Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ

БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ (Morbus hypertonicus), бемории ғалаёни хун, бемории фишорбаландӣ, бемории музминест, ки зимни он фишори шараён (артерия) ба таври доимӣ, вале дар марҳалаҳои аввал сари ҳар чанд вақт баланд мешавад. Дар мавриди Б. г. фишори баланди шараён оқибати иллатҳои дигар, мас., бемориҳои гурда, баъзе ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва ғ.БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ (Morbus hypertonicus), бемории ғалаёни хун, бемории фишорбаландӣ, бемории музминест, ки зимни он фишори шараён (артерия) ба таври доимӣ, вале дар марҳалаҳои аввал сари ҳар чанд вақт баланд мешавад. Дар мавриди Б. г. фишори баланди шараён оқибати иллатҳои дигар, мас., бемориҳои гурда, баъзе ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва ғ. нест, ҳол он ки фишори хун метавонад ҳангоми ин бемориҳо низ баланд гардад. Бинобар ҳамин духтуре, ки аввалин бор фишори баланди шараён (хусусан дар одами ҷавон)-ро ошкор мекунад, одатан, тадқиқоти иловагӣ мегузаронад, то ки саривақт бемории дигари сабабгори фишорбаландиро ошкор созад.
Сабаби Б. г. то ба охир маълум нест. Аммо омилҳои асосие, ки онро ба вуҷуд меоранд ва фишори шараёнро мунтазам баланд нигоҳ медоранд, нағз маълум мебошанд. Дар байни онҳо омили аввалин ва асосӣ ноҷуриҳои марбут ба асаб аст. Зинаи ибтидоӣ эмотсияҳо ва ғаму андӯҳ буда, онҳо ҳатто ба одамони солим низ сахт таъсир мерасонанд (аз ҷумла фишори хунро баланд мекунанд). Дар одаме, ки гирифтори Б. г. аст, аз сабабҳои ночиз ҳам аксуламали эҳсосии амиқ ва пуршиддат падид меояд; дар айни ҳол фишори шараён хеле баланд шуда, нисбат ба одами солим бисёртар давом мекунад (ниг. Фишори хун). Хусусияти чунин аксуламали дастгоҳи танзими фишори шараён боз дар ҳамин аст, ки бо мурури такрор ёфтани он фишори баланди хун тадриҷан, вале якзайл ва ба мӯҳлати бештар боқӣ мемонад. Дар давоми моҳу солҳо такрор ёфтани вазъиятҳои ҳаётии номусоид дар ниҳояти кор ба ташаккули Б. г. оварда мерасонад.
Ба инкишофи Б. г. механизми танзими хилтии (гуморавии) фишори хун низ мусоидат мекунад. Дар танзими ин ҳолат нақши асосиро гурда мебозад. Дар натиҷаи тағйироте, ки дар фаъолияти гурда ҳангоми Б. г. ба амал меояд, механизми хилтӣ дар марҳалаи аввали пайдоиши беморӣ ба кор шурӯъ карда, бо мурури замон саҳми он дар роҳи ба дараҷаи баланд нигоҳ доштани фишори шараёнӣ меафзояд. Бар хилофи механизмҳои хоси сирф асабҳо таъсироти хилтӣ дар танзими фишори шараёнӣ тағйироти нисбатан тӯлониро ба вуҷуд меоварад ва дар натиҷа фишорбаландӣ устувор мегардад.
Аксуламалҳои гипертензиявии эҳсосӣ асосан ҳамин тавр ба бемории музмин табдил меёбанд. Таъсири ин гуна механизмҳо дар солҳои минбаъда фишори баланди шараёнро устувор (яъне доимӣ) месозад. Ин марҳалаи инкишофи беморӣ хеле фиребанда аст: бо фаро расидани он бемор бисёр вақт эҳсоси нохушро гум мекунад, дар ӯ тасаввуроти дурӯғини беҳбудӣ ба амал меояд, дар натиҷа нисбати табобат беэътиноии хатарнок зоҳир карда мешавад.
Рушди Б. г.-ро бо тадбирҳои саривақтии муолиҷавӣ боздоштан ва ҳатто қафо задан мумкин аст. Муайян шудааст, ки бо роҳи хилтӣ баланд шудани фишори шараён ба бозмондани хлориди натрий (яъне намаки ош) дар организм алоқаманд аст. Чунки ҳангоми Б. г. ихроҷи он таввасути гурдаҳо (бо пешоб) аз организм суст мешавад. Барзиёдии намак дар организм бевосита гипертензияи шараёниро ба вуҷуд меоварад ва агар ин барзиёдӣ бартараф карда шавад, фишори хун ба эътидол меояд.
Дар устувории гипертензия механизми сеюм (на аз рӯи аҳамият, балки мувофиқи ташреҳ) – кори пуршиддати дил ҳангоми барзиёдии ҳаҷми хуни дар гардиш буда низ ширкат меварзад. Ин намуди гардиши хунро «гардиши хуни гиперкинезӣ» меноманд. Он дар баланд гаштани фишори шараёни бисёр маризони гипертония саҳми назаррас мегузорад. Сухан дар бораи одамоне меравад, ки гипертензияи мӯътадили асосан систолавӣ доранд. Дар Конгресси IX умумиҷаҳонии кардиологҳо (Москва, 1982) ин шакли Б. г. «гипертензияи нарм» номида шуда буд.
Донистани механизмҳои асосии инкишофи Б. г. барои дарки маслиҳатҳои духтурон доир ба низоми меҳнату истироҳат ёрӣ мерасонад. Ин тавсияҳо бар он асос ёфтаанд, ки барои пешгирии инкишофи минбаъдаи Б. г. бояд шиддати таассуроти асабию рӯҳиро паст кард. Баҳри ноил гаштан ба ин бештар фаъолияти баланди ҷисмонӣ мусоид аст.

Бинобар ин ҳаракати фаъол (агар аз ҷиҳати суръат ва давомат оқилона бошад), хусусан сайругашти пиёда, навъҳои сабуки спорт ва кори ҷисмонӣ метавонанд ноҷӯриҳои ҳаётии ҳаррӯзаро иваз кунанд. Ва баръакс, истироҳат дар назди телевизор ва бозиҳое, ки диқкати зиёдро талаб мекунанд (мас., шоҳмот, бозиҳои компютерӣ ва ғ.) ҳама вақт боиси оромии асабҳо намешаванд. Онҳо чун тадбири пешгирии аксуламалҳои фишорбаландӣ аҳамияти зиёд надоранд, зеро бидуни ҳаракатҳои фаъоли ҷисмонӣ гормонҳои ғадуди болои гурда (адреналин ва норадреналин), ки шиддати эҳсосотро суст мекунад, ба мубодила комилан ҷалб карда намешаванд. Барои чунин шиддатро паст кардан, пизишк маҷбур мешавад баъзан доруҳоеро тавсия кунад, ки асабҳоро ором месозанд.
Ҳарчанд таассуфовар аст, кам кардан ё тамоман ба таом наандохтани намак яке аз чораҳои зарурӣ ва дастраси муқобилат ба баланд гаштани фишори шараён дар мавриди Б. г. мебошад. Илми тиб воситаҳои зиёдеро дар ихтиёр дорад, ки бо ёрии онҳо гурдаҳо намакро бо пешоб бештар ихроҷ мекунанд (бо ин роҳ ба поёнравии дараҷаи фишори хун кӯмак расонда мешавад). Бинобар ин аксар вақт ба гирифторони Б. г. доруҳои пешоброн медиҳанд, то ки хлориди натрий бо шоша бисёр ихроҷ гардад. Аммо равшан аст, ки агар хӯроки бемор камнамак бошад, кори гурда барои ихроҷи он осон ва дору камтар сарф мешавад.
Маҳдуд кардани истеъмоли намаки ош баҳри пешгири (ё барҳам додан)-и навъи гиперкинезии хунгардиш, ки гипертензияи шараёнро ба вуҷуд меоварад, мусоидат мекунад. Агар дар организм намак ҷамъ шавад, пас маълум, ки об ҳам ҷамъ мешавад. Дар натиҷа ҳаҷми хунгардиш меафзояд. Тарафи дигари ин масъала низ вуҷуд дорад, ки он махсусан барои мавҷудияти «гипертензияи нарм» муҳим мебошад. Маълум, ки баъзан фақат кам кардани вазни зиёдатӣ кифоя аст то бидуни дору фишори шараёни одам мӯътадил гардад. Зеро бо нест шудани бофтаҳои равғании нодаркор шабакаи хунрагҳои хурду хурдтарин, ки пештар набуд, вале бо мурури афзоиши бофтаҳои равғанӣ афзудааст, барҳам мехӯрад. Дар ин гуна шабакаи хунрагҳои иловагӣ гардиши зарурии хун фақат ба воситаи баланд бардоштани фишори хун ба роҳ монда мешавад. Ин ҳолат дар навбати худ кори пурзӯри дилро талаб мекунад, зеро на миқдор ва на қутри артерияҳои калони ба бофтаҳо ғизорасони одам наметавонад зиёд шавад. Яъне ҷамъ гаштани бофтаҳои равғанӣ ба одам нафақат вазнинӣ меоварад, балки дилро маҷбур месозад, ки дар шароити дар силсилаи хунрагҳо баланд будани фишор кор кунад.
Бинобар ин ҳар шахс метавонад бе истифодаи дору мустақилона Б. г.-ро пешгирӣ кунад ё ба пайдо шудани он монеъ шавад. Ин хулоса нафақат барои пешгирӣ кардани Б. г., балки барои табобати шаклҳои «нарм»-и он, ки дар 70 – 80% беморон мушоҳида мешавад, хеле муҳим аст. Таъсири пешгирӣ ва муолиҷаи «бедору» бо мушоҳидоти зиёде аз болои беморони гипертония, ки тавсияҳои роҷеъ ба ҳаракати фаъол, ғизои камкалория ва ба хӯрок камтар андохтани намакро риоя мекарданд, исбот шудааст. Мушоҳидаҳои яксола нишон доданд, ки ғалаёни хуни аксарияти онҳо мӯътадил шуда, вазни бадан кам гардидааст, ба истеъмоли доруҳои фишорфарор ҳоҷат намондааст.
Тамоми ҷиҳатҳои дигари муолиҷаи Б. г. пурра дар ӯҳдаи духтур буда, худмуолиҷаи бемор ҳаргиз раво нест. Ба ин муносибат бояд қайд кард, ки муолиҷаи Б. г. ҳамчун бемории музмин ҳатман бояд чанд сол муттасил давом кунад. Роҳ додан ба фосилаҳои байни истеъмоли дору ва муддати онҳоро (вобаста ба рафти Б. г. ва таъсири муолиҷа ба организми бемор) фақат пизишк муқаррар мекунад. Одами гирифтори Б. г. бояд донад, ки дар рафти табобат бартараф гардидани эҳсоси вазнин, хусусан паст шудани фишори шараён, одатан, зуд муясар мегардад. Вале ин таъсири мувақкат ва гузаранда буда, барои хатми табобат асос шуда наметавонад. Илова бар ин, бе иҷозати духтур қатъ намудани муолиҷа ба бӯҳрони гипертонӣ, яъне тезу тунд шудани зуҳуроти асосии беморӣ ва хеле баланд гаштани фишори хун сабаб мешавад.
Дар сурати ногаҳон бад шудани аҳволи бемор духтурро ҷеғ зада, то омадани ӯ беморро ба ҳолати нимхез дар бистар ё курсии муносиб мешинонанд, ба кафу соқи пояш гармкунак, хардалкоғаз мегузоранд, ё бо кӯрпа мепечонанд, корвалол ё валокордин (30 – 35 қатра дар як бор) хӯронида, вояи ғайринавбатии доруеро, ки истеъмол мекард, медиҳанд. Агар дар пушти қафаси сина (байни шона) дард пайдо шавад, зуд ба зери забон нитроглитсерин мепартоянд. Агар дарди сахти сар пайдо шавад, як қурси доруи пешобронро, ки пеш барои табобати Б. г. истифода мешуд, хӯрдан мумкин аст.
Ҳангоми муолиҷаи Б. г. вазифаи муҳим он аст, ки фишори шараён дар дараҷаи барои бемор мувофиқ нигоҳ дошта, ҳатталимкон ба баланд ва ҳамчунин зуд паст шудани он пешгирӣ карда шавад. Аз ҳад зиёд паст кардани фишор зарурат надорад, чунки дар ин ҳол мағзи сар, мушакҳои дил ва гурда бо хун таъмин гашта наметавонанд. Бинобар ҳамин, бепарвоёна истифода бурдани доруҳои фишорфарор, ки бисёриашон зуд ва сахт таъсир мерасонанд, қатъиян мумкин нест. Доимо бефосила ё бофосила аз рӯи таъиноти духтур ва ба миқдори зарурӣ истифода кардани дору, инчунин ҳатман риоя намудани тавсияҳои ӯ доир ба ғизо ва тартиби кору истироҳат мувофиқи мақсад мебошад. Бо вуҷуди ин ҳангоми чунин табобат ҳам гоҳо зери таъсири ноҷуриҳои рӯҳӣ хурӯҷи Б. г. (ҳатто бӯҳронҳои гипертонӣ) аз эҳтимол дур нест. Вале ба туфайли муолиҷаи доимии пешина ин душвориҳо осонтар бартараф мешаванд.
Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки Б. г. бедаво нест. Воситаҳои зиёди ҳозиразамон ва таҷрибаи амалии тиб барои дар дараҷаи зарурӣ нигоҳ доштани фишори шараён кофӣ буда, бо ҳамин метавонанд ба авҷи Б. г. монеъ шаванд. Ин гуна тадбир нафақат оқибати бади маризиро пешгирӣ мекунад, балки эҳтимоли инкишофи атеросклерозро низ бозмедорад.
Олимони тоҷик муқаррар карданд, ки авҷи Б. г. ва оризаҳои вазнини он (сактаи дил, сактаи майна) ба обу ҳаво низ вобаста аст. Б. г. бештар дар фаслҳои баҳору тирамоҳ авҷ мегирад, ки эҳтимол сабаби он тағйир ёфтани фишори барометрӣ ва боришоти зиёд бошад. Дар моҳҳои тобистон Б. г. нисбатан кам мешавад.
Тадбирҳои пешгирии Б. г. ва тавсияҳое, ки барои беморони гипертонӣ дода мешаванд, мушобеҳи якдигаранд. Онҳоро бояд ҳар нафаре, ки ҳангоми муоина дар ӯ фишори баланди хун ошкор карда шудааст, риоя кунад. Чораҳои пешгирӣ махсусан барои ашхосе (аксаран ҷавонон) зарур аст, ки ба Б. г. майли ирсӣ доранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.