Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ДАВРАҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ БАДАНИ ОДАМ

Барои фаҳмишу маънидод кардани хусусиятхои сохти бадани одам бо марҳалаҳои асосии инкишофи фардии одам шинос шудан зарур аст. Инкишо- фи фардии одам (онтогенез) аз ду марҳалаи калон: батнӣ ва ғайрибатни ибо- рат аст: 1) марҳалаи батнӣ ё пеш аз зоидашавӣ (prenatalis) дар батни модар аз лаҳзаи бордоршавӣ то ҳангоми таваллуд ёфтани тифл давом мекунад. 2) Марҳалаи ғайрибатнӣ ё баъди таваллуд (postnatalis) аз лаҳзаи таваллуд ёфтани тифл то фавтро дар бар мегирад.
Давраи инкишофи батнӣ дар навбати худ ду давраро дар бар мегирад: давраи эмбрионӣ ё ҷанинӣ (2 моҳи аввал) ва давраи феталӣ (fetus, аз лотинӣ-тифли шикам) тифли ботин ё ҷанин (аз 3 то 9 моҳагӣ).
Б О Б И 3
ДАВРАҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ БАДАНИ ОДАМ

Барои фаҳмишу маънидод кардани хусусиятхои сохти бадани одам бо марҳалаҳои асосии инкишофи фардии одам шинос шудан зарур аст. Инкишо- фи фардии одам (онтогенез) аз ду марҳалаи калон: батнӣ ва ғайрибатни ибо- рат аст: 1) марҳалаи батнӣ ё пеш аз зоидашавӣ (prenatalis) дар батни модар аз лаҳзаи бордоршавӣ то ҳангоми таваллуд ёфтани тифл давом мекунад. 2) Марҳалаи ғайрибатнӣ ё баъди таваллуд (postnatalis) аз лаҳзаи таваллуд ёфтани тифл то фавтро дар бар мегирад.
Давраи инкишофи батнӣ дар навбати худ ду давраро дар бар мегирад: давраи эмбрионӣ ё ҷанинӣ (2 моҳи аввал) ва давраи феталӣ (fetus, аз лотинӣ-тифли шикам) тифли ботин ё ҷанин (аз 3 то 9 моҳагӣ).

ДАВРАИ ИНКИШОФИ БАТНИИ ОДАМ

Марҳалаи инкишофи батнии одам ба ҳисоби миёна 270—280 шабонарўз (9 моҳ) давом мекунад. Давраи ибтидои инкишофи ҷанин аз панҷ давраи шартии паси ҳам оянда иборат аст. 1) Баъд аз бордоршавӣ, яъне пас аз он ки нутфаи болиғ ба дохили тухмҳуҷайра ворид мешавад, ядроҳои онҳо як тўда, цитоплазмаҳояшон омехта мешаванд. Ин тухмҳуҷайраи бордоршуда зиго¬та (zygotos, аз юнонӣ — якҷоя шудан)-ро ташкил медиҳад. Зигота ҷанини якҳуҷайра буда, дорои хусусиятҳои ҳар ду ҷинс аст. Нутфаҳо (сперматозоид- ҳо) дар ғадудҳои ҷинсии мард, яъне дар тухмҳо инкишоф меёбанд, ки нутфа- ҳои ба балоғат расида хеле серҳаракат буда, дарозиашон наздик 60 мкм мео- яд ва дорои сарак, гарданча ва думча мебошанд (расми 31). Қисми дуюмии нутфа аз риштаҳои чандирии меҳварӣ иборат аст, ки мисли ғилофа бо цитоп¬лазма пўшида шудаанд. Дар ядрои нутфаи одам 23 хромасом мавҷуд аст, ки якеи онҳо X — хромосоми ҷинсӣ мебошад.
Ҳуҷайраҳои ҷинсии занона, овоцитҳо (тухмҳуҷайраҳо) дар ғадудҳои ҷин¬сии зан, тухмдонҳо инкишоф меёбанд (расми 31). Дар тўли давраи ҳайзбинҳӣ (ҳар як 24—28 рўз) одатан якто тухмҳуҷайра ба вуҷуд меояд, ки қутраш то 200 мкм мерасад ва мисли нутфаҳои мард 23 хромосом дошта, яктои онҳо X—хромосоми ҷинсӣ, яъне дорои нишонаҳои ирсӣ аст.
Ҳангоми ҷуфтӣ шудан, яъне амали ҷинсӣ нутфаҳо ба маҳбал ворид шуда, баъд ба ковокии бачадон мегузаранд. Баъди чанд соат нутфаҳо ба сўи тухмдон ҳаракат карда, мумкин аст дар роҳашон бо тухмҳуҷайра дучор шаванд. Одатан, онҳо дар доираи наи тухмрави бачадон вомехўранд. Нутфаҳо ҳанго-ми бордоршавӣ тухмҳуҷайраро мисли занбўри асал гирдогирд иҳота мекунанд ва ба тухмҳуҷайра фақат як адад нутфа ворид мешаваду бас. Фавран дар гирди тухмҳуҷайра пардае таъсис меёбад, ки барои ба тухмҳуҷайра во¬рид шудани нутфаҳои дигар монеъ мешавад. Нутфаи бацитоплазмаи тухм¬ҳуҷайра воридшуда аз думчааш маҳрум мегардад ва сараки ядродораш ба сўи маркази тухмҳуҷайра рафта бо ядрои он омехта мешавад. Дар натиҷа як ҳуҷайраи бордор ба вуҷуд меояд, ки вайро зигота меноманд. Зигота дорои 46 хромосому аломатҳои ирсии волидайн аст. Қобилияти бордоркунии нут¬фаҳо 2—4 шабонарўз давом карда, баъд онҳо нобуд мешаванд.

2) Давраи тақсимшавӣ. Зигота аввал дар сатҳи меридианаш ба ду ҳуҷайра, яъне бластомер, баъд дар худи ҳамин сатҳ ба 4 бластомер, аз 4 бластомер 8 бластомер ҳосил мегардад. Дар натиҷаи чунин қонунияти тақсимшавӣ адади бластомерҳо ба ҳисоби прогрессияи геометрӣ меафзояд, аммо шакли эмбрион (ҷанин) тағйир наёфта, балки курашакл мемонад. Баробари то ба 100.000 расидани адади бластомерҳо дар даруни эмбриони курашакл фази холии пури моеъ пайдо мешавад, ки ин давраи инкишофро бластула меноманд. Бластула дар тўли 3—4 рўз ҳангоми дар тухмроҳа ҳаракат кардани ҷа¬нин ба вуҷуд меояд. Бластула аз ду қабат ҳуҷайраҳо: қабати рўякӣ — трофобласт, ки кушоди хурд ва қабати дарунӣ — эмбриобласт, ки аз ҳуҷайраҳои тираранги калон-калон иборат аст, таркиб ёфтааст. Аз қабати аввали ҳуҷайраҳо (трофобласт) пардае ба вуҷуд меояд, ки барои ғизодиҳии ҷанину ҳангоми ба пардаи луобии бачадон ғўта задани он мусоидат мекунанд. Аз ҳисоби ҳуҷайраҳои дарунӣ (эмбриобласт ё ки гиреҳчаи ҷанин) бадани ҷанину олатҳои аз ҷанин беруние, ки вазифаҳои муҳофизату трофиро иҷро мекунанд, таъсис меёбанд.
Баъд аз 5—6 рўз бластула ба ковокии бачадон ворид шуда, дар рўзи 7-ум ба пардаи луобии он ғўта мезанад. Дар ин маврид дар сатҳи берунии трофобласт миқдори хеле зиёди барҷастагиҳои мўякдор, ё ки пардаи мўякдор, ки ҳормон ном дорад, пайдо шуда, ба пардаи луобии бачадон ғўта зада, реша меронанд ва дар натиҷа бо ҳамроҳии пардаи луобӣ узви навбунёд, ки ҳамроҳак ё ёрак ном дорад, таъсис меёбад. Ҳамроҳак узвест, ки бадани модарро ба ҷанин пайваст карда, онро аз ғизо таъмин мекунад.

3) Гаструляция давраи аввали шаклбандӣ буда, дар ин марҳала ҷа¬нин бисёрқабата мешавад. Дар тўли ҳафтаи 2-уми инкишоф ҳуҷайраҳои эмбриобласт ба ду қабат — қабати берунию даруни ҷудо мешавад. Аз ҳу¬ҷайраҳои қабати беруние, ки ба сўи трофобласт нигарон аст ҳубобчаи эктобласт (амнион), вале аз ҳуҷайраҳои қабати даруниаш ҳубобчаи энтобласт (зарда) ташаккул меёбанд.. Дар ҷое ки ҳубобчаҳо ба якдигар ҷафс расида, меистанд, мабдаи «бадани» чанин вуҷуд дорад, ки вай мисли сипарчаи дудевора буда, аз варақачаи беруние, ки ба сўи ҳубобчаи амнион нигарон аст, эктодерма, ва аз варақачаи даруние, ки бо ҳубобчаи зарда ҳамшафат аст, энтодерма ташаккул меёбанд.
Ҳамин тариқ, дар охири ҳафтаи 2-уми инкишоф дарозии ҷанин ба 1,5 мм мерасад, ки сатҳи дорсалиаш ба ҳубобчаи амнион, вале сатҳи вентралиаш ба ҳубобчаи зарда ҷафс мехобанд. Аз ҷузъҳои ҷонибии ҳубобчаҳо бо иштироки мезодермаи ғайриҷанинӣ узвҳои муваққатии ёрирасон: амнион, халтачаи зарда ва аллантоис ташаккул меёбанд.
Дар ҳафтаи 3-уми инкишоф дар ҳуҷайраҳои ҷанин процессҳои хеле муҳиму мураккаб ба вуҷуд меоянд, ки дар натиҷа дар байни эктодермаю энто¬дерма баргакӣ; сеюми ҷанин — мезодерма пайдо шуда, сипас ҷанин секабата мегардад (расми 32). Минбаъд аз ҳуҷайраҳои мезодерма дар тўли дарозии ҷанин тори тахтапушт (хорда) пайдо мешавад. Охирҳои ҳафтаи 3-уми инкишоф аз гиреҳчаи ибтидоии эктодерма лаъличаи асаб пайдо мешавад ки баъдтар аз вай найчаи асаб ташаккул меёбад. Дар айни замон аз баргаки мезо¬дерма миотомҳо, порчаҳои сомит ва баргакҳои дохилию наздидевории спланхнотом инкишоф меоянд. Аз ду самти ҷанин дар эктодерма чуқурчаи ҳалқамонанд, яъне чини тана, пайдо мешавад, ки тадриҷан ҷисми эмбрионро аз халтаи зарда ҷудо карда мегирад. Чини мазкур низ энтодермаи ҷанинро ҷудо карда, лаб ба лаб часпида, наи дутарафаи сарбаста, яъне рўдаи аввалинро ташкил медиҳад. Нўги қидомии рўдаи аввалин ба барҷастагии эктодермае, ки халиҷи даҳон ном дорад, ҷафс мехобад, вале аз он тавассути пардаи махсуси даҳону халқ маҳдуд мегардад. Нўги ақиби рўдаи аввалинро пардаи мақъад ё клоакие, ки онро аз чуқурчаи клоакии эктодерма маҳдуд мекунад, мепўшад. Минбаъда пардаи даҳону халқ дар ҳафтаи 2-уми инкишоф, вале пардаи клоаки бошад, дар 5-ум ҳафтаи инкишоф мекафанд ва дар натиҷа канали ҳозима ба воситаи сурохиҳои даҳону мақъад бо муҳити беруна алоқаманд мешавад.
4. Мустақилилавии ҷанин. Аз 5-ум ҳафтаи инкишоф cap карда ҷа¬нин аз ҷузъҳои ғайриҷанинӣ ҷудо шуда, мустақилона ба дарозӣ меафзояд ва баргакҳои он ба тағйироти куллӣ дучор мегарданд, яъне аз ҳисоби онҳо бофтаҳо (гистогенез) ва узвҳо (орга¬ногенез) ташаккул меёбанд (расми 32).
Аз баргаки берунии ҷанин ё эктодерма таркиботҳои зайл инкишоф меё¬банд: эпителия (эпидермис)-и пўст ва маҳсули он (мўй, нохун, ғадудҳои чарб, арақ ва шир), қисман эпителияи пардаи луобӣ ва ғадудҳои оби даҳон, мино ё сири дандон, эпителияи бисёрқабатаи мақъад, эпителияи роҳҳои шошахориҷкунанда ва нутфабаранда. Аз нейроэктодерма ҳамаи қисмҳои системаи марказию атрофии асаб ва низ таркиботҳои ёрирасонӣ системаи асабу узвҳои ҳис инкишоф меёбанд.
Аз лавҳачаи пеши хордавии баргаки дарунии ҷанин ё эндодерма эпи¬телияи рўйпўши пардаи луобии роҳҳои нафасу шуш, қисми бартарини пардаи луобии ковокии даҳону ҳалқ, бофтаи ғадуди гипофиз, ғадудҳои сипаршаклу наздисипаршакл, душоха (тимус) ва низ эпителияи пардаи луобӣ ва ғадудҳои сурхрўда, вале аз энтодермаи қисми рўдавӣ бошад, эпителияи пардаи луобӣ ва ғадудҳои меъда, рўда ва роҳҳои талхабаранда ва низ ҷигару бофтаи ғадудии ғадуди зери меъда инкишоф меёбанд.
Баргаки миёнаи ҷанин ё мезодерма дар қисми дорсалиаш аз паҳлўи хор¬да ба тариқи 43—44 ҷуфт порчаҳо ё сегментҳое, ки сомитҳо ном доранд, гузошта шудаанд. Онҳо тавассути поячаҳои сегментӣ (нефротомуо) бо ҷузъҳои поранашудаи мезодермаи қисми вентралӣ, ки спланхнотомҳо ё ки лавҳачаҳои ҷонибӣ меноманд, пайваст мешаванд.
Ҳар як сомит ба се пора тафриқа мешавад: 1) дерматом, 2) склеротом ва 3) миотом. Минбаъда аз миотомҳо мушакҳои скелетии бадан, аз дермотомҳо қабати бофтаи пайвасткунандаи пўст ва аз склеротомҳо дар атрофи тори тахтапушт (хорда) мўҳраҳо, қабурғаҳо ва дискҳои байнимўҳравӣ инкишоф меёбанд. Бинобар ин дар миёнҷои ҳар як диски байнимўҳравӣ рудимент ё ки боқияи хорда ба тариқи ядроҳои луобӣ вуҷуд дорад. Дар рафти инкишофи ҷанин аз поячаҳои сегментӣ ё нефротомуо (nephros, аз юнонӣ — гурда) узвҳои ихроҷкунандаи одаму ҳайвоноти мўҳрадор ба вуҷуд меоянд.
Лавҳачаҳои ҷонибӣ ё спланхнотомҳои мезодерма ковокии бучандаи ба¬дан, яъне целом (coelom, аз юнонӣ — ковокӣ)-ро таъсис медиҳанд, ки дар натиҷаи ин ҳар як спланхнотоми росту чап ба ду баргак: варақаи наздидеворӣ ё париеталӣ ва варақаи дохилӣ ё висцералие, ки аз ҳисоби онҳо пардаҳои серозии узвҳою деворҳои ковокиҳои бадан таъсис меёбанд, ҷудо мешавад. Минбаъд аз целом ковокиҳои перикард, плевра ва сифок ба вуҷуд меоянд.
Аз ҳамаи баргакҳои ҷанин ҳуҷайраҳои шохчадор ҷудо шуда, фосилаҳои байни баргакҳою мабдаи ҷаниниро пур мекунанд, ки онҳоро бофтаи пайваст¬кунандаи ҷанинӣ ё ки мезенхима меноманд. Минбаъд аз мезенхима хун, бофтаҳои хунофар, лимфа, рагҳои хунгард, рагҳо ва гиреҳҳои лимфа, испурч ва низ бофтаҳои пайвасткунандаи нахдор (пайвандакҳо, ғилофаҳои бандҳо, пайҳо, фасцияҳо) ва тағояку устухон, бофтаи мушаки суфта инкишоф меёбанд (расми 33).
5) Дар охирҳои моҳи 2-уми инкишофи ҷанин узвҳо (органогенез) ва боф¬таҳо (гистогенез) ташаккул меёбанд ва хусусан дар тайи 3 моҳагӣ ин инки¬шоф шиддат меёбад. Ҷанинро аз охири моҳи 2-уми инкишоф то таваллуд тифли ботин ё ҳамил меноманд.
Аз аввали моҳи 2-уми инкишоф ҷанин тавассути ёрак ғизо мегирад, ки аз ин лаҳза cap карда давраи инкишофи батнии тифли ботинӣ оғоз меёбад. Аз қисми ақиби рўдаи ибтидои ба поячаи амнион аллантоис ном шохча ворид шуда, тадриҷан калон мешавад ва ба хорион рафта мерасад. Аз девори аллантоис рагҳо пайдо шуда ба хорион рафта мечаспанд, ки ба воситаи онҳо байни хориону эмбрион алоқа муқаррар мегардад (расми 34) Сатҳи хорион, ки то ҳол саросар бо патмўякҳо пўшида шуда буд, акнун фақат ба ғайр аз ҳамон ҷое, ки рагҳо ба он мечаспанд, патмўякҳо боқи мемонанду халос. Дар худи ҳамон ҷое, ки рагҳо пайдо мешаванд, патмўякҳо бошиддат афзуда, ба рагҳои пур аз хуни пардаи луобии бачадон ворид мешаванд ва деворҳои онҳоро вайрон карда, бевосита ба хуни модарӣ ғўта мехўранд ва дар ҳамин ҷо узви муваққатӣ, яъне ҳамроҳак ё ёрак (плацента) пайдо мешавад. Ҳамроҳак аз хориону патмўякҳо ва қисми модарӣ иборат аст. Қисми мазкур пардаи луобиест, ки дар он ҳавзакҳои пури хун вуҷуд доранд. Моддаҳои ғизоӣ ва оксиген аз хуни модар тавассути ҳуҷайраҳои трофобласт ба рагҳо ворид ме¬шаванд.
Дигар ҷузъҳои ғайриҷанинӣ низ хеле хуб тағйир меёбанд. Фазои холии амнион зуд калон шуда, эмбрионро аз ҳар тараф дар иҳотаи моеи амнионии патмўякдор мегузорад, ки дар он ҷанин озод шино мекунад ва онро аз такону латхўрию ҳаргуна садоҳои зараровар муҳофизат мекунад.
Ҳангоме ки гардиши хуни ҳамроҳакӣ муқаррар мешавад, халтаи зардаю аллантоис дучори таназзул мегарданд ва якчанд муддат ба тариқи рудимент (боқия) ба таркиби ноф дохил мешаванд. Ноф танобаки рафси чандирӣ буда, аз он роҳҳои ризодиҳандаи ҷанин мегузаранд. Минбаъд инкишофи тифли батни авҷ гирифта, тадриҷан тамоми ковокии бачадонро пур мекунад ва бо лифофаи ҷанин, яъне халтаи назди ҷанинӣ (амнион)-и пур аз моеъ иҳота мешавад.
Дар 3-моҳагӣ андозаи тифли батнӣ хеле калон шуда, шакли одамро мегирад, дарозиаш наздик 70 мм, вазнаш 100—125 г меояд. Дар ин марҳалаи инкишоф ҳамроҳак ҳам дар девори ақиби бачадон қатъӣ таъсис меёбад, ки вазифаҳои гуногун: ғизоӣ, экскреторӣ, муҳофизат ва эндокриниро иҷро меку¬над.
Дар 4 моҳагӣ тифли ботин ё ҳамл дорои хусусиятҳои сохти фардӣ аст, ки дарозиаш 12—13 см, вазнаш 230—260 г меояд. Дар тайи 5 моҳагӣ тифли ботинӣ қудрати ҷунбиданро пайдо мекунад. Дар 6 моҳагӣ дарозии тифл 30—32 см, вазнаш наздик 1 кг мешавад.
Дар тайи 7 моҳагӣ устухонҳои гунбази косаи cap барҷастатару пилкҳои чашм воз мешаванд, чарбуи зери пўст зиёд шуда, оҷингҳои пўст нест меша¬ванд; дар сари тифл мўйҳои хеле ғафс пайдо мешаванд. Дар тифлони писар ба канали қадкашак фуруд овардани тухмҳо оғоз меёбад. Дар охири ин моҳи инкишоф дарозии тифл 35—36 см, вазнаш 1,5 кг меояд, ки дар сурати таваллуд ёфтанаш мумкин аст дар шароити мўътадил қобилияти зиндагӣ кардан пайдо кунад.
Дар тайи 8 моҳагӣ бошад, қабати целлюлозаи зери пусти тифли батнӣ афзуда, пўсташ ранги сурху кушодро мегирад ва бо равған пўшида мешавад. Дар тифлони писар яке аз тухмҳои ҷинсӣ (аксаран тухми чап) аз канали қад¬кашак гузашта ба хоя фуруд меояду тухми рост ҳоло дар канали қадкашак вуҷуд дорад. Дар охири моҳи 8-уми инкишоф дарозии тифл аз cap то думғоза тақрибан 28 см, вале аз cap то пошнаи пой наздик 40 см, вазнаш 2-2,5 кг меояд.
Дар тайи 9 моҳагӣ чарбуи зери пўст меафзояд, мўйҳои cap дарозу ғафс мешаванд, патмўи пўст барҳам мехўрад ва ҳар ду тухм (дар писарбача) ба хоя мефуроянд. Дар охири моҳи 9 (моҳи ҳомиладорӣ ё обистанӣ 10 моҳи қамарӣ) дарозии тифли ботин 50 см, вазнаш 3-3,5 кг мешавад.
Ҳангоми ҷуфтшавӣ ва бордоршавии ду ё ки зиёда тухмҳуҷайра дуто ё ки зиёдтар ҷанин ба вуҷуд меояд, ки онҳо дугоникҳо ё ки экизакҳои ояндаанд. Онҳо одатан дуҷинса мешаванду ба ҳамдигар чандон монанд нестанд. Агар баъзан ду ҷанин аз як тухмҳуҷайра инкишоф ёбад, аксар як ҳамроҳак доранд. Чунин экизакҳо доим якҷинса буда, ба ҳамдигар хеле монанд мешаванд.

Барои инкишофи ҷанин узвҳои берун аз ҷанин ё ғайриҷанини ҳам нақши хеле муҳимро мебозанд, ки ба онҳо таркиботҳои зайл мансубанд: 1) хорион (пардаи патмўякдори ҷанин); 2) амнион (обпарда, лифофаи ҷанин); 3) ал¬лантоис (шошадони ҷанинӣ) ва 4) халтаи зард. Хорион, ё пардаи патмўякдор, пардаи берунии ҷанинро таъсис карда, вайро бо ҳамроҳии халтаҳои амниону зарда иҳота мекунад. Патмўякҳои хориони ҳамроҳаки одам ба рагҳои хунгарди васеъ, яъне ҳавзакҳо ё лакунаҳои пур аз хуни пардаи луобии бачадон ғўта рафта мечаспанд, ки ин хел ёракро ёраки ҳемохорионӣ меноманд. Ҳамроҳак бо тифли ботинӣ тавассути ноф, ки дар таркибаш рагҳои хунгард дорад, пайваст мешавад.
Амнион (amnion, аз юнонӣ-ҷом) пардаи дарунии тифли ботинӣ (обпарда ё лифофаи ҷанин) буда, ба тарики ҳубобчаи пур аз моеи наздитифлӣ ё амнионӣ аст, ки дар он ҷанин то лаҳзаи таваллуд ёфтанаш инкишоф меёбад. Моеи лифофавӣ дар мубодилаи моддаҳо иштирок карда, ҷанинро аз ҳаргуна таъсироти механикӣ ва кимиёвии номусоид муҳофизат мекунад.
Аллантоис ё халтаи шоша, шаклаш мисли ҳасиб буда, вазифаи ихроҷро адо мекунад, дар он маҳсули мубодилаи моддаҳо, яъне намакҳои турши шоша ғун мешаванд, бинобар ин халтаи шоша ном дорад.
Халтаи зард аз ҳисоби ҳучайраҳои эндодерма пайдо мешавад, ки ҳеҷ як зарда надорад ва фақат аз рўи ба ҳубоби зардаи мурғону моҳиён монанд буданаш чунин номида шудааст. Аввалин рагҳои хунгард дар мезенхимаи девори халтаи зарда ҳосил мешаванд, вале дар одамон бошад, давраи хун гардиши зардавӣ хеле суст амал мекунад.
Тифли батнӣ то лаҳзаи таваллуд, одатан, дар бачадон сарпоён мехобад. Ҳангоми ба итмом расидани мўҳлати инкишофи тифли ботинӣ мушакҳои бачадону девори шиками модар сахт ба такрор кашиш хўрда (дард гирифта), ҳубоби тифлдорро тадриҷан ба сўи гарданаки бачадон мебарорад ва дар ин сурат лифофаи тифл мекафад. Дар натиҷа моеи наздитифлӣ (амнионӣ) рехта, тавассути маҳбал дур мешавад. Сипас тифли ботиниро аввал ба гарданаки бачадон, баъд ба маҳбал тела медиҳад. Ҳамин ки сари кўдак пайдо шуд, доя бо ҳамроҳии духтур онро дошта гирифта, китфу дигар аъзои бадани кўдакро аз маҳбал халос мекунад. Сипас доя даҳону ҳалқи тифлро аз луобу балғам тоза мекунад. Кўдаки таваллудёфта аввалин бор мегиряд ва ин нахустин нишонаи нафаскашии ўст. Аз ин лаҳза cap карда, хун тавассути шушҳои кўдак аз оксиген бой мегардад. Баъд пизишк (духтур) нофи кўдаки навзодро баста мебурад. Баъди 20—30 дақиқаи таваллуд ҳамроҳак аз бачадон ҷудо шуда, якҷоя бо боқимондаҳои нофу лифофаи тифли ботинӣ берун мешавад.

ДАВРАИ ИНКИШОФИ ҒАЙРИБАТНИИ ОДАМ

Давраи инкишофи баъдибатнии тифли навзод назар ба инкишофи батни хеле тафовут дорад. Тифли батнӣ баъд аз таваллуд ба муҳити тамоман мухталиф меояд, ки ба бадани вай олатҳои муҳити берунӣ таъсир мекунанд ва бадани рў ба инкишофи кўдак тадриҷан ба муҳити атрофаш мутобиқ меша-вад.
Аз лаҳзаи таваллуд то айёми камолот бадани одам як хел инкишоф намеёбад. Бадан дар солҳои аввали зиндагӣ ва давраи болиғшавии ҷинсӣ босуръат сабзида, инкишоф меёбад. Дар рафти сабзишу инкишофёбӣ таносуби ҷузъҳои одам низ тағйир меёбад.
Хусусиятҳои асосии одам нисбат ба хайвонот тафаккур, нутқ ва серҳаракатии ў мебошад ва ин ба фаъолияти меҳнатии вай алоқаи зич дорад. Яке аз хосиятҳои сабзишу инкишофи кўдакони асри ҳозира акселерация, яъне инкишофи босуръати бадан аст, ки вай дар инкишофи бошиддати системаи асабу ҷисми бачаҳо зохир мегардад. Мувофиқи маълумотҳои ҳозира, ташаккули бадани инсон дар 22—25 солагӣ ба итмом мерасад.
Ба давраҳо (марҳалаҳо) тақсимкунии синну сол. Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии физиологияи кўдакону наврасони собик АИТ СССР чунин давраҳои инкишофи баъдибатнии кўдаконро пешниҳод карда буд:
1) Тифлони навзод — аз рўзи таваллуд то 10 рўзагӣ;
2) Синни ширмакӣ — аз 10 рўзагӣ то 1-солагӣ;
3) Айёми кўдакии пештар ё пеш аз то мактабӣ — аз 1 то 3-солагӣ;
4) Айёми кўдакии аввал ё синни томактабӣ — аз 4 то 7-солагӣ, (ҳардуи дав¬раи мазкурро марҳалаи дандонҳои шир ҳам мегўянд);
5) Айёми кўдакии дубора ё давраи хурди мактабӣ — «писаракон» аз 8 то 12- солагӣ, «духтаракон» — аз 8 то 11-солагӣ;
6) Синни наврас ё давраи миёнаи мактабӣ — «писарон» — аз 13 то 16-солагӣ, «духтарони навбова» — аз 12 то 15 солагӣ;
7) Синни ҷавонӣ ё давраи калони мактабӣ — «ҷавонписарон» — аз 17 то 18 солагӣ, «духтарон» ё «духтарони навбова» — аз 16 то 18-солагӣ;
8) Давраи камолоти аввал — «мардону занон» — аз 19 то 35-солагӣ;
9) Давраи камолоти дуюм — «мардон» — аз 36 то 60-солагӣ, «занон»—аз 36 то 55 солагӣ;
10) Синни солхўрда, миёнсол, мўйсафед — «мардон»—аз 62 то 74-солагӣ; «занон» — аз 56 то 74-солагӣ;
11) Давраи пирӣ, пиронсолӣ — «мардону занон» — аз 75 то 90-солагӣ;
12) Дарозумрон — аз 90-солагӣ боло.
Мувофиқи таснифи (ВОЗ—ТУНТ) Ташкилоти Умумиҷаҳонии Нигоҳдории Тандурустӣ (1964) се давраи пириро тафовут мекунанд: 1) шахсони пири миёнсол — аз 45 то 59 солагӣ; 2) шахсони солхўрда — аз 60 то 74 солагӣ; 3) шахсони кўҳансол ё пир — аз 75-солагӣ боло.
Дар синни ширмакӣ кўдак шиддатноктар инкишоф ёфта, дар ин марҳала қадаш 1,5 бору вазнаш 3 карат меафзояд. Синни аз 1 то 7 солагиро боз дав¬раи бачагии бетараф ҳам меноманд, чунки аз ҷиҳати шаклу андозаҳо бадани писарону духтарон қариб аз якдигар фарқ намекунанд. Дар марҳалаи аз 8 то 12 солагӣ андозаҳою таносубии бадани кўдакон тағйир ёфта, хусусиятҳои ҷинсӣ пайдо мешаванд, инкишофи узвҳо шиддатноктар суръат гирифта, дар духтарон болиғшавии ҷинсӣ оғоз меёбад.
Синни наврасиро боз давраи болиғшавии ҷинсӣ ё пеш аз «пубертати» ҳам меноманд, ки дар ин синну сол (13—16 солагӣ) дар писарбачагон болиғ¬шавии ҷинсӣ оғоз меёбад, яъне ғадудҳои ҷинсии писарбача босуръат ташаккул меёбанд, нишонаҳои иловагии ҷинсӣ, аз ҷумла тағйир ёфтани овоз (мута-ция), расидани мўйҳои зери нофу ҷомҳои зери бағал ва лаби болою манаҳ мушоҳида карда мешавад. Ғайр аз ин, қади писарбачагон аз ҳисоби босуръ¬ат афзудан дароз мешавад ва ҳоказо.
Синни ҷавониро давраи болиғшавии ҷинсӣ ё «пубертатӣ» ҳам меноманд, ки ин марҳала дар духтарон аз 13—14 то 18—20 солагӣ, вале дар писарон бошад, аз 15—16 то 19—23 солагӣ давом мекунад. Дар натиҷа писарон ба ҷавонписару духтарон бошанд, ба ҷавондухтар ё дўшиза табдил меёбанд.
Дар синни камолат шакл ва сохти бадани одам хеле кам тағйир ёфта, фақат пас аз 60-солагӣ равандҳои пиршавӣ оғоз меёбанд, ки дар ҳамаи узвҳою бофтаҳои бадан якхел намегузаранд, баъзеи онҳо пештару баъзеашон дертар дучори пирӣ мегарданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.