Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


АФСУРДАРӯҲӣ (Депрессия)

АФСУРДАРӯҲӣ (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, паст шудани тонуси организм, сустии ҳаракат, носомонии дастгоҳи ҳозима ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои А. мушоҳида мешаванд.АФСУРДАРӯҲӣ (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, паст шудани тонуси организм, сустии ҳаракат, носомонии дастгоҳи ҳозима ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои А. мушоҳида мешаванд. Мас., рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш; сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифи»-и тафаккур, ҳисси «вақфи тафаккур», қобилият надоштан ба иҷрои корҳои фикрӣ; заифии ҳаракат бо андаке бемадорӣ ва дар як вазъият соатҳо «шах шуда мондани» бемор ва ғ. Вобаста ба зуҳуроти аломатҳо А. сабук ва пуризтироб мешавад. Дар рафти А.-и пуризтироб андӯҳ бо «ошӯби ҳаракат», хуруҷи яъсу ноумедӣ ҳамроҳ мегардад. Ин қабил беморон қиёфаи хос доранд: беист ба як нуқта нигоҳ мекунанд, имову ишораашон бемафҳум, ҳаракаташон суст аст. Одамоне, ки бо илми равонпизишкӣ шинос нестанд, А.-ро ба кайфияти бад, нохушии рӯҳӣ, хастагӣ, аз ҳад зиёд монда шудан, витаминкоҳии аввали баҳор мансуб медонанд. Бар хилофи муваққатан паст шудани тонуси рӯҳию физиологие, ки аслан ба шароити беруна вобаста буда, хоси одамони солим аст, А. бетобии устуворест, ки ҳатто баъди бартараф шудани сабабҳои инкишоф низ метавонад идома ёбад. Ба устувории А. хастагии тӯлонӣ, садамаи рӯҳии кашолёфта (ба ном А.-и бемадорӣ), аз сар гузаронидани ғаму кулфат (ба ном А-и мутаассирӣ) мусоидат мекунанд. А.-и одамони калонсол имкон дорад, ки баъди баъзе бемориҳои сироятӣ (мас., грипп) инкишоф ёбад. Бидуни назорати духтур ва бисёр истеъмол намудани баъзе доруҳо, хусусан доруҳои таскинбахш низ А.-и тӯлониро ба вуҷуд меоварад. Шахсони рӯҳан заиф ва ноустувор (беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбу лат хӯрдаанд, майзадагон) ба осонӣ гирифтори А. мешаванд. А. бештар зуҳури ҷунуни пиронсолӣ ва шизофрения, ҳамчунин яке аз ҳолатҳои (давраҳои) психози васвосу афсурдарӯҳӣ мебошад.
А. бетобиест, ки ҳамеша ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад. Ҳатто дараҷаи сусти А., ки баъзан «ҳеҷ гап не», «мегузарад» гуфта гумон мекунем, одамро аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум месозад, ба робитаи одамон, инкишофи иҷтимоии онҳо монеъ гардида, ба гум кардани мавқеи ҳаётӣ бурда мерасонад. Абаски шахси афсурдарӯҳ дар бораи муҳити иҷтимоӣ идрок ва ақидаи хос дорад (ба ном тафаккури депрессиявӣ), ӯ зудранҷ мешавад. Вақте ки «ҳама чиз сиёҳ метобад» аз баҳонаи андак ҷанҷол бармехезад ва боиси қатъи алоқа бо одамони наздик ва ҳатто худкушӣ мегардад. Баробари бештар авҷ гирифтани А., гарчанд ғаму ҳасрат зиёд аст, эҳтимолияти худкушӣ кам мешавад (аз сабаби бемадории бемор). А. дар сурати психози пиронсолӣ ё шизофрения барои хешовандони бемор хавфнок аст, чунки ӯ қодир аст нафақат худ, балки дигаронро низ «хайрхоҳона» кушад (мувофиқи ақидаи мариз нафақат ба ӯ, балки ба наздиконаш ҳам зиндагӣ даркор нест).
Дар аснои авҷ гирифтани А. беморонро одатан дар касалхона табобат мекунанд. Ҳангоми муолиҷаи амбулаторӣ ба ҷо овардани дастурҳои духтур оид ба тартиби қабули дору ва низоми тағзия бечуну чаро зарур аст. Бисёр доруҳои муфарреҳ (андитепрессантҳо), ки барои бартараф намудани А. истифода мешаванд, ба баъзе намудҳои хӯрок номувофиқ мебошанд. Дар давраи истеъмоли ин қабил дорувор нӯшидани машруботи спиртӣ ҷоиз нест, зеро ин метавонад боиси ихтилоли вазнину барои ҳаёт хавфноки фаъолияти дилу рагҳо – коллапс гардад. Баъди қабули баъзе антидепрессантҳо суръати идроку аксуламали ҷавобӣ суст хоҳад шуд, бинобар ин дар вақти ба беморон таъин намудани онҳо идора кардани васоити нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед ва ғ.) манъ мебошад.

Жанбаьои ахлоы
ДЕОНТОЛОГИЯ (аз юн. deon – зарурӣ, даркорӣ, вазифашиносӣ ва логия), илмест дар бораи иҷрои вазифа ва масъалаҳои одобу ахлоқи кормандони тиб ва самаранокии муолиҷа. Д.-ро ҳамчун истилоҳи ифодакунандаи назарияи ахлоқ ох. а. 18 файласуфи англис И. Бентам пешниҳод кардааст.
Д.-и тиббӣ ҷамъбасти қоидаю талабот оид ба иҷрои вазифа, одобу рафтор ва масъулияти духтур нисбат ба ҳаёт ва саломатии бемор, муносибати ӯ бо ҳамкасбон ва аҳли ҷамъият мебошад. «Қасамномаи духтур»-и Буқрот ба рафтори поку шоистаи духтурон бахшида шуда то имрӯз моҳияти худро гум накардааст.
Д. масъалаҳои махфӣ доштани сирри касбии духтурон, инчунин қонунҳоеро дарбар мегирад, ки дар асоси онҳо ҳангоми нодуруст табобат кардан ё бар зарари саломатии беморон амал намудан, духтурон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Дар тибби форсу тоҷик аксари қоидаву назарияҳои Д. ҳамчун панднома ё оини пизишкӣ ба пайдоиши аввалин сарчашмаҳои тибби ниёгонамон (а-ҳои 13 – 6 то м.) алоқаманд буда, дар баробари пешрафт ва тараққиёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигаргуниҳои сохти ҳаёти мардуми мо рӯз то рӯз серталаб ва ҷиддитар гардидаанд. Мувофиқи он пандномаҳо пизишк ҳамчун шифобахш ва муҳофизи саломатӣ бояд доимо зоҳиран ва ботинан пок, одилу меҳрубон, фаъолу фидокор, хушахлоқу хушрафтору хирадманд бошад. Дар ин хусус Абӯалии Сино чунин гуфтааст: «Пизишк бояд мисли боз тезчашм, мисли маҳбуба латифдаст, мисли мор ҳушёр ва мисли шер далер бошад». Ва боз «Табиб бояд ҳалиму хоксор, накӯкор, софдил, беғаразу ҳақгӯй бошад».
Муҳаммад Закариён Розӣ (865 – 925) навиштааст: «Шахсе, ки худро ба хизмати тиб бахшидааст, пеш аз ҳама, бояд босаводу хоксор, ростгӯй ва одамдӯст бошад…». Алӣ бинии Ал-Аббос Ал-Маҷусии Аҳвозӣ (ваф. с. 994) дар «Панднома ё оини пизишкӣ»-аш менависад: «…Пизишк бояд пок ва хушзабон ва накӯравиш бошад ва аз ҳар нопокӣ, палидӣ ва гуноҳ дурӣ ҷӯянд. Нисбат ба занон чӣ бону ва чӣ каниз набояд аз назари бад нигоҳ кунад».
Ба ташхису муолиҷаи босамар ҳамон вақт метавон ноил гашт, ки агар дар коллективи муассисаи табобатӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад, талаботи Д. қатъӣ риоя карда шавад. Мариз бояд ба духтур бовар дошта бошад, ба ӯ умед бандад. Хусусан шиносоии аввалин бо маризе, ки ба қабули духтур омадааст ё дар беморхона бистарӣ гаштааст, аҳамияти калон дорад. Бо бемор муносибати сард ва беэътиноӣ кардан лозим нест. Мутобиқ гаштан ба шароити беморхона бояд барои ӯ гарон набошад; кормандони тибро зарур аст, ки аз лаҳзаҳои аввал ба ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд, корҳои парасториро хуб ба роҳ монанд. Бояд нафақат кормандони тиббӣ, балки худи бемор низ ба шифои комил бовар дошта бошад, ӯ ҳис намояд, ки барои табобат духтурон ҳама кори аз даст меомадаро мекунанд.
Духтур бояд ҳангоми сӯҳбат бо мариз вазъи рӯҳӣ, заковат, маълумот, касбу кор ва шахсияти ӯро ба эътибор гирад. Маризро гӯш кардан лозим аст; бояд ҳаракат намуд, ки ҳисси тарс ва нооромӣ аз дили ӯ рафъ шавад. Дар мавриди сӯҳбат бо бемор ба оҳанги гуфтугӯ диққат додан муҳим аст, зеро мариз аз ҳар сухан, ишора ва ҳаракатҳои духтур хулосаи зарурӣ мебарорад. Духтур ҳамон вақт ба дунёи ботинии мариз метавонад ворид гардад, ки агар муносибати ӯ ҳақиқатан ҳам дилсӯзона бошад.
Парасторон бояд тозаю озода, зебою хушсурат, чеҳракушод бошанд. Бо беморон расмиятпарастӣ кардан лозим нест, зеро ин гуна рафтор ба муносибати самимии байни кормандони тиб ва маризон халал ворид месозад.
Яке аз талаботҳои асосии Д. маҳфуз доштани сирри бемор аст. Мариз аз бемории худ ба ҳарос афтода, ба корманди тиб сири дилашро мекушояд. Аз ин бояд дигарон ба ҳеҷ ваҷҳ огоҳ наёбанд. Зарурати маҳфуз мондани сирри бемор дар қонунгузориҳо низ дарҷ шудааст. Корманди тиб ҳуқуқ дорад фақат он маълумотеро ифшо созад, ки агар ба саломатии дигарон хатар дошта бошад (мас., маълумот оиди бемориҳои сироятӣ, суст будани босира дар ронандагони нақлиёт ва ғ.); дар ин маврид духтур бояд аз сурати ҳол мақомоти марбутаро огоҳ созад.
Аз бемории вазнин огоҳ шудани бемор, одатан, самараи муолиҷаро паст мекунад. Бинобар ин дар ҳуҷҷатҳое, ки ба мариз дода мешаванд бисёр вақт номи бемории вазнинро қайд намекунанд (аз қазия фақат яке аз хешовандони наздики ӯро огоҳ менамоянд). Муносибат байни хешовандони бемор ва кормандони тиб низ масъалаи муҳими Д. маҳсуб мешавад. Ба ҳар ҳол муносибати онҳо бояд ба манфиати бемор сурат гирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.