Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


БЕМОРИИ СИЛ

СИЛ (Tuberculosis), бемории сироятии музминест, ки дар узвҳои гуногун, бештар дар шуш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти махсуси илтиҳобӣ мегардад. Барангезандаи он – микобактерияи С.-ро с. 1882 олими немис Р. Кох кашф намудСИЛ (Tuberculosis), бемории сироятии музминест, ки дар узвҳои гуногун, бештар дар шуш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти махсуси илтиҳобӣ мегардад. Барангезандаи он – микобактерияи С.-ро с. 1882 олими немис Р. Кох кашф намуд. Мегӯянд, ки касалии С. баробари инсон аз қадим вуҷуд дорад. Ба ин гуфтаҳо далелҳои ҳафриёт ва ҳуҷҷатҳои одамони қадим шаҳодат медиҳанд. Мас., дар байни 10 скелети мумиёшудаи мисриҳо, ки ба а. 27 то м. тааллуқ дорад, 4 нафари он осори С.-и сутунмӯҳра дошт. Дар кодекси қонунҳои Ҳамурапа (а. 18 то м.) С.-и шуш тасвир ёфтааст, ки барои аз зани гирифтори С. ҷудо шудан ҳуқуқ медод. Дар солномаҳои русии а. 16 ва китобҳои тиббии нимаи дуюми а. 17 ин беморӣ бо номҳои гуногун ифода ёфтааст. Ба шароити зиндагии одам вобаста будани С. ва ҷараёни вазнину ба марг сабаб шудани он кайҳо маълум буданд. Дар бораи миқёси бадбахтиҳои иҷтимоие, ки С. ҳамчун яке аз бемориҳои асосии кураи замин сабабгори онҳо буд, маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд; ҳанӯз дар ибтидои а. 20 дар Европа ҳар сол аз С. қариб 1 млн аҳолӣ вафот мекард. Дар Россия аз ҳар 10 ҳаз. сокини Петербург соле аз касалии С.-и шуш 30 наф. одам ҳалок мегардид. Ба он одамони ҳамаи синну сол, миллат ва касбу кор, алалхусус сокинони маҳалҳои коргарнишини шаҳрҳои калон ва аҳолии азиятдидаи гӯшаю канорҳои Россия гирифтор мешуданд. Вазъият дар қаламрави ҳозираи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ беҳ набуд. Бар асари С. дар шаҳру деҳот одамони зиёд мефатвиданд, аз ҷониби ҳокимон ягон хел тадбири пешгирии он андешида намешуд.
Беҳтар гардидани шароити моддӣ ва гигиении зиндагӣ ва баланд шудани дараҷаи маданияти аҳолӣ, комёбиҳои илми тиб (таҳияи усулҳои ташхиси барвақтии касалӣ, табобати самарабхш ва пешгирии он) ва ҳифзи тандурустӣ дар давраи шӯравӣ (ваксинатсияи оммавӣ, ташкил намудани шабакаи махсуси диспансерҳои зидди С., табобати дарозмуддати ройгон ва ғ.) боиси он гардид, ки фақат аз с. 1960 то 1972 дараҷаи касалӣ ва фавти одамон аз С. беш аз ду маротиба, инвалидӣ қариб 5 маротиба кам шуд.
Махсусан дараҷаи вусъатёбии С.-и кӯдакон ва наврасон якбора коҳиш ёфт; усули табобати С.-и милиарӣ (арзансор) ва сарсоми силӣ, ки пештар ҳатман боиси марг мегардиданд, дарёфт шуд. Бо вуҷуди ин С. ҳанӯз дар байни гурӯҳҳои синну солашон гуногуни аҳолӣ ҷой дорад.
Ба С. ғайр аз одамон, ҳайвоноти хонагӣ, асосан чорвои калон ва паррандаҳо низ гирифтор мешаванд; онҳо дар деҳаҳо манбаи сироят аз ангезаи С. мебошанд. С. аз гови касал ба воситаи ширу ҷурғот ва аз мурғ ба воситаи тухм гузашта метавонад. Он ҳамчунин бо роҳи паҳн шудан, мас., ба говдӯш ё онҳое, ки ба мол нигоҳубин мекунанд, сироят менамояд.
Манбаи асосии сироят одами бемор аст. ӯ ба воситаи балғам микобактерияи сершумори С.-ро ихроҷ мекунад (ҳомилини батсилла).
С. ду навъ мешавад: возеҳ (кушода) ва ноаён (пӯшида). Ҳангоми С.-и возеҳ дар балғами бемор микобактерияи С. мушоҳида мешавад; агар бемор тадбирҳои гигиениро риоя накунад, атрофиён аз ӯ сироят меёбанд. Ҳангоми С.-и ноаён балғами бемор микобактерия надорад; чунин беморон барои атрофиён хавфнок нестанд, аммо дар сурати авҷ гирифтани беморӣ онҳо ба атроф ангезаҳои С.-ро хориҷ хоҳанд кард. Дар мавриди бо беморони гирифтори С.-и возеҳ робитаи тасодуфӣ ва кӯтоҳмуддат доштан, сирояти С. нисбат ба робитаи наздику бардавом камтар рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, шароити мусоиди санитарие, ки дар он гирифтори С. зиндагӣ мекунад, инчунин риояи тадбирҳои эҳтиётӣ барои сироят наёфтани дигарон ниҳоят зарур аст. Дар сурати ба ҷо овардани ҳамаи талаботи гигиенӣ одами гирифтори С. барои атрофиён тамоман безарар мебошад.
С. бемории ирсӣ нест. Одатан, аз волидони бемор кӯдакони солим ба дунё меоянд. Аммо агар волидон дуруст табобат накунанд, худро эҳтиёт нанамоянд, дар он сурат кӯдак сироят ёфта, ба С. гирифтор мешавад.

С. бештар тавассути ҳавою қатраҳои балғам ва оби даҳон паҳн мегардад; ҳангоми сурфидан ва атса задан, қатраҳои хурди балғам ва оби даҳон, ки микобактерия доранд, ба ҳаво, фаршу деворҳои хона ва асбобҳои рӯзгор меафтанд. Микробҳо пас аз хушкидани балғам низ қобилияти ҳаётии худро дер гоҳ нигоҳ медоранд (махсусан дар ҷойҳои торик). Дар ин сурат ангезандаи С. ба одами солим ба воситаи зарф, сару либос, сачоқ, ҷойпӯш, китобу бозичаҳо ва ғ. сироят мекунад. Дар аснои рӯфтани хона ва афшондани ашёи бемор микобактерияҳои С. имкон доранд, ки ба роҳи нафаси дигарон ворид шаванд.
Микобактерияҳои С. асосан ба воситаи шуш, баъзан ба воситаи роҳи меъдаю рӯда (вақти нӯшидани шири хоме, ки микобактерияи С. дорад), инчунин тавассути ҷойҳои харошхӯрдаи пӯст (дар говдӯшҳо, коргарони комбинати гӯшт) ба организм роҳ меёбанд. Микобактерияҳо ба организм ворид гашта, онро сироятнок мекунанд, аммо беморӣ мумкин аст инкишоф наёбад. Он дар мавриди суст шудани қобилияти муқовимати организм бинобар аз сар гузаронидани касалиҳои дигар, камхӯрокӣ (алалхусус дар аснои норасидани сафедаҳои ҳайвонӣ, витаминҳо), бад будани шароити санитарию гигиенӣ сар мезанад. Бештар онҳое, ки иммунитети заиф доранд, наврасон дар синни балоғатрасӣ (дар натиҷаи ноустувории танзими асабию эндокринӣ), инчунин кӯҳансолоне, ки муқобилияти организми онҳо ба сироят суст гаштааст, бемор мешаванд.
Ангезандаи С. пеш аз ҳама ба шуш зарар мерасонад. Дар бофтаҳое, ки микобактерияҳои С. роҳ ёфтаанд, дар шакли доначаҳо ё манбаъҳои калон ҷойҳои газакгирифта ба вуҷуд меоянд; онҳо аввал ба некроз (таҷзия)-и казеозӣ мубаддал гашта, сипас гудохта мешаванд. Агар муқобилати организм ба қадри кофӣ баланд бошад, пас ин манбаъҳо ҷаббиш меёбанд; аксаран дар атрофи онҳо лифофа (капсула)-и ғафс ҳосил гардида, худи манбаъҳо бо бофтаи пайвандӣ пӯшида мешаванд, яъне манбаъ гӯё карахш баста, ҳамзамон намакҳои калсий такшон мешаванд. Дар шароити ногувор тағйироти хоси бофтаҳо авҷ гирифта, манбаи гудохтаи некроз дар ҷои худ холигӣ (каверна) ба вуҷуд меорад. Дар каверна микобактерияҳои С. меафзоянд ва тавассути нойчаҳои шуш дигар қисматҳои онро иллатнок мекунанд; ин ҳолат ҷараёни бемориро вазнинтар мегардонад. Дар балғами ин қабил беморон ҳамеша микобактерияҳо мавҷуданд; пайдоиши каверна боиси хунпартоӣ ва ҳатто хунравии шуш низ мегардад.
Микобактерияҳои С. нафақат шушро иллатнок мекунанд, ҳамчунин онҳо ба воситаи рагҳои лимфа ва хунгузар (аз шуш ва уқдаҳои лимфавӣ) ба организм паҳн мешаванд, дар бандҳо, устухонҳо, қабатҳои мағзи сар ва гурда ҷамъ меоянд, бо балғам ба луобпардаи даҳон, ҳалқум, рӯдаҳо ворид мегарданд. Дар ҳамаи ин узвҳо низ манбаъҳои махсуси илтиҳоб пайдо мешаванд.
Муолиҷа. С. зери назорати қатъии духтур аввал дар шифохона, пас дар шароити амбулаторӣ табобат карда мешавад. Доруҳои навтарини зидди силро вобаста ба навъу вазнинии касалӣ истеъмол мекунанд. Аз рӯи қоида ин доруҳо ба муддати дароз таъин карда мешаванд.
Доруҳое, ки барои табобати С. пешбинӣ шудаанд, ба зудӣ аломатҳои касалиро бартараф менамоянд; таб мӯътадил шуда, сурфа қатъ меёбад, вазъи умумии бемор беҳ мегардад. Аммо ин чунин маъно надорад, ки бемор шифо ёфтааст. Аксар вақт беморон вазъи худро аз будаш беҳтар мушуморанд ва бар хилофи маслиҳати духтур доруҳоро истеъмол намекунанд. Онҳо бо ин роҳ ба худ зарари ислоҳнопазир мерасонанд. Фақат духтур муайян карда метавонад, ки бемор шифо ёфтааст ё на. Риоя накардани таъиноти духтур (мас., истеъмоли номунтазами дору) самараи табобатро паст мекунад, баъзан боиси инкишофи микобактерияҳои ба доруҳо тобовар мегардад. Тамокукашӣ низ таъсири номусоид мерасонад, майзадагӣ бошад, барои шифои бемор монеаи ҷиддӣ аст.
Ҳангоми табобати С. ҳатман усулҳое истифода мешаванд, ки онҳо неруи муҳофизии организмро тақвият медиҳанд. Муолиҷа дар санатория ва истифодаи омилҳои табиӣ, хӯроки серғизо, кори ҷисмонии сабук (дар як маврид варзиши бадан ва обутоби организм, дар мавриди дигар оромӣ мефармоянд) аҳамияти калон дорад. Дар баъзе ҳолатҳо қисми аз С. осебёфтаи шуш, гурда ва ғ.-ро ҷарроҳӣ мекунанд. Табобати С.-и устухону бандҳо хусусиятҳои худро дорад. Пеш аз ҳама бемор, алалхсус кӯдакро ба зарурати муолиҷаи тӯлонӣ тайёр мекунанд, ба ӯ фаҳмондан зарур аст, ки ҳангоми С.-и устухону бандҳо табобат бояд то охир расонда шавад; қатъ кардани табобат ё пеш аз мӯҳлат вайрон намудани оромӣ сабаби авҷ гирифтани беморӣ мешавад. Ба бемор шароити мусоид муҳайё месозанд, ӯ набояд худро аз зиндагии муқаррарӣ дур ҳис намояд. Зиндадилӣ ва табъи болида гарави шифои бемор мебошанд. Барои оромии узви иллатнок табобати ҷузъӣ мебояд. Одатан, ба мӯҳлати бардавом гаҷбандӣ мекунанд ё аз усулҳои дигар истифода мебаранд; дар мавриди зарурат ба ҷарроҳӣ даст мезананд. Барои муолиҷаи кӯдакони гирифтори С.-и устухону бандҳо вақти зиёд лозим аст. Табобат, одатан, дар санаторияҳои махсус гузаронида шуда, кӯдакон дар он ҷо мувофиқи барномаи муқаррарии мактаб таҳсил менамоянд. Гоҳо кӯдаконеро, ки гаҷбандӣ карда шудаанд барои табобати амбулаторӣ рухсат медиҳанд. Дар чунин ҳолат волидон бояд тамоми таъиноти духтурро ба ҷо оваранд, назорат кунанд, ки кӯдак пояшро ба замин намонад (агар ин манъ карда шуда бошад). Барои он ки гачбанд накафад, бемор бояд дар бистари тахту ҳамвор хобад (одатан, ба кат тахта мегузоранд). Ҳангоми дуру дароз бо гачбанд гаштан дар пӯст доначаҳои римнок пайдо шуда, аз онҳо бӯи бад меояд. Бинобар ин ба ҷойҳои дастраси пӯст атр ва спирти сирко молида, ҳар замон бандинаро «шамол» медиҳанд (ба зери гач 5 – 10 дақ. бо ёрии чангкашак ё чизи дигар ҳаво мефиристанд).
Тадбирҳои сари вақт ошкор намудани беморӣ, назорати доимӣ ва табобати беморон ба зиммаи диспансерҳои зидди касалии сил гузошта шудаанд. Диспансер гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро бо мақсади ошкор намудани С. муоина мекунад, барои беҳбудии манзилгоҳ (хусусан онҳое, ки микобактерия ихроҷ мекунанд) ва бо кор таъмин будани беморон ғамхорӣ зоҳир менамояд, барои ташкили низоми кор тавсия медиҳад. Таблиғоти санитарӣ ва якҷоя бо стансияи санитарию эпидемиологӣ андешидани тадбирҳои ҷилавгирӣ аз С. низ аз қабили вазифаҳои диспансерҳо мебошанд. Диспансер беморонро ба қайд мегирад, мунтазам ба саломатии онҳо назорат мекунад, тадбирҳои зарурии табобатӣ мегузаронад, инчунин маризонро бо дору таъмин менамояд. Диспансер беморонро дар касалхона ва санаторияҳои махсус мехобонад. Табобати С. ройгон аст.
Гарави муолиҷаи босамари ҳама гуна шаклҳои С. риоя намудани тартиби муайянкардаи духтур, ғизои сервитамин, ҳавои тоза (шамол додани хонаҳо, сайругашт дар ҳавои тозаи иқлими мусоид), гузариши тадриҷӣ аз истироҳати пурра ё оромӣ ба кори сабук ва сипас ба кори муқаррарӣ мебошад. Муолиҷаи муштараки саривақтӣ барои шифои беморон имконият медиҳад.
Пешгирӣ. Ҷилавгирии С. аз тадбирҳои иҷтимоӣ, санитарӣ ва махсус иборат аст.
Пешгирии иҷтимоӣ аз маҷмӯи тадбирҳое иборат аст, ки ба беҳтар гардидани вазъи саломатии аҳолӣ нигаронда шудаанд: қонунгузории меҳнатӣ, муҳофизати модарон ва кӯдакон, сохтмони манзилгоҳ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин, беҳтар намудани шароити моддии ҳаёт, баланд бардоштани маданияти умумии аҳолӣ ва татбиқи донишҳои санитарӣ (ниг. Маорифи санитарӣ), инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт.
Пешгирии санитарӣ тадбирҳои роҳ надодан ба сирояти С.-ро дарбар мегирад. Беморони гирифтори С.-и кушода то қатъ гардидани ихроҷи микобактерияҳо дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Хавфи сироят ёфтан махсусан дар оила бештар аст, аз ин рӯ ҳамаи онҳое, ки бо ихроҷкунандаи бактерия тамос доранд, таҳти назорати диспансери зидди С. гирифта мешаванд. Духтури маҳалла ҳар моҳ аз ҳоли бемор хабар мегирад, аз болои иҷрои таъиноти духтур назорат мебарад.
Хоҳари шафқат ба бемор ва аъзои оилаи ӯ пешгирии шахсӣ ва малакаҳои гигиениро меомӯзонад, тарзи безарар гардондани балғам, зарф, ашёи истифодаи шахсиро нишон медиҳад. Бемор бояд барои ҷамъ кардани балғам туфдони сарпӯшдор дошта бошад. Ҳамин ки балғам то нисфи туфдон ҷамъ шуд, ба болои он (аз рӯи ҳисоби 2 г ба ҳар 10 мл) оҳаки хлорнок андохта, нағз меомезанд ва 2 соат дар ҳамин ҳолат нигоҳ медоранд. Ҳамчунин ба туфдон ҳаҷми дучанди маҳлули 5-фоизаи хлорамин низ андохтан мумкин аст. Пас аз безарар гардонидан ҳамаи онро ба канализатсия мерезанд, туфдон ва зарфро мешӯянд. Чизҳои бемор (алалхусус дастрӯймолча ва сачоқ)-ро дар халтаи алоҳида гирифта, пеш аз шустан шабона дар маҳлули хлорамин тар мекунанд ва 30 дақ. меҷӯшонанд; зарфҳоро ҷудогона мешӯянд (беҳтараш 15 дақ. дар маҳлули 2-фоизаи собуну сода меҷӯшонанд) ва бо сачоқи алоҳида пок мекунанд. Сару либоси беморро зуд-зуд дарзмол карда, офтоб додан лозим аст. Хонаро ҳар рӯз бо латтаи тар, фарши онро бо маҳлули гандзудо пок мекунанд. Нобуд кардани магасҳо шарти хеле муҳим аст. Агар беморро ба касалхона баранд, хонаи ӯро дезинфексия карда, ба дару девор маҳлули тамйизӣ мепошанд ва пас аз 2 соат пок мекунанд (девору сақфро сафед ё гулкоғази онро иваз бояд намуд).
Барои дар давраи оғози беморӣ ошкор кардани С. муоинаи оммавии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад муоинаи оммавии флюорографӣ (ниг. Флюорография) гузаронда мешавад. Он имкон медиҳанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тағйироти патологии шуш ошкор ва зарурати тадқиқи минбаъдаи рентгенологӣ муайян гардад. Ғайр аз ин тадқиқоти лабораториро низ истифода мебаранд. Барои сари вақт маълум кардани С.-и кӯдакон дар марказҳои саломатӣ, боғчаю мактабҳо озмоиши туберкулинии Манту гузаронида мешавад.
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ шахсоне, ки ба муассисаҳои бачагона, корхонаю муассисаҳои истеҳсолу фурӯши озуқаворӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ (сартарошхона, ҳаммом, ҷомашӯйхона ва ғ.) ба кор даромаданианд, пеш аз дохил шудан ва ҳар сари чанд вақт аз муоинаи тиббӣ мегузаранд; беморони гирифтори шаклҳои фаъоли С. ба муассисаҳои номбурда ба кор қабул карда намешаванд.
Пешгирии махсуси касалии сил ба тавассути ваксинаи БСЖ (кишти заифгардидаи микобактерия, ки олимони франсавӣ Калметт ва Герен ба даст овардаанд) сурат мегирад. Чунин ваксинаро бо иҷозати духтур ба ҳамаи навзодон ба тариқи ҳатмӣ мегузаронанд. Наврасон ва калонсолон низ ҳангоми натиҷаи манфӣ додани озмоиши дохилипӯстии туберкулинӣ моякӯбӣ карда мешаванд. Беморӣ дар байни кӯдаконе, ки моякӯбӣ карда шудаанд, нисбат ба онҳое, ки моякӯбӣ накардаанд, хеле кам аст. Давомоти таъсири ваксина 4 – 5 сол аст, баъди он муқовимат тадриҷан гум мешавад. Бинобар ин, то 30-солагӣ ҳар сари чанд вақт ваксинатсияи такрорӣ (реваксинатсия) зарур аст.
Ба кӯдакону наврасоне, ки бо беморони С.-и кушода тамос доранд, инчунин ба одамоне, ки хавфи бемор гаштани онҳо зиёд аст, пешгирии кӯтоҳмуддати химиявӣ (то 3 моҳ) гузаронида, доруҳои зидди С.-ро истифода мебаранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.