти Ҳ.-ро нигоҳ дошта, ба таъсири омилҳои берунии зараровар муқобилат нишон диҳанд. Ин хосият гомеостаз ном гирифт.
Қобилияти таҷдид ва афзоиш, ки дар ҷараёни он ҳам нишонаҳою хусусиятҳои аҷдод ва ҳам хосиятҳои нави дар натиҷаи тағйирпазирии ирсӣ пайдошуда (ниг. Тағйирпазирӣ, Ирсият) ба насл мегузарад, муҳимтарин хусусияти организми зинда аст. Ҷараёни афзоиш мабдаи мавҷудияти организмҳои зинда (фардҳо) – онтогенези онҳо буда, қонунан бо пиршавӣ ва марг ба охир мерасад. Агарчи муддати ҳаёти фарди ҷудогона маҳдуд аст, Ҳ.-и ҳамин навъи биологӣ қатъ нагашта, дар насл давом мекунад. Онтогенези организми ҷудогона ба ҷараёни инкишофи таърихӣ дар рӯи замин – филогенез зич вобаста аст. Инкишофи таърихӣ ва фардии организмҳо дар шароити таъсири доимии мутақобила бо муҳит мегузарад. Баъзе организмҳо ба шароити Ҳ. мутобиқ мешаванд, вале организмҳое, ки мутобиқ нагаштаанд аз арсаи ҷараёни таҳаввулот нест мегарданд ё ба афзоиш ё нигоҳдории насл қобилият надоранд. Ин қонуният ба тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи замин хос аст (ниг. Таълимоти эволютсионӣ).
Тасаввуроти олимони а. 18 ва авв. а. 19 ба имконоти худрустани шаклҳои ҳозираи махлуқоти зинда (ҳашарот, кирм, микробҳо) аз лой, лойқа, маҳлули моддаҳои ғизоӣ фақат аҳамияти таърихӣ доранду бас. Материализми диалектикӣ ақидаи идеалистии абадияти Ҳ.-ро инкор мекунад. Инчунин ақидае, ки гӯё Ҳ.-ро ба Замин аз коинот оварда бошанд, далели эътимодбахш надорад, агарчи мавҷудияти баъзе намудҳои Ҳ. дар сайёраи мо ва сайёраҳои галактикаҳои дигар комилан имконпазир аст. Чунин ақида, ки Ҳ. ҳодисаи махсуси заминӣ буда, на камтар аз 1,5 – 2 млрд. сол пеш дар рӯи Замин пайдо шудааст ва то шаклҳои ҳозир ба мо маълум – вирусҳо, ҳайвонот ва ниҳоят, одам инкишоф ёфтааст, басо боварибахш мебошад.
Таркиб ва хосияти моддаҳои ниҳоят мураккаби калонмолекулаи табиаташон «ғайризинда» хуб маълуманд. Дар баробари ин, мисоли чунин шаклҳои Ҳ. (мас., вирусҳо) мавҷуданд, ки сохти муқаррарӣ доранд. Вазифаи илм аз он иборат аст, ки ҳудуди материяи зинда ва ғайризинда дарёфт, бандҳои номаълуми занҷири умумии таҳаввули табиат, пайдоиши олами зинда аз ғайризинда муайян карда шавад. Кашфиётро дар қишри Замин мегузаронанд; он ҷо изи сангшудаи шаклҳои бештар соддаи Ҳ.-ро пайдо кардан мумкин аст. Ҳамчунин кӯшишҳое ба кор бурда мешаванд, ки бо роҳи таҷриба он шароити миллиардҳо сол пеш дар рӯи замин вуҷуддошта барқарор гардад; он вақт ҷараёни таҳаввули молекулаҳои мураккаби полимерии табиати ғайризинда ҷаҳиши сифатӣ карда, олами зиндаро ба вуҷуд оварда буд.
То имрӯз муайян нашудааст, ки оё дар шароити ҳозира дар Замин аз моддаҳои органикии ғайризинда ягон шакли оддии Ҳ. пайдо шуданаш мумкин аст ё не ва инсон онҳоро муайян карда метавонад ё не. Агар барои пайдоиши системаҳои оддии зинда дар Замин шароит муҳайё бошад, он гоҳ имконпазирии мавҷудият ва мувофиқан, муайян намудани онҳо амалан ба сифр баробар ҳисобида мешавад. Бо чунин фикр розӣ шудан мумкин аст (бори нахуст ин ақидаро Ч. Дарвин баён карда буд), ки пайвастҳои мураккаби органикии аз нав пайдошуда (пешгузаштагони эҳтимолии мавҷудоти зинда)-ро худи ҳамон дам шаклҳои аллакай вуҷуддоштаи Ҳ. фурӯ мебаранд, аз ҳамин сабаб онҳо арзи вуҷуд кардаю инкишоф ёфта наметавонанд ва мо аз пайдоиши онҳо бехабар мемонем.
Дар замони ҳозира пайдоиши Ҳ. дар рӯи замин чун ҷараёни дуру дарози инкишофи материя тасаввур шуда, марҳалаи якуми он таҳаввули химиявии пайвастҳои карбондори полимерӣ ва марҳалаи дуюмаш таҳаввули биологӣ аз шакли аввали оддии Ҳ. то шакли ҳозираи он мебошад.
Дар марҳалаи таҳаввули химиявӣ ҳангоми мавҷудияти манбаъҳои тавонои энергия – радиатсияи офтоб, аз ҷумла афканишоти ултрабунафш, безарядшавии электрӣ, энергияи гармии Замин ва ғ. – молекулаҳои моддаҳои мураккаб (аминокислотаҳо, кислотаҳои ҳаднок, асосҳои нитрогенӣ, сахаридҳо ва ғ.) пайдо шуданд, ки дар ҷараёни мубодилаи организмҳои зинда аҳамияти калон доранд. Ин моддаҳо дар худи ҳамон шароит молекулаи моддаҳои бештар мураккаб (полипептидҳо ва полинуклеотидҳо)-ро ҳосил намуданд, ки пешгузаштаи сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат гаштанд. Чунин моддаҳои калонмолекулаи сафедамонанд барои мубодила бо муҳит қобиланд, инчунин ҷараёни мубодиларо тезонда ва ба роҳ монда метавонанд.
Муттаҳид намудани моддаҳо (ҷисмҳо)-и сафедамонанд ба сохти бештар мураккабе, ки қобил аст дар ҷараёни мубодила бо муҳит барои ташаккули ҷисми худ ва зинда мондан моддаҳою энергияи аз берун воридшударо истифода барад, қадами дигаре аз олами ғайризинда ба олами зинда мебошад. Аз моддаҳои муҳити зист, инчунин аз дигар молекулаҳо ҷудо шудан, яъне фардӣ кунонидани системаҳое, ки бо муҳит таъсири мутақобила доранд, яке аз шартҳои мавҷудияти онҳост. Чунин системаҳои фардикунонида аллакай як қатор хусусиятҳои ба организми зиндаи ҳозира хосро доранд. Онҳо шакли оддитарини Ҳ. (пробионтҳо, протоҳуҷайраҳо) буданд. Ҳақиқӣ будани чунин марҳалаи таҳаввулро таҷрибаи ба моддаҳои калонмолекулаи органикӣ гузаронида тасдиқ мекунад. Ба агрегатҳо муттаҳид шудани молекулаҳои ин моддаҳо ва аз муҳит ҷудо шудани қатраҳо (коатсерватҳо)-ро бори нахуст акад. А.И. Опарин (с-ҳои 20 а. 20) мушоҳида намудааст. Ин қатраҳо моддаҳои муҳитро фурӯ бурда, аз худ мекунанд, ба ҷараёни катализ, зиёд кардани вазну ҳаҷм, муғҷабандӣ ва таҷзия қобиланд. Қатраҳои ҷудогонаи коатсерватӣ аз ҳамдигар бо дараҷаи фаъолияти мубодила, қобилият ба афзоиш ва устуворӣ (яъне давомоти Ҳ.) фарқ мекунанд.
Тадқиқоти зиёде, ки дертар олимони бисёр мамлакатҳо гузарониданд, имконияти ба ҷисмҳои сафедамонанд муттаҳид шудани молекулаҳои полимерии моддаҳои органикиро тасдиқ карданд; онҳо чун системаҳои фардикунонидаи кушод сохти оддии дарунӣ дошта, ба мубодила, афзоиш ва таҷзия қобиланд.
Бо пайдоиши чунин ҷисмҳо (пробионтҳо) марҳалаи таҳаввули биологии материя дар рӯи замин оғоз ёфт. Аз рӯи ақидаи акад. А.И. Опарин дар ин марҳала интихоби табиӣ ба амал бароварда шуд. Пробионтҳо аз якдигар бо дараҷаи устуворӣ ба таъсири омилҳои берунӣ, фаъолии мубодила, имконияти афзоиш ва ғ. фарқ мекарданд. Ҳамаи пробионтҳои устуворе, ки дар шароити муайяни Ҳ. қобилияти зист доштанд боқӣ монда, ба пайдоиши пробионтҳои нав асос гузоштанд.
Тахмин меравад, ки пробионтҳои аввалин дар таркибашон ҳанӯз полинуклеотидҳо – кислотаҳои нуклеат надоштанд; онҳо қодиранд барои айнин такрор кардани молекулаҳои худ аз нуклеотидҳои муҳит истифода баранд, аз ин рӯ ба такрори сохти худ дар наслҳо имконият доранд. Ба таркиби пробионтҳо дохил шудани чунин полинуклеотидҳо қадами муҳимми дигаре дар инкишофи олами зинда гардид. Пробионтҳо барои ба насл гузарондани хосиятҳои худ имконият пайдо карданд, пайдарпаии хосияту аломатҳо дар авлод, яъне ирсият пайдо шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки пробионтҳои бо ин хосиятҳо такмилёфта барои зинда мондан ва айнин такрор намудани худ дар насл имконияти бештар пайдо карданд. Пробионтҳое, ки ба сохти худ сафедаҳо (дорои хосиятҳои катализ) ва кислотаҳои нуклеат (ба худтаҷдид ва интиқоли ахбори ирсӣ ба насл қобиланд)-ро муттаҳид карданд, дар ҷараёни интихоби табиӣ устувор гаштанд ва ба шаклҳои ҳуҷайравии Ҳ. ибтидо гузоштанд.
Дар марҳалаи охирини таҳаввул имконияти фотосинтез, нафаскашӣ аз оксиген пайдо шуда, сохторҳои ҳуҷайравӣ (ниг. Ҳуҷайра), баъдан серҳуҷайра, ки дорои шаклҳои мураккаби реаксия ба муҳит буданд, ташаккул ёфтанд.
Инак, Ҳ. маҳсули табиати ғайризинда аст; вай дар натиҷаи инкишофи қонунии табиати ғайризинда пайдо шуда, бо он сахт алоқаманд аст, вале сифатҳои махсуси фақат ба мавҷудоти зинда хос дорад. Организмҳои зинда дар рӯи Замин паҳн гашта, ба қаъри уқёнусҳо, қуллаи кӯҳ, фазои назди замин роҳ ёфтанд. Маҷмӯи онҳо минтақаи ҳаёт – биосфераро ташкил медиҳад. Организмҳои зинда барои бунёди ҷисми худ ва фаъолияти Ҳ. аз энергияи Офтоб истифода бурда, тағйирдиҳандаи фаъоли табиат – хок, аксари таҳнишастҳои баҳр, ангиштсанг, нафт, гази табиӣ мебошанд (ин ҳама дар рӯи Замин дар натиҷаи фаъолияти организмҳои зинда пайдо шудаанд).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.